ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 март саҳ. 20-25
  • Бо имон рафтор кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо имон рафтор кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИНТИХОБИ ҶОЙИ КОР
  • ИНТИХОБИ ҲАМСАР
  • ГИРИФТАНИ ДАСТУРОТ АЗ ТАШКИЛОТ
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Шубҳаҳоятонро кушед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Қарорҳое кунед, ки писанди Яҳуваанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 март саҳ. 20-25

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12

СУРУДИ 119 Мо бояд имон дошта бошем

Бо имон рафтор кунед

«Зеро бо имон рафтор мекунем, на бо дидор» (2 ҚӮР. 5:7).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки ҳангоми қарорҳои муҳим баровардан чӣ хел аз рӯйи имон рафтор кунем.

1. Чаро Павлус ба гузашта назар карда, аз ҳаёташ розӣ буд?

МАРГИ Павлус наздик мешуд, вале ӯ тамоми ҳаёташро ба ёд оварда, қаноатманд буд. Ӯ чунин гуфт: «Масофаро тай карда, ба хати марра расидам, имонамро нигоҳ доштам» (2 Тим. 4:6–8). Павлус аз қарорҳое, ки дар хизмати Худо карда буд, розӣ буд ва дилпур буд, ки Яҳува низ аз ӯ розӣ аст. Мо ҳам мехоҳем дар зиндагӣ қарорҳои дуруст барорем ва ризои Яҳуваро соҳиб шавем. Инро чӣ хел кунем?

2. Бо имон рафтор кардан чӣ маъно дорад?

2 Павлус дар бораи худаш ва дигар масеҳиёни вафодор ин хел гуфт: «Бо имон рафтор мекунем, на бо дидор» (2 Қӯр. 5:7). Суханони Павлус чӣ маъно дошт? Одамоне, ки имон надоранд, фақат аз рӯйи чизе қарор мебароранд, ки мебинанд, мешунаванд ва ё бо дигар узвҳои ҳиссашон пай мебаранд. Вале одами имондор аз рӯйи бовараш ба Яҳува Худо қарор мебарорад. Аз рафтори чунин кас маълум аст, ки ӯ ба мукофоти Яҳува умед мебандад ва ба фоидаи маслиҳати Каломаш бовар дорад (Заб. 119:66; Ибр. 11:6).

3. Бо имон рафтор кардан чӣ баракатҳо меорад? (2 Қӯринтиён 4:18).

3 Ҳамаи мо баъзе қарорҳоро аз рӯйи чизи дидаву шунидаамон мебарорем. Вале, агар мо фақат ба чашму гӯши худ бовар кунем, ба худамон зарар мерасонем. Барои чӣ? Агар мо фақат ба чашму гӯш ва дигар узвҳои ҳисси худ бовар кунем, фиреб мехӯрем ё зидди маслиҳати Яҳува ё хости ӯ амал мекунем (Пандгӯ 11:9; Мат. 24:37–39). Аммо, вақте мо аз рӯйи имон амал мекунем, рафторамон бештар писанди Худо мешавад (Эфс. 5:10). Аз рӯйи маслиҳати Худо зиндагӣ карда, мо дили осуда ва хушбахтии ҳақиқӣ пайдо мекунем (Заб. 16:8, 9; Иш. 48:17, 18). Агар доим аз рӯйи имон рафтор кунем, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавем. (2 Қӯринтиён 4:18-ро хонед.)

4. Шахс аз куҷо медонад, ки бо имон рафтор мекунад ё бо дидор?

4 Аз куҷо фаҳмем, ки мо аз рӯйи чизи дидаамон неву аз рӯйи имон рафтор мекунем? Барои инро фаҳмидан мо аз худ бояд пурсем: «Ман дар асоси чӣ қарор мебарорам, фақат дар асоси чизе, ки мебинам? Ё вақти қарор карданам ба Яҳува такя мекунам ва ба маслиҳати ӯ гӯш меандозам?» Биёед бинем, ки чӣ тавр дар чор соҳаи зиндагиямон мо аз рӯйи имон рафтор карда метавонем: вақти интихоби ҷойи кор, вақти интихоби ҳамсар ва вақти гирифтани дастурот аз ташкилот. Дар ҳар маврид мо маслиҳатҳоеро дида мебароем, ки бо ёрии онҳо қарорҳои дуруст мебарорем.

ИНТИХОБИ ҶОЙИ КОР

5. Дар вақти интихоби кор шахс бояд чиро ба назар гирад?

5 Ҳамаамон мехоҳем, ки худамон ва аъзои оилаамонро таъмин кунем (Пандгӯ 7:12; 1 Тим. 5:8). Дар баъзе ҷойҳо кор карда, одам имкон дорад, ки ҳам хароҷоти ҳаррӯзаашро рӯпӯш кунад, ҳам барои оянда пул ҷамъ кунад. Дигар ҷойҳои кор даромадашон камтар аст. Коргарони он ҷойҳо метавонанд фақат ниёзҳои асосии оилаашонро қонеъ кунанд. Вақти интихоби ҷойи кор мо, албатта, пулашро ба назар мегирем. Вале, агар хоҳем, ки фақат аз рӯйи чизи дидаамон амал накунем, бояд дигар ҷонибҳояшро низ ба ҳисоб гирем.

6. Чӣ тавр ҳангоми интихоби кор бо имон рафтор карда метавонем? (Ибриён 13:5).

6 Агар хоҳем аз рӯйи имон рафтор кунем, мо ҳамчунин ба назар мегирем, ки ин ҷойи кор дӯстиямонро бо Яҳува суст мекунад ё не. Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё дар ин ҷойи кор аз ман талаб карда мешавад, ки ба корҳои ба Яҳува номаъқул даст занам?» (Пнм. 6:16–19). «Оё он ба парастишам зарар мерасонад? Оё дар ин ҷойи кор лозим мешавад, ки аз оилаам муддати дароз дур бошам?» (Флп. 1:10). Агар ҷавоби ин саволҳо «ҳа» бошад, қабул накардани чунин ҷойи кор аз рӯйи хирад аст, ҳатто агар кор камёфт бошад. Вақте мо аз рӯйи имон рафтор мекунем, аз қарорҳои мо як чиз аён мешавад: мо бовар дорем, ки Яҳува моро бе ризқу рӯзӣ намемонад. (Мат. 6:33; Ибриён 13:5-ро хонед.)

7, 8. Чӣ тавр як бародар аз Амрикои Ҷанубӣ бо имон рафтор кард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Биёед бинем, ки чӣ тавр бародаре бо номи Хавйерa аз Амрикои Ҷанубӣ аз рӯйи имон рафтор кард. Ӯ мегӯяд: «Ман ба ҷойи коре даромаданӣ будам, ки маошаш аз маоши пештараам ду баробар зиёд буд ва кораш ба ман маъқул буд». Вале Хавйер сахт мехост пешрав шавад. Ӯ суханашро давом медиҳад: «Пеш аз мусоҳиба бо як раиси калон ман ба Яҳува дуо гуфта, аз ӯ ёрдам пурсидам. Ман бовар доштам, ки Яҳува медонад чӣ бароям беҳтар аст. Ман мехостам ҷойи кори беҳтар ёбам, вале, агар ин кор ба пешрафти рӯҳониям монеъ мешуд, ман тайёр будам аз он даст кашам».

8 Хавйер нақл мекунад: «Ҳангоми мусоҳиба раис ба ман гуфт, ки дар ин ҷойи кор ба ман зуд-зуд лозим меояд, ки то бевақтӣ кор кунам. Ман бо мулоимӣ фаҳмондам, ки аз сабаби хизматам ин корро карда наметавонам». Хавйер аз ин ҷойи кор даст кашид. Ду ҳафта пас ӯ хизмати пешравияшро сар кард. Баъдтар худи ҳамон сол, ӯ коре ёфт, ки соатҳои корияш зиёд набуданд. Ӯ мегӯяд: «Яҳува дуоҳои маро шунид ва ба ман кореро дод, ки ба реҷаи пешравиям мувофиқ аст. Ман хеле хурсандам, охир, ин ҷойи кор имкон медиҳад, ки барои хизмат ба Яҳува ва бародару хоҳаронам вақти бештар ҷудо кунам».

Бародаре бо сару либоси корӣ, дар дасташ сарпӯш назди раисаш истодааст. Онҳо дар утоқе истодаанду раисаш ба ӯ кори баландтарро таклиф мекунад.

Агар ба шумо кори баландро таклиф кунанд, пеш аз қабул кардан бо Яҳува маслиҳат кунед, зеро ӯ медонад, ки чӣ бароятон беҳтар аст (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)


9. Шумо аз саргузашти Тресор чӣ меомӯзед?

9 Агар мо пай барем, ки ҷойи кори ҳозираамон ба мо халал мерасонад, ки аз рӯйи имон рафтор кунем, чӣ кор бояд кард? Мисоли Тресор, бародаре аз Конгоро, мебинем. Ӯ нақл мекунад: «Ман ҷойи коре ёфтам, ки дар умри кас як бор меафтад. Маошам аз маоши пештараам се баробар зиёд буд ва маро ҳама ҳурмат мекарданд». Вале Тресор пай бурд, ки ӯ зуд-зуд то бевақтӣ кор карда, бисёр вақт ба вохӯриҳо рафта наметавонад. Боз баъзе ҳамкорони Тресор ба қаллобӣ даст мезаданд. Онҳо ба Тресор фишор меоварданд, ки барои фош нагаштани қаллобияшон ӯ ба дигарон дурӯғ гӯяд. Бародарамон аз ин кор баромадан мехост, вале тарси бекорӣ ӯро намемонд. Чӣ ба ӯ қувват бахшид? Тресор мегӯяд: «Ҳабаққуқ 3:17–19-ро хонда, ман фаҳмидам, ки ҳатто агар аз даромадам монам, Яҳува ягон хел карда, ризқи маро медиҳад. Барои ҳамин ман аз ҷойи корам баромадам». Ӯ хулоса мекунад: «Бисёр корфармоён гумон мекунанд, ки одам барои ҷойи кори сердаромад аз баҳри ҳама чиз мебарояд, масалан, аз баҳри вақтгузаронӣ бо оилааш ва машғулиятҳои рӯҳонӣ. Вале ман хурсандам, ки бо Яҳува ва аҳли оилаам наздик мондам. Як сол пас бо ёрии Яҳува ман ҷойи кори доимӣ ёфтам. Ин ба ман имкон дод, ки ҳаёти одӣ ба сар бурда, барои корҳои рӯҳонӣ вақти бештар ҷудо кунам. Вақте мо Яҳуваро дар ҷойи якум мемонем, шояд, дар аввал аз бепулӣ азоб кашем, вале Яҳува ҳатман ба мо ғамхорӣ мекунад». Хулоса, вақте мо ба маслиҳатҳо ва ваъдаҳои Яҳува бовар мекунем, аз рӯйи имон рафтор карда, баракати ӯро соҳиб мешавем.

ИНТИХОБИ ҲАМСАР

10. Дар вақти интихоби ҳамсар чӣ тавр рафтор кардан аз рӯйи хирад нест?

10 Пайванди заношӯӣ атои Яҳува аст ва барои ҳамин хоҳиши оиладор шудан табиист. Вақти интихоби ҳамсар хоҳареb, шояд, чизҳои зеринро ба назар гирад: феъли бародар, афту намуд, обрӯ, вазъияти пулӣ, вазъи оилавӣ ва маъқул будан ё набуданаш. Ҳамаи ин чизҳо муҳиманд, вале, агар хоҳар фақат бо ҳамин қонеъ шавад, ӯ аз рӯйи чизи дидааш амал мекунад.

11. Ҳангоми интихоби ҳамсар мо чӣ тавр бо имон рафтор кунем? (1 Қӯринтиён 7:39).

11 Яҳува, бешак, бо бародару хоҳароне, ки дар интихоби ҳамсар ба маслиҳати ӯ гӯш медиҳанд, фахр мекунад. Чунин касон «аз ҳад ҷавон» оиладор намешаванд (1 Қӯр. 7:36). Онҳо вақти интихоби ҳамсар кӯшиш мекунанд шахсро бо чашми Яҳува баҳо диҳанд (Пнм. 31:10–13, 26–28; Эфс. 5:33; 1 Тим. 5:8). Агар ба онҳо касе пешниҳоди оиладорӣ кунад, ки Шоҳиди Яҳува нест, онҳо ба амри 1 Қӯринтиён 7:39 гӯш дода, фақат бо касе хонадор мешаванд, ки «пайрави Ҳазрат бошад». (Оятро хонед.) Онҳо аз рӯйи имон рафтор карда, дилпуранд, ки бахту шодиро Яҳува медиҳад, на ягон инсон (Заб. 55:22).

12. Аз саргузашти Роза чиро омӯхтед?

12 Пешраве бо номи Роза аз Колумбия дар ҷойи кораш ба як марде маъқул шуд. Ӯ ба хоҳарамон таваҷҷуҳ нишон медод. Ҳарчанд он мард Шоҳиди Яҳува набуд, вай ба Роза маъқул буд. Ӯ мегӯяд: «Он мард бисёр одами нағз метофт: ба одамони маҳаллаш ёрдам мекард, ҳаёти солим ба сар мебурд, бо ман меҳрубон буд. Ман мехостам шавҳари ояндаам маҳз ҳамин хел феълу хислатҳо дошта бошад, вале ӯ Шоҳид набуд». Роза илова мекунад: «Пешниҳоди ӯро рад кардан бароям душвор буд, чунки ӯ ба ман маъқул буд. Он вақт ман каме танҳоӣ мекашидам ва дар миёни ҷамоат бародари табъи диламро наёфта будам». Лекин Роза фақат аз рӯйи он чӣ ки чашмаш медид, қарор накард. Ӯ фикр кард, ки ин қарор дӯстияшро бо Яҳува суст мекунад ё не. Дар натиҷа, ӯ тамоми алоқаашро бо ин мард канд ва саргарми корҳои рӯҳонӣ гашт. Дере нагузашта, ӯро ба Мактаби воизон даъват карданд. Ҳоло бошад, ӯ пешрави махсус хизмат мекунад. Роза мегӯяд: «Яҳува диламро лабрези хушию хурсандӣ гардонд». Дар масъалаҳои ишқу муҳаббат аз рӯйи имон рафтор кардан осон нест, вале баракатҳои зиёд меорад.

ГИРИФТАНИ ДАСТУРОТ АЗ ТАШКИЛОТ

13. Вақти гирифтани дастурот баъзан мо чӣ хел рафтор мекунем?

13 Мо бисёр вақт аз ташкилот дастурот мегирем — аз пирони ҷамоат, аз нозирони ноҳиявӣ, аз филиал ё аз Ҳайати роҳбарикунанда. Чунин дастурот дар хизматамон ба Яҳува дигаргунӣ медарорад, вале гоҳе мо сабаби дода шудани онро намефаҳмем. Шояд, мо фақат ҷонибҳои манфии ин дастуротро бинем. Ҳатто чунин шуданаш мумкин аст, ки мо айббиниву айбҷӯйиро дар бародароне, ки дастурот додаанд, сар кунем.

14. Чӣ тавр ҳангоми гирифтани дастурот аз рӯйи имон рафтор кунем? (Ибриён 13:17).

14 Вақте мо аз рӯйи имон амал мекунем, бовар дорем, ки Яҳува раҳнамои ташкилоташ аст ва ӯ аз вазъият огоҳ аст. Аз ин рӯ мо бо дили шоду бо омодагӣ итоаткор мешавем. (Ибриён 13:17-ро хонед.) Мо медонем, ки бо чунин итоаткориямон пайванди якдилиро дар ҷамоат қавӣ медорем (Эфс. 4:2, 3). Мо дарк мекунем, ки ҳарчанд бародароне, ки дастурот медиҳанд, нокомиланд, Яҳува итоаткории моро баракат медиҳад (1 Подш. 15:22). Агар дар ташкилот ҳақиқатан ҳам ягон чизи ислоҳталаб бошад, Яҳува дар вақташ онро ислоҳ мекунад (Мико 7:7).

15, 16. Ба як бародар чӣ ёрдам кард, ки бо вуҷуди шубҳаҳояш бо имон рафтор карда, ба дастурот итоат кунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

15 Биёед як воқеаро дида, фаҳмем, ки аз рӯйи имон амал кардан чӣ фоида меорад. Дар Перу, ҳарчанд забони асосӣ забони испонист, бисёр одамон ба забонҳои маҳаллӣ гап мезананд. Яке аз ин забонҳои маҳаллӣ забонӣ кечуа аст. Тӯли солҳои зиёд бародару хоҳарон дар минтақаашон одамони кечуазабонро мекофтанд. Чанде пас ба хотири итоат ба қонунҳои давлат дар тарзи одамкобӣ якчанд дигаргунӣ дароварда шуд (Рум. 13:1). Баъзеҳо фикр карданд, ки ин дигаргунӣ кори хабаррасониро дар он маҳал боздошта метавонад. Вале бародарон ба ин дастурот итоат карда, пай бурданд, ки Яҳува кӯшишҳояшонро баракат дода, дар ёфтани одамони кечуазабон ба онҳо ёрӣ мерасонад.

16 Кевин ном пири ҷамоати кечуазабон мисли баъзе одамони дигар аз ин дигаргунӣ хавотир буд. Ӯ мегӯяд: «Ман мегуфтам: “Акнун чӣ хел одамони кечуазабонро меёбем?”» Кевин чӣ кор кард? Ӯ мегӯяд: «Ман Панднома 3:5-ро ба ёд овардам ва дар бораи Мӯсо фикр кардам. Ба назари аввал метофт, ки Мӯсо исроилиёнро аз Миср бароварда, бо роҳи хато мебарад. Исроилиён ба ҷойе расиданд, ки роҳи гурезашон маҳкам буд ва барои мисриён як луқмаи осон буданд. Вале Яҳува итоаткории халқашро муъҷизавор баракат дод» (2 Мӯсо 14:1, 2, 9–11, 21, 22). Кевин ба ин дигаргунӣ итоат карда, натиҷаи хубашро дид. Ӯ мегӯяд: «Яҳува моро чунон баракат дод, ки ҳайрон мондем. Пеш дар хизмат мо соатҳои дароз пиёда гашта, фақат як ё ду нафар одами кечуазабонро меёфтем. Акнун бошад, мо бештар дар маҳалҳое хизмат мекунем, ки дар он ҷо кечуазабонҳо бисёранд. Ҳозир мо суҳбатҳо, боздидҳо ва омӯзишҳои бештар сар мекунем ва ба вохӯриҳоямон одамони зиёдтар меоянд». Биёед дар ёд дорем: вақте аз рӯйи имон рафтор мекунем, Яҳува ҳатман ба мо мукофот медиҳад.

Бародару хоҳар дар хизмат бо марди кечуазабон истодаанд. Ӯ ба онҳо хонаи касеро нишон медиҳад.

Бисёриҳо ба бародару хоҳарон гуфтанд, ки одамони кечуазабонро аз куҷо ёфтан мумкин (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)


17. Мо аз ин мақола чиро фаҳмидем?

17 Мо дида баромадем, ки чӣ тавр дар се ҷониби зиндагиямон аз рӯйи имон рафтор кунем. Вале мо бояд дар тамоми соҳаҳои зиндагиямон аз рӯйи имон амал кунем. Масалан, дар интихоби вақтхушиву дамгирӣ, вақти қарорбарорӣ дар масъалаи маълумотгирӣ ё тарбияи фарзанд. Вақти қарор баровардан мо набояд фақат чизҳои ба чашм намоёнро ба назар гирем, ҳамчунин бояд дӯстиямон бо Яҳува, маслиҳатҳо ва ваъдаи ӯро дар ёд дорем: ӯ қавл додааст, ки ниёзҳои моро қонеъ мекунад. Агар чунин кунем, то абад «ба номи Худои худ Яҳува равона мешавем» (Мико 4:5).

ЧӢ ТАВР БО ИМОН РАФТОР КУНЕМ...

  • вақте ҷойи кор интихоб мекунем?

  • вақте ҳамсар интихоб мекунем?

  • вақте аз ташкилот дастурот мегирем?

СУРУДИ 156 Аз Худо дилпур хоҳам буд

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b Ҳарчанд дар ин сархат гап дар бораи хоҳар меравад, ин маълумот ба бародар низ дахл дорад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан