ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 апрел саҳ. 2-7
  • Шумо ба кӣ хизмат мекунед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шумо ба кӣ хизмат мекунед?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО ИСО ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ИНТИХОБ КАРД?
  • БАРОИ ЧӢ ЯҲУВА САЗОВОРИ ПАРАСТИШИ МОСТ?
  • БАРОИ ЧӢ МО ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ИНТИХОБ КАРДАЕМ?
  • ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ДАВОМ ДИҲЕД
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 апрел саҳ. 2-7

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14

СУРУДИ 8 Яҳува паноҳгоҳи мост

Шумо ба кӣ хизмат мекунед?

«Ману хонаводаам бошем, Яҳуваро парастиш мекунем» (ЮШАЪ 24:15).

МАҚСАД

Ин мақола ба мо ёдрас мекунад, ки чаро мо хизмат ба Яҳуваро интихоб кардаем.

1. Барои хушбахт будан мо бояд чӣ кор кунем ва чаро? (Ишаъё 48:17, 18).

ПАДАРИ осмониямон моро беандоза дӯст медорад ва мехоҳад мо ҳаёти хушбахт дошта бошем (Пандгӯ 3:12, 13). Ҳарчанд ӯ ба мо ҳунару истеъдодҳои бисёр додааст, баъзе қобилиятҳоро ато накардааст. Масалан, агар одам бар одам ҳукмронӣ кунад, ин ба ҳеҷ кас хушбахтӣ намеорад. Ҳамчунин мо наметавонем худамон қарор диҳем, ки чӣ нек асту чӣ бад (Пандгӯ 8:9; Ирм. 10:23). Яҳува медонад, ки барои хушбахт шудан мо бояд ба ӯ хизмат кунем ва аз рӯйи амрҳояш зиндагӣ кунем. (Ишаъё 48:17, 18-ро хонед.)

2. Шайтон чӣ даъво намуд ва Яҳува чӣ тавр амал кард?

2 Шайтон даъво кардааст, ки одамон бе раҳнамоии Яҳува хушбахт буда метавонанд. Ӯ гуфтааст, ки инсон метавонад худаш бар худаш ҳукмрон бошад (1 Мӯсо 3:4, 5). Яҳува роҳ дод, ки дурӯғ будани ин даъвои Шайтон маълум шавад: ӯ ба одамон иҷозат дод, ки бар худашон муддате ҳукмронӣ кунанд. Мо имрӯз мебинем, ки ҳукмронии инсон бар инсон чӣ қадар зарар овардааст. Аз Навиштаҳо бошад, мо мефаҳмем, ки чӣ тавр хизматгорони Яҳува аз раҳнамоии ӯ ҳаёти хушбахт пайдо карданд. Яке аз чунин хизматгорони Худо Исои Масеҳ аст. Биёед аввал баъзе сабабҳоеро бинем, ки барои чӣ ӯ хизмати Яҳуваро интихоб намуд. Сипас мо мефаҳмем, ки чаро Падари осмониямон сазовори парастиши мост. Дар охир мо якчанд сабаберо мебинем, ки барои чӣ хизмати Яҳуваро ихтиёр кардаем.

ЧАРО ИСО ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ИНТИХОБ КАРД?

3. Шайтон ба Исо чӣ пешниҳод кард ва Исо чӣ интихобе кард?

3 Вақти дар замин буданаш Исо бояд қарор мекард, ки ба кӣ хизмат мекунад. Чанде пас аз таъмид ёфтанаш Шайтон ба ӯ тамоми подшоҳиҳои рӯйи заминро пешниҳод карда, хост, ки Исо як бор ба вай саҷда кунад. Исо дар ҷавоб гуфт: «Аз ман дур шав, эй Шайтон! Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”» (Мат. 4:8–10). Чаро Исо хизмат ба Яҳуваро интихоб намуд? Биёед баъзе сабабҳоро дида бароем.

4, 5. Чаро Исо хизмати Яҳуваро интихоб кард?

4 Сабаби асосии ба Яҳува хизмат кардани Исо муҳаббат буд. Исо ба Падараш меҳри қавиву бепоён дошт (Юҳ. 14:31). Боз чаро Исо ба Яҳува хизмат мекард? Чунки ин кори дуруст буд (Юҳ. 8:28, 29; Ошкор. 4:11). Ӯ медонист, ки Яҳува Сарчашмаи ҳаёт, Худои дасткушод ва боваринок аст (Заб. 33:4; 36:9; Яъқ. 1:17). Яҳува бо Исо ҳама вақт ростқавл буд ва ҳар чизе ки Исо дошт, атои Худо буд (Юҳ. 1:14). Шайтон бошад, сабабгори марг аст. Ӯ дурӯғгӯй, ҳасадхӯр ва худбин аст (Юҳ. 8:44). Ҳамаи инро дониста Исо ба сараш ҳатто фикреро роҳ намедод, ки мисли Шайтон рафтор карда, зидди Яҳува барояд (Флп. 2:5–8).

5 Боз як сабаби дигар буд, ки чаро Исо хизмати Яҳуваро интихоб кард. Ӯ дар бораи натиҷаи хизмат ва вафодорияш фикр мекард (Ибр. 12:2). Ӯ медонист, ки, агар вафодор монад, номи Падарашро аз доғи туҳмат пок мекунад ва барои ислоҳ кардани вайронкориҳои Шайтон роҳ мекушояд.

БАРОИ ЧӢ ЯҲУВА САЗОВОРИ ПАРАСТИШИ МОСТ?

6, 7. Чаро бисёриҳо имрӯз Яҳуваро намепарастанд, вале чаро ӯ сазовори парастиши мост?

6 Чаро одамони зиёд имрӯз ба Яҳува хизмат намекунанд? Бисёрашон дар бораи сифатҳои дилкашу зебои ӯ намедонанд. Онҳо ҳоло намедонанд, ки Яҳува дар ҳаққашон чӣ корҳое кардааст. Мардуми Атино, ки Павлус бо онҳо ҳамсуҳбат шуда буд, маҳз ҳамин хел одамон буданд (Кор. 17:19, 20, 30, 34).

7 Павлус ба шунавандагонаш фаҳмонд, ки Худои ҳақиқӣ ба ҳамаи одамон ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад. Павлус илова кард: «Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост». Худо Офаридгори мост, «ҳамаи халқҳоро ӯ аз як одам ба вуҷуд овардааст». Аз ин рӯ ӯ лоиқ аст, ки ҳама парастишаш кунанд (Кор. 17:25, 26, 28).

8. Яҳува кадом корро ҳеҷ гоҳ намекунад? Фаҳмонед.

8 Яҳува Офаридгору Соҳиби коинот аст. Аз ин рӯ ӯ метавонист одамонро маҷбур кунад, ки хизматашро ба ҷо оранд. Лекин Яҳува ҳеҷ гоҳ чунин намекунад. Ӯ дунёро пур аз далели муҳаббат ва ҳастияш кардааст, то одамони ҳар чӣ бештар дӯсти абадии ӯ шаванд (1 Тим. 2:3, 4). Барои ҳамин ӯ моро таълим додааст, ки ба дигарон дар бораи ният ва ваъдаҳои некаш гап занем (Мат. 10:11–13; 28:19, 20). Ӯ моро, халқашро, ба ҷамоатҳо тақсим намуда, пирони ғамхорро барои кумаку дастгириямон таъйин кардааст (Кор. 20:28).

9. Муҳаббати Яҳува дар чӣ дида мешавад?

9 Муҳаббати Яҳува боз дар як чизи дигар дида мешавад. Яҳува аз касоне, ки ба ӯ бовар кардан намехостанд, атоҳояшро дареғ намедошт. Тӯли ҳазорсолаҳо миллиардҳо одамон аз рӯйи қонуну қоидаҳои худ зиндагӣ мекарданд, на аз рӯйи амрҳои Худо. Вале Худои меҳрубонамон Яҳува бо атоҳояш ҳаёти онҳоро рангин месохт (Мат. 5:44, 45; Кор. 14:16, 17). Ӯ ба одамон атоҳои зиёде додааст. Масалан, онҳо оиладору фарзанддор шуда метавонанд ва аз меваҳои ширини заҳматашон лаззат бурда метавонанд (Заб. 127:3; Пандгӯ 2:24). Маълум аст, ки Яҳува тамоми одамонро дӯст медорад (2 Мӯсо 34:6). Биёед баъзе сабабҳоро ба ёд орем, ки барои чӣ мо хизмати Яҳуваро интихоб кардаем ва чӣ хел ӯ хизматгоронашро баракат медиҳад.

