ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w24 апрел саҳ. 14-19
  • Чӣ тавр аз хизмат бештар хурсандӣ гирем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр аз хизмат бештар хурсандӣ гирем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО САРЧАШМАИ ҚУВВАТАТОН БОШАД
  • БАРОИ ХИЗМАТ НАҒЗ ТАЙЁРӢ БИНЕД
  • АЗ ЯҲУВА ДАЛЕРӢ ПУРСЕД
  • БА ОДАМОН МУТОБИҚ ШАВЕД ВА НЕКБИН БОШЕД
  • ДИҚҚАТРО БА ХУДОДӮСТИВУ ОДАМДӮСТИЯТОН РАВОНА КУНЕД
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Аз воизи боғайрат Исо ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Аз муҳаббат мавъизаро давом диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
w24 апрел саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

Чӣ тавр аз хизмат бештар хурсандӣ гирем?

«Ба Яҳува хурсандона хизмат кунед» (ЗАБ. 100:2).

МАҚСАД

Дар ин мақола қадамҳое оварда шудаанд, ки хурсандии моро дар хизмат бештар мегардонанд

1. Чаро ба баъзеҳо расондани хушхабар хурсандибахш нест? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

ШОҲИДОНИ Яҳува аз муҳаббат ба Падари осмонияшон ва одамон дар бораи Яҳува нақл мекунанд. Бисёр воизон аз хизмат лаззат мебаранд, лекин ба дигарон расондани хушхабар хурсандибахш нест. Сабаб дар чист? Шояд, баъзеҳо хеле шармгин ва беҷуръатанд. Дигарон меҳмони нохонда шудан намехоҳанд. Баъзеи дигар бошанд, хавотиранд, ки онҳоро гӯш намекунанд. Ҳарчанд ин бародару хоҳарон Яҳуваро хеле дӯст медоранд, бо бегонагон дар бораи хушхабар гап задан барояшон беҳад душвор аст. Чи қадар душвор набошад ҳам, онҳо мунтазам бо ин кор машғул мешаванд, зеро медонанд, ки ин кори хеле муҳим аст. Яҳува бо ин хизматгоронаш фахр мекунад!

Ду хоҳар дар хизмати хона ба хона. Яке аз онҳо хурсанд асту дигарӣ зиқу нороҳат.

Оё аз хизмат лаззат мебаред? (Ба сархати 1 нигаред.)


2. Агар ҳозир аз хизмат хурсандӣ наёбед, чаро набояд зиқ шавед?

2 Оё ин вазъиятҳо ба шумо низ шиносанд? Агар чунин бошад, зиқ нашавед. Сабаби беҷуръатии шумо, шояд, хоксориятон бошад, зеро намехоҳед диққати одамонро ба худ ҷалб кунеду бо одамон баҳсу бар кунед. Ҳеҷ кас намехоҳад чанги ғазаби дигаронро хезонад, хусусан бо ягон кори хубаш. Падари осмониятон аз ҳамаи ин ташвишҳоятон огоҳ аст ва мехоҳад ҳамдаматон бошад (Иш. 41:13). Дар ин мақола мо панҷ маслиҳатеро дида мебароем, ки чӣ тавр чунин ҳиссиётҳоро паси сар кунем ва аз хизмат хурсандии бештар гирем.

БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО САРЧАШМАИ ҚУВВАТАТОН БОШАД

3. Чӣ ба пайғамбар Ирмиё кумак кард, ки ба дигарон мавъиза кунад?

3 Дар ҳамаи давру замон суханони Худо хизматгоронашро ҳангоми ба ҷо овардани супоришҳои душвор қувват мебахшид. Ирмиёро ба ёд оред. Вақте Яҳува ба ӯ кори мавъизаро супурд, Ирмиё ба ташвиш афтода гуфт: «Охир, ман ҷавон ҳастам ва дуруст гап зада наметавонам» (Ирм. 1:6). Чӣ ба ӯ ёрдам дод? Каломи Худо ба ӯ қувват бахшид. Ирмиё гуфт: «Суханаш дар дилам ва дар устухонҳоям мисли оташи сӯзоне буд. Ман аз нигоҳ доштани он хаста шудам» (Ирм. 20:8, 9). Ҳарчанд минтақаи Ирмиё хеле душвор буд, хабаре, ки ӯ эълон кард, ба ӯ қувват бахшид, ки корашро ба анҷом расонад.

4. Вақте мо Каломи Худоро хонда, мулоҳиза меронем, чӣ рӯй медиҳад? (Қӯлассиён 1:9, 10).

4 Масеҳиён низ барои пайдо кардани қувват ба Каломи Худо рӯ меоранд. Вақте Павлуси расул ба ҷамоати Қӯлассо нома навишт, гуфт, ки дониши дақиқ ба онҳо ёрдам мекунад, ки рафторашон «шоистаи хизматгорони Яҳува бошад» ва онҳо «дар ҳар кори нек самар» овардан мегиранд. (Қӯлассиён 1:9, 10-ро хонед.) Ин кори нек расондани хушхабар мебошад. Аз ин бармеояд, ки, вақте мо Каломи Худоро хонда, дар бораи он мулоҳиза меронем, имонамон ба Яҳува зиёд мегардаду аҳамияти расондани хабари Подшоҳиро хубтар мефаҳмем.

5. Чӣ кор кунем, ки аз хонишу омӯзиши Каломи Худо бештар манфиат гирем?

5 Агар хоҳед, ки аз Китоби Муқаддас манфиати бештар гиред, ҳангоми хондан, омӯхтан ва мулоҳизаронӣ саросема нашавед. Вақти кофӣ ҷудо кунед. Агар ягон оятро нафаҳмед, гузашта наравед, балки аз «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) ё «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» дар бораи он маълумоти бештар гиред. Агар шумо барои омӯзиш вақти даркорӣ ҷудо кунед, боваратон ба Каломи Худо қавӣ мешавад (1 Тас. 5:21). Ҳар қадаре имонатон мустаҳкам шавад, ҳамон қадар бо хурсандӣ чизҳои фаҳмидаатонро ба дигарон мерасонед.

БАРОИ ХИЗМАТ НАҒЗ ТАЙЁРӢ БИНЕД

6. Чаро мо бояд барои хизмат нағз тайёрӣ бинем?

6 Агар мо ба хизмат нағз тайёрӣ бинем, дар суҳбат бо одамон боҷуръаттар мешавем. Исо пеш аз шогирдонашро ба хизмат равон кардан онҳоро тайёр кард (Луқ. 10:1–11). Шогирдон маслиҳати Исоро ба кор бурда, аз кори кардаашон шоду қаноатманд гаштанд (Луқ. 10:17).

7. Чӣ тавр ба хизмат тайёрӣ дида метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Чӣ тавр ба хизмат тайёр шавем? Аввал фикр кунед, ки дар бораи чӣ гап заданиед ва онро бо гапҳои худ машқ кунед. Ҳамчунин ду-се ҷавоби гуногуни одамони маҳаллатонро тасаввур кунед ва фикр кунед, ки ба ҳар яки онҳо чӣ тавр ҷавоб медиҳед. Ин қадамҳо ба шумо ҷуръати бештар медиҳанд. Сипас, вақте бо одамон вомехӯред, ором монда, бо табассум ва дӯстона суҳбат кунед.

Хоҳаре, ки ғамгину нороҳат буд, дар хона китобчаи «Одамонро дӯст дореду шогирд тайёр кунед»-ро хонда истодааст.

Ба хизмат нағз тайёрӣ бинед (Ба сархати 7 нигаред.)


8. Чаро Павлуси расул масеҳиёнро ба зарфҳои гилин монанд кард?

8 Павлуси расул нақши моро дар хизмат бо суханони зерин тасвир кард: «Мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем» (2 Қӯр. 4:7). «Ганҷ» гуфта, ӯ чиро дар назар дошт? Ин супориши хушхабаррасонӣ мебошад (2 Қӯр. 4:1). Набошад «зарфҳои гилин» чист? Онҳо хизматгорони Яҳуваанд, ки хушхабарро мерасонанд. Дар замонҳои Павлус фурӯшандагон зарфҳои гилинро барои кашондани чизҳои боарзиш, ба монанди хӯрок, шароб ва пул истифода мебурданд. Ба ин монанд, Яҳува ба мо хушхабари бебаҳоро бовар кардааст. Бо кумаки Яҳува мо ба хубӣ аз уҳдаи ин супориши бебаҳо мебароем.

АЗ ЯҲУВА ДАЛЕРӢ ПУРСЕД

9. Агар аз сар кардани суҳбат тарсем, чӣ кор карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

9 Баъзан мо ба доми одамтарсӣ афтода метавонем ё метарсем, ки хабарамонро дигарон қабул намекунанд. Чӣ тавр аз он берун шавем? Биёед мисоли расулонро дида бароем. Вақте ба онҳо мавъиза карданро манъ карданд, онҳо чӣ кор карданд? Онҳо ба ин тарс дода нашуданду аз Худо қувват пурсиданд, ки суханашро «нотарсона гап зананд». Яҳува дарҳол ба дуои онҳо ҷавоб дод (Кор. 4:18, 29, 31). Агар шумо ҳам дар чунин ҳолат бошед, ба Яҳува дуо гӯед, то одамдӯстии шумо бар одамтарсиятон дастболо шавад.

Дар бозор хоҳарамон дар дилаш дуо гуфта истодааст.

Аз Яҳува далерӣ пурсед (Ба сархати 9 нигаред.)


10. Яҳува чӣ хел ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар бораи ӯ шаҳодат диҳем? (Ишаъё 43:10–12).

10 Яҳува моро Шоҳидони худ таъйин кардааст ва ба мо далериро ваъда медиҳад. (Ишаъё 43:10–12-ро хонед.) Биёед бинем, ки ӯ бо кадом чор роҳ ба мо далерӣ мебахшад. Якум, дар куҷое ки мавъиза накунем, Исо ҳамроҳу ҳамхизмати мост (Мат. 28:18–20). Дуюм, фариштагон дастёри моянд (Ошкор. 14:6). Сеюм, Яҳува рӯҳи муқаддас медиҳад, то чизҳои фаҳмидаамонро ба ёдамон орад (Юҳ. 14:25, 26). Чорум, ӯ барои ҳамкории мо бародару хоҳаронро додааст. Бо дастгирии Яҳува ва бародару хоҳарон мо, албатта, муваффақият ба даст меорем.

БА ОДАМОН МУТОБИҚ ШАВЕД ВА НЕКБИН БОШЕД

11. Агар дар минтақа одамони камро вохӯрем, чӣ кор карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Агар дар вақти хизмат одамони камро дар хонаҳояшон ёбед, зиқ мешавед? Дар чунин ҳолат аз худ пурсед: «Худи ҳозир одамони минтақаам дар куҷо бошанд? Дар кор ё дар бозору мағозаҳо?» (Кор. 16:13). Ин тавр бошад, оё барои ёфтани одамони зиёд дар кӯча хизмат карда метавонед? Ҷошуа ном бародаре мегӯяд: «Дар мағозаҳои калон ва боғҳои истироҳатӣ имконияти бештари мавъиза кардан пайдо мешавад». Ғайр аз ин, ӯву занаш Бриҷит бегоҳиҳои якшанбе хизмат карда, одамони зиёдро дар хонаҳояшон пайдо мекунанд (Эфс. 5:15, 16).

Хоҳарамон ба фурӯшанда корти сомонаамонро дода истодааст.

Вақту ҷойи мавъизаро тағйир диҳед (Ба сархати 11 нигаред.)


12. Агар хабари мо ба одамон шавқовар набошад, чӣ кор кардан мумкин?

12 Агар хабаре, ки мерасонем, ба одамон шавқовар набошад, фикр кунед, ки онҳо ба чӣ бовар мекунанд ё аз чӣ дар ташвишанд. Ҷошуа ва Бриҷит дар пешниҳодашон аз саволҳое, ки дар охири рисолаҳоямон оварда шудаанд, истифода мебаранд. Масалан, аз рисолаи «Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?» истифода бурда мегӯянд: «Ба назари баъзеҳо Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст. Дигарон бошанд, ба ин бовар намекунанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?» Бисёр вақт ҳамин тавр суҳбаташон мечаспад.

13. Ҳатто агар одамон моро гӯш накунанд, чаро мо хурсандиро гум намекунем? (Панднома 27:11).

13 Муваффақияти мо дар хизмат ба натиҷаи корамон вобаста нест. Чаро? Зеро мо кореро, ки Яҳува ва Писараш хоҳон аст, иҷро кардем. Кори мо шаҳодат додан (Кор. 10:42). Ҳатто агар дар хизмат мо ягон касро наёбем ё ба хабарамон ҳеҷ кас гӯш надиҳад, мо хурсандиро аз даст намедиҳем, зеро медонем, ки Яҳуваро шод кардем. (Панднома 27:11-ро хонед.)

14. Чаро, агар мо нею дигар воиз шавқмандеро ёбад, хурсандӣ карда метавонем?

14 Агар воизи дигар аз минтақааш ягон шавқманд пайдо кунад, мо ҳам хурсанд мешавем. Дар як «Бурҷи дидбонӣ» кори мо ба кофтани кӯдаки гумшуда монанд шудааст. Бисёриҳо ба кофтукови ӯ баромада, ҳар як кунҷакро мекобанд. Вақте кӯдак ёфт мешавад, ҳама хурсандӣ мекунанд, на танҳо касе, ки кӯдакро пайдо кард. Кори шогирдсозӣ ҳам кори дастҷамъӣ аст. Ба ҳамаи мо лозим аст, ки ҳар як кунҷаки минтақаамонро кофтуков кунем ва, вақте ягон кас ба вохӯрӣ омаданро сар мекунад, ҳамаи мо хурсанд мешавем.

ДИҚҚАТРО БА ХУДОДӮСТИВУ ОДАМДӮСТИЯТОН РАВОНА КУНЕД

15. Чӣ тавр маслиҳати Матто 22:37–39 ба мо кумак мекунад, ки аз хизмат хурсандии бештар ёбем? (Ҳамчунин ба расми нигаред.)

15 Вақте мо диққатро ба худодӯстӣ ва одамдӯстиямон равона мекунем, шавқамон ба хизмат зиёд мегардад. (Матто 22:37–39-ро хонед.) Тасаввур кунед, вақте Яҳува мебинад, ки мо бо кори ӯ машғулем, дилаш аз шодӣ лабрез мегардад. Ҳамчунин шодии касонеро пеши назар оред, ки бо мо омӯзишро сар мекунанд. Боз дар бораи наҷоти касоне фикр кунед, ки ба хабари шумо гӯш доданд (Юҳ. 6:40; 1 Тим. 4:16).

Ду хоҳар дар хизмати хона ба хона. Хоҳар аз расми пешина маҷаллаеро бо соҳибхона муҳокима карда истодааст.

Агар мо Яҳува ва одамонро дӯст дорем, аз хизмат хурсандии бештар мегирем (Ба сархати 15 нигаред.)


16. Агар аз хона баромада натавонем, чӣ тавр аз хизмат хурсандӣ ёбем? Мисолҳо оред.

16 Оё шумо бо ягон сабаб дар хона побанд шудед? Агар ин тавр бошад, фикр кунед, ки чӣ тавр муҳаббататонро ба Яҳува ва одамон нишон дода метавонед. Семуэл ва Дания дар давоми вабои COVID-19 аз хона баромада наметавонистанд. Дар ин замони душвор онҳо доимо бо телефон мавъиза мекарданд, номаҳо менавиштанд ва ба воситаи Zoom (зум) омӯзиш мегузаронданд. Семуэл дар беморхонае, ки дар он аз саратон табобат мегирифт, ба ҳар касе, ки рӯ ба рӯ мешуд, мавъиза мекард. Ӯ мегӯяд: «Замонҳои сахт ҳамаи моро фикран, ҷисман ва рӯҳан хаста мекунад. Барои ҳамин мо бояд аз хизмати Яҳува хурсандӣ ёбем». Дар мобайнҳои вабо Дания афтида, се моҳ бистарӣ шуд. Баъд шаш моҳи дигар дар аробачаи маъюбӣ буд. Ӯ мегӯяд: «Ман чизе, ки аз дастам меомад, мекардам. Ман ба ҳамшираҳое, ки маро хабар мегирифтанд ва касоне, ки чизҳои фармоиш додаамонро меоварданд, мавъиза мекардам. Ман ҳамчунин бо намояндаи як ширкати тиббӣ ба воситаи телефон суҳбатҳои хуб доштам». Вазъияти Семуэл ва Дания онҳоро побанд карда буд, лекин онҳо чени қуввату имконияташон хизмат карда, хурсандӣ ёфтанд.

17. Чӣ тавр аз маслиҳатҳои ин мақола манфиати бештар гирем?

17 Маслиҳатҳои ин мақоларо ба кор баред. Ҳар яки онҳо мисли маҳсулоти алоҳидае мебошанд, ки барои тайёр кардани ягон хӯроки муайян омода шудаанд. Агар ҳамаи онҳоро якҷоя кунем, натиҷааш хеле бомаза мешавад. Ҳамаи ин маслиҳатҳоро ба кор бурда, аз ҳиссиёти манфӣ халос мешаведу аз хизмат хурсандии зиёд мегиред.

ЧӢ ТАВР ҚАДАМҲОИ ЗЕРИН ХУРСАНДИИ МОРО ДАР ХИЗМАТ ЗИЁД МЕГАРДОНАНД...

  • барои тайёрӣ вақт ҷудо кардан?

  • аз Яҳува далерӣ пурсидан?

  • диққатро ба худодӯстӣ ва одамдӯстӣ кардан?

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан