Саргузашт
Вафодорон гул барин мешукуфанд
ШУМО, бешак, дар ҳаёт суҳбатҳои хотирмон доштаед. Ман низ 50 сол пеш бо як дӯстам чунин суҳбат доштам. Он вақт мо тӯли якчанд моҳ дар офтоб сӯхта, саёҳат мекардем. Рӯзе дар назди гулхан нишаста, дар бораи филме гап задем, ки дар мавзуи динӣ буд. Дӯстам гуфт: «Онҳо Китоби Муқаддасро нодуруст таълим доданд».
Аз ин гапҳояш хандаам омад. Охир, ӯ одами диндор набуд. Ман аз ӯ пурсидам: «Ту дар бораи Китоби Муқаддас чӣ медонӣ?» Ӯ ба саволам дарҳол ҷавоб надод. Вале баъдтар гуфт, ки модараш Шоҳиди Яҳува аст ва дар бораи Китоби Муқаддас ба ӯ баъзе чизҳоро таълим дода буд. Инро шунида, ҳавасам бедор шуду ман ӯро маҷбур кардам, ки дар ин бора бештар нақл кунад.
Мо то ними шаб суҳбат кардем. Дӯстам ба ман гуфт, ки мувофиқи Китоби Муқаддас тамоми ҷаҳон дар дасти Шайтон аст (Юҳ. 14:30). Шояд шумо ин ҳақиқатро медонистед, вале барои ман ин фикри нав ва шавқовар буд. Зеро ман доим мешунидам, ки ҷаҳон дар дасти Худои пурмеҳр аст. Лекин вазъияти гирду атрофро дида, ба ин боварам намеомад. Ҳарчанд ман танҳо 26-сола будам, бисёр чизҳоеро медидам, ки маро ба ташвиш меоварданд.
Падарам дар қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иёлоти Муттаҳида хизмат мекард. Аз ин рӯ ман ҳатто дар кӯдакӣ мефаҳмидам, ки ҷанги атомӣ ҳар лаҳза сар зада метавонад. Вақте ман дар коллеҷи Калифорния таҳсил мекардам, дар Ветнам ҷанг дар авҷ буд; донишҷӯён пайваста эътироз баён мекарданд, ман бошам, ба онҳо ҳамроҳ мешудам; полис бо калтакҳои резинӣ ва гази ашковар ба мо муқобилат карда, моро дунболагирӣ мекарданд. Он вақт замони бесарусомонӣ ва эътирозҳо буд. Одамонро барои мавқеи сиёсиашон озор медоданд. Мо ҳар дам шоҳиди эътирозҳову ҷангу тӯпаланг мешудем. Бале, ақидаҳо аз муйи сар ҳам бисёр буд. Он вақт саг соҳибашро намеёфт.
Аз Лондон ба Африқои Марказӣ
Соли 1970 ман дар соҳили шимолии Аляска кор ёфта, пули бисёр ба даст овардам. Сипас ба Лондон сафар кардам. Дар он ҷо бошад, мототсикл харида, ба тарафи ҷануб раҳсипор шудам. Ҳамин тавр якчанд моҳ пас ба Африқо расидам. Дар ин сафар бисёр одамонеро вомехӯрдам, ки инчунин аз мушкилиҳои зиндагӣ роҳи гурез мекофтанд.
Вазъияти гирду атрофро мушоҳида карда, ман дарк намудам, ки дар ҳақиқат ҷаҳон дар дасти Шайтон аст. Ҳамзамон фаҳмидан мехостам, ки агар ҷаҳон дар дасти Худо набошад, пас, ӯ чӣ кор мекунад.
Баъд аз якчанд моҳ ман ба ин саволам ҷавоб ёфтам. Инчунин бо мардону занони бовафое дӯстӣ пайдо кардам, ки Худои ҳақиқиро дар вазъиятҳои гуногун ибодат мекарданд.
ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ — «САРЗАМИНИ ТИРУ ТУФАНГ»
Вақте ба Лондон баргаштам, модари дӯстамро ёфта, аз ӯ Китоби Муқаддас гирифтам. Сипас ба Амстердами Нидерландия сафар кардам. Рӯзе дар берун, дар таги чароғ, Китоби Муқаддас мехондам, ки як Шоҳиди Яҳува маро дида, наздам омад. Ӯ кумак кард, ки дар бораи ҳақиқат бештар дониш гирам. Баъд аз ин ба Дублини Ирландия роҳсипор шудам. Дар он ҷо филиали Шоҳидони Яҳуваро ёфта, бо бародаре бо номи Артур Маттюз шинос шудам. Ӯ бародари хирадманд ва соҳибтаҷриба буд. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳамроҳам Китоби Муқаддасро омӯзад. Ӯ розӣ шуд ва мо омӯзишро сар кардем.
Ман ба омӯзиши Калом ҷиддӣ муносибат мекардам. Бо шавқу завқ китобҳо ва маҷаллаҳои ташкилотро мехондам, аз ҷумла, Китоби Муқаддасро. Дар вохӯриҳои ҷамоат кӯдакон ба саволҳое ҷавоб медоданд, ки тӯли асрҳо донишмандон дар бораашон андешаронӣ мекарданд. Масалан, «Чаро бадӣ вуҷуд дорад? Худо кист? Баъди марг бо одам чӣ мешавад?» Дар Ирландия ман ягон шинос надоштам, барои ҳамин танҳо бо Шоҳидони Яҳува муошират мекардам. Онҳо ба ман кумак карданд, ки Яҳуваро дӯст дорам ва бо камоли майл иродаашро ба ҷо орам.
Нигел, Денис ва ман
Соли 1972 ман таъмид гирифтам. Як сол пас пешрав шуда, дар ҷамоати хурди Нюрии Ирландияи Шимолӣ хизматамро сар кардам. Хонаам бошад, дар доманакӯҳе қарор дошт. Ман онро иҷора гирифта будам. Дар назди хонаам чарогоҳе буд. Ман дар рӯ ба рӯйи чорво нутқҳоямро машқ мекардам. Онҳо кавша карда, маро бодиққат гӯш мекарданд; албатта, маслиҳате дода наметавонистанд, вале бо ёрии онҳо ман дар назди халқ баромад карданро ёд гирифтам. Соли 1974 бошад, маро пешрави махсус таъйин намуданд. Он вақт бо Нигел Пит ном бародаре шинос шудам, ки дӯсти наздикам гашт.
Дар Ирландияи Шимолӣ беҳад нотинҷӣ буд. Баъзеҳо ин давлатро «сарзамини тиру туфанг» меномиданд. Занозанӣ дар кӯча, тирпарронӣ ва таркондани мошин як чизи муқаррарӣ буд. Ҳамкории дин ва сиёсат баръало ба чашм мерасид. Вале католикҳо ва протестантҳо тан мегирифтанд, ки Шоҳидони Яҳува ба сиёсат дахолат намекунанд. Аз ин рӯ мо озодона хушхабарро паҳн мекардем. Соҳибхонаҳо одатан ба мо мегуфтанд, ки дар кадом кӯча нооромӣ асту беҳтараш ба он ҷо наравем.
Лекин лаҳзаҳои хатарнок низ буданд. Боре ману Денис Кариген, ки инчунин пешрав буд, дар шаҳраке хизмат кардем, ки ягон Шоҳиди Яҳува надошт. Мо дар он ҷо танҳо як бор хизмат карда будем. Он рӯз зане моро айбдор карда, гуфт, ки афсарони махфии Бритониё ҳастем. Ӯ, эҳтимол, барои лаҳҷаи ирландӣ надоштанамон чунин гуфт. Туҳмати он зан моро ба ваҳм овард. Охир, он вақт шахс танҳо барои бо аскарон хушмуомила буданаш кушта мешуд ё аз зону тир хӯрда метавонист. Вақте мо дар беруни хунук танҳо автобусро интизор будем, як мошин ба назди қаҳвахона омад. Он зан баромада, ба ду марде, ки дар мошин буданд, бо ҳаяҷон сӯйи мо ишора карда, чизе мегуфт. Ҳамин тавр он ду мард оҳиста-оҳиста назди мо омада, дар бораи реҷаи автобус пурсон шуданд. Вақте автобус омад, онҳо муддате бо ронанда суҳбат карданд. Мо гумон кардем, ки онҳо дар бораи аз шаҳр бароварда ҷазо додани мо маслиҳат карда истодаанд. Вале, хушбахтона, ин тавр нашуд. Ба ҷойи даркорӣ расидан замон ман аз ронанда пурсидам: «Он бачаҳо аз шумо дар бораи мо пурсиданд?» Ронанда ҷавоб дод: «Ман ба онҳо фаҳмондам, ки шумо киед, хавотир нашавед, ҳеҷ кас ба шумо зарар намерасонад».
Дар рӯзи тӯямон, марти 1977
Соли 1976 ман дар анҷумани вилоятӣa дар Дублин бо Паулин Ломакс шинос шудам. Ӯ аз Лондон омада буду пешрави махсус шуда хизмат мекард. Паулин хоҳари рӯҳан баркамол, фурӯтан ва хушмуомила буд. Ӯву бародараш Рей якумр дар ҳақиқат буданд. Як сол пас мо оиладор шудем ва дар шаҳраки Баллимини Ирландияи Шимолӣ чун пешрави махсус хизмат кардем.
Мо дар Белфаст Лондондерри ва дигар ҷойҳои ноором муддате чун нозири ноҳиявӣ низ хизмат карда будем. Имони барҷастаи ҳамимононро дида ба ҳайрат меомадем. Онҳо аз урфу одатҳои динӣ, бадгумонӣ ва нафрат даст кашида, хизмати Яҳуваро пеша карда буданд. Яҳува бародару хоҳаронро бениҳоят баракат медод ва муҳофизат мекард.
Ман дар Ирландия 10 сол хизмат кардам. Сипас соли 1981 моро ба синфи 72-юми мактаби Ҷилъод даъват карданд. Баъд аз хатм мо ба Серра-Леонеи Африқои Ғарбӣ таъйин шудем.
СЕРРА-ЛЕОНЕ. ИМОНИ БАРҶАСТА ДАР КАМБАҒАЛӢ
Мо дар хонаи миссионерон бо 11 ҳамимонамон зиндагӣ мекардем. Дар он ҷо як ошхона, се ҳоҷатхона, ду ҳаммом, як телефон, як мошинаи либосшӯӣ ва як либосхушккунак буд; қувваи барқро тез-тез ва ногаҳон мекуштанд; дар бомамон калламушу дар таҳхона морҳои кубро зиндагӣ мекард.
Аз дарё гузашта ба анҷуман, ба Гвинея, рафта истодаем
Ҳарчанд шароити зиндагӣ он қадар нағз набуд, мо аз хизмат хурсандии зиёд мегирифтем. Одамон ба ҳақиқати Калом ҳурмати хоса доштанд ва моро бодиққат гӯш мекарданд. Бисёр касон ба омӯзиш розӣ шуда, ниҳоят ҳақиқатро қабул менамуданд. Дар минтақае, ки мо хизмат мекардем, маро «ҷаноби Роберт» ва ҳамсарам Паулинро «хонум Роберт» меномиданд. Лекин, вақте дар филиал корам зиёд шуду ман дар хизмат камтар иштирок мекардагӣ шудам, акнун дар минтақа одамон маро «ҷаноби Паулин» ва занамро бошад, «хонум Паулин» меномиданд. Ӯ аз ин хушҳол мешуд.
Дар Серра-Леоне ба хизмат сафар дорем
Бисёр бародару хоҳаронамон камбағал буданд. Вале Яҳува баъзан ба таври ҳайратовар ниёзҳои онҳоро қонеъ мегардонд (Мат. 6:33). Дар ёдам ҳаст, боре як хоҳар пули хӯроки ҳамонрӯзаашонро ба бародаре дод, ки бемории табларза дошт, то ӯ доруворӣ харад. Баъдтар, худи ҳамон рӯз, ногаҳон як зан барои оро додани мӯяш назди ин хоҳарамон омада, ба ӯ пул дод. Воқеаҳои ба ин монанд бисёр буданд.
НИГЕРИЯ. БО МАДАНИЯТИ НАВ ШИНОС МЕШАВЕМ
Баъди нӯҳ соли зиндагӣ дар Серра-Леоне моро ба Байт-Или Нигерия таъйин карданд. Дар филиали Нигерия ман бо ҳамон коре машғул будам, ки дар Серра-Леоне иҷро мекардам. Таъйиноти Паулин бошад, тағйир ёфта мушкилтар шуд. Пеш ӯ 130 соат хизмат мекард ва омӯзишҳои бисёру самаранок дошт. Ҳоло бошад, ӯро ба шуъбаи чокдӯзӣ таъйин карданд. Кораш рӯзи дароз дӯхтани либосҳои дарида буд. Ба Паулин вақт лозим шуд, ки ба таъйиноти наваш одат кунад. Бо гузашти вақт ӯ дид, ки ходимони Байт-Ил барои меҳнаташ бениҳоят миннатдор ҳастанд. Бинобар ин ӯ қарор кард, ки диққаташро ба рӯҳбаландии онҳо равона месозад.
Маданияти Нигерия барои мо як чизи нав буд, мо бояд бисёр чизро меомӯхтем. Воқеае ба ёдам омад: Боре як бародар хоҳареро ба ҳуҷраи кории ман оварда гуфт, ки ӯро ба хизмати Байт-Ил таъйин карданд. Ман даст дароз карда хоҳарро табрик карданӣ будам, ки ӯ ба пеши поям афтиду таъзим кард. Ман ба ҳайрат омадам. Ду ҷойи Навиштаҳо ба ёдам омад; Корнома 10:25, 26 ва Ошкорсозӣ 19:10. Ман ҳайрон шуда фикр кардам: «Ба ин хоҳар гӯям, ки ӯ нодуруст рафтор карда истодааст?» Ҳамзамон дарк мекардам, ки азбаски ӯро ба хизмати Байт-Ил гирифтанд, ӯ Навиштаҳоро хуб медонад ва мефаҳмад, ки ин хел рафтор кардан нодуруст аст.
Дар давоми суҳбат ман худро ногувор ҳис кардам, вале баъдтар ин мавзуъро таҳқиқ кардам. Ман фаҳмидам, ки хоҳар аз рӯйи урфу одате амал кард, ки дар баъзе қисмҳои давлат дида мешуд. Мардон низ ба ҳамин монанд ба замин афтода таъзим мекунанд. Бо ин рафторашон онҳо иззату ҳурмати худро нишон медиҳанд. Ин парастиш ҳисоб намеёбад ва дар Навиштаҳо низ дар бораи чунин воқеаҳо гуфта мешавад (1 Подш. 24:8). Ҳамаи инро фаҳмида хурсанд шудам, ки бо сухан хоҳарамро дар хиҷолат нагузоштам.
Дар Нигерия мо бо бисёр бародару хоҳароне шинос шудем, ки тӯли солҳо имони барҷаста нишон медоданд. Намунаи Айзая Адагбонароb мегирем. Ӯ ҳақиқатро дар ҷавониаш фаҳмида буд. Рӯзе духтурон ба ӯ гуфтанд, ки бемории махав дорад. Аз ин рӯ Айзаяро ба маркази махавиён фиристоданд, ки дар он ҷо ягон Шоҳиди Яҳува набуд. Новобаста ба зиддият ӯ ба 30 махавӣ кумак кард, ки ҳақиқатро қабул кунанд ва дар он ҷо ҷамоат ташкил намуд.
КЕНИЯ. ҲАМИМОНОНИ ПУРТОҚАТ
Дар Кения каркаданчаро вохӯрдем, ки модарашро гум карда буд
Соли 1996 моро ба Кения таъйин карданд. Ин аввалин боре буд, ки ман ба ин давлат баргаштам. Мо дар Байт-Ил зиндагӣ мекардем. Ҳар боре ки меҳмонон ба тамошои Байт-Ил меомаданд, дар байнашон маймунҳои антар низ буданд. Онҳо хоҳаронеро, ки дар даст мева доштанд, ғорат мекарданд. Боре як хоҳарамон дар Байт-Ил тирезаи ҳуҷраашро кушода монду куҷое рафт. Баргаштан замон ӯ дид, ки як гурӯҳ маймунҳо хӯрокашро хӯрда истодаанд. Хоҳарамон дод зада, аз он ҷо гурехт. Маймунҳо низ баробари ӯ фарёд зада аз тиреза берун омаданд.
Ману Паулин дар ҷамоати суаҳилизабон будем. Дере нагузашта бародарон ба ман супориш доданд, ки дар вохӯриҳо китобомӯзишро гузаронам. (Ҳозир омӯзиши Китоби Муқаддас мегӯянд.) Вале он вақт ман забони суаҳилиро нағз намедонистам. Аз ин рӯ ба вохӯриҳо пешакӣ тайёрӣ медидам, то ин ки саволҳоро хонда тавонам. Дар вохӯрӣ, агар ҷавобҳои ҳозирон андак ҳам аз чизи навишташуда фарқ мекард, ман онҳоро намефаҳмидам. Ин вазъият бениҳоят ногувор буд. Дилам ба бародару хоҳарон месӯхт. Онҳо беҳад фурӯтан буданд ва шикоят намекарданд. Пуртоқатии онҳо маро қоил карда буд.
ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА. ИМОН ДАР ШАРОИТИ ХУБ
Мо як сол ҳам дар Кения намондем. Соли 1997 моро ба Байт-Или Бруклини Ню-Йорк даъват карданд. Акнун мо дар давлате будем, ки аз ҷиҳати моддӣ сериву пурӣ буд. Албатта, ин ҳам мушкилиҳои худро дорад (Пнм. 30:8, 9). Вале ҳатто дар чунин давлат намунаи имони барҷаста бисёр аст. Бародару хоҳаронамон вақту дороии худро на барои бою бадавлат шудан, балки барои дастгирии ташкилоти Яҳува сарф мекунанд.
Хулоса, тӯли солҳо мо дар вазъиятҳои гуногун имони бародару хоҳаронро дар амал медидем. Дар Ирландия, новобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамимононамон дар имон устувор мемонданд. Дар Африқо бошад, нигоҳ накарда ба камбағалӣ ва аз ташкилот дур будан, бародару хоҳарон истодагӣ мекарданд. Инчунин дар Иёлоти Муттаҳида, ки шароити зиндагӣ хуб аст, намунаҳои имони барҷаста бисёранд. Вақте Яҳува хам шуда мебинад, ки чӣ хел халқаш дар вазъиятҳои гуногун ба ӯ муҳаббат нишон медиҳад, беҳад хурсанд мешавад.
Бо Паулин дар Байт-Или Уорвик
Солҳои мо «аз моку тезравтаранд» (Айюб 7:6). Имрӯз мо дар Уорвики Ню-Йорк, дар идораи марказӣ, хизмат мекунем. Шодем, ки минбаъд низ паҳлу ба паҳлу бо онҳое, ки якдигарро самимона дӯст медоранд, хизмат карда истодаем. Мо шоду қаноатмандем, ки Шоҳамон Исои Масеҳро дастгирӣ мекунем,— Шоҳеро, ки ба наздикӣ ба шумораи беҳисоби вафодорон мукофот медиҳад (Мат. 25:34).
a Анҷумани минтақавиро он вақт анҷумани вилоятӣ меномиданд.
b Саргузашти Айзая Адагбона дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми апрели соли 1998, саҳ. 22–27 (рус.) оварда шудааст. Ӯ соли 2010 аз дунё гузашт.