ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w21 октябр саҳ. 8-13
  • Мо ба Худое хизмат мекунем, ки «пур аз раҳм аст»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мо ба Худое хизмат мекунем, ки «пур аз раҳм аст»
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО ЯҲУВА РАҲМДИЛӢ ЗОҲИР МЕКУНАД?
  • МАГАР АЗ ҶАМОАТ ХОРИҶ КАРДАНИ КАСЕ НИШОНАИ РАҲМДИЛИСТ?
  • ЧӢ БА ҲАР ЯКИ МО ЁРДАМ МЕКУНАД, КИ РАҲМДИЛ БОШЕМ?
  • Хушбахтанд раҳмдилон!
    Ба Яҳува бисароед
  • Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Хушбахтанд раҳмдилон!
    Ба Яҳува бо шодӣ бисароед
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
w21 октябр саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41

Мо ба Худое хизмат мекунем, ки «пур аз раҳм аст»

«Яҳува ба ҳама некуст ва марҳамати ӯ дар ҳама корҳояш аён аст» (ЗАБ. 145:9).

СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода

ПЕШГУФТОРa

1. Вақте шумо дар бораи шахси раҳмдил фикр мекунед, чӣ гуна одам пеши назаратон меояд?

ВАҚТЕ мо дар бораи одами раҳмдил фикр мекунем, эҳтимол, пеши назарамон шахси нек, меҳрубон, дилсӯз ва саховатманд меояд. Ҳамчунин шояд мо дар бораи мисоли Исо оиди сомарии раҳмдил фикр кунем. Ин мард, ки аз халқи дигар буд, ба марди яҳудие, ки роҳзанон ӯро лату кӯб карда ғорат намуданд, «раҳм кард». Марди сомарӣ «ӯро дида дилаш сӯхт» ва аз муҳаббат ба ӯ ғамхорӣ кард (Луқ. 10:29–37). Аз ин мисол мо дар бораи хислати беҳамтои Худо — раҳмдилӣ, мефаҳмем. Ин хислат як ҷониби муҳаббати Яҳува мебошад ва ӯ ҳар рӯз бо роҳҳои зиёд раҳмдилиашро ба мо зоҳир мекунад.

2. Боз кадом роҳи нишон додани раҳмдилӣ вуҷуд дорад?

2 Боз, вақте дар бораи раҳмдилӣ фикр мекунем, шояд дигар ҷониби ин хислат пеши назарамон ояд. Одами раҳмдил бо ягон асос метавонад қарор кунад, ки шахсеро, ки сазовори ҷазост, ҷазо надиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки Яҳува бечунучаро нисбати мо чунин раҳмдилӣ нишон медиҳад. Чи хеле ки забурнавис гуфт: «Ӯ бо мо мувофиқи гуноҳҳоямон амал накардааст» (Заб. 103:10). Лекин Яҳува баъзан шахсонеро, ки ба гуноҳ даст задаанд, сахт танбеҳ медиҳад.

3. Кадом саволҳоро мо муҳокима мекунем?

3 Дар ин мақола мо ба се савол ҷавоб меёбем: «Чаро Яҳува раҳмдилӣ зоҳир мекунад? Оё байни танбеҳ ва раҳмдилӣ алоқае ҳаст? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки раҳмдилӣ нишон диҳем?» Биёед бинем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ ҷавоб медиҳад.

ЧАРО ЯҲУВА РАҲМДИЛӢ ЗОҲИР МЕКУНАД?

4. Чаро Яҳува раҳмдилӣ нишон медиҳад?

4 Яҳува раҳмдилӣ зоҳир карданро дӯст медорад. Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ навишт, ки Худо «пур аз раҳм аст». Дар ин боб Павлус фаҳмонд, ки Худо раҳмдил мебошад, чунки ӯ ба тадҳиншудагон, ки одамони нокомиланд, умеди осмонӣ бахшидааст (Эфс. 2:4–7). Вале Яҳува танҳо ба тадҳиншудагон раҳм зоҳир намекунад. Довуд чунин навишта буд: «Яҳува ба ҳама некуст ва марҳамати ӯ дар ҳама корҳояш аён аст» (Заб. 145:9). Азбаски Яҳува одамонро дӯст медорад, ҳамеша сабаб меҷӯяд, то ки раҳмдилӣ нишон диҳад.

