МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36
Халқи Яҳува адолатдӯст аст
«Хушбахтанд гушнагону ташнагони адолат» (МАТ. 5:6).
СУРУДИ 46 Яҳува — Подшоҳи мо!
ПЕШГУФТОРa
1. Юсуф бо чӣ гуна озмоиш рӯ ба рӯ шуд ва чӣ тавр рафтор кард?
ПИСАРИ Яъқуб, Юсуф, бо озмоиши сахт рӯ ба рӯ шуд. Зане ба ӯ гуфт: «Бо ман бихоб». Ӯ зани хӯҷаини Юсуф, Фӯтифар, буд. Юсуф пешниҳоди ӯро рад намуд. Имрӯз шояд касе гӯяд: «Чаро Юсуф ба ин васваса муқобилат кард?» Охир, он вақт Фӯтифар дар хона набуд, ба болои ин Юсуф дар хонаи онҳо чун ғулом хизмат мекард. Занаш бошад, барои рад кардани пешниҳодаш рӯзи ӯро бешубҳа сиёҳ карда метавонист. Бо вуҷуди ин Юсуф пешниҳоди пайиҳами ӯро рад кард. Чаро? Ӯ гуфт: «Чӣ тавр ман ба чунин бадкории азим даст занам ва дар пеши Худо гуноҳ кунам?!» (1 Мӯсо 39:7–12).
2. Юсуф аз куҷо медонист, ки Яҳува зиноро гуноҳ меҳисобад?
2 Пас, Юсуф аз куҷо медонист, ки зино дар назари Яҳува «бадкории азим» аст? Охир, он вақт Шариати Мӯсо набуд ва Юсуф қонуни «ба ҳамсарат хиёнат накун»-ро намедонист, ин қонун қариб баъди 200 сол навишта шуд (2 Мӯсо 20:14). Вале ӯ Яҳуваро хеле хуб мешинохт ва бешак медонист, ки Офаридгор нисбати зино чӣ фикр дорад. Мисол, Юсуф аниқ медонист, ки Яҳува издивоҷро байни як мард ва як зан ҷорӣ карда буд. Ӯ инчунин дар ёд дошт, ки чӣ тавр Яҳува бибикалонаш Сороро муҳофизат кард, то марди бегона ба ӯ даст нарасонад. Ба ин монанд, Яҳува зани Исҳоқ, Ривқоро, ҳимоя карда буд (1 Мӯсо 2:24; 12:14–20; 20:2–7; 26:6–11). Юсуф дар бораи ин мавридҳо мулоҳиза ронда дарк мекард, ки дар назари Яҳува ростӣ чӣ асту бадӣ чӣ. Азбаски Юсуф Яҳуваро дӯст медошт, ӯ инчунин меъёрҳои адолати Парвардигорро дӯст медошт ва бо азми қавӣ аз рӯйи он зиндагӣ мекард.
3. Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад?
3 Оё шумо адолатдӯстед? Албатта! Вале азбаски ҳамаи мо нокомилем, нуқтаи назари дунё дар бораи адолат ба мо таъсир расонда метавонад (Иш. 5:20; Рум. 12:2). Аз ин рӯ дар ин мақола муҳокима мекунем, ки адолат чӣ аст ва чӣ тавр дӯст доштани ин хислат ба мо манфиат меорад. Сипас се қадамеро дида мебароем, ки кумак мекунанд, то меъёрҳои Худоро боз ҳам бештар дӯст дорем.
АДОЛАТ ЧИСТ?
4. Бисёр одамон дар бораи адолат чӣ гуна ақидаи нодуруст доранд?
4 Бисёр одамон шахси адолатманд гуфта, касеро дар назар доранд, ки дигаронро ҳукм мекунад, ё дар назари худ одил аст. Вале ба Худо ин хислатҳо тамоман маъқул нестанд. Масалан, вақте Исо дар замин буд, фарисиёнро ҳукм кард, ки онҳо меъёрҳои адолати худро муқаррар мекарданд (Пандгӯ 7:16; Луқ. 16:15). Барои ҳамин шахси боадолат ҳеҷ вақт худашро одил наметарошад.
5. Мувофиқи Китоби Муқаддас адолатмандӣ чӣ маъно дорад? Мисол оред.
5 Адолатмандӣ хислати бениҳоят зебо аст. Одӣ карда гӯем, маънои он кардани коре мебошад, ки дар назари Худо дуруст аст. Дар Китоби Муқаддас калимаҳое, ки чун адолатмандӣ тарҷума шудаанд, ба маънои мувофиқи меъёрҳои баланди Яҳува зиндагӣ кардан омадаанд. Масалан, Яҳува ба савдогарон амр дода буд, ки санги тарозуашон «ҳаққонӣ бошад» (5 Мӯсо 25:15). Калимаи иброние, ки чун «ҳаққонӣ» тарҷума шудааст, инчунин маънои «адолат»-ро дорад. Барои ҳамин масеҳие, ки мехоҳад дар назари Яҳува адолатманд бошад, бояд дар ҳамаи корҳояш аз рӯйи инсоф рафтор кунад. Вақте шахси адолатдӯст мебинад, ки нисбати касе беинсофӣ мекунанд, ба ғазаб меояд; ӯ барои Яҳуваро «аз ҳар ҷиҳат шод» гардондан ҳама вақт андеша мекунад, ки Офаридгор дар бораи қарорҳояш чӣ фикр дорад (Қӯл. 1:10).
6. Чаро мо аз меъёрҳои неку бади Яҳува дилпур буда метавонем? (Ишаъё 55:8, 9).
6 Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува Сарчашмаи адолат мебошад. Маҳз барои ҳамин гуфта шудааст, ки Яҳува «ҷойгоҳи адолат аст» (Ирм. 50:7). Чун Офаридгор танҳо ӯ ҳақ дорад меъёрҳои неку бадро муқаррар гардонад. Азбаски Яҳува комил аст, дарки неку бадаш дар муқоиса бо назари мо садчандон воло мебошад,— охир, ба назари мо аксар вақт нокомилӣ ва гуноҳ таъсир мерасонад (Пнм. 14:12; Ишаъё 55:8, 9-ро хонед.) Бо вуҷуди ин, азбаски мо ба сурати Худо офарида шудаем, мувофиқи меъёрҳои одилонаи ӯ зиндагӣ карда метавонем (1 Мӯсо 1:27). Дар асл, ин ба мо маъқул аст. Мо Падари осмониамонро беҳад дӯст медорем. Барои ҳамин кӯшиш мекунем, ки бо тамоми ҳастии худ мисли ӯ рафтор намоем (Эфс. 5:1).
7. Чаро ба мо меъёрҳои боваринок лозиманд? Мисол оред.
7 Аз рӯйи меъёрҳои неку бади Яҳува зистан ба мо манфиат меорад. Медонед барои чӣ? Мисоле меорем: тасаввур кунед, агар барои муайян кардани қурби асъор ҳар як бонк меъёрҳои худро муқаррар мекард, ё ҳар як корхонаи сохтмонӣ меъёрҳои муайян кардани воҳиди ченаки худро мебаровард, чӣ мешуд? Оқибати ин кор ба бесарусомонӣ оварда мерасонд. Ба ин монанд, агар духтурон аз рӯйи меъёрҳое, ки барои нигоҳубини беморон муқаррар шудаанд, амал накунанд, ягон бемор мурданаш мумкин аст. Барои ҳамин шакке нест, ки аз рӯйи меъёрҳои боваринок зиндагӣ кардан ҳаёти касро муҳофизат мекунад. Ҳамин тавр ҳам меъёрҳои неку бади Яҳува шахсро эмин нигоҳ медорад.
8. Росткоронро чӣ гуна баракатҳо интизоранд?
8 Яҳува онҳоеро, ки аз рӯйи меъёрҳояш зиндагӣ мекунанд, баракат медиҳад. Ӯ ваъда додааст, ки «росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Заб. 37:29). Тасаввур кунед, одамон чӣ сон ҳаёти тифоқона, орому осуда ва хушбахтона ба сар мебаранд, вақте якдилона аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекунанд. Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо ин гуна ҳаётро соҳиб шавем. Бале, мо барои адолатдӯст будан сабабҳои ҷиддӣ дорем. Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббатамонро ба ин хислати муҳим зиёд гардонда метавонем. Барои ин се қадам вуҷуд дорад.
МУҲАББАТИ ХУДРО НИСБАТИ МЕЪЁРҲОИ ХУДО ҚАВИТАР ГАРДОНЕД
9. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки адолатдӯст бошем?
9 Қадами 1: Меъёрдеҳро дӯст доред. Барои адолатдӯст шудан мо бояд Онеро, ки меъёрҳои неку бадро муқаррар кардааст, дӯст дорем. Чи қадаре Яҳуваро дӯст дорем, ҳамон қадар бештар мехоҳем, ки аз рӯйи меъёрҳояш зиндагӣ кунем. Масалан, агар Одаму Ҳавво Яҳуваро воқеан ҳам дӯст медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба қонуни одилонаи ӯ беитоат намешуданд (1 Мӯсо 3:1–6, 16–19).
10. Чӣ тавр Иброҳим дар бораи Яҳува бештар дониш гирифт?
10 Бешубҳа, мо мисли Одаму Ҳавво хато кардан намехоҳем. Вале барои ин ба мо лозим аст, ки Яҳуваро нағзтар шиносем, дар бораи хислатҳо ва тарзи фикррониаш дониш гирем. Ин тавр карда муҳаббатамон ҳатман ба ӯ зиёд мегардад. Иброҳимро ба ёд оред, ӯ Яҳуваро дар ҳақиқат дӯст медошт. Ҳатто вақте намефаҳмид, ки Яҳува ин ё он корро барои чӣ карда истодааст, ин марди бовафо шӯру ғавғо намебардошт. Баръакс, кӯшиш мекард, ки Яҳуваро беҳтар шиносад. Масалан, вақте ӯ фаҳмид, ки Яҳува шаҳри Садӯм ва Амӯроро нест карданӣ аст, тарсид, ки «Довари тамоми замин» дар баробари бадкорон, росткоронро низ нест мекунад. Барои ҳамин ӯ фурӯтанона ба Яҳува якчанд савол дод. Яҳува бошад, пуртоқатона ба ӯ ҷавоб гардонд. Дар натиҷа Иброҳим фаҳмид, ки Яҳува дили одамро мебинад ва ҳеҷ гоҳ дар қатори бадкорон беайбонро ҷазо намедиҳад (1 Мӯсо 18:20–32).
11. Чӣ тавр Иброҳим нишон дод, ки Яҳуваро дӯст медораду ба ӯ таваккал мекунад?
11 Суҳбат бо Яҳува дар бораи Садӯм ва Амӯро ба Иброҳим бениҳоят таъсир кард. Бешак, муҳаббат ва ҳурмату иззати ӯ нисбати Падари осмониаш аз пештара дида зиёдтар гашт. Солҳо пас имони Иброҳим санҷида шуд. Яҳува ба ӯ амр дод, ки Писари азизаш Исҳоқро қурбон кунад. Вале ин дафъа азбаски Иброҳим Яҳуваро нағзтар мешинохт, ба ӯ ягон савол надод. Ӯ итоаткорона аз рӯйи амри Яҳува амал кард. Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза иҷро кардани ин супориш ба Иброҳим душвор буд. Аҷаб нест, ки ин марди бовафо дар бораи он чизҳое, ки оиди Яҳува аз худ карда буд, гаштаю баргашта мулоҳиза меронд. Ӯ медонист, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ беадолатона ва бераҳмона амал намекунад. Мувофиқи гуфтаҳои Павлуси расул Иброҳим андеша мекард, ки Яҳува писараш Исҳоқро зинда карда метавонад (Ибр. 11:17–19). Охир, Яҳува ба ӯ ваъда дода буд, ки аз Исҳоқ халқи сершуморе ба миён меояд, вале он лаҳза Исҳоқ ҳоло ягон фарзанд надошт. Иброҳим Яҳуваро дӯст медошт, барои ҳамин дилпур буд, ки Худояш аз рӯйи адолат амал мекунад. Ҳарчанд мушкил буд, ӯ аз рӯйи имон рафтор кард (1 Мӯсо 22:1–12).
12. Мо аз Иброҳим чӣ ибрат гирифта метавонем? (Забур 73:28).
12 Чӣ тавр мо аз Иброҳим ибрат гирифта метавонем? Мисли ин марди бовафо мо бояд минбаъд низ дар бораи Яҳува дониш гирем. (Забур 73:28-ро хонед.) Дар ин ҳол ба ӯ наздиктар мешавем ва муҳаббатамон зиёдтар мегардад. Виҷдонамон бошад, тавре таълим меёбад, ки мо фикрронии Яҳуваро аз худ мекунем (Ибр. 5:14). Дар натиҷа, агар ягон кас моро ба кори бад тела доданӣ шавад, мо онро рад мекунем. Дар асл, танҳо фикри ба Яҳува дард овардан ва муносибатамонро бо ӯ вайрон кардан бароямон нафратовар мешавад. Хуб, боз чӣ тавр нишон додан мумкин аст, ки мо адолатро дӯст медорем?
13. Чӣ хел мо аз пайи адолат шуда метавонем? (Панднома 15:9).
13 Қадами 2. Ҳар рӯз адолатдӯстиатонро инкишоф диҳед. Чи хеле ки барои бақувват шудани мушакҳо ҳар рӯз машқ кардан лозим аст, ҳамин тавр барои меъёрҳои одилонаи Яҳуваро дӯст доштан кӯшиш дар талаб аст. Дар асл ин корро шумо ҳар рӯз карда метавонед. Яҳува Худои боандеша мебошад, барои ҳамин ҳеҷ гоҳ чизеро, ки аз қувватамон берун аст, талаб намекунад (Заб. 103:14). Ӯ моро боварӣ мебахшад, ки «ҳар касеро, ки аз пайи росткорист, дӯст медорад». (Панднома 15:9-ро хонед.) Масалан, агар мо дар хизмати Яҳува ягон мақсад монда бошем, саъю кӯшиш мекунем, ки ба он расем. Ба ин монанд барои аз ҷиҳати адолатмандӣ пешравӣ кардан кӯшишу ғайрат лозим аст. Яҳува бошад, пурсаброна ба мо ёрдам мекунад, ки оҳиста-оҳиста муваффақ гардем (Заб. 84:5, 7).
14. «Ҷавшани росткорӣ» чист ва чаро мо ба он ниёз дорем?
14 Яҳува аз муҳаббат ба мо ёдрас мекунад, ки амрҳои одилонаи ӯ гарон нест (1 Юҳ. 5:3). Баръакс, онҳо моро ҳимоя мекунанд, мо бошем, ҳар рӯз ба ҳимоя ниёз дорем. Дар ёд доред, Павлуси расул дар бораи либоси ҷангӣ чӣ гуфта буд? (Эфс. 6:14–18). Кадом қисми он дили аскарро ҳимоя мекард? Бале, «ҷавшани росткорӣ», ки меъёрҳои одилонаи Яҳуваро тасвир мекунад. Чи хеле ҷавшан дилро ҳимоя менамояд, меъёрҳои одилонаи Яҳува низ дили рамзии шуморо муҳофизат мекунад. Барои ҳамин боварӣ ҳосил кунед, ки либоси ҷангиатон ҷавшани росткориро низ дар бар мегирад (Пнм. 4:23).
15. Шумо чӣ хел ҷавшани росткориро пӯшида метавонед?
15 Шумо чӣ хел ҷавшани росткориро пӯшида метавонед? Пеш аз кардани ягон кор пайваста фикру хости Яҳуваро ба инобат гиред. Масалан, пеш аз интихоби мавзӯи суҳбат, мусиқӣ, вақтхушӣ ё китобхонӣ аз худ пурсед: «Ман ақлу диламро бо чӣ гуна маълумот пур карданиям? Яҳува онро дуруст мешуморад? Оё дар интихоби ман бадахлоқӣ, зӯроварӣ, чашмгуруснагӣ, худбинӣ — чизҳое, ки аз нигоҳи Яҳува бад аст, дида мешавад?» (Флп. 4:8). Агар шумо аз рӯйи хости Яҳува қарор қабул кунед, он гоҳ меъёрҳои одилонаи ӯ дили шуморо муҳофизат хоҳад кард.
Росткории шумо «мисли мавҷҳои баҳр» буда метавонад (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)
16, 17. Чӣ хел Ишаъё 48:18 моро боварӣ мебахшад, ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува абадан зиндагӣ карда метавонем?
16 Оё шумо ягон бор хавотир шудаед, ки то охир аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ карда метавонед ё не? Биёед аз Ишаъё 48:18 як мисолро дида бароем. (Оятро хонед.) Дар ин оят Яҳува ваъда додааст, ки росткории мо «мисли мавҷҳои баҳр» хоҳад буд. Тасаввур кунед, шумо дар соҳили баҳри беканоре истодаеду мавҷҳои беохири онро мушоҳида мекунед. Оё дар чунин фазои ором, шумо хавотир мешавед, ки мавҷҳо рӯзе ногаҳон қатъ мегарданд? Не, албатта. Шумо медонед, ки ин мавҷҳо ҳазорсолаҳо боз ҷорӣ мешаванду минбаъд низ ҷорӣ хоҳанд шуд.
17 Росткории шумо мисли мавҷҳои баҳр буда метавонад. Барои ин чӣ кор кардан лозим? Пеш аз қарор қабул кардан фикр кунед, ки Яҳува аз шумо чиро хоҳон аст. Баъд мувофиқи он амал кунед. Қароратон чӣ қадар душвор набошад ҳам, Падари меҳрубони шумо мадад мерасонад, ки устувору содиқ монед ва мувофиқи меъёрҳои одилонаи ӯ зиндагӣ кунед (Иш. 40:29–31).
18. Чаро дигаронро набояд аз рӯйи фаҳмиши худ ҳукм кунем?
18 Қадами 3. Довариро ба дасти Яҳува супоред. Мо ҳаракат мекунем, ки мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кунем, ҳамзамон дигаронро ҳукм намекунем ва худро одил намегирем. Мо дигаронро паст намешуморем ва аз рӯйи фаҳмиши худ ҳукм намекунем, зеро дар ёд дорем, ки «Довари тамоми замин» Яҳува аст (1 Мӯсо 18:25). Ӯ ба мо ҳуқуқи доварӣ карданро надодааст. Барои ҳамин Исо гуфта буд, ки «дигар ҳукм накунед, то шуморо ҳукм накунанд» (Мат. 7:1)b.
19. Чӣ хел Юсуф нишон дод, ки ба доварии Яҳува такя мекунад?
19 Биёед бори дигар саргузашти марди одил Юсуфро дида бароем. Ӯ дигаронро ҳукм намекард,— ҳатто онҳоеро, ки нисбаташ бадӣ мекарданд. Боре бародарони ҳамхунаш зидди ӯ баромада ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Сипас падарашонро фиреб дода гуфтанд, ки Юсуф мурд. Чанд сол пас Юсуф бо оилааш якҷо шуд. Он вақт Юсуф ҳокими пурқудрат буд ва метавонист бародаронашро сахт маҳкум карда аз онҳо қасос гирад. Бародарони ӯ хавотир буданд, ки нигоҳ накарда ба пушаймониашон Юсуф онҳоро ҷазо медиҳад. Вале Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед, магар ман Худоям?» (1 Мӯсо 37:18–20, 27, 28, 31–35; 50:15–21). Чи хеле мебинед, Юсуф довариро ба дасти Яҳува супорид.
20, 21. Чаро мо худро набояд одил гирем?
20 Мисли Юсуф мо ҳам довариро ба дасти Яҳува месупорем. Масалан, мо шубҳа намекунем, ки бародару хоҳарон ин ё он корро бо нияти соф мекунанд. Мо дили онҳоро дида наметавонем; танҳо «Яҳува дилу ниятро месанҷад» (Пнм. 16:2). Ӯ ҳамаи одамонро дӯст медорад,— новобаста ба маданият ва мавқеашон дар ҷомеа. Яҳува мехоҳад, ки мо низ «дили худро... боз» кунем (2 Қӯр. 6:13). Барои ҳамин мо бародару хоҳаронро доварӣ намекунем, балки онҳоро дӯст медорем.
21 Инчунин мо онҳоеро, ки берун аз ҷамоатанд, доварӣ намекунем (1 Тим. 2:3, 4). Масалан, шумо ягон хешатонро, ки эътиқодаш дигар аст, ҳукм карда мегуфтед: «Ин одам ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро қабул намекунад?» Не, албатта! Зеро ин худбоварӣ ва одилтарошӣ мешуд. Яҳува то ҳол «дар ҳама ҷо ба ҳамаи одамон» имкон медиҳад, ки тавба кунанд (Кор. 17:30). Пас, ҳамеша дар ёд доред, ки одилтарошӣ кардан ин худ ноинсофӣ аст.
22. Чаро шумо адолатдӯст будан мехоҳед?
22 Муҳаббатамон ба меъёрҳои одилонаи Яҳува моро хушбахт мегардонад ва кумак мекунад, ки намунаи ибрат бошем, то дигарон мову Яҳуваро бештар дӯст доранд. Биёед ҳамеша «гушнагону ташнагони адолат» бошем! (Мат. 5:6). Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува ҳар як кӯшиши шуморо мебинад ва ҳама вақт пешравиатонро дида хурсанд мешавад. Ин дунё торафт дар бадкорӣ ғӯтида истодааст, валекин шумо ноумед нашавед! Ҳамеша дар ёд доред, ки «Яҳува росткоронро дӯст медорад» (Заб. 146:8).
СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!
a Одамони адолатдӯст имрӯзҳо камёбанд. Ҳамзамон миллионҳо одамон кӯшиш мекунанд, ки аз рӯйи адолат зиндагӣ кунанд. Шакке нест, ки шумо яке аз онҳо мебошед. Шумо адолатдӯстед, зеро Яҳуваро дӯст медоред. Яҳува бошад, Худои адолат аст. Чӣ тавр мо муҳаббатамонро нисбати адолат зиёд гардонда метавонем? Дар ин мақола мо мебинем, ки адолатмандӣ чист, мо аз дӯст доштани он чӣ манфиат мегирем ва барои ин кадом қадамҳоро гузоштан даркор.
b Баъзан пирони ҷамоат масъалаҳоеро дида мебароянд, ки бо гуноҳи азим ва тавба алоқаманданд (1 Қӯр. 5:11; 6:5; Яъқ. 5:14, 15). Дар чунин мавридҳо онҳо фурӯтанона тан мегиранд, ки дили дигаронро дида наметавонанд ва барои Яҳува доварӣ мекунанд. (Бо 2 Воқеанома 19:6 муқоиса кунед.) Онҳо аз Яҳува ибрат гирифта меҳрубонона мувофиқи меъёрҳои одилонаи ӯ қарор мебароранд.