ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 феврал саҳ. 28-29
  • Чӣ тавр дӯсти хуб шавем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр дӯсти хуб шавем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КУМАКИ ДӮСТОНИ ХУБ
  • ДӮСТИ КАСОНЕ БОШЕД, КИ АЗ ХОНА БАРОМАДА НАМЕТАВОНАНД
  • ВАҚТИ ОЗОРУ ТАЪҚИБОТ ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ БОШЕД
  • Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Яҳува ба шумо қувват мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Оё шумо онҳоро таклиф карда метавонед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 феврал саҳ. 28-29

Чӣ тавр дӯсти хуб шавем?

ОЁ ШУМО ҳангоми душвориҳо худро танҳо ҳис карда будед? Мо дар замонҳои сахт зиндагӣ дорем, ки дар онҳо одамон аз танҳоиву рӯҳафтодагӣ азоб мекашанд (2 Тим. 3:1). Вале мо дар сахтиҳои ҳаёт танҳо нестем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дӯстони ҳақиқӣ дар вақти мушкилиҳо қуввати диланд (Пнм. 17:17).

КУМАКИ ДӮСТОНИ ХУБ

Павлуси маҳбус ба дасти Тихиқус нома медиҳад.

Ҳатто дар ҳабси хонагӣ Павлуси расул бо дастгирии дӯстони содиқаш хизматашро давом медод

Павлуси расул аз дӯстӣ бо ҳамсафаронаш қувват мегирифт (Қӯл. 4:7–11). Вақте Павлус дар Рум зиндонӣ шуда буд, дӯстонаш барояш хизматҳое мекарданд, ки худаш карда наметавонист. Масалан, Эпафродитус баъзе чизҳоеро, ки Павлус ба онҳо ниёз дошт, аз бародару хоҳарони филиппӣ гирифта, ба ӯ меовард (Флп. 4:18). Тихиқус номаҳои Павлусро ба ҷамоатҳои гуногун бурда мерасонд (Қӯл. 4:7). Ҳарчанд Павлус дар зиндон буд, ӯ бо ёрии дӯстонаш метавонист хизматашро ба ҷо орад. Чӣ хел шумо барои дигарон дӯсти хуб буда метавонед?

Намунаҳо аз замони мо фоидаи ёру дӯст доштанро нишон медиҳанд. Хоҳаре барои пешрави доимие бо номи Элисабет аз Испониё дӯсти хуб шуд. Вақте модари Элисабет гирифтори саратони марговар шуд, хоҳар ба вай оятҳои рӯҳбахш аз Китоби Муқаддас мефиристод. Элисабет мегӯяд: «Ин паёмакҳои хоҳар ба ман қувват мебахшид, ки ҳар рӯз бори ғамамро бардорам ва худро танҳо ҳис накунам» (Пнм. 18:24).

Мо дӯстиямонро бо дигар роҳ ҳам бо ҳамдинон қавӣ карда метавонем: агар ба онҳо дар корҳои ҷамоат ё барои вохӯриравӣ ёрдам диҳем. Масалан, шумо ягон бародар ё хоҳари калонсолро дар мошинатон ба вохӯрӣ ё хизмат бурда метавонед? Аз ин кор ҳам шумо хурсандӣ мегиред, ҳам онҳо (Рум. 1:12). Вале баъзе масеҳиён аз хона баромада наметавонанд. Чӣ тавр барои онҳо дӯсти ҳақиқӣ шуда метавонед?

ДӮСТИ КАСОНЕ БОШЕД, КИ АЗ ХОНА БАРОМАДА НАМЕТАВОНАНД

Баъзе ҳамдинонамон аз пушти саломатӣ ё ба дигар сабабҳо ба вохӯриҳо рафта наметавонанд. Бародаре бо номи Дэвид гирифтори бемории лимфома шуд. Тӯли шаш моҳ ӯ кимиёдармонӣ (химиотерапия) мекард. Дар давоми табобаташ Дэвид ва занаш, Лидия, ба вохӯриҳо ба воситаи интернет пайваст мешуданд.

Аҳли ҷамоат чӣ хел онҳоро дастгирӣ кард? Баъди ҳар як вохӯрӣ баъзе бародару хоҳароне, ки дар Ибодатгоҳ буданд, ба воситаи видео бо онҳо суҳбат мекарданд. Боз, вақте Дэвиду Лидия шарҳ медоданд, бародару хоҳарон паёмак навишта, онҳоро таъриф мекарданд. Ин чӣ фоида овард? Дэвиду Лидия дигар худро он қадар танҳо ҳис намекарданд.

Хоҳари ҷавоне як хоҳари пиронсолро дар хизмати телефонӣ ҳамроҳӣ карда, ӯро рӯҳбаланд мекунад.

Бо касоне, ки аз хона баромада наметавонанд, хизмат кунед

Боз мо метавонем касонеро, ки аз хона баромада наметавонанд, ба хизмат гирем. Чӣ тавр? Агар ба тарзи хизматамон каме дигаргунӣ дарорем (Пнм. 3:27). Масалан, метавонем ҳамроҳашон ягон нома нависем ё хизмати телефонӣ кунем. Баъзе чунин бародару хоҳарон ба воситаи интернет ба вохӯриҳои мавъиза пайваст мешаванд. Дэвид ва Лидия аз ин имконият бисёр хурсанд буданд. Дэвид мегӯяд: «Дуо ва муҳокимаи кӯтоҳ бо гурӯҳамон ба мо қуввати зиёд мебахшид». Боз, агар дурусту бамаврид бошад, оё метавонед як-як омӯзандаатонро гирифта, назди чунин шахс биёед, то якҷоя хизмат кунед?

Вақте мо бо бародару хоҳароне, ки аз хона баромада наметавонанд, ҳамкорӣ мекунем, сифатҳои зебояшонро мебинем ва ба онҳо наздиктар мешавем. Масалан, вақте шумо бо чунин воизон ҳамкорӣ мекунед, шояд, пай баред, ки чӣ хел онҳо Навиштаҳоро устокорона истифода бурда, ба дили шунавандагон роҳ меёбанд. Аз ин меҳри шумо ба онҳо боз ҳам зиёдтар мешавад. Вақте шумо аҳли имонро дар корҳои рӯҳонӣ дастгирӣ мекунед, ҳалқаи дӯстонатон калонтар мешавад (2 Қӯр. 6:13).

Дастгирии дӯсташ Титус барои Павлус қуввати дил буд (2 Қӯр. 7:5–7). Аз ин мо мефаҳмем, ки эҳтиёҷмандонро на фақат бо сухан дастгирӣ кардан мумкин аст. Мо бояд дар душвориҳо дар барашон бошем, чӣ қадаре тавонем бори мушкилияшонро сабук гардонем (1 Юҳ. 3:18).

ВАҚТИ ОЗОРУ ТАЪҚИБОТ ДӮСТИ ҲАҚИҚӢ БОШЕД

Бародару хоҳарони Русия аз ин ҷиҳат намунаи зебо гузоштанд. Рӯзе кормандони полис ба хонаи бародар Сергей ва хоҳар Татяна омада, онро тагурӯ карданд. Ҳар дуи онҳоро бошад, барои пурсуков бурданд. Аввал Татянаро сар доданд ва ӯ ба хона омад. Сергей мегӯяд: «Ҳамин ки Татяна ба хона омад, як хоҳари далер назди дарамон буд. Баъдтар дӯстони дигарамон низ омадан гирифтанд ва ҳамакаса хонаро ба тартиб дароварданд».

Сергей илова мекунад: «Ба ман ҳама вақт Панднома 17:17 маъқул буд. Он ҷо гуфта мешавад: “Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст”. Ин замони озору таъқиботро ман бо қуввати худам паси сар карда наметавонистам. Яҳува ба ман дӯстони нотарсеро ато кард, ки дар сахтӣ дар барам буданд»a.

Рӯз ба рӯз бар сарамон мушкилиҳои зиёдтар омада истодаанд. Дар ин вақт кумаки дӯстон ғанимат аст. Дастгирии онҳо, хусусан, дар замони азоби азим ба мо даркор мешавад. Биёед аз ҳамин рӯз кӯшиш кунем дӯсту мададгори якдигар бошем (1 Пет. 4:7, 8).

a Аз сомонаи jw.org мақолаи «Яҳува ба онҳо дӯстони далер ҳадия кардааст»-ро (рус.) хонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан