1 | Дуо «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед»
КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 ПЕТРУС 5:7).
Ин чӣ маъно дорад?
Яҳува Худо моро даъват мекунад, ки дар дуо ба ӯ ҳар он чизеро, ки моро ташвиш медиҳад, нақл кунем (Забур 55:22). Ҳатто агар ягон душворӣ ба назарамон ночиз ё, баръакс, ҳалнашаванда тобад, мо дар ин бора дуо гуфта метавонем, зеро чизе, ки барои мо муҳим аст, барои Яҳува низ муҳим мебошад. Ғайр аз ин, дуо гуфтан барои оромиву хотирҷамъӣ муҳим аст (Филиппиён 4:6, 7).
Чӣ ёрдам мекунад?
Баъзан, шояд, ба назарамон чунин тобад, ки мо бо бемории худ танҳо мондаем. Одамони гирду атроф на ҳама вақт мефаҳманд, ки мо чиро паси сар карда истодаем (Панднома 14:10). Лекин, вақте мо ба Худо дуо гуфта дар бораи ташвишҳоямон ошкоро мегӯем, ҳис мекунем, ки ӯ моро мефаҳмад ва ҳамдардӣ менамояд. Яҳува сад фоиз медонад, ки мо бо чӣ рӯ ба рӯ мешавем. Ӯ мефаҳмад, ки ин мубориза бароямон то чӣ андоза дардовар аст ва мехоҳад, ки дар бораи ҳама ғаму ташвишҳоямон ба ӯ гап занем (2 Воқеанома 6:29, 30).
Ҳар боре ки ба Худо дар дуо муроҷиат мекунем, мо дилпур мегардем, ки барои ӯ азизем ва ба суханони зерини таронанавис, ки дар дуояш гуфта буд, ҳамроҳ мешавем: «Ту андуҳи маро дидаӣ ва аз азоби ҷонам бохабарӣ» (Забур 31:7). Донистани он ки Яҳува бо чӣ рӯ ба рӯ шудани моро мефаҳмад, ёрдам медиҳад, ки ҳатто дар вақтҳои душвортарини ҳаёт таслим нашавем. Аммо Яҳува на фақат душвориҳои моро мебинад, балки нағз медонад, ки моро чӣ азоб медиҳад ва ёрдам мекунад, ки аз Китоби Муқаддас тасаллӣ ёбем.