МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7
СУРУДИ 20 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ
Маънои бахшоиши Яҳува
«Ту гуноҳҳоро мебахшӣ» (ЗАБ. 130:4).
МАҚСАД
Баъзе мисолу муқоисаҳоро аз Китоби Муқаддас дида, мо пурратар дарк менамоем, ки чӣ тавр Яҳува ҳар яки моро мебахшад.
1. Вақте шахс «ман туро бахшидам» мегӯяд, суханаш чӣ маъно дошта метавонад?
ВАҚТЕ шахсе, ки хафааш кардаем, мегӯяд, ки «ман туро бахшидам», бори диламон сабук мешавад, ҳамин тавр не? Вале одам «ман туро мебахшам» гуфта, чиро дар назар дорад? Оё ӯ гуфтанист, ки мехоҳад дӯстиятон давом ёбад ё «бахшидам» мегӯяду ба ҳар ҳол худашро дур мегирад? Одамон «бахшидам» гуфта, ҳар чизро дар назар дошта метавонанд.
2. Дар Навиштаҳо бахшандагии Яҳува чӣ тавр тасвир шудааст? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
2 Бахшоиши Яҳува аз бахшоиши одамони нокомил бакуллӣ фарқ мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ту гуноҳҳоро мебахшӣ, то аз ту тарсон бошанд»a (Заб. 130:4). Фақат Яҳува моро батамом бахшида метавонад. Бахшидани ӯ намунаи волотарин мебошад. Вақте гап дар бораи бахшиши Худо меравад, дар Китоби Муқаддас баъзан калимаи ибрие кор фармуда шудааст, ки танҳо ба Яҳува дахл дорад.
3. Бахшидани Яҳува аз бахшидани мо чӣ фарқ мекунад? (Ишаъё 55:6, 7).
3 Вақте Яҳува гуноҳи касеро авф мекунад, гуноҳаш пок мешавад ва пайванди кандаи дӯстияш аз нав барқарор мегардад. Бахшоиши Яҳува аз таҳти дил ва бекаму кост аст. (Ишаъё 55:6, 7-ро хонед.)
4. Маънои аз таҳти дил бахшиданро Яҳува ба мо чӣ хел мефаҳмонад?
4 Агар бахшоиши Яҳува аз бахшиши мо бакуллӣ фарқ кунад, чӣ тавр ба маънои он сарфаҳм рафта метавонем? Дар Каломаш Яҳува якчанд муқоисае овардааст, ки маънои ин сифаташро бароямон равшантар мегардонад. Аз он муқоисаҳо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува гуноҳро нест мекунад ва муносибати харобгаштаро барқарор месозад. Ин мисолҳоро дида меҳри мо ба Падари хатобахшу меҳрубонамон зиёд мешавад.
ЯҲУВА ГУНОҲРО ГИРИФТА МЕПАРТОЯД
5. Вақти бахшидани гуноҳҳои мо Яҳува чӣ кор мекунад?
5 Дар Китоби Муқаддас гуноҳҳо одатан ба бори вазнин монанд карда шудаанд. Шоҳ Довуд гуноҳҳои худро чунин тасвир намуд: «Гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне, ки аз тавонам берун аст» (Заб. 38:4). Вале, агар шахс тавба кунад, Яҳува хатоҳояшро мебахшад (Заб. 25:18; 32:5). Ифодаи ибрие, ки «аз гуноҳ гузаштан» ё «бахшидан» тарҷума шудааст, маънои «бардоштан» ё «бурдан»-ро низ дорад. Яҳува ба шахси пурқуввате монанд карда шудааст, ки бори вазнини гуноҳамонро аз китфамон мебардорад.
«Бахшид» (Заб. 32:5)
6. Яҳува гуноҳҳоямонро чӣ қадар дур мепартояд?
6 Дигар муқоиса равшан месозад, ки Яҳува гуноҳҳоямонро аз мо чӣ қадар дур месозад. Дар Забур 103:12 гуфта мешавад: «Чи қадаре ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ҳамон қадар аз мо дур кардааст». Шарқу ғарб ду нуқтаи аз ҳам дуртарин мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ба якдигар наздик намешаванд. Аз ин ҷо бармеояд, ки Яҳува гуноҳҳоямонро аз мо беандоза дур мекунад. Ӯ онҳоро чунон дур меандозад, ки ба чашмамон натобанд. Ин мисол дили ҳар яки моро таскин мебахшад.
«Чи қадаре ки шарқ аз ғарб дур аст» (Заб. 103:12)
7. Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува гуноҳҳоямонро чӣ кор мекунад? (Мико 7:18, 19).
7 Чуноне ки дидем, Яҳува гуноҳҳоямонро аз мо дур мебарад, вале оё ӯ онҳоро дошта меистад? Не. Шоҳ Ҳизқиё дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Ту ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти худ партофтӣ». Дар поварақ бошад, гуфта мешавад: «Ҳамаи гуноҳҳои маро аз назари худ дур кардӣ» (Иш. 38:9, 17, поварақ). Аз ин муқоиса аён мешавад, ки Яҳува гуноҳҳои моро чунон дур мепартояд, ки ба чашм нанамоянд. Ин ҷумларо боз чунин тарҷума кардан мумкин аст: «Ту гуноҳҳои маро несту нобуд кардӣ, аз онҳо паю нишон намонд». Яҳува бо мисоли дигар, ки дар Мико 7:18, 19 навишта шудааст, ин фикрро қувват мебахшад. (Оятҳоро хонед.) Дар он гуфта мешавад, ки Яҳува гуноҳҳои моро ба қаъри баҳр мепартояд. Дар замонҳои қадим, агар ягон чиз ба даруни баҳр меафтод, онро баровардан аз имкон берун буд.
«Ту ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти худ партофтӣ» (Иш. 38:17)
«Ту тамоми гуноҳҳояшонро ба қаъри баҳр мепартоӣ» (Мико 7:19)
8. Мо аз сархатҳои боло чиро фаҳмидем?
8 Аз ин мисолу муқоисаҳо мо фаҳмидем, ки, вақте Яҳува моро мебахшад, ӯ бори вазнини гуноҳҳоро аз дӯшамон мебардорад. Довуд барҳақ гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд, хушбахт аст касе, ки Яҳува аз гуноҳаш мегузарад» (Рум. 4:7, 8). Ана инро бахшиши ҳақиқӣ мегӯянд!
ЯҲУВА ГУНОҲРО ТОЗА МЕКУНАД
9. Кадом муқоиса нишон медиҳад, ки Яҳува гуноҳҳоямонро пурра мебахшад?
9 Яҳува ба воситаи дигар муқоисаҳо мефаҳмонад, ки чӣ тавр бо ёрии қурбонии Исо гуноҳҳои одамони тавбакардаро тоза мекунад. Ба маъное Яҳува ин гуноҳҳоро мешӯяду тоза мекунад. Ҳамин тавр гунаҳкор пок мегардад (Заб. 51:7; Иш. 4:4; Ирм. 33:8). Яҳува натиҷаи ин корро чунин тасвир мекунад: «Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд, чун барф сафед мешаванд, ҳарчанд мисли либоси қирмизӣ сурханд, чун пашм сафед мегарданд» (Иш. 1:18). Доғҳои сурху ҷигарирангро аз либос тоза кардан хеле душвор аст. Вале Яҳува бо ин мисол мефаҳмонад, ки гуноҳҳоямонро чунон поку тоза мекунад, ки дигар паяшон намемонад.
«Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд, чун барф сафед мешаванд» (Иш. 1:18)
10. Аз таҳти дил бахшидани Яҳува дар Китоби Муқаддас чӣ хел тасвир шудааст?
10 Аз мақолаи гузашта фаҳмидем, ки гуноҳҳо ҳамчунин ба қарз монанданд (Мат. 6:12; Луқ. 11:4). Мо аз рӯзи таваллуд қарздорем. Ҳар боре гуноҳ мекунем, қарзамон калонтару калонтар мешавад ва оқибат ба қарзи бузург меғӯтем. Лекин, вақте Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, ӯ гӯё қарзи калонамонро хат мезанад. Ӯ барои гуноҳҳое, ки бахшидааст, ҳақ талаб намекунад. Ин муқоиса равшан месозад, ки, вақте Яҳува аз айбу хатоямон мегузарад, мо чӣ қадар оромиву сабукӣ ҳис мекунем.
«Қарзҳои моро бибахш» (Мат. 6:12)
11. Вақте дар Навиштаҳо гап дар бораи «шуста» шудани гуноҳ меравад, ин чиро дар назар дорад? (Корнома 3:19).
11 Яҳува на фақат қарзҳои моро хат мезанад, балки онҳоро тоза мекунад. (Корнома 3:19-ро хонед.) Вақте ҳуҷҷати қарзро хат мезананд, ба ҳар ҳол чизи навиштагӣ метобад. Вале, вақте чизеро тоза мекунанд, он пурра нест мешавад. Дар замонҳои қадим барои навиштан рангеро истифода мебурданд, ки омехтае аз ангишт, мум ва об буд. Шахс метавонист латтаеро тар карда, навиштаҷотеро, ки бо чунин ранг навишта шуда буд, пок созад. Он навиштаҷот тоза мешуд ва паю асараш намемонд, гӯё ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт. Пас, Яҳува на фақат қарзҳои моро хат мезанад, балки онҳоро пурра тоза мекунад. Ин ба мо оромиву тасаллӣ мебахшад (Заб. 51:9).
«Гуноҳҳои шумо шуста шаванд» (Кор. 3:19)
12. Аз мисоли абри сиёҳ мо чиро мефаҳмем?
12 Яҳува боз бо як муқоисаи дигар нишон медиҳад, ки чӣ хел гуноҳҳоро мебахшад. Ӯ мегӯяд: «Ман айбу хатои туро чун бо абр ва гуноҳҳоятро чун бо абри сиёҳ рӯпӯш мекунам» (Иш. 44:22). Вақте Яҳува гуноҳро мебахшад, гӯё гуноҳамонро бо абри ғафсе мепӯшонад, ки на ба назари мо тобаду на ба назари ӯ.
«Гуноҳҳоятро чун бо абри сиёҳ рӯпӯш мекунам» (Иш. 44:22)
13. Вақте Яҳува гуноҳҳоятонро мебахшад, чӣ ҳис мекунед?
13 Ин чӣ маъно дорад? Вақте Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, мо набояд фикр кунем, ки доғи гуноҳҳо то охири умрамон бар мост. Хуни Масеҳ қарзи гуноҳи моро пурра нест мекунад. Ҳатто айбномаамон вуҷуд надорад. Вақте аз гуноҳҳоямон тавба мекунем, Яҳува моро ана ҳамин тавр мебахшад.
ЯҲУВА ДӮСТИРО БО МО БАРҚАРОР МЕСОЗАД
Азбаски Падари осмониямон моро мебахшад, бо ӯ дӯст шуда метавонем (Ба сархати 14 нигаред.)
14. Чаро мо ба бахшидани Яҳува бовар карда метавонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
14 Яҳува гуноҳҳоямонро бахшида, дари дӯстиро ба рӯямон боз кард, моро аз азоби виҷдон халос кард. Мо набояд тарсем, ки Яҳува аз мо хафа асту роҳе меҷӯяд, ки моро ҷазо диҳад. Не, Яҳува ҳеҷ гоҳ ин тавр намекунад! Вақте «бахшидам» гӯяд, мо ба ин бовар карда метавонем. Пайғамбар Ирмиё суханони зерини Яҳуваро навиштааст: «Ман хатояшонро мебахшам ва гуноҳашонро дигар ба хотир намеорам» (Ирм. 31:34). Павлуси расул дар Ибриён 8:12 суханони ба ин монанд гуфтааст. Ин суханон чӣ маъно доранд?
«Гуноҳашонро дигар ба хотир намеорам» (Ирм. 31:34)
15. Ба кадом маъно Яҳува гуноҳҳоямонро ба хотир намеорад?
15 Дар Китоби Муқаддас ибораи «дар хотир доштан» на ҳамеша маънои онро дорад, ки шахс чизеро ба хотир меорад. Он баъзан ба ягон амал ишора мекунад. Масалан, ҷинояткоре, ки дар бари Исо мехкӯб шуда буд, ба ӯ гуфт: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ бирасӣ, маро ба хотир ор» (Луқ. 23:42, 43). Дархости ӯ ин набуд, ки Исо ӯро танҳо ба ёд орад, балки ягон амал кунад. Исо бошад, ваъда дод, ки ӯро зинда мекунад. Пас, вақте Яҳува мегӯяд, ки гуноҳҳои моро дигар ба хотир намеорад, маънояш ин аст, ки ӯ бар зидди мо ягон амал намекунад. Ӯ барои гуноҳҳое, ки бахшидааст, ҳеҷ гоҳ моро ҷазо намедиҳад.
16. Натиҷаи бахшидани Яҳуваро Китоби Муқаддас чӣ хел тасвир мекунад?
16 Бахшоиш дар ҳақиқат озодибахш аст. Мисоли дигаре аз Китоби Муқаддас инро равшан месозад. Азбаски мо нокомилу гунаҳкорем, «ғуломи гуноҳ» ҳастем. Вале бахшоиши Яҳува моро аз «ғуломии гуноҳ озод» кардааст (Рум. 6:17, 18; Ошкор. 1:5). Гуноҳҳои моро бахшида, Яҳува занҷиру завлонаҳои гуноҳро шикаста, пора кардааст.
«Аз банди гуноҳ озод шуд» (Рум. 6:18)
17. Бахшоиши Худо ба кадом маъно моро шифо мебахшад? (Ишаъё 53:5).
17 Ишаъё 53:5-ро хонед. Дар муқоисаи охирин ҳолати одамон ба гирифторони бемории марговар монанд шудааст. Ҷони Писарашро товон дода, Яҳува моро аз ин бемории марговар шифо додааст (1 Пет. 2:24). Гуноҳ пайванди дӯстиямонро бо Яҳува хӯрда мекунад, товон бошад, ин пайвандро қавиву солим мегардонад. Вақте шахс аз бемории ҷиддӣ шифо меёбад, дилаш пур аз хурсандӣ мегардад, гӯё аз нав ба дунё омадааст. Мо низ, вақте рӯҳан шифо меёбему ризои Яҳуваро соҳиб мешавем, қувваи тоза пайдо мекунем.
«Бо захмҳояш шифо ёфтем» (Иш. 53:5)
МАЪНОИ БАХШОИШИ ЯҲУВА
18. Мо аз муқоисаҳо дар бораи бахшандагии Яҳува чӣ омӯхтем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Яҳува моро чӣ тавр мебахшад?» нигаред.)
18 Мо аз муқоисаҳо дар бораи бахшиши Яҳува чӣ фаҳмидем? Вақте Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, ӯ онҳоро бо қалами нестӣ хат зада, пурра пок месозад. Ҳамин тавр мо имкон пайдо мекунем, ки бо Падари осмониямон дӯст гардем. Мо ҳамчунин дарк мекунем, ки бахшоиши ҳақиқӣ атоест аз ҷониби Худо, ки аз меҳр ва лутфу марҳаматаш ба одамони нокомил медиҳад. Мо наметавонем онро ҳамчун як чизи ҳаққу ҳалоли худ талаб кунем (Рум. 3:24).
19. а) Барои кадом чиз шумо аз Яҳува миннатдоред? (Румиён 4:8). б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
19 Румиён 4:8-ро хонед. Мо ҳазорон бор Яҳуваро шукр мегӯем, ки ӯ гуноҳҳоро пурра мебахшад (Заб. 130:4). Вале бахшоиши Яҳуваро мо бо як шарт соҳиб шуда метавонем. Исо гуфт: «Агар шумо хатоҳои одамонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳоятонро намебахшад» (Мат. 6:14, 15). Ба бахшандагии Яҳува пайравӣ карда, дигаронро бахшидан хеле муҳим аст. Биёед аз мақолаи навбатӣ фаҳмем, ки чӣ дар ин кор кумак мекунад.
СУРУДИ 46 Раҳмат, Яҳува
a Дар матни асли ин оят иборае омадааст, ки «бахшиши ту ҳаққонист» тарҷума кардан мумкин. Танҳо Яҳува гуноҳҳоро батамом бахшида метавонад.