БАРОИ ЧӢ МО ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ИНТИХОБ КАРДАЕМ?

10. а) Сабаби асосии ба Яҳува хизмат карданамон чист? (Матто 22:37). б) Сабри Яҳува ба шумо чӣ баракат овардааст? (Забур 103:13, 14).

10 Мо ҳам мисли Исо ба Яҳува аз меҳру муҳаббати зиёд хизмат мекунем. (Матто 22:37-ро хонед.) Сифатҳои Яҳува барои мо дилкашанд. Барои мисол сабру тоқати Яҳуваро мегирем. Вақте ки исроилиён ба ӯ беитоатӣ мекарданд, Яҳува ба онҳо гуфт: «Илтимос, аз корҳои бадат даст каш» (Ирм. 18:11). Яҳува дар ёд дорад, ки мо гунаҳкорем, одами хокием. (Забур 103:13, 14-ро хонед.) Вақте дар бораи сабри Яҳува ва дигар сифатҳои зебояш андеша меронем, диламон мехоҳад, ки абадан ба ӯ хизмат кунем.

11. Боз ба кадом сабабҳо мо ба Падари осмониямон хизмат мекунем?

11 Боз ба кадом сабаб мо мехоҳем ба Яҳува хизмат кунем? Чунки ин кори дуруст аст (Мат. 4:10). Боз мо медонем, ки вафодориву истодагии мо дар хизмати ӯ натиҷаҳои нек меорад. Ба Яҳува содиқона хизмат карда, мо номашро аз туҳмат пок мекунем, исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯст ва дили Падарамонро шод мегардонем. Агар имрӯз мо хизмати Яҳуваро интихоб кунем, фардо соҳиби ҳаёти абадӣ мешавем (Юҳ. 17:3).

12, 13. Мо аз саргузашти Ҷейн ва Пэм чӣ меомӯзем?

12 Агар мо аз синни хурдсолӣ ё ҷавонӣ ниҳоли дӯстӣ бо Яҳуваро шинонем, то вақти пир шуданамон ҳам он пойдору шукуфон мемонад. Ҷейн ва Пэмa апаву хоҳар буданд. Вақте онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд, Ҷейн 11-сола буду Пен 10-сола. Падару модарашон ба ин зид набуданд, вале онҳо барои бо Шоҳидон суҳбат карданашон як шарт гузошта буданд: апаву хоҳар бояд ҳамроҳи оилаашон рӯзҳои истироҳат ба калисо раванд. Ҷейн мегӯяд: «Он чӣ Шоҳидон аз Китоби Муқаддас омӯхтанд, ба ман устуворӣ бахшид, то ба фишори ҳамсолонам муқобилат карда, ба нашъакашиву бадахлоқӣ даст назанам».

13 Вақте онҳо калонтар шуданд, ҳар дуяшон воиз гаштанд. Баъдтар онҳо хизмати пешравиро сар карданд, ҳарчанд волидони пиронсолашонро нигоҳубин мекарданд. Гузаштаро ба ёд оварда, Ҷейн мегӯяд: «Ман дар зиндагиям дидам, ки Яҳува Худои вафодор аст ва ба дӯстонаш ғамхорӣ мекунад. Дар 2 Тимотиюс 2:19 дуруст гуфта шудааст: “Яҳува касонеро, ки аз они ӯ ҳастанд, мешиносад”». Шакке нест, ки Яҳува касонеро, ки аз муҳаббат хизмати ӯро интихоб мекунанд, баракат медиҳад!

14. Чӣ тавр мо метавонем бо рафтору гуфторамон номи Яҳуваро аз туҳматҳо пок созем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

14 Мо мехоҳем номи Яҳуваро аз ҳама туҳматҳо пок созем. Мисоле меорем: тасаввур кунед, шумо дӯсти наздике доред, ки одами меҳрубон, дасткушод ва бахшанда аст. Рӯзе дар ҳаққи он дӯстатон туҳматеро мешунавед, ки гӯё ӯ одами бераҳму дурӯғгӯй аст. Шумо чӣ кор мекунед? Шумо ӯро пуштигирӣ мекунед. Ба ҳамин монанд, Шайтон ва пайравонаш дар бораи Яҳува дурӯғҳо паҳн карда, мехоҳанд номи неки ӯро сиёҳ кунанд. Мо намехоҳем дар ин ҳолат хомӯш монем. Мо овоз баланд карда, номи Яҳуваро аз дурӯғҳо тоза мекунем (Заб. 34:1; Иш. 43:10). Мо бо рафтору гуфторамон нишон медиҳем, ки аз дилу ҷон хизмати Яҳуваро интихоб кардаем.

Силсиларасм: 1. Зане гурӯҳи осиёнро мебинад, ки дар пеши анҷумангоҳ шӯриш мебардоранд. 2. Баъдтар он зан бо ду Шоҳиди Яҳува гап мезанад, ки бо аробачаи адабиётдор хизмат мекунанд.

Оё шумо номи Яҳуваро пуштигирӣ мекунед? (Ба сархати 14 нигаред.)b


15. Павлуси расул мақсадҳояшро дигар карда, соҳиби чӣ баракатҳо шуд? (Филиппиён 3:7, 8).

15 Мо мақсадҳоямонро дар зиндагӣ дигар мекунем, то хизмати Яҳуваро дурусттар ва беҳтар ба ҷо орем. Барои мисол Павлуси расулро мегирем. Ӯ барои пайрави Масеҳ ва хизматгори Яҳува шудан аз мақому мартабаи баланд дар ҷомеа даст кашид (Ғал. 1:14). Ин интихобаш самар овард. Ӯ ҳаёти пурбаракат ба сар бурда, имконияти ҳамтахти Масеҳ шуданро дар осмон соҳиб гашт. Павлус ҳеҷ гоҳ аз ин қарораш пушаймон набуд. Мо ҳам намешавем. (Филиппиён 3:7, 8-ро хонед.)

16. Мо аз саргузашти Ҷулия чиро меомӯзем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

16 Агар мо бо тамоми дилу ҷон аз пайи хизмати Яҳува шавем, ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда соҳиби зиндагии пурбаракат мегардем. Биёед мисоли хоҳареро бо номи Ҷулия дида бароем. Ҷулия аз хурдӣ, то шинохтани ростӣ дар гурӯҳи сарояндагони калисо суруд мехонд. Як сарояндаи касбии опера истеъдодашро пай бурда, ӯро таълим дод. Ҷулия ҳамчун сарояндаи боистеъдод ном баровард ва дар толорҳои номдор месароид. Вақте ӯ дар як мактаби машҳури мусиқӣ таҳсил мекард, як ҳамсинфаш ба ӯ дар бораи Худо нақл кардан гирифт. Ӯ ба Ҷулия гуфт, ки номи Худо Яҳува аст. Чанде пас Ҷулия омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ дар як ҳафта ду бор омӯзиш мекард ва оқибат қарор намуд, ки ҳаёташро на ба сарояндагӣ, балки ба хизмати Яҳува мебахшад. Ин қарор барояш осон набуд. Ӯ мегӯяд: «Бисёриҳо ба ман мегуфтанд, ки овози худододамро пушти по мезанам. Вале ман мехостам дилу ҷонамро ба хизмати Яҳува бахшам». Ҷулия имрӯз дар бораи қароре, ки 30 сол пеш карда буд, чӣ фикр дорад? Ӯ мегӯяд: «Дилам беғам аст. Ман бовар дорам, ки ба наздикӣ Яҳува тамоми орзуву армонамро ҷомаи амал мепӯшонад» (Заб. 145:16).

Силсиларасм: Дар саҳнасозӣ интихоби Ҷулия нишон дода шудааст. 1. Ӯ аз саҳна дар пеши мардуми зиёд суруд хонда истодааст. 2. Ӯву шавҳараш дар вохӯрии ҷамоат суруд хонда истодаанд.

Вақте хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонем, соҳиби ҳаёти пурбаракат мешавем (Ба сархати 16 нигаред.)c


ХИЗМАТИ ЯҲУВАРО ДАВОМ ДИҲЕД

17. Аз наздик шудани анҷом чӣ хулосаҳо баровардан мумкин?

17 Имрӯз анҷом хеле наздик аст. Павлуси расул навишта буд: «Баъд аз “андаке” “Оне, ки омада истодааст, хоҳад расид ва дер нахоҳад кард”» (Ибр. 10:37). Аз ин суханон мо чӣ хулоса мекунем? Якумаш ин ки барои интихоб кардани хизмати Яҳува вақт хеле кам аст (1 Қӯр. 7:29). Дуюмаш ин ки, агар мо хизмати Яҳуваро аллакай интихоб карда бошем, медонем, ки бо озмоишҳо дучор мешавем. Вале ин озмоишҳо фақат «андаке» давом мекунанд.

18. Яҳува ва Писараш Исо аз мо чиро хоҳонанд?

18 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки на фақат пайравӣ кардани ӯро сар кунанд, балки давом диҳанд (Мат. 16:24). Агар мо ҳам ба Яҳува солҳои сол хизмат карда истода бошем, биёед инро давом диҳем. Мо қарор кардаем, ки хизмати ӯро ба ҷо меорем. Аз рӯйи ин қарор зиндагӣ кардан осон нест, вале заҳматҳои мо ҳатто имрӯз баракату шодии бисёр ба бор меоранд (Заб. 35:27).

19. Мо аз саргузашти Ҷин чӣ меомӯзем?

19 Ба назари баъзеҳо метобад, ки барои хизматгори Яҳува шудан фидокориҳои аз ҳад зиёд кардан даркор. Шояд, шумо ҷавонеду фикр мекунед, ки хизмати Яҳуваро интихоб карда, аз бисёр чиз мемонед. Бародари ҷавоне бо номи Ҷин мегӯяд: «Ман фикр мекардам, ки Шоҳиди Яҳува будану даруни қафас зиндагӣ кардан як аст. Ба назарам метофт, ки ҳамсолонам озодии бисёр доштанд: онҳо ба ташкиливу вақтхушиҳо мерафтанд, духтарбозӣ мекарданд, дар компютер бозиҳои паррон-паррону кушокушӣ тамошо мекарданд. Вақти ман бошад, дар вохӯриҳову хизмат мегузашт». Ин фикрҳо ба Ҷин чӣ хел таъсир карданд? Ӯ мегӯяд: «Ман пинҳонӣ мисли одамони ҷаҳон рафтор кардан гирифтам. Дар аввал ин ба ман маъқул буд, вале хурсандиям дер давом наёфт. Пештар ман ба баъзе гуфтаҳои Китоби Муқаддас беаҳамиятӣ мекардам. Акнун дар бораи онҳо мулоҳиза ронда, қарор кардам, ки ба Яҳува аз таҳти дил хизмат мекунам. Аз он вақт то имрӯз ман мебинам, ки Яҳува ба ҳар як дуоям ҷавоб медиҳад».

20. Мо чӣ азм дорем?

20 Таронасаро ба Яҳува чунин гуфта буд: «Хушбахт касест, ки ту ӯро хуш карда, наздики худ мегардонӣ, то дар саҳнҳои ту сокин бошад» (Заб. 65:4). Биёед мо ҳам мисли Юшаъ бо дили пур чунин гӯем: «Ману хонаводаам бошем, Яҳуваро парастиш мекунем» (Юшаъ 24:15).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Барои чӣ Исо хизмати Яҳуваро интихоб кард?

  • Барои чӣ Яҳува сазовори парастиши мост?

  • Барои чӣ шахсан шумо хизмати Яҳуваро интихоб кардаед?

СУРУДИ 28 Дӯстӣ бо Яҳува

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b ШАРҲИ РАСМ: Зане гурӯҳи осиёнро мебинад, ки дар пеши анҷумангоҳ шӯриш мебардоранд. Баъдтар он зан бо ду Шоҳиди Яҳува гап мезанад, ки бо аробачаи адабиётдор хизмат мекунанд.

c ШАРҲИ РАСМ: Ин саҳнасозиҳо нишон медиҳанд, ки Ҷулия чиро интихоб кард: ӯ ҳаёташро ба мусиқӣ неву ба хизмати Яҳува бахшид.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан