ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w21 октябр саҳ. 14-17
  • Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ДУШВОРИҲОИ БАРҚАРОРШАВӢ
  • МАҚСАДҲОИ ДАСТРАС ГУЗОРЕД
  • УМЕДАТОНРО ГУМ НАКУНЕД!
  • Шумо барои Яҳува гаронбаҳоед!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Пирони ҷамоат, минбаъд низ аз Павлус ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Яҳува шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Пирони ҷамъомад ба шодмонии мо мадад мерасонанд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
w21 октябр саҳ. 14-17
Бародаре, ки хонааш вайрон шудааст, фикр карда истодааст, ки чӣ тавр аз нав вақту қувват ёфта онро барқарор кунад.

Дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед

ҲАР сол бисёр гӯсфандони бебаҳои Яҳува дар ҷамоат барқарор мешаванд. Вақте ҳар яки онҳо бармегарданд, «дар осмон» хурсандии зиёд мешавад (Луқ. 15:7, 10). Агар шумо барқарор шуда бошед, шубҳа накунед, ки Исо, фариштаҳо ва Яҳува хеле хурсанданд, ки шумо аз нав қисми ҷамоат шудед. Вале ҳангоми барқарор кардани дӯстиатон бо Яҳува шумо бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонед. Биёед бинем, ки баъзе душвориҳо кадоманд ва барои онҳоро паси сар кардан чӣ ба шумо ёрдам мекунад.

ДУШВОРИҲОИ БАРҚАРОРШАВӢ

Баъди ба ҷамоат баргаштан шояд бисёр бародару хоҳарон бо ҳиссиёти манфӣ мубориза баранд. Эҳтимол, ҳиссиёти шоҳ Довуд ба шумо шинос аст. Ҳатто баъди бахшида шуданаш ӯ гуфта буд: «Хатоҳоям маро пахш кардаанд» (Заб. 40:12; 65:3). Баъди дар ҷамоат барқарор шудан виҷдони шахс ё ҳисси шарм ӯро солҳои дароз азоб дода метавонад. Изабел,a ки беш аз 20 сол хориҷ шуда буд, мегӯяд: «Бовариам намеомад, ки Яҳува маро бахшидааст». Агар дилшикаста шавед, шумо аз нав рӯҳан суст гашта метавонед (Пнм. 24:10). Илоҳо ин бо шумо рӯй надиҳад.

Дигарон бошанд, хавотиранд, ки барои бо Яҳува муносибати наздикро барқарор кардан ин қадар корҳоро ба ҷо оварда наметавонанд. Баъди барқарор шудан Антуан ном бародаре мегӯяд: «Ман ҳис мекардам, ки бисёр чизҳоеро, ки ҳангоми Шоҳиди Яҳува буданам, мекардам, фаромӯш сохтам». Чунин ҳиссиёт намемонад, ки баъзеҳо пурра бо хизмати Яҳува банд бошанд.

Масалан, агар хонаи шахсе аз тӯфон хароб шуда бошад, ӯ дар бораи вақту қуввате, ки барои барқарор кардани он лозим аст, фикр карда рӯҳафтода шуда метавонад. Ба ҳамин монанд, агар дӯстиатон бо Яҳува аз сабаби гуноҳи ҷиддӣ зарар дида бошад, барқарор шудани он ба назаратон аз ҳад душвор тофта метавонад. Лекин шумо танҳо нестед.

Яҳува моро даъват мекунад: «Биёед масъаларо ҳал кунем» (Иш. 1:18). Шумо барои «масъаларо ҳал» намудан аллакай заҳмат кашидед. Яҳува ин кӯшишҳои шуморо қадр мекунад. Лаҳзае фикр кунед: Азбаски шумо ба назди Яҳува баргаштед, ӯ мисоли шуморо оварда исбот карда метавонад, ки Шайтон дурӯғгӯй аст (Пнм. 27:11).

Ба назди Яҳува баргашта шумо аллакай ба ӯ наздиктар шудед ва Яҳува ваъда медиҳад, ки ба шумо наздик мешавад (Яъқ. 4:8). Вақте дигарон мешунаванд, ки шумо дар ҷамоат барқарор шудед, онҳо, албатта, хеле хурсанд мегарданд, аммо ин кифоя нест. Лекин шумо бояд муҳаббати худро ба Падар ва Дӯстатон, Яҳува, боз ҳам зиёдтар кунед. Чӣ тавр?

МАҚСАДҲОИ ДАСТРАС ГУЗОРЕД

Пеши худ мақсадҳои дастрас гузоред. Эҳтимол, шумо то ҳол чизҳои асосиро дар бораи Яҳува ва биҳишт дар ёд доред, лекин баъзе корҳоро шумо бояд одати худ гардонед. Масалан, шумо бояд мунтазам мавъиза кунед, ба вохӯриҳо биёед ва бо бародару хоҳарон муошират кунед. Биёед баъзе мақсадҳоро дида бароем.

Тез-тез бо Яҳува гап занед. Падаратон, Яҳува мефаҳмад, ки аз боиси ҳисси гунаҳкорӣ шояд бароятон дуо гуфтан на он қадар осон аст (Рум. 8:26). Ҳатто агар чунин бошад ҳам, «ҳамеша дуо гӯед» ва ба Яҳува нақл кунед, ки то чӣ андоза дӯсти ӯ шудан мехоҳед (Рум. 12:12). Андре ба хотир меорад: «Ман худро бисёр айбдор мекардам ва аз гуноҳам шарм медоштам, лекин баъди ҳар як дуо ин ҳиссиёт камтару дилам оромтар мешуд». Агар шумо дар бораи чӣ дуо гуфтанро надонед, дуоҳои шоҳ Довудро, ки тавба карда буд, аз назар гузаронед. Онҳо дар таронаи 51 ва 65-уми Забур оварда шудаанд.

Мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзед. Ин имони шуморо мустаҳкам мекунад ва, дар натиҷа, муҳаббататон ба Яҳува меафзояд (Заб. 19:7–11). Филипе мегӯяд: «Пеш аз ҳама сабаби рӯҳан суст шудану Яҳуваро хафа карданам он буд, ки ман реҷаи рӯҳонӣ надоштам. Ман намехостам хатоямро такрор кунам, барои ҳамин мақсад гузоштам, ки бо омӯзиши шахсӣ худро ҳимоя мекунам». Шумо низ ҳамин тавр карда метавонед. Агар надонед, ки чиро омӯзиш кунед, аз дӯсти баркамолатон ёрдам пурсед.

Дӯстиатонро бо бародарону хоҳарон барқарор кунед. Баъзе касоне, ки ба ҷамоат бармегарданд, метарсанд, ки дигарон аз онҳо норозӣ мешаванд. Лариса тан мегирад: «Ман шарм медоштам ва фикр мекардам, ки бародару хоҳаронро ноумед карда будам. Аз ин ҳиссиёт муддати дурудароз халос шуда наметавонистам». Дилпур бошед, ки пирон ва дигар масеҳиёни баркамол бисёр мехоҳанд, ки ба шумо ёрӣ диҳанд, то бо Яҳува дӯстиатонро барқарор кунед. (Ба чорчӯбаи «Пирон чӣ кор карда метавонанд?» нигаред.) Онҳо беҳад хурсанданд, ки шумо баргаштед ва мехоҳанд, ки хушбахт бошед (Пнм. 17:17).

Чӣ тавр ба ҷамоат наздиктар шудан мумкин? Ҳама корҳоеро кунед, ки бародару хоҳарон мекунанд. Бо онҳо ба вохӯриҳо оед ва мунтазам дар кори мавъиза иштирок кунед. Чӣ тавр ин ба шумо кумак мекунад? Феликс мегӯяд: «Бародару хоҳарон баргаштани маро интизор буданд ва ман худро даркорӣ ҳис мекардам. Ҳама ба ман ёрӣ медоданд, ки худро узви оила ҳис кунам, фаҳмам, ки Яҳува маро бахшидааст ва хизмати ӯро давом диҳам». (Ба чорчӯбаи «Шумо чӣ кор карда метавонед?» нигаред.)

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Реҷаи рӯҳониатонро барқарор кунед

Пири ҷамоат бо бародаре, ки аз Яҳува дур шудааст, дуо гуфта истодааст.

ТЕЗ-ТЕЗ БО ЯҲУВА ГАП ЗАНЕД

Ба Яҳува нақл кунед, ки то чӣ андоза мехоҳед дӯсти ӯ бошед. Пирон бо шумо ва дар ҳаққи шумо дуо мегӯянд

Он пир бо ёрии китоби «Ба Яҳува наздик шавед» бо бародар омӯзиш гузаронда истодааст.

МУНТАЗАМ КИТОБИ МУҚАДДАСРО ОМӮЗЕД

Имони худро мустаҳкам кунед, дар натиҷа муҳаббататон ба Яҳува меафзояд

Бародар дар вохӯрии дӯстона бо ҳамимонон сӯҳбат дорад.

ДӮСТИАТОНРО БО БАРОДАРОНУ ХОҲАРОН БАРҚАРОР КУНЕД

Ҳама корҳоеро кунед, ки бародару хоҳарон мекунанд. Бо онҳо мунтазам ба вохӯриҳо равед ва дар мавъиза иштирок кунед

УМЕДАТОНРО ГУМ НАКУНЕД!

Шайтон мехоҳад, ки ба шумо халал расонад, то аз нав дӯсти Яҳува нашавед, барои ҳамин ӯ ба шумо «тӯфон»-и душвориҳоро меорад (Луқ. 4:13). Аз ин рӯ хонаи рӯҳониятонро, яъне пайвандҳои дӯстиатонро бо Яҳува мустаҳкам кунед.

Яҳува нисбати гӯсфандонаш ваъда медиҳад: «Ман гумшударо мекобам, дуршударо бармегардонам, захмдорро ҷароҳатбандӣ мекунам ва нимҷонро қувват мебахшам» (Ҳиз. 34:16). Яҳува ба бисёриҳо ёрӣ дод, ки муносибаташонро бо ӯ барқарор кунанд ва мехоҳад, ки шумо ҳам дӯсти наздикаш шавед.

Пирон чӣ кор карда метавонанд?

Пири ҷамоат ба бародар ёрдам медиҳад, то хонаи вайронашро созад.

Пирон ба воизони барқароршуда бисёр кумак мекунанд, то муносибаташонро аз нав бо Яҳува мустаҳкам кунанд. Чӣ тавр ин корро карданашон мумкин?

Онҳоро дилбардорӣ кунед. Павлуси расул медонист, ки гунаҳкори тавбакардаро «ғаму андуҳи бисёр» фурӯ бурда метавонад (2 Қӯр. 2:7). Чунин шахс аз ҳисси гунаҳкорӣ зиқу рӯҳафтода буда метавонад. Павлус ба ҷамоати қӯринтиён чунин маслиҳат дод: «Ӯро аз таҳти дил бахшида, дилбардорӣ кунед». Мо бояд воизони барқароршударо дилпур созем, ки Яҳува ва бародарону хоҳарон онҳоро хеле дӯст медоранд. Таърифу кумаки амалӣ ба онҳо ёрӣ доданаш мумкин, то рӯҳафтода нашаванд.

Бо онҳо дуо гӯед. «Дуое, ки росткор бо зориву илтиҷо мегӯяд, қувваи бузурге дорад» (Яъқ. 5:16). Лариса, ки пештар дар борааш гуфта будем, мегӯяд: «Ман ба пирон дар бораи шубҳаю хавотириам нақл кардам. Онҳо дар ҳаққи ман дуо гуфтанд ва баъди ин фаҳмидам, ки онҳо аз ман дарғазаб нестанд. Онҳо мехоҳанд ба ман кумак расонанд, ки бо Яҳува муносибатамро барқарор кунам». Тео мегӯяд: «Дуоҳои пирон маро боварӣ бахшид, ки Яҳува маро дӯст медорад ва на танҳо корҳои бадам, балки корҳои хубамро низ мебинад».

Бо онҳо дӯст шавед. Касоне, ки дар ҷамоат барқарор мешаванд, ба дӯстон ниёз доранд. Ҷастин ном пири ҷамоат мегӯяд: «Кӯшиш кунед, ки бо чунин шахсон мавъиза намоед ва, аз ҳама муҳимаш, барои хабаргирӣ ба хонаашон равед. Чунин дӯстӣ хеле муҳим аст». Дигар пири ҷамоат, ки Ҳенри ном дорад, мегӯяд: «Агар дигарон дар ҷамоат бинад, ки пирон бо касони барқароршуда дӯстӣ мекунанд, онҳо ҳам ҳамин хел мекунанд».

Ба онҳо дар омӯзиши шахсӣ кумак кунед. Дӯсти баркамол ба шахсе, ки барқарор шудааст, дар тартиб додани реҷаи рӯҳонӣ ёрӣ дода метавонад. Дарко ном пири ҷамоате мегӯяд: «Ба ман маъқул аст, ки ганҷҳои дар давоми омӯзиши шахсӣ ёфтаамро ба дигарон нақл кунам ва нишон диҳам, ки омӯзиши Китоби Муқаддас ба ман чӣ қадар хурсандӣ меорад. Ман ҳамчунин дар бораи якҷоя омӯхтани мақолаҳои шавқовар бо дигарон гапзанон мекунам». Дигар пири ҷамоат, ки Клейтон ном дорад, мегӯяд: «Ман онҳоро даъват мекунам, ки аз Китоби Муқаддас воқеаҳоеро ёбанд, ки ба ҳаёти онҳо монанд аст ва бинанд, ки аз ин воқеаҳо чӣ ёд гирифта метавонанд».

Онҳоро чӯпонӣ намоед. Касоне, ки барқарор шуданд, дида буданд, ки пирон чун доварон амал мекунанд. Акнун бошад, онҳо бояд бинанд, ки пирон чун чӯпонон ғамхорӣ мекунанд (Ирм. 23:4). Дар шунидан бошитоб бошед ва онҳоро бисёртар таъриф кунед. Тез-тез бо онҳо ҳамсуҳбат шавед. Аҳамият диҳед, ки Маркус ном пири ҷамоат, вақте ба хабаргирии барқароршудагон меояд, чӣ кор мекунад: «Мо ба онҳо аз Китоби Муқаддас ягон фикрро нишон медиҳем, онҳоро таъриф мекунем, боварӣ мебахшем, ки Яҳува ва мо бо онҳо фахр мекунем, чунки барои ба назди Худо баргаштан онҳо хеле заҳмат кашиданд. Дар охири ҳар як хабаргирӣ санаи вохӯрии навбатиро муайян мекунем».

a Номҳо дар ин мақола иваз шуданд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан