ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 апрел саҳ. 8-13
  • «Ба Худо наздик шудан» барои мо некуст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Ба Худо наздик шудан» барои мо некуст
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «БА ХУДО НАЗДИК ШУДАН» ХУШБАХТӢ МЕОРАД
  • «БА ХУДО НАЗДИК ШУДАН» БА МО УМЕДУ ЗИНДАГИИ ПУРМАЪНО МЕБАХШАД
  • СӮЙИ ХУДО ҚАДАМ МОНДАН ГИРЕД
  • ҲАТТО ВАҚТИ ПЕШПО ХӮРДАН МО «БА ХУДО НАЗДИК» ШУДА МЕТАВОНЕМ
  • БА ХУДО ТО АБАД НАЗДИК МЕШАВЕМ
  • Ба якдигар наздик шудан бароямон некуст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Шубҳаҳоятонро кушед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 апрел саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

СУРУДИ 127 Мехоҳам ба ту дилписанд бошам

«Ба Худо наздик шудан» барои мо некуст

«Вале барои ман ба Худо наздик шудан некуст» (ЗАБ. 73:28).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ хел ба Яҳува наздик шавем ва ин чӣ баракатҳо меорад.

1, 2. а) Барои бо касе дӯсти наздик шудан чӣ кор кардан даркор аст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

ОЁ ШУМО дӯсти наздик доред? Чӣ тавр шумо ба ӯ наздик шудед? Эҳтимол, шумо ҳамроҳаш вақт гузарондед, аз мушкилиҳояш бохабар шудед, фаҳмидед, ки чӣ ба ӯ маъқул асту чӣ не. Шумо сифатҳои некашро дида, хостед аз ӯ ибрат гиред. Ҳамин тавр шумо ба дӯстатон меҳр бастед.

2 Дӯсти ҷонии касе шудан вақту заҳмати бисёр металабад. Барои ба Худоямон Яҳува наздик шудан ҳам вақт ва кӯшиш даркор аст. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ хел ба Худоямон наздик шавем ва ин кор чӣ баракатҳо меорад. Дар аввал биёед фаҳмем, ки чаро ба Дӯсти беҳтаринамон, Яҳува, наздик шудан кори хуб аст.

3. Чаро мо бояд дар бораи баракатҳои наздикшавӣ ба Яҳува фикр кунем? Мисол оред.

3 Бешак, шумо медонед, ки наздик шудан ба Яҳува кори хуб аст. Вале дар бораи фоидаҳои дӯстӣ бо Яҳува фикр карда, завқу хоҳиши ба ӯ наздик шуданамон зиёдтар мешавад (Заб. 63:6–8). Мисоле меорем: ҳамаи мо медонем, ки хӯроки солим хӯрдан, машқи ҷисмонӣ кардан, дам гирифтан ва ба қадри кофӣ об нӯшидан барои саломатӣ хуб аст. Вале бисёри одамон ба ин чизҳо беаҳамиятӣ мекунанд ва саломатияшон аз ин зарар мебинад. Дар бораи фоидаи ин одатҳо фикр карда, хоҳиши одам бисёртар мешавад, ки аз пайи саломатияш шавад. Ба ҳамин монанд, ҳамаи мо медонем, ки ба Яҳува наздик шудан бароямон хуб аст. Вале дар бораи фоидаҳои ин кор фикр карда, завқу хоҳишамон барои ба Яҳува наздик шудан меафзояд (Заб. 119:27–30).

4. Дар Забур 73:28 таронасаро чӣ ҳиссиётро баён кард?

4 Забур 73:28-ро хонед. Нависандаи Забур 73 левизодае буд, ки дар ибодатгоҳи Яҳува вазифаи навозандаро ба ҷо меовард. Аз афташ, ӯ муддати зиёде ба Яҳува хизмат карда буд. Вале ӯ лозим донист, ки ба худаш ва дигарон ёдрас кунад, ки ба Яҳува наздик шудан некуст. Баъзе аз фоидаҳои ин кор кадоманд?