5. Исо чӣ тавр дар бораи раҳмдилии Яҳува фаҳмид?

5 Ҳеҷ кас мисли Исо намедонад, ки Яҳува то кадом дараҷа раҳмдилӣ зоҳир карданро дӯст медорад. Исо пеш аз ба замин омадан солҳои зиёд бо Падараш якҷоя дар осмон буд (Пнм. 8:30, 31). Ӯ медид, ки чӣ тавр Яҳува ба одамони гунаҳкор борҳои зиёд раҳмдилӣ зоҳир мекард (Заб. 78:37–42). Барои ҳамин ҳангоми таълим доданаш ӯ дар бораи ин хислати зебои Падараш тез-тез гап мезад.

Падар писари худсарашро паст назада ба хонааш қабул мекунад (Ба сархати 6 нигаред.)c

6. Бо кадом мисол Исо ба мо фаҳмонд, ки Яҳува раҳмдил аст?

6 Чи хеле аз мақолаи гузашта фаҳмидем, Исо барои фаҳмондани раҳмдилии Яҳува мисоли таъсирбахшеро дар бораи писари худсар овард. Ҳамин тавр ӯ қайд кард, ки Яҳува то чӣ андоза раҳмдилӣ зоҳир карданро дӯст медорад. Он писар хонаи падарашро тарк намуд ва «айшу ишрат карда дороии худро барбод дод» (Луқ. 15:13). Баъдтар ӯ аз роҳи бадаш гашта хатои худро тан гирифту ба хона баргашт. Падараш ба ин чӣ хел муносибат кард? Исо мегӯяд: «Вақте ки [он писар] ҳанӯз хеле дур буд, падараш вайро дида, дилаш ба ӯ сӯхт. Ӯ тозон рафта, писарашро ба оғӯш гирифту бӯсид». Падар писарашро паст зада ӯро ба ҳолати ногувор намонд. Баръакс, ӯ дарҳол раҳмдилӣ нишон дода писарашро бахшид ва ба оилааш қабул кард. Ҳарчанд писари худсар гуноҳҳои зиёд карда буд, вақте падараш дид, ки ӯ аз таҳти дил пушаймон аст, ӯро бахшид. Дар ин мисол падари раҳмдил Яҳуваро тасвир мекунад. Бо ёрии ин мисоли таъсирбахш Исо нишон дод, ки Яҳува онҳоеро, ки аз сидқи дил тавба мекунанд, мебахшад (Луқ. 15:17–24).

7. Чӣ тавр тарзи раҳмдилӣ нишон додани Яҳува аз хиради бепоёни ӯ шаҳодат медиҳад?

7 Азбаски Яҳува хиради бепоён дорад, раҳмдилӣ зоҳир мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «хираде, ки аз болост... пур аз раҳм ва самари нек» мебошад (Яъқ. 3:17). Чун волиди меҳрубон Яҳува медонад, ки раҳмдилии ӯ ба ходимонаш манфиат меорад (Заб. 103:13; Иш. 49:15). Нигоҳ накарда ба нокомилии одамон Яҳува ба онҳо раҳм зоҳир карда умед бахшид. Вақте ӯ мебинад, ки барои раҳмдилӣ зоҳир кардан асос ҳаст, аз хиради бепоёнаш ҳамеша ин тавр амал мекунад. Ҳамзамон Яҳува медонад, ки кай набояд раҳмдилӣ нишон диҳад, зеро аз хирадмандӣ ӯ ҳеҷ гоҳ нисбати касоне, ки ба гуноҳ хунукназарӣ мекунанд, раҳм намекунад. Ӯ чӣ қароре қабул накунад, он ҳамеша бар манфиати офаридаҳояш мебошад.

8. Баъзан чӣ кор кардан зарур аст ва чаро?

8 Фарз кардем ягон хизматгори Худо дидаю дониста ҳаёти бадахлоқона ба сар мебарад. Мо бояд чӣ кор кунем? Яҳува ба Павлус гуфт, ки аҳли ҷамоат бо чунин шахс «дигар ҳамнишин» нашаванд (1 Қӯр. 5:11). Шахси гунаҳкоре, ки тавба намекунад, аз ҷамоат хориҷ карда мешавад. Чаро ин муҳим аст? Чунки бародарону хоҳарони содиқро муҳофизат мекунад ва пок будани роҳҳои Яҳуваро нишон медиҳад. Вақте ягон кас хориҷ карда мешавад, баъзеҳо фикр мекунанд, ки Худо ба ӯ раҳм зоҳир накард. Оё ин дуруст аст? Биёед мебинем.

МАГАР АЗ ҶАМОАТ ХОРИҶ КАРДАНИ КАСЕ НИШОНАИ РАҲМДИЛИСТ?

Чӯпоне дар назди гӯсфанди касалаш, ки аз рама ҷудо карда шудааст.

Гӯсфанди касал аз рама ҷудо нигоҳ дошта мешавад, лекин чӯпон то ҳол нисбаташ ғамхорӣ мекунад (Ба сархатҳои 9–11 нигаред.)

9, 10. Мувофиқи Ибриён 12:5, 6 чаро гуфтан мумкин аст, ки хориҷ кардан нишонаи раҳмдилӣ мебошад? Мисол оред.

9 Вақте дар ҷамъомад эълон мекунанд, ки шахсе, ки мо медонему дӯсташ медорем «дигар Шоҳиди Яҳува нест», мо хеле зиқ мешавем. Шояд мо ба худ гӯем: магар шарт буд, ки ӯро аз ҷамоат хориҷ кунанд? Оё касеро хориҷ кардан нишонаи раҳмдилӣ аст? Бале. Охир, агар касеро тарбия кардан лозим бошаду онро накунанд, аз рӯйи хирад, раҳмдилӣ ва муҳаббат намешавад (Пнм. 13:24). Оё шахси гунаҳкорро хориҷ кардан ба ӯ ёрдам мекунад, ки тавба кунаду ислоҳ шавад? Ёрдам карда метавонад. Бисёр бародару хоҳароне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанду хориҷ шуданд, мегӯянд, ки ин ба онҳо ёрӣ дод, ки то чӣ дараҷа гуноҳи сахт карданашонро дарк кунанд, тавба карда ислоҳ шаванд ва ба назди Яҳува баргарданд. (Ибриён 12:5, 6-ро хонед.)

10 Мисолеро дида мебароем. Чӯпоне аҳамият медиҳад, ки як гӯсфандаш касал шудааст. Ӯ медонад, ки барои касалии ин гӯсфандро табобат кардан бояд онро аз рама ҷудо нигоҳ дорад. Баъди гӯсфандро аз рама ҷудо кардан он шояд худро ба ҳар тараф мезанад, то дар қатори дигар гӯсфандон бошад. Оё ин рафтори чӯпон бераҳмона ва сахтгирона аст? Албатта, не. Ӯ медонад, ки агар гӯсфанди касалро бо рама монад, касалии вай ба тамоми гӯсфандон мегузарад. Барои ҳамин гӯсфанди касалро алоҳида монда чӯпон тамоми рамаро муҳофизат мекунад. (Бо 3 Мӯсо 13:3, 4 муқоиса кунед.)

11. а) Аз кадом ҷиҳат шахси хориҷшуда ба гӯсфанди касал монанд аст? б) Шахсоне, ки хориҷ шудаанд, чӣ кор карда метавонанд ва чӣ ба онҳо дастрас аст?

11 Масеҳиеро, ки хориҷ шудааст, ба ин гӯсфанди касал монанд кардан мумкин. Ӯ ба маъное бемор аст, зеро муносибаташ бо Яҳува вайрон шудааст (Яъқ. 5:14). Мисли беморе, ки касалии гузаранда дорад, касе, ки муносибаташро бо Яҳува гум кардааст, метавонад ба дигарон таъсири бад расонад. Барои ҳамин дар баъзе ҳолатҳо хориҷ кардани гунаҳкор зарур аст. Ин тарбия аз муҳаббати Яҳува нисбати касони содиқ дар ҷамоат шаҳодат медиҳад. Он, эҳтимол, ба шахси гунаҳкор ёрӣ диҳад, ки то чӣ андоза гуноҳи ҷиддӣ карданашро тан гирад ва тавба кунад. Ба шахсе, ки хориҷ шудааст, одатан имконият дода мешавад, ки ба вохӯриҳои ҷамоат биёяд ва аз он ҷо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро гирифта имонашро мустаҳкам кунад. Ӯ ҳамчунин метавонад бемалол барои хондану мулоҳиза рондан адабиёт гирад ва барномаи JW Бродкастингро тамошо кунад. Вақте пирон мебинанд, ки шахси гунаҳкор дигар шуда истодааст, шояд, онҳо вақт аз вақт ба ӯ маслиҳат диҳанд, то муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад. Ҳамин тавр ӯ аз нав яке аз Шоҳидони Яҳува шуда метавонадb.

12. Пирон чӣ тавр ба шахсе, ки тавба накардааст, муҳаббат ва раҳмдилӣ нишон дода метавонанд?

12 Дар ёд доред, танҳо шахсоне хориҷ карда мешаванд, ки аз гуноҳашон тавба намекунанд. Пирони ғамхор медонанд, ки пеш аз хориҷ кардани касе бояд ҳаматарафа фикр кунанд. Онҳо медонанд, ки Яҳува шахсро «ба қадри лозима» сарзаниш мекунад (Ирм. 30:11, эзоҳ). Пирон бародару хоҳаронро дӯст медоранд ва намехоҳанд, ки ба муносибати онҳову Яҳува чизе зарар расонад. Баъзан аз муҳаббат ва раҳмдилӣ онҳо гунаҳкорро аз ҷамоат ба муддате хориҷ мекунанд.

13. Чаро масеҳие аз Қӯринт бояд хориҷ карда мешуд?

13 Биёед дида бароем, ки Павлуси расул дар асри як бо шахсе, ки тавба накарда буд, чӣ кор кард. Масеҳие аз Қӯринт бо ҳамсари падараш зино мекард. Чӣ шармандагӣ! Павлус медонист, ки Яҳува дар қадим ба халқи Исроил чунин гуфта буд: «Марде, ки бо зани падараш ҳамхоб мешавад, бар сари падараш шармандагӣ меорад. Ӯ бояд ҳамроҳи он зан кушта шавад» (3 Мӯсо 20:11). Албатта, Павлус ба ҷамоат гуфта наметавонист, ки он мард кушта шавад, лекин ӯ ба қӯринтиён гуфт, ки ӯро аз ҷамоат хориҷ кунанд. Рафтори бадахлоқонаи ин мард ба дигар аъзои ҷамоат таъсир кард. Ҳатто баъзеҳо онро гуноҳи ҷиддӣ намеҳисобиданд (1 Қӯр. 5:1, 2, 13).

14. Чӣ тавр Павлус ба шахси хориҷшудае аз Қӯринт дилсӯзӣ кард ва барои чӣ? (2 Қӯринтиён 2:5–8, 11).

14 Баъдтар Павлус фаҳмид, ки он мард хеле дигар шудааст. Маълум буд, ки ӯ дар ҳақиқат тавба кардааст. Ҳарчанд он мард ба ҷамоат доғ овард, Павлус ба пирон гуфт, ки ӯ намехоҳад, ки ба ӯ «сахтгапӣ» кунад. Баръакс, ӯ ба онҳо гуфт, ки «ӯро аз таҳти дил бахшида, дилбардорӣ кунед». Аҳамият диҳед, чаро Павлус чунин гуфт. «То ғаму андуҳи бисёр ӯро фурӯ набарад». Павлус ба он марди тавбакарда дилаш сӯхт. Ӯ намехост, ки ғами гуноҳаш он мардро чунон аз по афтонад, ки ӯ умедашро аз бахшида шудан канад. (2 Қӯринтиён 2:5–8, 11-ро хонед.)

15. Чӣ тавр пирон бо қатъият ва ҳамзамон раҳмдил буда метавонанд?

15 Мисли Яҳува ба пирон низ маъқул аст, ки раҳмдилӣ зоҳир кунанд. Агар зарур бошад, онҳо шахси гуноҳкардаро сахт танбеҳ медиҳанд, лекин онҳо ҳамчунин чи қадаре ки имконпазир аст, ҳамон қадар раҳмдилӣ нишон медиҳанд. Аз дигар тараф, агар он шахсро умуман танбеҳ надиҳанд, онҳо раҳмдилӣ нишон намедиҳанд, балки ба гуноҳ хунукназарӣ мекунанд. Магар танҳо пирон бояд раҳмдилӣ нишон диҳанд?

ЧӢ БА ҲАР ЯКИ МО ЁРДАМ МЕКУНАД, КИ РАҲМДИЛ БОШЕМ?

16. Мувофиқи Панднома 21:13 Яҳува ба онҳое, ки раҳмдилӣ нишон намедиҳанд, чӣ хел муносибат мекунад?

16 Ҳама масеҳиён кӯшиш мекунанд, ки мисли Яҳува раҳмдил бошанд. Чаро? Яке аз сабабҳо ин аст, ки Яҳува ба дуои касоне, ки ба дигарон раҳмдилӣ намекунанд, гӯш намедиҳад. (Панднома 21:13-ро хонед.) Албатта, ҳеҷ яки мо намехоҳем, ки аз сабаби сангдилиамон Яҳува гӯшашро аз шунидани дуоҳоямон маҳкам кунад. Аз ин рӯ, вақте ки азоби ягон ҳамимонамонро мебинем, мо бояд ҳамеша бо омодагӣ «фиғони» ӯро гӯш кунем. Мо саъю кӯшиш мекунем, ки мувофиқи маслиҳати зерини Каломи Худо амал намоем: «Касе, ки раҳм намекунад, ба ӯ низ дар вақти доварӣ раҳм карда намешавад» (Яъқ. 2:13). Агар мо фурӯтанона дар ёд дорем, ки то чӣ андоза ба раҳм муҳтоҷем, он гоҳ ба мо раҳмдилӣ нишон додан осонтар мешавад. Мо махсусан ба касоне, ки тавба карда ба ҷамоат бармегарданд, раҳмдилӣ нишон додан мехоҳем.

17. Шоҳ Довуд чӣ тавр аз таҳти дил раҳмдилӣ нишон дод?

17 Мисолҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунанд, ки раҳмдилӣ нишон диҳем ва сангдил набошем. Биёед мисоли шоҳ Довудро дида бароем. Ӯ бисёр вақт аз таҳти дил раҳмдилӣ зоҳир мекард. Нигоҳ накарда ба он ки Шоул Довудро куштанӣ буд, ӯ ба шоҳи таъйинкардаи Худо раҳм карда ҳеҷ гоҳ қасос намегирифт (1 Подш. 24:9–12, 18, 19).

18, 19. Дар кадом ду маврид Довуд раҳмдилӣ нишон надод?

18 Довуд ҳама вақт раҳмдил набуд. Масалан, вақте Нобол, ки одами дағалу бадкирдор буд, одамони Довудро ҳақоратборон карда ба онҳо хӯрду хӯрок надод, ӯ ба ғазаб омада Ноболу мардони хонадони ӯро куштанӣ шуд. Вале зани Нобол, Абиҷайл, ки инсони меҳрубону пуртоқат буд, зуд амал карда ба Довуд хӯрду хӯрок овард. Бо ин роҳ ӯ Довудро аз хунрезӣ боздошт (1 Подш. 25:9–22, 32–35).

19 Дар мавриди дигар, вақте Нотон ба Довуд дар бораи марди бое, ки баррачаи дӯстдоштаи ҳамсояи камбағалашро кашида гирифт, нақл кард, Довуд хеле ба хашм омада чунин гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, сазои марде, ки чунин кард, марг аст!» (2 Подш. 12:1–6). Довуд Шариати Мӯсоро нағз медонист. Мувофиқи он дузд бояд ба ҷойи гӯсфанди дуздидааш чор баробар товон медод (2 Мӯсо 22:1). Дар Шариат гуфта нашуда буд, ки чунин дузд кушта шавад. Ин ҳукм сахтгирона мебуд. Дар асл, ин қиссаро Нотон барои он ба Довуд гуфт, то ӯ фаҳмад, ки гуноҳаш аз ин ҳам бадтар аст. Довуд ба шахсе, ки аз қиссаи Нотон баррачаро дуздида буд, раҳмдилӣ нишон доданӣ набуд, Яҳува бошад, ба Довуд раҳмдилии зиёд нишон дод (2 Подш. 12:7–13).

Довуд нисбати марди бое аз қиссаи Нотон бераҳмӣ кард (Ба сархатҳои 19 ва 20 нигаред.)d

20. Мо аз мисоли Довуд чӣ меомӯзем?

20 Аҳамият диҳед, дар сари қаҳру ғазаб Довуд Ноболу тамоми одамони ӯро ба марг маҳкум кард. Баъдтар вай он марди бойро, ки Нотон дар борааш нақл карда буд, ҳукм карда сазовори мурдан донист. Довуд инсони хуб буд, пас, барои чӣ вай он дуздро бераҳмона ҳукм кард? Дар бораи воқеае фикр кунед, ки каме пештар бо Довуд рӯй дода буд. Дар он вақт виҷдонаш нопок буд. Агар одам касеро бераҳмона ҳукм кунад, ин нишонаи он аст, ки ӯ бо Яҳува муносибати хуб надорад. Исо пайравонашро ба таври қатъӣ огоҳ карда чунин гуфта буд: «Дигар ҳукм накунед, то шуморо ҳукм накунанд, зеро, чи тавре ки ҳукм кунед, ҳамон тавр ҳукм карда мешавед» (Мат. 7:1, 2). Барои ҳамин биёед ба ғазаб дода нашавем ва кӯшиш кунем, ки мисли Худоямон «пур аз раҳм» бошем.

21, 22. Бо кадом роҳҳо мо раҳмдилӣ нишон дода метавонем?

21 Агар мо раҳмдил бошем, ба одамон танҳо диламон намесӯзад, балки ҳамчунин ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунем. Ҳамаи мо дар оила, ҷамоат ва маҳалламон шахсонеро ёфта метавонем, ки ба ёрдам муҳтоҷанд. Бале, мо бисёр имконияти нишон додани раҳмдилӣ дорем! Оё касе ба тасалло муҳтоҷ аст? Оё шумо ёрдами амалӣ, масалан, ягон хӯрданӣ ё ғамхориатонро пешниҳод карда метавонед? Эҳтимол, масеҳии барқароршуда ба дӯсти хубе ниёз дорад, ки ӯро рӯҳбаланд созад. Оё мо ба дигарон дар бораи хабари тасаллибахши Китоби Муқаддас нақл карда метавонем? Ин яке аз роҳҳои беҳтарини нишон додани раҳмдилӣ мебошад (Айюб 29:12, 13; Рум. 10:14, 15; Яъқ. 1:27).

22 Агар мо ба ин чизҳо диққат диҳем, бисёр имкониятҳои нишон додани раҳмдилиро мебинем. Вақте мо раҳмдилӣ зоҳир менамоем, Падари осмониамонро хурсанд мекунем, зеро ӯ «пур аз раҳм аст».

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Чаро Яҳува раҳм мекунад?

  • Чаро ҳатто аз ҷамоат хориҷ кардани шахс нишонаи раҳмдилист?

  • Чӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки раҳмдил бошем?

СУРУДИ 13 Дуои шукргузорӣ

a Раҳмдилӣ яке аз хислатҳои беҳтарини Яҳува мебошад. Ба ҳар яки мо лозим аст, ки ин хислатро инкишоф диҳем. Дар ин мақола дида мебароем, ки чаро Яҳува раҳму марҳамат нишон медиҳад, чаро гуфтан мумкин аст, ки ӯ ҳамеша ҳангоми шахсеро ислоҳ кардан раҳмдилӣ зоҳир мекунад ва чӣ хел мо ба раҳмдилии ӯ пайравӣ карда метавонем.

b Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр шахси хориҷшуда муносибаташро бо Худо барқарор карда метавонад ва пирон ба онҳо чӣ тавр ёрӣ дода метавонанд ба мақолаи ин маҷалла бо номи «Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед» нигаред.

c ШАРҲИ РАСМҲО: Падар аз боми хонааш мебинад, ки писари худсараш ба хона баргашта истодааст ва давида ӯро ба оғӯш мегирад.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Виҷдони шоҳ Довуд пок набуд, барои ҳамин, вақте Нотон ба ӯ қиссаеро нақл кард, ӯ дарғазаб шуда гуфт, ки он марди бой сазовори марг аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан