ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w22 март саҳ. 13
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Маводи монанд
  • Оё ту ягон бор худатро бегонаву нодаркор ҳис карда будӣ?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Чаро Довуд бояд гурезад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шоул — подшоҳи нахустини Исроил
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
w22 март саҳ. 13

Саволҳои хонандагон

Чаро дар 2 Подшоҳон 21:7–9 гуфта шудааст, ки Довуд «ба Мефибӯшети писари Юнотони писари Шоул раҳм кард», вале баъдтар Мефибӯшетро ба қатл супурд?

Одамоне, ки ин порчаро тез хонда мебароянд, ҳайрон мешаванд. Вале бояд гуфт, ки дар оятҳои мазкур гап дар бораи ду марди гуногун меравад, ки Мефибӯшет ном доштанд. Асли воқеаро фаҳмида мо барои худ дарс гирифта метавонем.

Шоҳи Исроил Шоул ҳафт писару ду духтар дошт. Номи писари калониаш Юнотон буд. Баъдтар Шоул аз сурияаш Рисфо боз писардор шуда номашро Мефибӯшет монд. Ҷолиб аст, ки писари Юнотон низ Мефибӯшет ном дошт. Хулоса, Шоул ҳам писаре бо номи Мефибӯшет дошту ҳам набера.

Як замон шоҳ Шоул зидди мардуми Ҷибъӯн, ки дар миёни исроилиён зиндагӣ мекарданд, баромада хост, ки онҳоро несту нобуд кунад ва аз афташ баъзеашонро ба қатл расонд. Ин қарори Шоул нодуруст буд. Чаро? Чунки дар давраҳои Юшаъ сарварони халқи Исроил бо онҳо аҳду паймони осоиштагӣ баста буданд (Юшаъ 9:3–27).

Ин аҳд ҳатто дар давраҳои Шоул бекор нашуда буд. Бо вуҷуди ин шоҳ муқобили ин аҳд баромада, хост ҷибъӯниёнро нобуд созад. Дар натиҷа «Шоул ва хонадони ӯ дар хунрезӣ» айбдор шуданд (2 Подш. 21:1). Бо гузашти вақт Довуд ба тахт нишаст. Ҷибъӯниён дар бораи хатои ҷиддии Шоул ба Довуд нақл карданд. Довуд аз онҳо пурсид, ки барои хатои даҳшатовари Шоул чӣ товон бидиҳад, то Яҳува аз нав сарзамини Исроилро баракат диҳад. Ба ҷойи пул талаб кардан ҷибъӯниён хостанд, ки Довуд ҳафт писари мардеро, ки «ният дошт» ҷибъӯниёнро решакан кунад, ба онҳо барои ба қатл расондан супорад (4 Мӯсо 35:30, 31). Довуд талаби онҳоро ба ҷо овард (2 Подш. 21:2–6).

Он вақт Шоул ва Юнотон аллакай дар ҷанг ҳалок шуда буданд, вале писари Юнотон, Мефибӯшет, зинда буд. Азбаски Мефибӯшет дар кӯдакиаш дар натиҷаи ҳодисаи нохуш маъюб гашта буд, дар ҳамлаи бобояш бо ҷибъӯниён иштирок накард. Довуд бошад, бо Юнотон аҳди дӯстӣ баста буд, ки аз он насли Юнотон, аз ҷумла Мефибӯшет, баҳра мебурд (1 Подш. 18:1; 20:42). Дар Китоби Муқаддас дар ин бора гуфта мешавад: «Шоҳ Довуд ба хотири қасаме, ки ӯ ва Юнотони писари Шоул дар пеши Яҳува хӯрда буданд, ба Мефибӯшети писари Юнотони писари Шоул раҳм кард» (2 Подш. 21:7).

Бо вуҷуди ин аҳд шоҳ Довуд хоҳиши ҷибъӯниёнро иҷро кард. Ӯ ду писари Шоулро, ки якеаш Мефибӯшет ном дошт ва панҷ набераи Шоулро ба ҷибъӯниён супурд (2 Подш. 21:8, 9). Бо ин амалаш Довуд таъсири бади гуноҳи Шоулро бар сарзамини Исроил хотима бахшид.

Ин воқеаи таърихӣ барои мо ибратангез аст. Дар Шариати Худо равшан қайд шуда буд: «Фарзандон барои гуноҳи падарон набояд кушта шаванд» (5 Мӯсо 24:16). Барои ҳамин, агар ду писар ва панҷ набераи Шоул бегуноҳ мебуданд, Яҳува ҳаргиз роҳ намедод, ки онҳоро ба дасти ҷибъӯниён супоранд. Дар шариати мазкур инчунин зикр шуда буд: «Ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад». Аз афташ ин ҳафт насли Шоул дар қатли омми ҷибъӯниён чӣ саҳме доштанд. Бинобар ин, ниҳоят барои кори кардаашон ҷавоб доданд.

Аз ин воқеа маълум мешавад, ки шахс наметавонад кори баде карда, гӯяд ё фикр кунад, ки ӯ танҳо аз рӯйи супориши гирифтааш амал кард. Дар ҳикмате гуфта шудааст: «Пеши қадамҳоятро ҳамвор соз, то ҳамаи роҳҳоят рост бошанд» (Пнм. 4:24–27; Эфс. 5:15).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан