МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10
СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем
Фикрронии Яҳува ва Исоро аз худ кунед
«Пас, чун медонед, ки Масеҳ дар тани одамӣ азоб кашид, шумо низ фикрронии ӯро аз худ кунед» (1 ПЕТ. 4:1).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Петрус фикрронии Исоро аз худ кард ва чӣ тавр мо низ чунин карда метавонем.
1, 2. Яҳуваро дӯст доштан чиро дар бар мегирад ва чӣ тавр Исо инро нишон дод?
«ХУДОЯТ ЯҲУВАРО бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми қувват ва бо тамоми ақли худ дӯст дор» (Луқ. 10:27). Исо медонист, ки ин амри муҳимтарини Шариати Мӯсо мебошад. Аҳамият диҳед, муҳаббати мо ба Яҳува аз диламон сарчашма мегирад ва он хоҳиш, ҳиссиёт, фидокорӣ ва қуввати моро дар бар мегирад. Ҳамчунин мо бояд Яҳуваро бо тамоми ақл дӯст дорем, ки он тарзи фикрамонро дар бар мегирад. Албатта, мо фикрҳои Яҳуваро пурра фаҳмида наметавонем, лекин, агар «фикрронии Масеҳро» омӯзем, бо андешаронии Яҳува беҳтар шинос мешавем, чунки Исо тарзи фикри Яҳуваро як ба як аз худ карда буд (1 Қӯр. 2:16).
2 Исо Яҳуваро бо тамоми ақл дӯст медошт. Ӯ медонист, ки Яҳува аз ӯ чӣ мехоҳад ва бо азми қавӣ онро ба амал овардан мехост. Ҳарчанд ӯ медонист, ки роҳи ҳақиқат пур аз азобу мушкилиҳост, ҳушу ёди Исо ба хости Падараш равона буд. Ӯ намегузошт, ки чизе диққаташро парешон созад.
3. Петруси расул аз Исо чиро омӯхт ва масеҳиёнро ба чӣ даъват кард? (1 Петрус 4:1).
3 Петрус ва дигар расулон имкон доштанд, ки бо Исо вақт гузаронда, фикрронии ӯро мушоҳида кунанд. Вақте Петрус аввалин номаи илҳомбахшидаашро навишт, ӯ масеҳиёнро даъват кард, ки фикрронииa Масеҳро аз худ кунанд. (1 Петрус 4:1-ро хонед.) Дар ояти асли ин оят Петрус истилоҳи ҳарбиеро истифода бурдааст. Фикрронии Масеҳ мисли аслиҳаи ҷангист зидди гуноҳ ва фикрронии ҷаҳони Шайтон. Агар масеҳӣ тарзи фикри Исоро аз худ кунад, соҳиби аслиҳаи пурзӯре мешавад (2 Қӯр. 10:3–5; Эфс. 6:12).
4. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Дар ин мақола мо фикрронии Масеҳро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ӯ пайравӣ кунем. Мо мебинем, ки 1) чӣ тавр ба фикрронии Яҳува пайравӣ карда, бо якдигар ҳамфикр шавем, 2) хоксор бошем ва 3) ба Яҳува такя карда, солимфикр монем.
ФИКРРОНИИ ЯҲУВАРО АЗ ХУД КУНЕД
5. Чӣ тавр боре Петрус зидди назари Яҳува амал кард?
5 Боре маълум шуд, ки Петрус дар як масъала бо Яҳува ҳамфикр набуд. Исо ба расулонаш гуфт, ки ӯ бояд ба Ерусалим равад, ба дасти сарварони дин супурда шавад, азоб кашад ва баъд кушта шавад (Мат. 16:21). Дар чашми Петрус Исо умеди Исроил ва Масеҳи ваъдашуда буд. Барои ҳамин, шояд, дар ақли ӯ намеғунҷид, ки Яҳува ба кушта шудани ӯ роҳ медиҳад (Мат. 16:16). Аз ин рӯ ӯ Исоро як тараф бурда, гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр намешавад» (Мат. 16:22). Азбаски дар ин масъала назари Петрус зидди назари Яҳува буд, бо Исо низ ҳамфикр набуд.
6. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки мисли Яҳува фикр мекунад?
6 Исо комилан мисли Падари осмонияш фикр меронд. Исо ба Петрус гуфт: «Аз пешам дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо» (Мат. 16:23). Эҳтимол, Петрус нияти хуб дошт, лекин Исо маслиҳати ӯро рад кард. Мо аз ин дарс мегирем. Яҳува ба Исо ҳаёти беғаму баҳорона ваъда надода буд. Аз ин воқеа Петрус дарси пурқимате гирифт: ӯ бояд бо Яҳува ҳамфикр мешуд.
7. Чӣ тавр баъдтар Петрус нишон дод, ки барои қабул кардани фикрронии Яҳува тайёр аст? (Ба расм нигаред.)
7 Баъдтар Петрус нишон дод, ки дар ҳар масъала ҳамфикри Яҳува будан мехоҳад. Бо гузашти вақт ғайрияҳудиёни бехатна халқи Худо гаштанд. Ба Петрус гуфта шуд, ки ба хонаи Корнилюси ғайрияҳудӣ рафта, мавъиза кунад. Корнилюс яке аз аввалин масеҳиёни бехатна гашт. Яҳудиён худро аз ғайрияҳудиён дур мегирифтанд. Аз ин рӯ барои аз пайи ин таъйинот шудан Петрус бояд фикрронияшро дигар мекард. Вақте ӯ фикрронии Яҳуваро дар бораи ғайрияҳудиён фаҳмид, назари худро ислоҳ кард. Дар натиҷа, ӯ «”не” нагуфта», ба он ҷо рафт (Кор. 10:28, 29). Ӯ ба Корнилюсу хонаводааш мавъиза кард ва онҳо таъмид гирифтанд (Кор. 10:21–23, 34, 35, 44–48).
Петрус ба хонаи Корнилюс медарояд (Ба сархати 7 нигаред.)
8. Аз чӣ маълум мегардад, ки мо мисли Яҳува фикр меронем? (1 Петрус 3:8).
8 Солҳо пас Петрус ба ҳамимононаш гуфт, ки «ҳамфикр бошанд». (1 Петрус 3:8-ро хонед.) Мо, ки халқи Яҳува ҳастем, ҳар як фикри Яҳуваро, ки аз Каломаш мехонем, бо ҷону дил қабул мекунем. Масалан, Исо ба пайравонаш гуфт, ки Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал монанд (Мат. 6:33). Фарз кардем, воизе аз ҷамоататон қарор мекунад, ки ягон хел хизмати пурравақтро сар кунад. Ӯро бо суханони «Ин ба ту чӣ даркор? Барои чӣ худатро ғам медиҳӣ?» дилхунук накунед, балки барои ин иқдоми некаш таъриф намуда, дастгирӣ кунед.
ХОКСОР БОШЕД
9, 10. Исо чӣ тавр намунаи олии хоксорӣ нишон дод?
9 Шаби пеш аз маргаш Исо ба Петрус ва дигар расулон дарси муҳими хоксориро ёд дод. Исо пешакӣ Петрусу Юҳанноро фиристод, то барои хӯроки шом хӯрданашон ҳама чизро тайёр кунанд. Ин охирин бор буд, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш бо шогирдонаш хӯрок мехӯрд. Петрусу Юҳанно бояд тағораву сачоқро низ тайёр мекарданд, то пеш аз хӯрокхӯрӣ пойи ҳама тоза бошад. Вале кӣ ба ин кори назарногир миён баста, пойи меҳмононро мешӯяд?
10 Исо намунаи олии хоксорӣ гузошта, кореро кард, ки одатан ғуломон мекарданд. Аз ин кори ӯ расулон ба ҳайрат омаданд. Исо ҷомаашро кашид, сачоқро дар миёнаш баст ва ба тағора об рехта, ба шустани пойи шогирдон сар кард (Юҳ. 13:4, 5). Шустани пойи 12 кас, аз ҷумла Яҳудо, ки ба ӯ хиёнат карданӣ буд, хело вақтро гирифт, лекин Исо бо сари хам ин вазифаро иҷро кард. Сипас пурсаброна ба онҳо фаҳмонд: «Оё медонед, ки бароятон чӣ кор кардам? Шумо маро “Устод” ва “Ҳазрат” меномед ва рост мегӯед, зеро ҳамин тавр аст. Агар ман — Ҳазрат ва Устоди шумо, пойҳоятонро шуста бошам, пас, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед» (Юҳ. 13:12–14).
Хоксории ҳақиқӣ аз таҳти дил мебарояд
11. Аз чӣ маълум буд, ки Петрус хоксориро омӯхтааст? (1 Петрус 5:5). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Петрус аз хоксории Исо бисёр чизҳоро омӯхт. Баъди ба осмон рафтани Исо Петрус як шали модарзодро муъҷиза карда, шифо дод (Кор. 1:8, 9; 3:2, 6–8). Ин кори ӯ диққати мардуми зиёдро ҷалб кард (Кор. 3:11). Ҳарчанд Петрус дар байни одамони обрӯпарасту мартабахоҳ калон шуда буд, бо ин муъҷизааш каттагӣ накард. Ӯ ҳама ҷалолро ба Яҳуваю Исо, ки ба ин ҳақдор буданд, равона карда, гуфт: «Ин марде, ки шумо мебинеду мешиноседаш, ба воситаи номи Исо ва ба воситаи имоне, ки ба номи ӯ дорем, бардаму бақувват шуд» (Кор. 3:12–16). Баъдтар Петрус ба масеҳиён нома навишта гуфт, ки хоксориро бар тан кунанд. Ин ба ёди кас мисоли Исоро меорад, ки сачоқро бар миёнаш баста, пойи расулонашро шуста буд. (1 Петрус 5:5-ро хонед.)
Баъди муъҷиза Петрус хоксорона ҳама ҷалолро ба Яҳува ва Исо дод. Мо низ, агар некӣ карда дар ивазаш таърифу миннатдориро интизор нашавем, хоксорӣ нишон медиҳем (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)
12. Чӣ тавр мо мисли Петрус хоксориро инкишоф дода метавонем?
12 Мо ба намунаи Петрус пайравӣ карда, хоксориро инкишоф дода метавонем. Хоксории ҳақиқӣ набояд фақат дар нӯги забон бошад, балки аз таҳти дил барояд. Иборае, ки Петрус барои хоксорӣ истифода бурд, нишон медиҳад, ки хоксорӣ ҳамчунин фикрҳои ниҳони моро дар бар мегирад. Мо ба дигарон на барои таъриф шунидан некӣ мекунем, балки аз муҳаббат ба Яҳуваю одамон. Хоксории ҳақиқӣ аз чӣ маълум мегардад? Хоҳ дигарон некиямонро пай баранд, хоҳ не, мо мехоҳем чени қувватамон ба Яҳува ва бародару хоҳарон хизмат кунем (Мат. 6:1–4).
СОЛИМФИКР БОШЕД
13. Солимфикр будан чӣ маъно дорад?
13 Солимфикр будан чӣ маъно дорад? (1 Пет. 4:7). Масеҳии солимфикр ҳамеша фикрҳои Яҳуваро ба назар гирифта, қарорҳои дуруст мебарорад. Барои ӯ чизи аз ҳама қиматтарин дар ҳаёт дӯстӣ бо Яҳува мебошад. Ӯ тан мегирад, ки ба ҳама саволҳояш ҷавоб надорад ва хоксориро дар бар карда, доимо роҳнамоии Яҳуваро мепурсадb.
14. Чӣ хел боре Петрус ба Яҳува такя карда натавонист?
14 Шаби пеш аз маргаш Исо расулонашро огоҳ кард: «Ҳамаи шумо имшаб аз ман рӯй мегардонед». Петрус бошад, дилпурона гуфт: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!» Он шаб Исо ба баъзе шогирдонаш чунин маслиҳат дода буд: «Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед» (Мат. 26:31, 33, 41). Агар Петрус ба ин маслиҳат гӯш медод, эҳтимол, далерона дар пеши ҳама Исоро тан мегирифт, лекин ӯ Устодашро «намешиносам» гуфту пушаймони зор шуд (Мат. 26:69–75).
15. Чӣ тавр Исо дар шаби маргаш солимфикрӣ нишон дод?
15 Исо пурра ба Яҳува такя мекард. Ҳарчанд ӯ комил буд, гаштаю баргашта ба Яҳува дуо мегуфт, то барои иҷрои хосташ ҷуръат дошта бошад (Мат. 26:39, 42, 44; Юҳ. 18:4, 5). Одати дуогӯйии Исо дар дили Петрус нақши якумрӣ гузошт.
16. Аз кадом рафтори Петрус маълум буд, ки ӯ солимфикриро инкишоф додааст? (1 Петрус 4:7).
16 Бо гузашти вақт Петрус ба Яҳува такя карданро ёд гирифт. Исои зиндашуда ба Петрусу дигар расулон ваъда дод, ки ба онҳо барои иҷро кардани хизматашон рӯҳи муқаддас дода мешавад, лекин то он вақт онҳо бояд дар Ерусалим интизор шаванд (Луқ. 24:49; Кор. 1: 4, 5). Ҳангоми интизор шудан Петрус чӣ кор мекард? Ӯ ва дигар масеҳиён «якдилона дуо мегуфтанд» (Кор. 1:13, 14). Баъдтар дар номаи якумаш Петрус ҳамимононро даъват кард, ки солимфикр буда, дар дуо ба Яҳува такя кунанд. (1 Петрус 4:7-ро хонед.) Оқибат, Петрус ба Яҳува такя карданро ёд гирифту сутуни ҷамоат гашт (Ғал. 2:9).
17. Чӣ хел қобилияте надошта бошем, мо бояд мунтазам чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Барои солимфикр будан мо бояд мунтазам ба Яҳува дуо гӯем. Чӣ хел қобилияте надошта бошем, мо бояд доимо ба Яҳува рӯ орем. Махсусан, вақте қарорҳои муҳим мебарорем, мо ба Яҳува дуо гуфта, роҳнамоӣ мепурсем, зеро бовар дорем, ки ӯ роҳи беҳтаринро медонад.
Петрус фаҳмид, ки ба худ такя накарда бояд доимо ба Яҳува рӯ орад. Мо низ, агар аз Яҳува роҳнамоӣ пурсем, махсусан ҳангоми қабули қарорҳои муҳим, солимфикриямонро нишон медиҳем (Ба сархати 17 нигаред.)c
18. Чӣ тавр назари Яҳуваро беҳтар фаҳмем?
18 Яҳува моро тавре офаридааст, ки ба хислатҳои ӯ пайравӣ карда тавонем. Мо барои ин Худоро сад бор шукр мегӯем (1 Мӯсо 1:26). Албатта, мо пурра ба ӯ пайравӣ карда наметавонем (Иш. 55:9). Лекин мисли Петрус мо назари Яҳуваро беҳтар фаҳмида метавонем. Барои ин биёед тарзи фикрамонро бо назари Яҳува ҷӯр карда истем, хоксор бошем ва солимфикр монем.
СУРУДИ 155 Яҳува шодии мост то абад
a Калимаи «фикрронӣ»-ро, ки дар 1 Петрус 4:1 омадааст, ҳамчунин «тарзи фикр, ният ва мулоҳиза» тарҷума кардан мумкин.
b Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи солимфикрӣ аз сомонаи jw.org ё барномаи JW Library® ба мақолаи «2 Тимотиюс 1:7. “Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳарос... додааст”», ба силсилаи «Фаҳмиши оятҳои Китоби Муқаддас» (рус.) нигаред.
c ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре пеш аз мусоҳиба бо соҳибкор дар таги дил дуо мегӯяд.