ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 январ саҳ. 20-25
  • Мо аз товони Исо чӣ меомӯзем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мо аз товони Исо чӣ меомӯзем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МО АЗ ТОВОН ДАР БОРАИ ЯҲУВА ЧИРО МЕФАҲМЕМ?
  • АЗ ТОВОН ДАР БОРАИ ИСО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?
  • ОМӮХТАНРО БАС НАКУНЕД
  • Муҳаббати Яҳува баракатҳои зиёд меорад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё шумо барои муҳимтарин рӯзи сол тайёред?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Бузургтарин тӯҳфаи Худо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Яҳува шуморо аз таҳти дил дӯст медорад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 январ саҳ. 20-25

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4

СУРУДИ 18 Барои фидия миннатдорем

Мо аз товони Исо чӣ меомӯзем?

«Муҳаббати Худо ба мо дар он маълум шуд» (1 ЮҲ. 4:9).

МАҚСАД

Мо аз товон дар бораи хислатҳои зебои Яҳува ва Исои Масеҳ чиро мефаҳмем?

1. Ба Шоми ёдбуд рафта, чӣ фоида мегирем?

ҲАР яки мо медонем, ки товон туҳфаи бебаҳо мебошад, чунки ба воситаи он мо ба Яҳува наздик шуда, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб шуда метавонем (2 Қӯр. 9:15). Аз ин рӯ хуб мебуд, ки миннатдориамонро барои товон ва муҳаббате, ки Яҳува нишон дод баён кунем (Рум. 5:8). Барои он ки сипосгузор монему арзиши товонро фаромӯш накунем, Исо Шоми ёдбудро муқаррар кард (Луқ. 22:19, 20).

2. Дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Имсол Шоми ёдбуд ба 12-уми апрел, рӯзи шанбе, соли 2025 рост меояд. Ҳар яки мо мехоҳем, ки дар он иштирок кунем. Агар мо дар арафаи Шоми ёдбуд дар бораи корҳое, ки Яҳува ва Исо бароямон кардаанд, мулоҳизаa кунем, фоидаи бештар мегирем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки товон дар бораи Яҳува ва Исо ба мо чиро ошкор мекунад. Дар мақолаи навбатӣ бошад, гап дар бораи он меравад, ки мо аз товон чӣ фоида мегирем ва чӣ тавр миннатдориамонро барои он нишон диҳем.

МО АЗ ТОВОН ДАР БОРАИ ЯҲУВА ЧИРО МЕФАҲМЕМ?

3. Чӣ тавр ба воситаи марги як шахс миллионҳо одамон наҷот ёфта метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

3 Мо аз товон дар бораи адолати Яҳува мефаҳмем (5 Мӯсо 32:4). Чӣ тавр? Як фикр кунед, бо айби беитоатии Одам мо гуноҳро мерос гирифтем, ки он ба марг оварда мерасонад (Рум. 5:12). Яҳува барои моро аз банди гуноҳу марг халос кардан товони Исоро пешкаш кард. Лекин чӣ тавр қурбонии як шахси комил метавонад гуноҳи миллионҳо одамонро рӯпӯш кунад? Павлуси расул гуфта буд: «Чи тавре ки ба воситаи беитоатии як кас [Одам] одамони зиёд гунаҳкор шуданд, ҳамин тавр ба воситаи итоаткории як кас [Исо] бисёриҳо росткор мешаванд» (Рум. 5:19; 1 Тим. 2:6). Дигар хел карда гӯем, бо беитоатии як шахси комил мо ғуломи гуноҳу марг гаштем. Барои ҳамин итоаткории як одами комил даркор буд, ки мо озод шавем.

Силсиларасм: 1. Одам; дар қафо одамон мурдаеро барои дафн мебаранд. 2. Исои Масеҳ; дар қафо одамони ҳар давру замон, синну сол, миллату маданият.

Аз дасти як одам мо ғуломи гуноҳу марг шудем. Як одами дигар моро аз банди он озод кард (Ба сархати 3 нигаред.)


4. Чаро Яҳува бе ҳеҷ товону қурбонӣ ба насли росткори Одам ҳаёти ҷовидонаро надод?

4 Шарт буд, ки Исо барои наҷоти мо ҷонашро фидо кунад? Оё Яҳува бе ҳеҷ товону қурбонӣ ба насли росткори Одам ҳаёти ҷовидонаро дода наметавонист? Ин барои одамони нокомил роҳи дурусту бамантиқ метобад, лекин ба адолати комили Худо рост намеояд, чунки Яҳува Худои одил аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ин беитоатии рӯирости Одам чашм пӯшида наметавонист.

5. Чаро дилпурем, ки Яҳува ҳамеша дуруст амал мекунад?

5 Агар Яҳува товонро намедоду адолаташро поймол карда, мемонд, ки насли нокомили Одам ҷовидона зиндагӣ кунад, чӣ мешуд? Он гоҳ дили одамон дур мерафт, ки дар дигар масъалаҳо низ Худо ба адолату инсоф чашм мепӯшад. Шояд, одамон ҳатто ба чунин хулоса меомаданд, ки Худо дар иҷрои баъзе ваъдаҳояш нопойдор аст. Шукр ки, Худои мо адолатпешаву суботкор аст. Яҳува ҳамеша аз рӯйи адолат амал мекунад, ҳатто агар ба ӯ вазнин афтад. Қурбон кардани Писари азизаш инро исбот мекунад.

6. Чӣ тавр товон аз муҳаббати Яҳува гувоҳӣ медиҳад? (1 Юҳанно 4:9, 10).

6 Пешкаш кардани товон на танҳо адолат, балки боз муҳаббати бузурги Яҳуваро ошкор мекунад. (Юҳ. 3:16; 1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед.) Таълимоти товон нишон медиҳад, ки Яҳува ғайр аз ҷовидона зиндагӣ кардани мо мехоҳад, ки мо фарзандони ӯ бошем. Фикр кунед, вақте ки Одам гуноҳ кард, Яҳува ӯро аз хонаводаи парастандагонаш пеш кард. Аз ин рӯ ҳамаи мо аз вақти таваллуд фарзандони Худо ҳисобида намешавем. Лекин Яҳува дар асоси товон гуноҳҳои моро бахшида, охиру оқибат касони ба ӯ имондору итоаткорро ба хонаводааш сарҷамъ мекунад. Аз баракати товон ҳатто имрӯз мо бо Яҳува ва ҳамдинонамон муносибати хуб дорем. Сад шукр, ки Яҳува офтоби меҳрашро ба мо метобонад (Рум. 5:10, 11).

7. Чӣ тавр то дами марг азоб кашидани Исо нишонаи муҳаббати бузурги Яҳува аст?

7 Агар мо фикр кунем, ки товон барои Яҳува чӣ қадар гарон афтод, мо муҳаббати ӯро беҳтар мефаҳмем. Шайтон туҳмат карда буд, ки, агар озмоиш ба хизматгори Худо зӯрӣ кунад, ӯ ба Яҳува содиқ намемонад. Барои фош кардани дурӯғи Шайтон Яҳува роҳ дод, ки Исо то дами маргаш азоб кашад (Айюб 2:1–5; 1 Пет. 2:21). Дар пеши чашми Яҳува диндорон Писарашро масхара карданд, сарбозон ӯро қамчинкорӣ карданд. Ӯ шоҳиди марги пуразоби Писараш гашт (Мат. 27:28–31, 39). Яҳува метавонист пеши роҳи ҳамаи инро гирад. Масалан, вақте душманон гуфтанд, ки «агар Худо аз вай розӣ бошад, канӣ ӯро наҷот диҳад», Яҳува метавонист дарҳол амал кунад (Мат. 27:42, 43). Лекин, агар ӯ дахолат мекард, товон пардохт намешуд ва барои мо ягон умед намебуд. Аз ин рӯ Яҳува роҳ дод, ки Писари азизаш то нафаси охирин азоб кашад.

8. Оё дидани шиканҷаҳои ҷонгудози Писараш барои Яҳува дардовар буд? Фаҳмонед. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

8 Худо бузургу пурқудрат, вале ҳамзамон дилсӯзу ҳамдард аст. Мо ба сурати Худо офарида шудаем. Мо беҳис нестем, аз ин рӯ Яҳува низ беҳис нест. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «ғамгин» ва «андуҳгин» шуда метавонад (Заб. 78:40, 41). Инро аз мисоли Иброҳиму Исҳоқ дидан мумкин аст. Ба Иброҳим амр дода шуд, ки ягона писарашро ба қурбонӣ орад (1 Мӯсо 22:9–12; Ибр. 11:17–19). Як тасаввур кунед, вақте Иброҳим дами сарди кордро ба гулӯи писараш наздик бурд, бешак, сад бор мурду зинда шуд. Дили Яҳува низ аз дидани шиканҷаҳои ҷонгудозу қатли бераҳмонаи Писараш садчок гашт. (Ба видеонавори «Ба имони онҳо пайравӣ кунед. Иброҳим (қисми 2)» нигаред.)

Исо дар сутуни азобу шиканҷа.

Азоби Писарашро дида дили Яҳува реш-реш шуд (Ба сархати 8 нигаред.)


9. Мо аз Румиён 8:32, 38, 39 дар бораи муҳаббати Яҳува чиро мефаҳмем?

9 Ягон кас моро мисли Яҳува дӯст намедорад, ҳатто наздикон ё дӯстони ҷониямон. (Румиён 8:32, 38, 39-ро хонед.) Яҳува ҳатто моро аз худамон дида бештар дӯст медорад. Оё шумо мехоҳед, ки ҷовидона зиндагӣ кунед? Яҳува инро бароятон бештар хоҳон аст. Ё мехоҳед, ки гуноҳҳоятон бахшида шаванд? Яҳува инро хеле бештар мехоҳад. Барои ин ӯ фақат ҳаминро аз мо хоҳон аст, ки туҳфаи бебаҳои ӯро қабул карда, ба он имон орем ва итоаткор монем. Товон нишонаи он аст, ки муҳаббати Яҳува ба мо ҳадду канор надорад. Дар дунёи нав мо паҳлуҳои нав ба нави муҳаббати Яҳуваро меомӯзем (Пандгӯ 3:11).

АЗ ТОВОН ДАР БОРАИ ИСО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

10. а) Чаро Исо дар бораи чӣ хел кушта шуданаш ғам мехӯрд? б) Бо кадом роҳҳо Исо номи Яҳуваро аз доғи туҳмат пок кард? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Беайбии Исо номи Яҳуваро аз доғи туҳмат пок кард» нигаред.)

10 Обрӯйи Падараш барои Исо азиз буд (Юҳ. 14:31). Исоро дар куфргӯйиву исёнкорӣ айбдор карданд ва ин метавонист ба номи Падараш доғ орад. Аз ин рӯ ӯ чунин дуо гуфт: «Эй Падар, агар мумкин бошад, ин пиёларо аз ман дур кун» (Мат. 26:39). Дар назди Яҳува то дами марг беайб монда, Исо номи Падарашро сафед кард.


Беайбии Исо номи Яҳуваро аз доғи туҳмат пок кард

Шайтон даъво карда буд, ки инсон дар вақти озмоиш ба Яҳува содиқ монда наметавонад, гӯё ки Яҳува ӯро ҳамин хел офарида бошад (Айюб 2:4, 5). Лекин Исо дар озмоишҳо истодагӣ карда, ин дурӯғи Шайтонро фош кард. Маълум гашт, ки, вақте Одам гуноҳ кард, айби худаш буд, на айби Яҳува. Вақти офарида шуданаш Одам комилу бенуқсон буд ва, агар мехост, мисли Исо ба Худо содиқ монда метавонист.

Исо дар боғи Ҷатсамонӣ аз таҳти дил дуо мегӯяд.

Исо ҳаёташро қурбон карда нишон дод, ки Падарро чӣ қадар дӯст медорад (Ба сархати 10 нигаред.)

Исо ҳаёташро қурбон карда нишон дод, ки Падарро чӣ қадар дӯст медорад (Ба сархати 10 нигаред.)


11. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки одамонро беҳад дӯст медорад? (Юҳанно 13:1).

11 Товон нишонаи он буд, ки Исо одамонро беҳад дӯст медорад, махсусан, шогирдонашро. (Пнм. 8:31; Юҳанно 13:1-ро хонед.) Масалан, ӯ медонист, ки хизмати заминияш пур аз мушкилиҳо мешавад ва ӯ бо марги пуразоб мемирад. Лекин ӯ хизматашро сарсарӣ намекард, балки бо тамоми ҳастияш мавъиза мекард, таълим медод ва хизмати дигаронро ба ҷо меовард. Исо ҳатто дар рӯзи маргаш вақт ҷудо карда, пойҳои расулонашро шуст, онҳоро тасаллӣ бахшид ва насиҳату васият кард (Юҳ. 13:12–15). Вақте ки ӯ дар сутун мехкӯб буд, қувваташро ҷамъ карда, ба ҷинояткоре, ки дар бараш буд, умед бахшид ва нигоҳубини модарашро ба як шогирдаш супурд (Луқ. 23:42, 43; Юҳ. 19:26, 27). Муҳаббати Исоро мо дар тамоми ҳаёти заминияш мебинем, на танҳо дар рӯзи маргаш.

12. Ба кадом маъно Исо барои мо то ҳол қурбониҳо меорад?

12 Ҳарчанд марги Масеҳ «дигар такрор намешавад», ӯ барои мо то ҳол қурбониҳо меорад (Рум. 6:10). Чӣ тавр? Ӯ вақту қувваташро сарф карда, ба воситаи товон барои мо корҳои хуб карда истодааст. Биёед бинем, ки ӯ бо чӣ корҳо машғул аст. Ӯ Подшоҳу Саркоҳини мо ва сардори ҷамоат аст (1 Қӯр. 15:25; Эфс. 5:23; Ибр. 2:17). Исо ҷамъоварии тадҳиншудагон ва мардуми сершуморро роҳбарӣ мекунад. Ин кори ӯ пеш аз анҷом ёфтани азоби азим ба охир мерасадb (Мат. 25:32; Марқ. 13:27). Ӯ ҳамчунин назорат мекунад, ки хизматгорони содиқаш дар ин рӯзҳои охир рӯҳан серу пур бошанд (Мат. 24:45). Дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолааш низ ӯ барои мо бисёр корҳоро мекунад. Яҳува, дар ҳақиқат, Писарашро барои мо додааст.

ОМӮХТАНРО БАС НАКУНЕД

13. Чӣ тавр бо мулоҳизаронӣ дар бораи муҳаббати Яҳуваю Исо бештар мефаҳмем?

13 Агар шумо дар бораи муҳаббати Яҳува ва Исо мулоҳиза рондан гиред, дар ин бора бисёр чизҳоро мефаҳмед. Масалан, имсол дар арафаи Шоми ёдбуд шумо метавонед як ё якчанд китоби Хушхабарро хонед. Кам-камӣ хонда, барои мулоҳиза вақти бештар ҷудо кунед. Аз худ пурсед: «Аз ин порча барои дӯст доштани Яҳува ва Исо боз кадом сабабро мебинам?» Чизҳои хондаатонро ба дигарон нақл кунед.

14. Мувофиқи Забур 119:97 ва поварақ чӣ тавр кофтуков карда, дар бораи товон ва дигар мавзуъҳо бештар фаҳмем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Агар шумо солҳои зиёд дар роҳи ростӣ бошед, шояд, ба саратон чунин фикр ояд: «Оё дар чунин мавзуъҳои шинос ба монанди адолату муҳаббати Худо ва товон боз ягон чизи навро ёфта метавонам?» Маълумот дар бораи ин ва дигар мавзуъҳо мисли баҳри беканор аст. Пас, чӣ бояд кард? Хазинаи калони рӯҳониямонро кофтуков кунем. Вақте ягон воқеа бароятон пурра фаҳмо набошад, онро ҳаматарафа омӯзед. Баъд дар давоми рӯз мулоҳиза кунед, ки маълумоти ёфтаатон дар бораи Яҳува, Исо ва муҳаббати онҳо ба шумо чиро ошкор мекунад. (Забур 119:97 ва поварақро хонед.)

Бародари пиронсоле дар омӯзиши шахсияш планшет, Китоби Муқаддас ва дафтарро истифода мебарад. Дар пешаш «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав», Замимаи Б12-Б «Ҳафтаи охири ҳаёти Исо дар замин» (Қисми 2) ва боби 129-и китоби «Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт» кушода истодааст.

Ҳатто агар аз таъмидамон солҳо гузашта бошад, миннатдориямонро барои товон зиёд карда метавонем (Ба сархати 14 нигаред.)


15. Чаро мо бояд ганҷҳои Каломро кофтан гирем?

15 Агар ягон чизи нав наёбед ё хонишу тадқиқотатон бо шавқу завқ нагузарад, зиқ нашавед. Дар ин маврид шумо ба тиллокобон монанд ҳастед. Ҷӯяндагони тилло пурсаброна барои ёфтани як зарра тилло соатҳои дароз ё рӯзҳоро сарф мекунанд. Лекин онҳо ноумед намешаванд, зеро ҳар пора тиллоро онҳо беҳад қадр мекунанд. Оё ганҷҳои Каломи Худо аз ҳама чиз қиматтар нест? (Заб. 119:127; Пнм. 8:10). «Ҷӯянда ёбанда аст», аз ин рӯ ҳар рӯз ба ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом бароед (Заб. 1:2).

16. Чӣ тавр мо ба Яҳуваю Исо пайравӣ карда метавонем?

16 Дар вақти омӯзиш фикр кунед, ки чӣ тавр чизҳои хондаатонро ба кор бурда метавонед. Масалан, ба адолати Яҳува пайравӣ карда, одамонро ҷудо накунед. Ба худодӯстию одамдӯстии Исо пайравӣ кунед. Ӯ тайёр буд, ки барои номи Яҳува азоб кашад ва ҷонашро баҳри ҳамимонони худ фидо кунад. Ҳамчунин ба хушхабаррасонии Исо пайравӣ кунед, то дигарон ҳам туҳфаи бебаҳои Яҳуваро соҳиб шуда тавонанд.

17. Аз мақолаи навбатӣ чиро мефаҳмем?

17 Чи қадаре ки дар бораи товон фаҳмему миннатдор бошем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба Яҳува ва Исо ҷӯш мезанад. Дар ҷавоб онҳо низ моро бештар дӯст хоҳанд дошт (Юҳ. 14:21; Яъқ. 4:8). Биёед аз хазинаи рӯҳоние, ки Яҳува ба мо дастрас кардааст, дар бораи товон чизҳои нав ба навро омӯзем. Дар мақолаи навбатӣ мебинем, ки товон ба мо чӣ баракатҳо меорад ва чӣ тавр ин атои Яҳуваро қадрдонӣ кунем.

АЗ ТОВОН МО ДАР БОРАИ...

  • адолати Яҳува чӣ меомӯзем?

  • муҳаббати Яҳува чӣ меомӯзем?

  • муҳаббати Исо чӣ меомӯзем?

СУРУДИ 107 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаи «мулоҳиза» маънои онро дорад, ки шахс ба ягон мавзуъ диққат мекунаду барои беҳтар дарк кардани он чуқур фикр меронад.

b Суханони Павлус дар бораи ҷамъ овардан «дар осмон», ки дар Эфсӯсиён 1:10 омадааст, аз суханони Исо дар бораи ҷамъ овардани «интихобшудагон», ки дар Матто 24:31 ва Марқус 13: 27 омадааст, фарқ дорад. Павлус дар бораи замоне гуфт, ки Яҳува бо рӯҳаш касонеро, ки бо Исо ҳукмронӣ мекунанд, тадҳин карда, интихоб мекунад. Исо бошад, дар бораи замоне гуфт, ки тадҳиншудагони дар замин боқимонда ба осмон ҷамъ оварда мешаванд. Ин пеш аз анҷом ёфтани азоби азим мешавад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан