МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13
СУРУДИ 122 Матину устувор бошед!
Дасти Яҳува кӯтоҳ нест
«Оё дасти Яҳува кӯтоҳ аст?» (4 МӮСО 11:23).
МАҚСАД
Ин мақола боварамонро ба Яҳува бисёртар мегардонад ва моро ташвиқ мекунад, ки ба Рӯзидеҳамон такя кунем.
1. Чӣ тавр Мӯсо ҳангоми исроилиёнро аз Миср бароварданаш ба Яҳува такя мекард?
ДАР китоби Ибриён бисёр ходимони Худо номбар шудаанд, ки имони бузург доштанд. Яке аз онҳо Мӯсо буд (Ибр. 3:2–5; 11:23–25). Мӯсо вақти аз Миср баровардани исроилиён имон зоҳир кард. Ӯ аз фиръавн ва лашкараш натарсид, балки ба Яҳува такя намуда, халқро аз баҳри Сурх гузаронд ва баъдтар ба биёбон бурд (Ибр. 11:27–29). Аксари исроилиён шубҳа кардан гирифтанд, ки чӣ хел Яҳува онҳоро таъмин мекунад, вале Мӯсо то охир ба Яҳува такя намуд ва фиреб нахӯрд. Худо муъҷиза карда, халқро дар биёбони хушк бо об ва хӯрок таъмин намуд (2 Мӯсо 15:22–25; Заб. 78:23–25)a.
2. Чаро Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Оё дасти Яҳува кӯтоҳ аст»? (4 Мӯсо 11:21–23)
2 Ҳарчанд Мӯсо имони қавӣ дошт, тахминан як сол пас аз халосии муъҷизавори исроилиён дилаш дур рафтан гирифт, ки оё Яҳува ба тамоми халқ гӯшт дода метавонад. Дар ақли Мӯсо намеғунҷид, ки чӣ хел Яҳува миллионҳо одамонеро, ки дар биёбони беканор хайма задаанд, аз гӯшт сер карда метавонад. Дар ҷавоб Яҳува аз Мӯсо пурсид: «Оё дасти Яҳува кӯтоҳ аст?» (4 Мӯсо 11:21–23-ро хонед.) Ин ҷо «дасти Яҳува» гуфта, рӯҳи муқаддаси ӯ, қудраташ, дар назар дошта шудааст. Бо ин суханон Яҳува гӯё аз Мӯсо пурсид: «Ба фикрат ман он чизеро, ки гуфтам, карда наметавонам?»
3. Аз омӯхтани мисоли Мӯсо ва исроилиён мо чӣ фоида мегирем?
3 Оё боре шубҳа кардаед, ки Яҳува ниёзҳои шумо ё аҳли оилаатонро қонеъ мекарда бошад? Хоҳ ин фикр аз саратон гузашта бошад, хоҳ не, биёед фаҳмем, ки барои чӣ Мӯсо ва исроилиён шубҳа карданд, ки оё Яҳува ризқашонро дода метавонад. Баъзе принсипҳоро дида баромада, боварамон қавитар мешавад, ки дасти Яҳува ҳаргиз кӯтоҳ нест.
АЗ МӮСО ВА ИСРОИЛИЁН ОМӮЗЕД
4. Чаро мардум ба ғамхории Яҳува шубҳа карданд?
4 Биёед бо ин воқеа шинос шавем. Аллакай чанд вақт шуда буд, ки исроилиён аз Миср баромада, дар биёбон сӯйи Замини ваъдашуда сафар мекарданд. Ҳамроҳи онҳо «мардуми зиёде аз халқҳои гуногун» буд (2 Мӯсо 12:38; 5 Мӯсо 8:15). Ин мардуми зиёд ва исроилиён аз манн хӯрдан дилбазан шуда, ба Мӯсо шикоят кардан гирифтанд (4 Мӯсо 11:4–6). Мардум хӯрокеро, ки дар Миср мехӯрданд, ёд мекарданд. Мӯсо аз шикоятҳои мардум ба танг омада, фикр мекард, ки акнун бояд худаш онҳоро таъмин кунад (4 Мӯсо 11:13, 14).
5, 6. Мо аз таъсири халқҳои гуногун ба исроилиён чӣ меомӯзем?
5 Аз афташ, шикояту ношукрии халқҳои гуногун ба исроилиён ҳам гузашт. Носипосии дигарон ба мо ҳам таъсир карда метавонад ва мо аз атоҳои Яҳува ношукрӣ карда метавонем. Чӣ хел ин тавр шуданаш мумкин? Масалан, агар мо чизҳоеро, ки пеш доштем, ҳавас хӯрем ё ба он чӣ дигарон доранд, ҳасад барем. Аммо, агар мо қаноатро пеша кунем, дар ҳар ҳолату вазъият хушбахттар мешавем.
6 Исроилиён бояд ваъдаи Яҳуваро дар бораи Замини ваъдашуда дар ёд медоштанд. Яҳува гуфта буд, ки дар он ҷо серию пурӣ мешавад. Вале ин танҳо вақти ба он ҷо расидан амалӣ мегашт, на вақти сафар карданашон дар биёбон. Мо ҳам набояд дар фикри он бошем, ки дар ин дунёи бадкор аз чӣ чизҳо маҳрумем. Биёед диққатамонро ба баракатҳои ояндаи дунёи нав дӯзем. Мо ҳамчунин метавонем дар бораи оятҳое мулоҳиза ронем, ки боварамонро ба Яҳува зиёдтар мекунанд.
7. Чаро дилпурем, ки дасти Яҳува кӯтоҳ нест?
7 Шояд, шумо донистан хоҳед, ки барои чӣ Худо аз Мӯсо пурсид: «Оё дасти Яҳува кӯтоҳ аст?» Эҳтимол, Яҳува на фақат дар бораи пурқувватии дасташ гап заданӣ буд, ӯ мехост Мӯсо донад, ки дасти ёрии ӯ то куҷо мерасад. Ҳарчанд исроилиён дар биёбони дурдаст буданд, Яҳува ҳамаашонро бо гӯшт таъмин карда метавонист. Ӯ бо «дасти тавоно ва бозуи пурзӯр»-и худ қудраташро намоён кард (Заб. 136:11, 12). Мо ҳам бояд дилпур бошем, ки чӣ озмоише бар сарамон наояд, дасти кумаки Яҳува ба ҳар яки мо мерасад (Заб. 138:6, 7).
8. Чӣ кор кунем, ки хатои исроилиёнро такрор накунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Яҳува онҳоро бо гӯшт таъмин кард. Ӯ наздашон бедонаҳои бисёреро овард. Исроилиён барои ин муъҷизааш Яҳуваро шукр нагуфтанд. Ин мардуми чашмгушна нафас рост накарда, бедонаи бисёре ҷамъ оварданд. Яҳува аз ин «халқи баднафс» ба ғазаб омада, онҳоро ҷазо дод (4 Мӯсо 11:31–34). Ин барои мо намунаи ибрат аст. Мо ҳам бояд эҳтиёт шавем, ки ғуломи нафс нагардем. Хоҳ бой бошем, хоҳ камбағал, биёед пеш аз ҳама «дар осмон боигарӣ» ҷамъ кунем ва бо Яҳуваю Исо дӯстиро инкишоф диҳем (Мат. 6:19, 20; Луқ. 16:9). Агар чунин кунем, Яҳува моро бо чизи зарурӣ таъмин мекунад.
Бисёриҳо дар биёбон чӣ тавр рафтор карданд ва мо аз ин воқеа чиро меомӯзем? (Ба сархати 8 нигаред.)
9. Дар кадом ҳолатҳо ба дастгирии Яҳува шубҳа накунем?
9 Яҳува имрӯз ҳам ба халқаш дасти ёрӣ дароз мекунад. Албатта, мо аз азоби кампулӣ ва гушнагӣ эмин нестемb, вале Яҳува ҳаргиз моро танҳо намемонад. Ӯ дар ҳар як озмоиш бо дасти пурмеҳраш бар мо соя мекунад. Биёед бинем, ки чӣ тавр дар ду ҳолат мо боварамонро ба Рӯзидеҳамон Яҳува нишон дода метавонем: 1) вақте ки душвориҳои пулӣ дорем, 2) вақте ниёзҳои ояндаамонро ба нақша мегирем.
ДУШВОРИҲОИ ПУЛӢ
10. Мо бо кадом душвориҳои пулӣ рӯ ба рӯ шуда метавонем?
10 Бо наздикшавии анҷом вазъияти иқтисодии ин ҷаҳон бадтар мешавад. Нооромии сиёсӣ, ҷангҳо, офатҳои табиӣ ё вабоҳо ба мо зарар расонда метавонанд. Шояд, мо ҷойи кор, чизу чора ё хонаву дарамонро аз даст диҳем. Эҳтимол, ба мо лозим ояд, ки дар ҷойи зистамон кори нав ёбем ё барои таъмини оилаамон ба дигар ҷой кӯчем. Чӣ тавр ба дасти пурзӯри Яҳува такя намуда, қарорҳои дуруст кунем?
11. Дар вақти бепулӣ чӣ ба шумо ёрдам мекунад? (Луқо 12:29–31)
11 Як қадами асосию фоидабахш ташвиши дилатонро ба Яҳува дар дуо гуфтан аст (Пнм. 16:3). Аз ӯ хирад пурсед, то қарорҳои дуруст бароред. Аз ӯ дили осоишта пурсед, то дар бораи мушкилиятон дигар «ташвиш накашед». (Луқо 12:29–31-ро хонед.) Аз ӯ ёрӣ пурсед, то дили шукргузор ва қаноатпеша дошта бошед (1 Тим. 6:7, 8). Ҳалли мушкилиҳои пулиро аз адабиётамон кофтуков кунед. Бисёриҳо аз мақолаҳои jw.org дар бораи душвориҳои иқтисодӣ фоида гирифтанд.
12. Бо ёрии кадом саволҳо сардори оила қарори беҳтарин бароварда метавонад?
12 Баъзеҳо ба ҷойи кори нав розӣ шуда, аз оилаашон ба ҷойи дур кӯчидаанд. Вале баъдтар фаҳмиданд, ки ин қарорашон бехирадона буд. Пеш аз розӣ шудан ба кори наве на фақат фоидаи пулияшро ба назар гиред, балки зарари рӯҳонияшро низ (Луқ. 14:28). Аз худ пурсед: «Аз оилаам дур будан ба пайванди заношӯиям чӣ тавр таъсир мекунад? Оё ман мисли пештара ба ҳама вохӯриҳо рафта метавонам? Оё дар хизмат иштирок карда ё бо ҳамимонон вақт гузаронида метавонам?» Агар шумо фарзанддор бошед, боз як саволи муҳимро ба худ диҳед: «Агар ман бо фарзандонам набошам, чӣ тавр онҳоро “дар таълим ва насиҳати Яҳува” калон карда метавонам?» (Эфс. 6:4). Аз рӯйи маслиҳати Яҳува амал кунед, на аз рӯйи маслиҳати наздикон ё дӯстоне, ки принсипҳои Каломро эҳтиром намекунандc. Ба Тони, ки дар Осиёи Ғарбӣ зиндагӣ мекунад, якчанд ҷойи кори сердаромад дар хориҷа пешниҳод карданд. Вале дуо гуфтаву бо занаш маслиҳат карда, ӯ ба хулосае омад, ки ин пешниҳодҳоро рад мекунад. Ба ҷойи ин онҳо кӯшиш карданд хароҷоти оилаашонро кам кунанд. Тони ба гузашта назар карда мегӯяд: «Ман якчанд нафарро бо Яҳува шинос карда тавонистам, ин бароям шарафи нотакрор буд. Фарзандони ман роҳи ростиро дӯст медоранд. Оилаи мо фаҳмид, ки то даме мо аз рӯйи Матто 6:33 зиндагӣ мекунем, Яҳува ризқамонро мерасонад».
БА НАҚША ГИРИФТАНИ НИЁЗҲОИ ОЯНДА
13. Чӣ тавр имрӯз фикри ояндаро кунем?
13 Шояд, мо дар бораи оянда ғам хӯрда, аз худ пурсем: «Вақте ки ман калонсол шавам, аз куҷо ризқамро меёбам?» Дар чунин мавридҳо низ такяи мо ба дасти Яҳува озмуда мешавад. Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки фикри фардоро кунем ва чени қувватамон барои оянда пасандоз кунем (Пнм. 6:6–11). Охир, пул то як андоза пушту паноҳ ва мушкилкушост (Пандгӯ 7:12). Вале фикри пулу пулёбӣ набояд маркази зиндагии мо шавад.
14. Чаро вақте барои оянда пасандоз карданӣ мешавем, бояд Ибриён 13:5-ро дида бароем?
14 Исо нишон дод, ки пул ғун кардану «дар назари Худо бой» набудан бехирадона аст (Луқ. 12:16–21). Ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ мешавад (Пнм. 23:4, 5; Яъқ. 4:13–15). Мо, ки пайравони Масеҳем бо баъзе мушкилиҳои дигар дучор шуда метавонем. Исо гуфт, ки барои шогирди ӯ мондан мо бояд тайёр бошем, ки аз баҳри боигариямон бароем (Луқ. 14:33). Дар асри як бо масеҳиёни Яҳудия маҳз ҳамин хел шуд. Онҳо тайёр буданд, ки бо шодӣ аз баҳри тамоми дороияшон бароянд (Ибр. 10:34). Имрӯз бисёр бародарон барои иштирок накардан дар овоздиҳӣ ё дастгирӣ накардани ягон узви сиёсӣ пули бисёрро аз даст доданд (Ошкор. 13:16, 17). Чӣ тавр онҳо ба ин кор ҷуръат карданд? Онҳо ба ваъдаи Яҳува боварии комил доштанд: «Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам». (Ибриён 13:5-ро хонед.) Биёед фикри ояндаро кунем ва, агар ягон воқеаи ногаҳонӣ бар сарамон ояд, ба дастгирии Яҳува такя кунем.
15. Волидони масеҳӣ набояд чӣ гуна фикрронӣ дошта бошанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 Дар баъзе маданиятҳо падару модар фарзандро асосан бо умеде калон мекунанд, ки дар пиронсолӣ онҳоро таъмин кунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки падару модар бояд фарзандонашонро таъмин кунанд (2 Қӯр. 12:14). Албатта, дар сари пирӣ волидон, шояд, аз баъзе ҷиҳатҳо дастнигари кӯдаконашон шаванд ва бисёри фарзандон бо ҷону дил падару модарашонро дастгирӣ мекунанд (1 Тим. 5:4). Вале волидони масеҳӣ бояд як чизро дарк кунанд: лаззати фарзанд ба воя расондан асосан дар он нест, ки онҳо дар сари пирӣ асои дасти волидон шаванд, балки дар он аст, ки онҳо хизматгори Яҳува гарданд (3 Юҳ. 4).
Ҳамсарони фидокор, вақте дар бораи ояндаашон қарор мебароранд, принсипҳои Каломро ба назар мегиранд (Ба сархати 15 нигаред.)d
16. Чӣ тавр волидон фарзандонашонро тавре тарбия кунанд, ки худашонро соҳибӣ карда тавонанд? (Эфсӯсиён 4:28).
16 Шояд, шумо фарзандонатонро тайёр карда истодаед, ки дар оянда худро таъмин карда тавонанд. Бо намунаи худ нишон диҳед, ки чӣ тавр дар ин масъала ба Яҳува такя мекунед. Аз хурдсолӣ ба онҳо кор фармоед, то ба қадри меҳнат расанд. (Пнм. 29:21; Эфсӯсиён 4:28-ро хонед.) Вақте калонтар шаванд, ба онҳо ёрӣ расонед, ки дар мактаб талабаи хушхон гарданд. Падару модари масеҳӣ бояд ба фарзандонашон кумак расонанд, то дар масъалаи маълумотгирӣ ба қарори дуруст биёянд. Барои ин волидон бояд таҳқиқ карда, принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор баранд. Мақсади волидон бояд ин бошад, ки фарзандонашон калон шуда, худашонро соҳибӣ карда тавонанд. Ҳамзамон дар мавъиза фаъолона иштирок кунанд ва, шояд, ҳатто пешрав шаванд.
17. Мо аз чӣ дилпурем?
17 Хизматгорони содиқи Яҳува бояд аз як чиз дилпур бошанд: Яҳува метавонад ва мехоҳад ниёзҳои молии моро қонеъ кунад. Бо наздик шудани анҷом боварии мо ба Яҳува санҷида мешавад, вале чизе ки нашавад, мо аз таҳти дил ба Яҳува такя карда, бовар дорем, ки ӯ барои таъмин кардани мо қувваташро дареғ намедорад. Мо медонем, ки дасти тавоно ва бозуи пурзӯри Яҳува ҳаргиз норасову кӯтоҳ нест.
СУРУДИ 3 Қувват, умед ва такягоҳи мо
a Ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи октябри соли 2023 нигаред.
b Ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми сентябри соли 2014 нигаред.
c Ба мақолаи «Ҳеҷ кас наметавонад ба ду оғо хизмат кунад» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15-уми апрели соли 2014 нигаред.
d ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсарони фидокор аз аҳволи фарзандашон, ки бо шавҳараш дар сохтмони Ибодатгоҳ кор мекунад, пурсида меистанд.