Кай нафрат абадан аз байн меравад?
Ҳатто агар мо нафратро аз дили худ решакан кунем, рафтору кирдори дигаронро идора карда наметавонем. Одамони бегуноҳ то ҳол қурбони нафрат мегарданд, пас, кӣ метавонад нафратро аз беху бунёдаш нест кунад?
Танҳо Яҳува Худо! Танҳо ӯ метавонад занҷири оҳанини нафратро пора-пора кунад. Дар Китоби Муқаддас ваъда дода мешавад, ки ӯ дар оянда ин корро мекунад (Панднома 20:22).
ХУДО САРЧАШМАИ НАФРАТРО НОБУД МЕСОЗАД
1. ШАЙТОН ИБЛИС. Ин фариштаи исёнкор сарчашмаи нафрату кароҳат мебошад. Худо ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар дил нафратро парвариш мекунанд, несту нобуд месозад (Забур 37:38; Румиён 16:20).
2. ДУНЁИ ПУР АЗ НАФРАТ. Худо бадиро аз ин ҷаҳон нест мекунад, аз ҷумла сиёсатмадорони порахӯр ва роҳбарони динро, ки оташи нафратро бармеангезанд. Худо инчунин дунёи тиҷоратро, ки дар коррупсия ғӯтидаасту одамонро бар манфиати худ истифода мебарад, нест хоҳад кард (2 Петрус 3:13).
3. НОКОМИЛИИ ОДАМОН. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳамаи одамон нокомилиро мерос гирифтаанд. Барои ҳамин ба фикру ҳиссиёт ва рафтори нодуруст майл доранд (Румиён 5:12). Аз ин ҷост, ки дар дилашон тухми нафратро мекоранд. Худо ба одамон кумак мекунад, ки бар ҳамаи ин майлҳои нодуруст ғолиб омада нафратро абадан решакан кунанд (Ишаъё 54:13).
КИТОБИ МУҚАДДАС ВАЪДА МЕДИҲАД, КИ НАФРАТ АЗ БАЙН МЕРАВАД
1. ҲЕҶ КАС ҚУРБОНИ БЕАДОЛАТӢ НАМЕГАРДАД. Подшоҳии Худо, ки адолатхоҳ ва ҷовидонӣ аст, аз осмон бар замин ҳукмронӣ мекунад (Дониёл 2:44). Одамон дигар рӯйбинӣ ва бадбинӣ намекунанд (Луқо 18:7).
2. СУЛҲУ ОРОМӢ ПОЙДОР МЕГАРДАД. Касе аз сабаби ҷанг ё зӯроварӣ зарар намебинад (Забур 46:9). Дар замин танҳо одамони сулҳҷӯ зиндагӣ мекунанд (Забур 72:7).
3. ҲАМА ДАР МУҲИТИ БЕҲТАРИН ТО АБАД ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД. Сокинони замин якдигарро самимона дӯст хоҳанд дошт (Матто 22:39). Ҳеҷ кас дигар аз фикру хотираҳои нохуш азоб намекашад (Ишаъё 65:17). Он вақт одамон аз чанголи нафрат халос шуда, «аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (Забур 37:11).
Оё шумо дар чунин дунё зиндагӣ кардан мехостед? Бояд гуфт, ки аллакай имрӯз бисёр одамон маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор бурда нафратро аз худ дур кардаанд (Забур 37:8). Миллионҳо Шоҳидони Яҳува дар саросари ҷаҳон ба ин пирӯзӣ ноил гаштаанд. Ҳарчанд маданият ва гузаштаашон ҳархела аст, онҳо якдигарро дӯст медоранду тифоқанд (Ишаъё 2:2–4).
Шоҳидони Яҳува бо камоли майл ба шумо нақл карда метавонанд, ки чӣ тавр ба беадолатию рӯйбинӣ тоб овардан мумкин аст. Гирифтани чунин дониш ба шумо кумак мекунад, ки нафратро аз худ дур карда муҳаббатро пеша кунед. Мефаҳмед, ки чӣ хел бо одамон меҳрубонона муносибат кардан мумкин, ҳатто бо одамони ношукр ва пур аз нафрат. Дар натиҷа аллакай имрӯз бештар хурсандӣ ҳис мекунед ва муносибататон бо дигарон беҳтар мегардад. Илова бар ин, мефаҳмед, ки барои таҳти роҳбарии Подшоҳии Худо зиндагӣ кардан, замоне, ки нафрат аз байн меравад, бояд чӣ кор кунед (Забур 37:29).