ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w22 октябр саҳ. 6-11
  • Шумо хушбахтии ҳақиқиро ёфта метавонед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шумо хушбахтии ҳақиқиро ёфта метавонед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КИТОБИ МУҚАДДАСРО ОМӮЗЕД
  • АЗ РӮЙИ МЕЪЁРҲОИ ЯҲУВА ЗИНДАГӢ КУНЕД
  • ИБОДАТИ ЯҲУВАРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНЕД
  • ВОҚЕА АЗ ҲАЁТ
  • Хушо онҳое ки ба «Худои хушбахт» хизмат мекунанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
w22 октябр саҳ. 6-11

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41

Шумо хушбахтии ҳақиқиро ёфта метавонед

«Хушбахт аст ҳар касе, ки аз Яҳува метарсад ва бо роҳҳои ӯ равона мешавад» (ЗАБ. 128:1).

СУРУДИ 14 «Ҳама чизро нав месозам»

ПЕШГУФТОРa

1. Ба кадом маъно мо «ташнаи роҳнамоии Худо»-ем ва чӣ тавр ин бо хушбахтиамон алоқаманд аст?

ХУШБАХТИИ ҳақиқӣ танҳо сархушие нест, ки меояду меравад. Он ҳиссиёти бардавом буда метавонад. Чӣ хел? Исо дар Суханронии болои кӯҳ гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд» (Мат. 5:3). Ӯ медонист, ки одамон хоҳиши сахт доранд, то Офаридгор Яҳуваро шиносанду ӯро ибодат намоянд. Азбаски Яҳува «Худои хушбахт» аст, онҳое, ки ӯро ибодат мекунанд, инчунин хушбахт буда метавонанд (1 Тим. 1:11).

«Хушбахтанд касоне, ки аз барои росткорӣ озор дидаанд» (Мат. 5:10). (Ба сархатҳои 2 ва 3 нигаред.)d

2, 3. а) Мувофиқи гуфтаҳои Исо боз киҳо хушбахт буда метавонанд? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад ва чаро ин муҳим аст?

2 Оё барои хушбахт будан ҳатман шароити беҳтарин доштан даркор? Не. Дар Суханронии болои кӯҳ Исо як фикри ҷолиб гуфт. Ӯ қайд кард, ки ҳатто «мотамзадагон» хоҳ аз сабаби гуноҳашон дилшикастаанд, хоҳ бо мушкилие дучор шудаанд,— хушбахт буда метавонанд. Инчунин Исо гуфт, ки «касоне, ки аз барои росткорӣ озор» мебинанд ва барои пайрави ӯ буданашон онҳоро «паст мезананд», хушбахт буда метавонанд (Мат. 5:4, 10, 11). Лекин чӣ тавр дар чунин вазъият хушбахт будан мумкин аст?

3 Исо таълим медиҳад, ки хушбахтӣ ба шароити беҳтарин доштан вобаста нест. Хушбахт онҳоеянд, ки ташнаи раҳнамоии Худо мебошанд ва ба ӯ наздик мешаванд (Яъқ. 4:8). Инро чӣ тавр кардан мумкин? Дар мақолаи мазкур се қадамеро муҳокима мекунем, ки барои ба даст овардани хушбахтии ҳақиқӣ ба мо кумак мекунанд.

КИТОБИ МУҚАДДАСРО ОМӮЗЕД

4. Қадами якуме, ки барои ба даст овардани хушбахтии ҳақиқӣ кумак мекунад, кадом аст? (Забур 1:1–3).

4 ҚАДАМИ 1-УМ: Барои ба даст овардани хушбахтии ҳақиқӣ мо бояд Каломи Худоро хонем ва омӯзем. Исо Каломи Худоро бо хӯрок муқоиса кард. Барои зинда мондан ҳам одамон ва ҳам ҳайвонот бояд хӯрок хӯранд. Лекин бояд гуфт, ки танҳо одамизод ба ғизои рӯҳонӣ эҳтиёҷ дорад. Барои ҳамин Исо гуфта буд: «Одамизод бояд на танҳо бо нон зиндагӣ кунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд» (Мат. 4:4). Мо набояд гузорем, ки ҳатто як рӯзи ҳаётамон бе хондан ва омӯхтани Каломи Худо гузарад. Забурнавис мушоҳида кардааст: «Чӣ хушбахт аст касе, ки... аз шариати Яҳува лаззат мебарад ва онро рӯзу шаб зери лаб мехонад». (Забур 1:1–3-ро хонед.)

5, 6. а) Мо аз Китоби Муқаддас чӣ омӯхта метавонем? б) Хониши Китоби Муқаддас аз кадом ҷиҳатҳо ба мо кумак мекунад?

5 Яҳува дар Каломаш аз муҳаббат ба мо гуфтааст, ки барои ҳаёти хушбахтона чӣ кор кардан лозим аст. Мо аз он мефаҳмем, ки Яҳува нисбатамон чӣ ният дорад; чӣ тавр ба ӯ наздик шавем, то барои гуноҳҳоямон бахшоиши ӯро ба даст орем. Мо инчунин дар бораи умеде мефаҳмем, ки ӯ нисбати оянда ба мо додааст (Ирм. 29:11). Фаҳмидани ин ҳақиқатҳои Калом дилҳои моро аз шодӣ лабрез мегардонад.

6 Дар Каломи Худо боз маслиҳатҳои муфиде ҳастанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза ба мо кумак мекунанд. Шахсе, ки аз рӯйи ин маслиҳатҳо зиндагӣ мекунад, хушбахтии ҳақиқӣ ба даст меорад. Барои ҳамин вақте мушкилиҳои зиндагӣ шуморо дилшикаста мегардонанд, барои хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза рондан ҳарчи бештар вақт ҷудо кунед. Исо чунин гуфта буд: «Хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад» (Луқ. 11:28).

7. Барои аз хониши Китоби Муқаддас пурра ҳаловат бурдан чӣ кор кардан лозим аст?

7 Ҳангоми хониши Китоби Муқаддас вақт ҷудо карда, дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед. Як мисол меорем: Оё ягон бор чунин шудааст, ки касе барои шумо хӯроки дӯстдоштаатонро тайёр карда буду вале аз сабаби саросемагӣ ё ҳушатон бо дигар чиз банд будан шумо он хӯрокро тез-тез фурӯ бурда аз мазааш лаззат набурдед? Хӯрокатон тамом шудан замон шумо пай бурдед, ки онро бениҳоят тез хӯрдед. Барои ҳамин гуфтед, ки кош саросема намешудеду аз хӯрданаш ҳаловат мебурдед. Ба ин монанд, оё чунин шуда буд, ки шумо Каломи Худоро саросемавор хондеду баъд афсӯс хӯрдед, ки аз чизи хондаатон лаззат набурдед? Хулоса, кӯшиш кунед, ки хониши Китоби Муқаддас бароятон ҳаловат орад. Воқеаҳоро пеши назар оред, овозу садоҳоро тасаввур кунед ва дар бораи чизҳои хондаатон андеша ронед. Дар ин ҳол хониши Китоби Муқаддас бароятон хурсандиовар мешавад.

8. Чӣ тавр «ғуломи бовариноку боандеша» вазифаашро иҷро мекунад? (Инчунин ба поварақ нигаред.)

8 Исо «ғуломи бовариноку боандеша»-ро таъйин кардааст, то бароямон хӯроки маънавиро сари вақт тайёр кунадb (Мат. 24:45). Бояд гуфт, ки аз миёни ин хӯрок асосиаш Каломи Худо мебошад (1 Тас. 2:13). Ба туфайли хӯроки маънавие, ки имрӯз ғулом бароямон тайёр мекунад, мо фикрронии Яҳуваро, ки дар Каломаш оварда шудааст, аз худ карда метавонем. Маҳз барои ҳамин мо маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!», инчунин маҷаллаву мақолаҳое, ки дар сайти jw.org ҳастанд, мехонем. Мо ба вохӯриҳои байн ва охири ҳафта тайёрӣ мебинем. Боз, агар барномаи ҳармоҳаи Бродкастинг ба забони модариамон дастрас бошад, онро тамошо мекунем. Ба пуррагӣ истеъмол кардани хӯроки маънавӣ кумак мекунад, ки барои ба даст овардани хушбахтии ҳақиқӣ қадами дуюмро гузорем.

АЗ РӮЙИ МЕЪЁРҲОИ ЯҲУВА ЗИНДАГӢ КУНЕД

9. Қадами дуюме, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад, кадом аст?

9 ҚАДАМИ 2-ЮМ: Барои хушбахт будан мо бояд аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунем. Забурнавис гуфтааст: «Хушбахт аст ҳар касе, ки аз Яҳува метарсад ва бо роҳҳои ӯ равона мешавад» (Заб. 128:1). Аз Яҳува тарсидан маънои онро дорад, ки мо Яҳуваро эҳтиром мекунем, бинобар ин намехоҳем бо рафторамон ӯро хафа кунем (Пнм. 16:6). Аз ин рӯ пайваста талош меварзем, ки мувофиқи меъёрҳои неку бади Яҳува зиндагӣ кунем, ки дар Каломаш оварда шудаанд (2 Қӯр. 7:1). Агар мо корҳоеро кунем, ки ба Яҳува писанданд ва аз корҳое, ки ӯ нафрат дорад, даргурез бошем, хушбахт мегардем (Заб. 37:27; 97:10; Рум. 12:9).

10. Мувофиқи Румиён 12:2 мо бояд чӣ кор кунем?

10 Румиён 12:2-ро хонед. Шахс шояд донад, ки Яҳува ҳақ дорад, то меъёрҳои неку бадро муқаррар созад, ҳамзамон ӯ бояд ба ин меъёрҳо итоат кунад. Барои мисол, шахс медонад, ки давлат ҳақ дорад, то барои суръати ҳаракати нақлиёт маҳдудият гузорад. Вале ӯ метавонад ба ин маҳдудиятҳо нописандӣ кунад. Барои ҳамин мошинро аз ҳад тез меронад. Бале, мо бо рафторамон нишон медиҳем, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан интихоби беҳтарин аст (Пнм. 12:28). Довуд гуфта буд: «Ту роҳи ҳаётро ба ман маълум месозӣ. Дар рӯйи ту ризоро дидан ба кас хурсандии бепоён мебахшад, аз тарафи рости ту будан хушбахтии абадӣ меорад» (Заб. 16:11).

11, 12. а) Вақте мо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем ё дилшикаста мегардем, бояд аз кадом ҷиҳат эҳтиёт шавем? б) Чӣ тавр Филиппиён 4:8 дар интихоби вақтхушӣ ба мо кумак мекунад?

11 Вақте мо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем ё дилшикаста мегардем, шояд ҳис кунем, ки барои аз мушкилиҳо дам гирифтан ҳушамонро бояд ба дигар чӣ равона созем. Чунин ҳиссиётро фаҳмидан мумкин аст. Вале мо бояд эҳтиёт шавем, то ба коре, ки Яҳува аз он нафрат дорад, даст назанем (Эфс. 5:10–12, 15–17).

12 Дар номаи худ ба ҷамоати Филиппӣ Павлуси расул бародару хоҳаронро насиҳат карда гуфт, ки диққаташонро ба чизҳои «дуруст ва поку муҳаббатангез... [ва] лоиқи таъриф» равона кунанд. (Филиппиён 4:8-ро хонед.) Ҳарчанд Павлус дар номааш махсусан мавзуи вақтхуширо қайд накардааст, мо бояд дар интихоби вақтгузаронӣ ба гапҳои ӯ диққат диҳем. Як маслиҳат: Ҳангоми хондани ояти 8, ҳар боре ки ибораи «ҳар он чӣ»-ро вомехӯред, ба ҷойи он калимаҳои «мусиқӣ», «филм», «адабиёти бадеӣ» ё «бозиҳои видеоӣ»-ро гузоред. Ин тавр карда дарк мекунед, ки кадом корҳо дар назари Яҳува мақбуланду кадомаш не. Ҳар яки мо мехоҳем аз рӯйи меъёрҳои баланди Яҳува зиндагӣ кунем (Заб. 119:1–3). Агар аз ин ҷиҳат комёб бошем, бо виҷдони пок қадами сеюмро гузошта метавонем, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад (Кор. 23:1).

ИБОДАТИ ЯҲУВАРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНЕД

13. Қадами сеюме, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад, кадом аст? (Юҳанно 4:23, 24).

13 ҚАДАМИ 3-ЮМ: Бигзор ибодати Яҳува дар ҳаётатон дар ҷойи аввал бошад. Яҳува чун Офаридгорамон лоиқ аст, ки мо ӯро ибодат кунем (Ошкор. 4:11; 14:6, 7). Пас, мо бояд ӯро тавре ибодат намоем, ки ба ӯ писанд аст, яъне «дар рӯҳ ва ростӣ». (Юҳанно 4:23, 24-ро хонед.) Мо мехоҳем, ки рӯҳи Яҳува роҳнамоямон гардад, то ибодати мо аз рӯйи ҳақиқатҳои Каломи ӯ бошад. Мо ҳатто дар давлатҳое, ки фаъолиятамон маҳдуд ё банд аст, ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузорем. Сазовори диққат аст, ки айни ҳол беш аз 100 бародару хоҳарамон дар саросари ҷаҳон танҳо барои Шоҳидони Яҳува буданашон ҳабс шудаандc. Ба ин нигоҳ накарда онҳо рӯҳафтода намешаванд, балки дуо мегӯянд, омӯзиш мекунанд ва дар бораи Худо ва Подшоҳиаш ба дигарон шаҳодат медиҳанд. Бале, вақте дигарон моро паст мезананд ё озору азият медиҳанд, мо хушбахтиамонро аз даст намедиҳем. Зеро медонем, ки Яҳува бо мост ва ба мо мукофот медиҳад (Яъқ. 1:12; 1 Пет. 4:14).

ВОҚЕА АЗ ҲАЁТ

14. Бо бародари ҷавонамон аз Тоҷикистон чӣ рӯй дод ва чаро?

14 Воқеаҳо аз ҳаёт тасдиқ мекунанд, ки новобаста ба вазъиятамон мо бо ёрии се қадаме, ки муҳокима кардем, хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварда метавонем. Аҳамият диҳед бо Ҷовидон Бобоҷонови 19-сола аз Тоҷикистон чӣ рӯй дод. Чоруми октябри соли 2019, барои аз хизмати ҳарбӣ даст кашиданаш, ӯро тӯли якчанд моҳ дастгир намуданд. Дар ин миён бо ӯ чун бо ҷинояткор муносибат мекарданд. Ин беадолатӣ дар расонаҳои хабарии якчанд давлат мавриди муҳокима қарор гирифт. Хабар дода мешуд, ки Ҷовидонро латукӯб мекунанд ва фишор меоранд, то савганд ёд кунаду либоси ҳарбӣ пӯшад. Баъди ин ӯро ҳабс карда ба лагери меҳнатӣ фиристоданд. Аммо ниҳоят бо фармони президенти кишвар, ҳангоми авфи умумӣ (амнистия), Ҷовидонро озод карданд. Дар давоми ин озмоиши сахт Ҷовидон хушбахтиашро аз даст надод. Чаро? Зеро ӯ ҳама вақт ташнаи роҳнамоии Худо буд.

Силсиларасм: Ҷовидон Бобоҷонов. 1. Ӯ аз тирезаи ҳабсхона ба берун нигоҳ мекунад. 2. Ӯ ояти рӯзро аз халтаи хӯрок хонда истодааст. 3. Ӯ дуо мегӯяд.

Ҷовидон хӯроки рӯҳониро истеъмол менамуд, мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекард ва ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузошт (Ба сархатҳои 15–17 нигаред.)

15. Чӣ тавр ба Ҷовидон муяссар мегашт, ки дар маҳбас хӯроки маънавиро истеъмол кунад?

15 Вақте Ҷовидон дар ҳабс буд, ҳарчанд Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилотро надошт, минбаъд низ хӯроки маънавиро истеъмол мекард. Ин чӣ тавр ба ӯ муяссар гашт? Бародарони маҳаллӣ дар халтаҳои хӯрок ояти рӯзро навишта ба ӯ мефиристоданд. Ҳамин тавр Ҷовидон Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонда мулоҳиза ронда метавонист. Баъди озод шуданаш ин бародари ҷавон ба онҳое, ки ҳоло бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ нашудаанд, чунин маслиҳат дод: «Аз озодиатон истифода бурда ба воситаи Каломи Худо ва адабиёти ташкилот дар бораи Яҳува ҳарчи бештар дониш гиред. Ин бениҳоят муҳим аст!»

16. Ҷовидон диққаташро ба чӣ равона мекард?

16 Бародар Ҷовидон аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекард. Ба ҷойи ба фикрҳои бад дода шуда корҳои нодуруст кардан, Ҷовидон диққаташро ба Яҳува ва чизе, ки ӯ қадр мекунад, равона сохт. Ӯ офаридаҳои беҳамтои Яҳуваро мушоҳида мекард. Бомдодон ӯро сароидани булбулакон ва чириқ-чириқи парандаҳо бедор мекарданд. Шабона бошад, ӯ ба шӯълапошии моҳтоб ва чашмакзании ситораҳо назар медӯхт. Ҷовидон мегӯяд: «Ин ҳадияҳои беҳамтои Яҳува ба ман хурсандӣ ва қувват мебахшиданд». Бале, вақте мо аз Яҳува барои дастуроте, ки тавассути Каломаш медиҳад ва неъмату атоҳояш миннатдор мешавем, диламон аз шодӣ лабрез мегардад. Маҳз ҳамин хурсандӣ ба мо қувват мебахшад, ки истодагӣ кунем.

17. Онҳое, ки вазъияташон мисли Ҷовидон аст аз 1 Петрус 1:6, 7 чӣ меомӯзанд?

17 Ҷовидон инчунин ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузошт. Ӯ медонист, ки ба Худои ҳақиқӣ вафодор мондан бениҳоят муҳим аст. Исо низ гуфта буд: «Худоят Яҳуваро бипараст ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор» (Луқ. 4:8). Афсарон ва сарбозон дар қувваҳои мусаллаҳ мехостанд Ҷовидон аз динаш рӯ гардонад, лекин ӯ шабу рӯз дуо гуфта аз Яҳува кумак мепурсид, то таслим нашаваду аз имонаш рӯ нагардонад. Новобаста ба муносибати беадолатона Ҷовидон истодагӣ кард. Ҳоло бошад, ӯ шодӣ карда метавонад, зеро имонаш озмуда шуд ва аз пештара дида бақувваттар гашт. (1 Петрус 1:6, 7-ро хонед.)

18. Чӣ тавр мо хушбахтиамонро нигоҳ дошта метавонем?

18 Яҳува медонад, ки чӣ ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Бинобар ин, агар шумо мувофиқи се қадами хурсандиовар амал кунед, новобаста ба вазъияти душвор хурсандиатонро нигоҳ медоред. Дар ин ҳол шумо низ гуфта метавонед: «Хушбахт аст халқе, ки Худояш Яҳува аст!» (Заб. 144:15).

ЧӢ ТАВР ҚАДАМҲОИ ЗЕРИН ХУШБАХТИИ ҲАҚИҚӢ МЕОРАНД:

  • Қадами 1-ум: Омӯхтани Каломи Худо?

  • Қадами 2-юм: Аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан?

  • Қадами 3-юм: Ибодати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоштан?

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

a Барои бисёр одамон ёфтани хушбахти ҳақиқӣ душвор аст, зеро онҳо онро дар айшу ишрат, боигарӣ, шуҳрат ё мансаб мекобанд. Лекин, вақте Исо дар замин буд, ӯ нишон дод, ки хушбахтии ҳақиқиро чӣ тавр ёфтан мумкин аст. Дар ин мақола мо се қадамро дида мебароем, ки барои ёфтани хушбахтии ҳақиқӣ кумак мекунанд.

b Ба мақолаи «Оё ба шумо ғизои “сари вақт” дода мешавад?» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми августи соли 2014 нигаред.

c Барои гирифтани маълумоти бештар ба сомонаи jw.org ба бахши Новости > Юридическая ситуация > По регионам «В тюрьме за веру», нигаред.

d ШАРҲИ РАСМ: Дар ин саҳна бародареро ба мурофиаи судӣ барои доварӣ кардан бурда истодаанд. Бародару хоҳаронамон бошанд, ӯро дастгирӣ мекунанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан