МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6
Китоби Муқаддас дар бораи Муаллифаш чӣ мегӯяд?
«Тамоми суханонеро, ки ба ту мегӯям, дар китобе бинавис» (ИРМ. 30:2).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
ПЕШГУФТОРa
1. Чаро шумо барои Китоби Муқаддас миннатдоред?
МО БАРОИ Китоби Муқаддас аз Яҳува хеле миннатдорем. Дар ин китоб Яҳува маслиҳатҳои хирадмандонае медиҳад, ки аз рӯйи онҳо амал карда мушкилиҳои имрӯзаро паси сар карда метавонем. Ҳамчунин ӯ дар Китоби Муқаддас ба мо умеди олиҷанобе додааст. Вале аз ҳама муҳимаш ин ки, мо аз он дар бораи хислатҳои гуногуни Яҳува мефаҳмем. Дар бораи хислатҳои Худо мулоҳиза карда, диламон ба ӯ гарм мешавад ва мо дӯсташ шудан мехоҳем (Заб. 25:14).
2. Чӣ тавр Яҳува худро ба одамон ошкор кардааст?
2 Яҳува мехоҳад одамон ӯро шиносанд. Дар гузашта ӯ ба воситаи хобҳо, рӯъёҳо ва ҳатто фариштагон худро ошкор месохт (4 Мӯсо 12:6; Кор. 10:3, 4). Лекин, агар ин хобҳо, рӯъёҳо ва хабарҳое, ки фариштагон расонданд, дар ягон ҷо навишта намешуд, чӣ тавр мо онҳоро меомӯхтем? Хушбахтона, Яҳува чизҳоеро, ки ба мо гуфтан мехост, тақрибан ба воситаи 40 мард «дар китобе» навишт (Ирм. 30:2). Азбаски «роҳҳои Худо комил аст», мо дилпурем, ки ин воситаи муошират бо мо беҳтарин ва манфиатбахш мебошад (Заб. 18:30).
3. Чӣ тавр Яҳува хабари Китоби Муқаддасро то замони мо нигоҳ дошт? (Ишаъё 40:8).
3 Ишаъё 40:8-ро хонед. Маслиҳатҳои Каломи Худо дар давоми ҳазорсолаҳо мардону занони боимонро роҳнамоӣ мекунанд. Ин чӣ тавр имконпазир гашт? Охир, суханони Худо садсолаҳо пеш дар маводҳои нобудшаванда навишта шуда буданд. Барои ҳамин ягон дастнависи асл то рӯзҳои мо боқӣ намондааст. Лекин Яҳува чора андешид, ки Навиштаҳои илоҳӣ нусхабардорӣ шаванд. Ҳарчанд нусхабардорон одамони нокомил буданд, онҳо кори худро бодиққат иҷро мекарданд. Масалан, як олим дар бораи Навиштаҳои Ибронӣ чунин гуфтааст: «Ягон китоби қадима ин қадар аниқу дақиқ рӯбардор нашудааст». Аз ин рӯ, новобаста ба гузашти солҳо, дастнависҳои нобудшаванда ва нокомилии нусхабардорон, мо дилпур буда метавонем, ки то ҳол Китоби Муқаддас фикрҳои Муаллифи он, Яҳуваро дар бар мегирад.
4. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Яҳува Сарчашмаи «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» аст (Яъқ. 1:17). Китоби Муқаддас яке аз атоҳои беҳтарини Яҳува мебошад, ки ба мо додааст. Одатан аз туҳфаи ҳадиядиҳанда фаҳмидан мумкин аст, ки то чӣ андоза ӯ ҳадиягирандаро мешиносад ва аз ниёзҳояш бохабар аст. Дар бораи Диҳандаи Китоби Муқаддас низ чунин гуфтан мумкин. Вақте мо ин ҳадияи Яҳуваро меомӯзем, дар бораи ӯ бисёр чизҳоро мефаҳмем. Масалан, мо мефаҳмем, ки ӯ моро хуб мешиносад ва ниёзҳоямонро медонад. Дар ин мақола муҳокима мешавад, ки мо аз Китоби Муқаддас дар бораи се хислати Яҳува чиро мефаҳмем: хирад, адолат ва муҳаббат. Дар аввал биёед бинем, ки Китоби Муқаддас дар бораи хиради Яҳува чӣ мегӯяд.
КИТОБИ МУҚАДДАС ХИРАДИ ХУДОРО ОШКОР МЕКУНАД
5. Як роҳе, ки Китоби Муқаддас хиради Худоро ошкор месозад, кадом аст?
5 Яҳува медонад, ки мо ба маслиҳати хирадмандонаи ӯ муҳтоҷем. Ҳадияи Яҳува, Китоби Муқаддас, пур аз хиради беҳамтои ӯ мебошад. Маслиҳатҳои он ба мо таъсири хуб мерасонад ва ҳаётамонро дигаргун месозад. Вақте Мӯсо китобҳои аввалини Навиштаҳоро омода кард, ба исроилиён чунин гуфт: «Ин гапи хушку холӣ нест, балки сухани ҳаётбахш аст» (5 Мӯсо 32:47). Касоне, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддасро риоя мекунанд, комёб мешаванд ва аз ҳаёти хушбахтона баҳра мебаранд (Заб. 1:2, 3). Каломи Худо садсолаҳо пеш навишта шуда бошад ҳам, то ҳол қудрат дорад, ки ҳаёти одамонро дигаргун созад. Масалан, дар сомонаи jw.org, дар бахши «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад», бисёр воқеаҳои ҳаётиро ёфтан мумкин. Ин воқеаҳо далели онанд, ки Китоби Муқаддас имрӯз дар «имондорон» амал мекунад (1 Тас. 2:13).
6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ягон китоб ба Китоби Муқаддас баробар нест?
6 Ягон китоб ба Каломи Худо баробар шуда наметавонад. Чаро? Чунки хиради Муаллифи он, Яҳува, бемислу монанд аст. Ӯ Худои тавоно ва ҷовид мебошад. Муаллифони дигар китобҳо бошанд, ҷовидона намемонанд ва маслиҳатҳое, ки онҳо дар китобҳои худ медиҳанд, бо гузашти вақт куҳна мешавад. Лекин маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ҳамеша қобили корбурд аст ва ба одамони ҳар давру замон манфиат меорад. Вақте мо ин китоби илоҳиро хонда, мулоҳиза меронем, Муаллифи он ба воситаи рӯҳи муқаддасаш кумак мекунад, ки маслиҳатҳои онро ба кор барем (Заб. 119:27; Мал. 3:16; Ибр. 4:12). Бале, Яҳува мехоҳад ба мо ёрӣ диҳад. Донистани ин шавқи моро ба хондани Каломи Худо боз ҳам зиёд мегардонад.
Чӣ тавр Китоби Муқаддас халқи Яҳуваро дар гузашта ва имрӯз муттаҳид гардондааст? (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)
7. Чӣ тавр Китоби Муқаддас халқи Худоро дар гузашта якдилу тифоқ мегардонд?
7 Боз як чизи дигар нишон медиҳад, ки Китоби Муқаддас хиради Худоро дар бар мегирад: Он ба халқи Худо кумак мекунад, ки якдилу тифоқ бошанд. Масалан, вақте исроилиён Замини ваъдашударо соҳиб гаштанд, онҳо дар ҳар гӯшаю канори он минтақа паҳн шуданд. Баъзеи онҳо бо моҳигирӣ, дигарон бо чорводорӣ, баъзеи дигар бошад, бо кишоварзӣ машғул буданд. Исроилиёне, ки дар як тарафи он сарзамин зиндагӣ мекарданд, ба осонӣ ҳамватанони худро, ки манзилашон дар дигар гӯшаю канори давлат буд, фаромӯш карда метавонистанд. Барои пешгирии ин Яҳува тавре кард, ки исроилиён бо сабабҳои гуногун ҷамъ омада, қироат ва маънидоди Каломи ӯро гӯш кунанд (5 Мӯсо 31:10–13; Наҳемё 8:2, 8, 18). Акнун тасаввур кунед, ки, вақте исроилиён ба Ерусалим омада миллионҳо ҳамимонони худро медиданд, чӣ қадар имонашон устувор мегашт. Яҳува ба халқаш кумак мекард, ки якдилу тифоқ бошанд. Баъдтар, вақте ҷамоати масеҳӣ ташкил ёфт, он аз мардону заноне иборат буд, ки бо забонҳои гуногун гап мезаданд ва мақому мартабаашон фарқ мекард. Лекин, азбаски онҳо Навиштаҳоро дӯст медоштанд, Худои ҳақиқиро якдилона ибодат мекарданд. Онҳое, ки ба Яҳува имон меоварданд, Каломи Худоро танҳо бо ёрии ҳамимонон ва дар вохӯриҳо фаҳмида метавонистанд (Кор. 2:42; 8:30, 31).
8. Чӣ тавр Китоби Муқаддас имрӯз халқи Яҳуваро муттаҳид мегардонад?
8 Худои бохирадамон то ҳол ба воситаи Китоби Муқаддас халқашро таълим медиҳад ва якдилу тифоқ мегардонад. Озуқаи рӯҳоние, ки имрӯз мо аз он баҳра мебарем, бар Каломи Худо асос меёбад. Мо мунтазам дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо ҷамъ омада, хониш, маънидод ва муҳокимаи Навиштаҳоро гӯш мекунем. Ба воситаи Китоби Муқаддас Яҳува ба халқаш кумак мекунад, ки «паҳлу ба паҳлу ба ӯ хизмат кунанд» (Саф. 3:9).
9. Барои фаҳмидани Китоби Муқаддас кадом хислат муҳим аст? (Луқо 10:21).
9 Биёед боз як паҳлуи дигари хиради Яҳуваро дида бароем. Яҳува бисёр порчаҳои Навиштаҳоро тавре тартиб додааст, ки ба мазмуни он танҳо одамони фурӯтан сарфаҳм мераванд. (Луқо 10:21-ро хонед.) Имрӯз Каломи Худоро дар ҳама ҷо мехонанд. Як олим чунин гуфтааст: «Ягон китобро мисли Китоби Муқаддас ин қадар одамони зиёд ва бодиққат намехонанд». Лекин танҳо одамони фурӯтан Каломи Худоро дуруст фаҳмида, маслиҳатҳои онро ба кор мебаранд (2 Қӯр. 3:15, 16).
10. Боз чӣ тавр Китоби Муқаддас хиради Яҳуваро нишон медиҳад?
10 Боз чӣ тавр хиради Яҳува аз Каломаш маълум мегардад? Ӯ ба воситаи Китоби Муқаддас моро на танҳо чун гурӯҳ, балки ҳамчунин дар алоҳидагӣ таълим ва тасаллӣ медиҳад. Ҳангоми хондани Калом ҳар яки мо ҳис мекунем, ки Яҳува нисбатамон бепарво нест (Иш. 30:21). Масалан, боре чунин шудааст, ки шумо мушкилие доштеду ҳангоми хондани ояте аз Китоби Муқаддас ҳис кардед, ки гӯё он махсусан барои шумо навишта шудааст? Бале, Китоби Муқаддас ба дили миллионҳо одамон наздик аст. Чаро маълумоти ин китоб ҳоло ҳам куҳна нашудаасту айнан ба ниёзҳои шумо ҷавобгӯ аст? Ин танҳо як сабаб дошта метавонад: Муаллифи он соҳиби хиради бемислу монанд аст (2 Тим. 3:16, 17).
КИТОБИ МУҚАДДАС АДОЛАТИ ХУДОРО НИШОН МЕДИҲАД
11. Чӣ тавр ҳангоми навишта шудани Каломаш Яҳува нишон дод, ки рӯйбинӣ надорад?
11 Хислати дигари Яҳува адолат мебошад (5 Мӯсо 32:4). Адолатмандӣ бо беғаразӣ алоқаи зич дорад. Яҳува бошад, беғараз асту рӯйбинӣ надорад (Кор. 10:34, 35; Рум. 2:11). Ин аз он маълум мегардад, ки барои навишта шудани Китоби Муқаддас кадом забонҳо истифода шудаанд. Сию нӯҳ китоби аввали Навиштаҳо ба забони ибрӣ навишта шудааст, ки он вақт халқи Худо ин забонро ба осонӣ мефаҳмид. Лекин дар асри яки милодӣ дар байни мардум забони юнонӣ паҳн шуда буд. Барои ҳамин 27 китоби охири Китоби Муқаддас ба ин забон навишта шуд. Чи хеле ки мебинед, Яҳува Каломашро танҳо ба як забон ба қалам наовардааст. Имрӯзҳо ҳашт миллиард сокини рӯйи замин бо забонҳои гуногун гап мезананд. Чӣ тавр ин қадар одамони зиёд дар бораи Яҳува фаҳмида метавонанд?
12. Як роҳе, ки Дониёл 12:4 дар ин рӯзҳои охир иҷро мешавад, кадом аст?
12 Ба воситаи пайғамбар Дониёл Яҳува ваъда дод, ки дар замони охир «дониши ҳақиқӣ», ки дар Калом омадааст, «афзоиш хоҳад ёфт». Яъне онро бисёриҳо хоҳанд фаҳмид. (Дониёл 12:4-ро хонед.) Ин дониш ба воситаи тарҷума, чоп ва паҳн гаштани Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта афзоиш меёбад. Албатта, ин танҳо яке аз роҳҳо мебошад. Имрӯз Каломи Худо назар ба дигар китобҳо зиёдтар тарҷума шуда, паҳн гаштааст. Тарҷумаҳои Китоби Муқаддасе, ки корхонаҳои ҷаҳонӣ нашр мекунанд, баъзан хеле қимат аст. Халқи Яҳува бошад, Китоби Муқаддасро пурра ё қисман ба зиёда аз 240 забон тарҷума кардааст ва касе хоҳад, онро бепул гирифта метавонад. Ба туфайли ин ҳамаи халқҳо пеш аз сар шудани анҷом «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро фаҳмида метавонанд (Мат. 24:14). Худои одили мо мехоҳад шумораи ҳарчи бештари одамон ба воситаи Каломаш ӯро шиносанд. Бешак, Яҳува ҳамаи моро хеле дӯст медорад.
ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС МУҲАББАТИ ХУДО ДИДА МЕШАВАД
13. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад? (Юҳанно 21:25).
13 Китоби Муқаддас хислати бузургтарини Муаллифашро нишон медиҳад, ки он муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:8). Мо муҳаббати Худоро аз он мебинем, ки ӯ дар Каломаш чиро дохил кардаасту чиро не. Яҳува дар Китоби Муқаддас танҳо маълумотеро ҷо додааст, ки барои бо ӯ дӯст шудан, ҳаёти хушбахтона доштан ва дар оянда ҷовидона зистан зарур аст. Азбаски Яҳува моро дӯст медорад, ӯ дар Каломаш чизҳоеро, ки ақли мо ғунҷонда наметавонад, наовардааст. (Юҳанно 21:25-ро хонед.)
14. Боз чӣ тавр Китоби Муқаддас муҳаббати Худоро нишон медиҳад?
14 Боз чӣ тавр Яҳува муҳаббаташро нишон додааст? Ӯ бо мо бо як эҳтироми хос муносибат мекунад. Масалан, Яҳува дар Каломаш рӯйхати беохири қонуну қоидаҳоро надодааст ва ҳар як қадами моро идора намекунад. Баръакс, ба воситаи воқеаҳо аз ҳаёт, пешгӯйиҳо ва маслиҳатҳои саривақтӣ ӯ ба мо кумак мекунад, ки ақли худро кор фармуда, қарорҳои хуб барорем. Ҳамин тавр бо ёрии Китоби Муқаддас мо Яҳуваро дӯст медорем ва аз таҳти дил ба ӯ итоат мекунем.
Чаро мо бояд дар бораи муносибати Яҳува бо хизматгорони пешинааш мулоҳиза ронем? (Ба сархати 15 нигаред.)
15. а) Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува нисбати мо бепарво нест? б) Дар расм духтарак, бародари ҷавон ва хоҳари пиронсол дар бораи кадом қаҳрамонони Китоби Муқаддас мулоҳиза меронанд? (1 Мӯсо 39:1, 10–12; 4 Подш. 5:1–3; Луқ. 2:25–38).
15 Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки Яҳува нисбатамон бепарво нест. Дар Каломи ӯ бисёр воқеаҳое оварда шудаанд, ки эҳсосоти қаҳрамонони онро дидан мумкин аст. Мо онҳоро мефаҳмем, зеро онҳо «мо барин одами одӣ» буданд (Яъқ. 5:17). Вале аз ҳама муҳимаш, вақте мо мебинем, ки чӣ хел Яҳува бо мо барин одамони одӣ муносибат мекард, дарк мекунем, ки «Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст» (Яъқ. 5:11).
16. Аз мисоли онҳое, ки дар гузашта хато карданд, мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем? (Ишаъё 55:7).
16 Китоби Муқаддас боз як ҷониби муҳаббати Яҳуваро нисбати мо нишон медиҳад. Он моро дилпур месозад, ки, вақте хато мекунем, Худоямон моро тарк намекунад. Ҳарчанд исроилиён гаштаю баргашта бар зидди Яҳува гуноҳ мекарданд, баъди самимона тавба карданашон ӯ онҳоро мебахшид. (Ишаъё 55:7-ро хонед.) Дар асри як низ Яҳува муҳаббаташро ба хизматгорони худ нишон медод. Павлуси расул зери илҳоми Худо ҳамимононашро даъват кард, ки, агар шахсе гуноҳи ҷиддӣ содир карда, тавба кунад, ӯро «аз таҳти дил бахшида, дилбардорӣ» кунанд (2 Қӯр. 2:6, 7; 1 Қӯр. 5:1–5). Яҳува дар гузашта аз халқаш танҳо барои хато карданашон рӯ намегардонд. Баръакс, ӯ меҳрубонона ба онҳо ёрӣ медод, онҳоро ислоҳ менамуд ва даъват мекард, ки ба наздаш баргарданд. Ӯ ваъда медиҳад, ки имрӯз низ бо ҳамаи гунаҳкороне, ки тавба мекунанд, чунин амал мекунад (Яъқ. 4:8–10).
«ҲАДИЯИ НЕК»-РО ҚАДР КУНЕД
17. Чаро Китоби Муқаддас туҳфаи беҳамтост?
17 Яҳува ба мо туҳфаи олиҷаноб, Каломашро додааст. Чаро он ин қадар беҳамтост? Чи хеле фаҳмидем, Китоби Муқаддас хирад, адолат ва муҳаббати Худоро ошкор месозад. Ҳамчунин он исбот мекунад, ки Яҳува мехоҳад мо ӯро шиносем ва дӯсташ гардем.
18. Чӣ тавр мо ба Яҳува барои «ҳадияи нек»-аш миннатдорӣ нишон дода метавонем?
18 Мо намехоҳем, ки ба Китоби Муқаддас, ки «ҳадияи нек» аст, беаҳамиятӣ кунем (Яъқ. 1:17). Барои ҳамин биёед минбаъд низ миннатдориамонро барои он нишон диҳем. Чӣ тавр? Ба мо лозим аст, ки бо дуо Китоби Муқаддасро хонем ва мулоҳиза ронем. Агар ин тавр кунем, Муаллифи бузурги он кӯшишҳои моро баракат медиҳад ва мо «дониши Худоро ба даст» меорем (Пнм. 2:5).
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
a Ба воситаи Китоби Муқаддас мо ба Яҳува наздиктар мешавем. Аз ин китоби илоҳӣ дар бораи хирад, адолат ва муҳаббати Худо чиро фаҳмидан мумкин? Дар ин бора дониш гирифта миннатдории мо ба Каломи Худо зиёдтар мегардад. Мо онро чун ҳадия аз ҷониби Падари осмониамон қабул мекунем.