Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои «Бурҷи дидбонӣ»-и имсоларо бодиққат хонда будед? Пас, ба воситаи саволҳои зерин худро санҷед:
Яҳува дар муносибат бо занон чӣ намуна гузоштааст?
Ӯ ба занону мардон бо як чашм менигарад ва мардонро аз занон бештар дӯст намедорад. Яҳува ҳолдону дардшунави занон аст ва ба занон иҷрои хосташро бовар кардааст (w24.01, саҳ. 15, 16).
Мо чӣ тавр маслиҳати «шарики онҳо нашавед»-ро аз Эфсӯсиён 5:7 ба кор бурда метавонем?
Павлуси расул огоҳ кардааст, ки мо бояд аз муошират бо одамоне, ки меъёрҳои одилонаи Яҳува барояшон бегона аст, эҳтиёт шавем, зеро ин метавонад азми вафодории моро суст кунад. Чунин муошират фақат бо касоне нест, ки рӯ ба рӯ суҳбат мекунем, балки касоне низ, ки ҳамроҳашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ мекунем (w24.03, саҳ. 22, 23).
Чӣ хел фиреби қиссаву овозаҳоро нахӯрем?
Мо бояд аз овозаҳои дурӯғ эҳтиёт шавем, зеро онҳо бо ҳар восита ба гӯши мо мерасанд. Масалан, ҳамдинон маълумотеро носанҷида мефиристанд, ба почтаи электрониямон номае меояд ва ё ягон осӣ худро шавқманд вонамуд мекунад (w24.04, саҳ. 12).
Дар бораи доварии Яҳува дар ҳаққи Сулаймон, касоне, ки дар Тӯфон ва Садӯму Амӯро мурданд, чиро медонему чиро намедонем?
Мо аниқ намедонем, ки Яҳува онҳоро ба марги абадӣ маҳкум кардааст ё не. Лекин мо як чизро медонем, ки ӯ ҳамаи далелҳоро медонаду дилсӯзии бузург дорад (w24.05, саҳ. 3, 4).
«Кӯҳпора» номида шудани Яҳува чӣ маъно дорад? (5 Мӯсо 32:4)
Мо ба Яҳува паноҳ бурда метавонем. Ӯ Худои боваринок аст ва ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Яҳува Худои пойдору собиткор мебошад, зоти ӯ бетағйир аст ва нияташ дигар намешавад (w24.06, саҳ. 26–28.
Чӣ тавр ба ҷамоати нав одат кардан мумкин аст?
Ба Яҳува таваккал кунед ва ӯ шуморо мисли хизматгорони пешинаш дастгирӣ мекунад. Ҳеҷ гоҳ ҷамоати навро бо ҷамоати пештараатон муқоиса накунед. Аҳли ҷамоати наватонро дастгирӣ кунед ва дӯстони нав ёбед (w24.07, саҳ. 26–28).
Аз се мисоле, ки дар боби 25-уми Матто омадааст, чӣ дарс гирифтан мумкин?
Мисоли бузу гӯсфандон нишон медиҳад, ки бояд бовариноку вафодор бошем. Мисоли духтарони бохираду бехирад қайд мекунад, ки ҳушёру тайёр бошем. Мисоли талантҳо бошад, ташвиқ мекунад, ки меҳнатдӯсту боғайрат бошем (w24.09, саҳ. 20–24).
Баландии даҳлези ибодатгоҳи Сулаймон чӣ қадар буд?
Дар баъзе дастхатҳои қадима дар 2 Воқеанома 3:4 «120 газ» омадааст, ки ба бурҷи 53-метра баробар аст. Лекин дар дигар матнҳои боварибахш «20 газ» омадааст, ки нуҳ метр аст. Агар ғафсии деворҳоро ба назар гирем, рақами охирин дурусттар метобад (w24.10, саҳ. 31).
Ибораи «хизматгузорони ҷамоат як зан дошта бошанд» чӣ маъно дорад? (1 Тим. 3:12).
Яҳува дар аввал як зану як мардро офарида буд. Хизматгузор низ бояд мувофиқи ин намуна зиндагӣ кунад ва ҳаргиз ба зино даст назанад. Ҳамчунин ӯ набояд ба дигар занон таваҷҷуҳи ношоиста кунад (w24. 11, саҳ. 19).
Чаро гуфтан мумкин аст, ки суханони Юҳанно 6:53 ба Шоми ёдбуд дахл надоранд?
Дар Юҳанно 6:53 гуфта мешавад, ки одамон бояд ҷисми Исоро хӯрда, хунашро нӯшанд. Исо ин суханонро соли 32-юми милодӣ дар Ҷалил гуфта буд. Ӯ ба яҳудиёне муроҷиат кард, ки бояд ба ӯ имон меоварданд. Шоми ёдбудро бошад, ӯ як сол пас дар Ерусалим муқаррар намуд. Дар он касоне иштирок доштанд, ки бояд бо Исо дар осмон ҳукмронӣ мекарданд (w24.12, саҳ. 10, 11).