«БА ХУДО НАЗДИК ШУДАН» ХУШБАХТӢ МЕОРАД

5. а) Чаро вақте ба Яҳува наздиктар мешавем, хушбахт мегардем? б) Мисол оред, ки чӣ тавр хиради Яҳува ба шумо фоида меорад ва шуморо муҳофизат мекунад (Панднома 2:6–16).

5 Ҳар қадаре ба Яҳува наздиктар шавем, хушбахттар мегардем (Заб. 65:4). Ин якчанд сабаб дорад. Масалан, ҳикмати Каломи Худоро ба кор бурда, зиндагиямонро ободтар мегардонем. Хиради Китоби Муқаддас моро аз таъсири бади дигарон ва хатоҳои ҷиддӣ эмин медорад. (Панднома 2:6–16-ро хонед.) Китоби Муқаддас беҳуда нагуфтааст: «Хушбахт касест, ки хирад пайдо кардааст ва рамузфаҳмӣ ба даст овардааст» (Пнм. 3:13).

6. Чаро забурнавис хурсандияшро гум кард?

6 Албатта, ғаму дард баъзан ба сари дӯстони Яҳува ҳам меояд. Нависандаи таронаи 73-юм ба фикрронии нодуруст фурӯ рафта, шодияшро аз даст дод. Ба назараш метофт, ки бадкорон Худо ва гуфтаҳои ӯро писанд намекунанд, вале ҳаёти беғам доранд. Ӯ аз ин ноорому асабӣ мегашт ва ба бадкорон ҳасад мебурд. Ӯ барғалат чунин фикр мекард, ки одамони золиму ҳавобаланд ҳама вақт бою бадавлат, солим ва аз ғаму азоб эминанд (Заб. 73:3–7, 12). Забурнавис чунон ғамзада гашт, ки дилаш дур рафт, ки оё хизмат ба Яҳува кори арзанда аст. Дар сари ғаму андуҳ ӯ чунин гуфт: «Пас, ман беҳуда диламро пок нигаҳ доштам ва дастонамро бо беайбӣ шустам» (Заб. 73:13).

7. Чӣ тавр аз ғаму андуҳ зӯртар бароем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

7 Забурнавис як умр побанди ғам намонд. Ӯ «ба муқаддасгоҳи бузурги Худо даромад» ва Яҳува дар он ҷо фикрронияшро ислоҳ намуд (Заб. 73:17–19). Вақте мо ғамгин бошем, Дӯсти беҳтаринамон аз ин огоҳ аст. Биёед дар чунин ҳолат ба ӯ дуо гӯем, ёрӣ пурсем ва раҳнамоияшро аз Каломаш ва ҷамоаташ қабул кунем. Он гоҳ мо аз ғаму андуҳ зӯртар мебароем. Ҳатто вақте мо дар ғаму хавотирӣ тар бошем, меҳри гарми Яҳува ба мо оромию тасаллӣ мебахшад (Заб. 94:19)a.

Левизодае дар байни қурбонгоҳи мисин ва айвони ибодатгоҳ истодааст.

Левизодае, ки Забур 73-ро навиштааст, дар «муқаддасгоҳи бузурги Худо» истодааст (Ба сархати 7 нигаред.)


«БА ХУДО НАЗДИК ШУДАН» БА МО УМЕДУ ЗИНДАГИИ ПУРМАЪНО МЕБАХШАД

8. Ба Худо наздик шудан бароямон аз кадом ҷиҳатҳо хуб аст?

8 Наздик шудан ба Худо боз аз ду ҷиҳат барои мо хуб аст. Якумаш, он зиндагии моро пурмаъно мегардонад. Дуюмаш, он бо нури умед ояндаи моро равшан месозад (Ирм. 29:11). Биёед дар ин бора бештар фаҳмем.

9. Чӣ тавр ба Яҳува наздик шудан ҳаёти моро пурмаъно мегардонад?

9 Ба Яҳува наздик шудан ҳаёти моро пурмаъно мегардонад. Бисёр одамон бовар доранд, ки Худо нест ва насли одамизод бо гузашти вақт аз байн меравад. Каломи Худоро омӯхта, ба вуҷуд доштани Офаридгор боварамон қавӣ гашт. Мо фаҳмидем, ки ҳар коре ба хотири ӯ мекунем, беҳуда нест: Худо «ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад» (Ибр. 11:6). Ҳатто имрӯз мо ба Падари осмониямон Яҳува хизмат карда, ҳаёти хушбахттар пайдо мекунем, чунки барои парастиши Яҳува офарида шудаем (5 Мӯсо 10:12, 13).

10. Дар Забур 37:29 дар бораи умедворони Яҳува чӣ гуфта шудааст?

10 Бисёр одамон ба ояндаи дур умеде надоранд. Онҳо ба кор мераванд, фарзанд ба воя мерасонанд ва барои рӯзи мабодо пул ҷамъ мекунанд. Онҳо дар бораи Худо фикр ҳам намекунанд. Хизматгорони Яҳува бошанд, ба Худояшон умед мебанданд (Заб. 25:3–5; 1 Тим. 6:17). Мо ба Худоямон наздик шуда, ба ӯ ва ваъдаҳояш бовар дорем. Чашми мо ба омадани биҳишт чор аст — дар он ҷо мо Худоямонро то абад парастиш мекунем. (Забур 37:29-ро хонед.)

11. Ба Худо наздик шудан ба мо чӣ фоида меорад ва Яҳува аз ин чӣ ҳис мекунад?

11 Ба Худо наздик шудан ба мо фоидаҳои дигар ҳам меорад. Барои мисол, Яҳува ваъда додааст, ки гуноҳҳои бандагони наздикашро мебахшад (Иш. 1:18). Аз баракати бахшоиши Яҳува мо бори гуноҳҳои пештараамонро бар гардан бардошта намегардем (Заб. 32:1–5). Ҳамчунин аз донистани он ки мо Яҳуваро хурсанд мекунем, худамон шод мешавем (Пнм. 23:15). Бешак, шумо баракатҳои дигари ба Худо наздик шуданро номбар карда метавонед. Вале чӣ кор кунем, ки минбаъд ҳам сӯйи Худо қадам мондан гирем?

СӮЙИ ХУДО ҚАДАМ МОНДАН ГИРЕД

12. Барои ба Худо наздик шудан шумо чӣ кор кардаед?

12 Агар шумо масеҳии таъмидёфта бошед, гуфтан мумкин аст, ки аллакай ба Яҳува хеле наздик шудаед. Шумо дар бораи Худоятон Яҳува ва Исои Масеҳ бисёр чизро омӯхтаед, аз гуноҳҳои пештараатон тавба намудаед, ба Худо имони қавӣ пайдо кардаед ва барои аз рӯйи хосташ амал кардан кӯшиши зиёд ба харҷ додаед. Вале барои он ки ба Худо боз ҳам наздиктар шавед, шумо бояд ин корҳоро давом диҳед (Қӯл. 2:6).

13. Кадом се кор моро ба Яҳува наздиктар мекунад?

13 Чӣ кор кунем, ки ба Яҳува наздиктар шудан гирем? Якум, мо бояд хонишу омӯзиши Китоби Муқаддасро давом диҳем. Вақти хониши Калом мақсади мо набояд фақат донистани чизҳои асосӣ дар бораи Худо бошад. Мо бояд диққат диҳем, то пай барем, ки Худо дар ҳар ҳолат аз мо чӣ мехоҳад ва аз рӯйи принсипҳои Каломаш амал кунем (Эфс. 5:15–17). Дуюм, мо бояд бодиққат назар кунем, то ҳар нишонаи муҳаббати Яҳуваро пай барем ва имонамонро бақувват созем. Сеюм, мо бояд минбаъд ҳам чизҳоеро, ки Яҳува бад мебинад, бад бинем ва бо одамоне, ки ин корҳоро мекунанд, дӯстӣ накунем (Заб. 1:1; 101:3).

14. Дар ҳаёти ҳаррӯза бо кадом корҳо Яҳуваро ҷалол дода метавонем? (1 Қӯринтиён 10:31). (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

14 1 Қӯринтиён 10:31-ро хонед. Мо бояд аз пайи корҳое бошем, ки ба Яҳува маъқуланд. Барои ин фақат иштирок дар хизмату вохӯриҳо кам аст. Мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаамон рафтори хуб дошта бошем. Масалан, агар мо дар ҳар ҷиҳат ростқавл бошем ва саховатманд шавем, дили Яҳуваро шод мегардонем (2 Қӯр. 8:21; 9:7). Яҳува ҳамчунин мехоҳад, ки мо атои ҳаётро қадр кунем. Вақте мо дар хӯрдану нӯшидан ҳадду меъёрро медонем ва саломатиямонро нигоҳубин мекунем, ба Ҳаётбахшамон Яҳува наздиктар мешавем. Вақте барои дили Яҳуваро ёфтан мо кӯшишҳои хурду калон мекунем, дар чашми ӯ азизтар мегардем (Луқ. 16:10).

Силсиларасм: Роҳҳое, ки ризои Яҳуваро соҳиб шуда метавонем. 1. Дар бехатарӣ мошин рондан: Бародаре вақти сурх шудани чароғак мошинро медорад. 2. Нигоҳубини саломатӣ: Бародаре дар гузаргоҳи боғ тез-тез қадам мемонад. 3. Хӯроки солим хӯрдан: Дар косае хӯрокҳои фоиданок. 4. Меҳмоннавоз будан: Хоҳаре ба хоҳари пиронсоле, ки дасташ осеб дидааст, гул ва хӯрок овардааст.

Баъзе роҳҳое, ки ризои Яҳуваро соҳиб шуда метавонем: вақти мошинронӣ бехатариро нигоҳ дорем, сахӣ бошем, бо варзиш машғул шудаю хӯроки солим хӯрда, саломатиямонро нигоҳ дорем (Ба сархати 14 нигаред.)


15. Яҳува мехоҳад, ки мо бо дигарон чӣ хел рафтор кунем?

15 Яҳува ҳам ба бадкорон ва ҳам ба росткорон некӣ мекунад (Мат. 5:45). Ӯ мехоҳад, ки мо ҳам бо дигарон хушмуомила бошем. Масалан, масеҳиён бояд «дар ҳаққи касе бадгӯйӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки... бо ҳамаи одамон бо мулоимӣ рафтор кунанд» (Тит. 3:2). Аз ин рӯ мо набояд касонеро, ки дину ақидаашон аз мо фарқ мекунад, аз худ паст шуморем (2 Тим. 2:23–25). Дар ҳар ҳолат бо ҳама одамон меҳрубону хушмуомила буда, мо ба Яҳува наздиктар мешавем.

ҲАТТО ВАҚТИ ПЕШПО ХӮРДАН МО «БА ХУДО НАЗДИК» ШУДА МЕТАВОНЕМ

16. Нависандаи Забур 73 як замон чӣ ҳиссиёте аз дилаш гузашт?

16 Гоҳе чунин мешавад, ки мо худро сазовори меҳри Яҳува намедонем. Бо нависандаи Забур 73 маҳз ҳамин чиз рӯй дода буд. Ӯ мегӯяд: «Ман қариб буд, ки қадамҳоям сӯйи дигар равад, кам монда буд, ки поям билағжад» (Заб. 73:2). Ба гуфти худаш дилаш «зардоб» буд ва пеши Яҳува мисли «ҷонвари бешуур», «бефаҳму нодон» гашта буд (Заб. 73:21, 22). Оё забурнавис чунин хулоса кард, ки дигар сазовори меҳри Яҳува нест? Оё ӯ ба худ чунин гуфт: «Акнун дӯстӣ бо Яҳува бароям дастнорас аст?»

17. а) Ҳатто дар лаҳзаи ториктарини ҳаёташ забурнавис чӣ кор кард? б) Мо аз саргузашти ӯ чӣ меомӯзем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

17 Агар ба назари забурнавис чунин намуда бошад, ки Яҳува ӯро тарк кардааст, чунин ҳиссиёташ дер давом накард. Ҳатто дар ториктарин лаҳзаи зиндагияш ӯ дарк намуд, ки бояд ба Худо наздик шавад. Ӯ чунин гуфт: «Аммо ҳозир доим бо туям, ту дасти ростамро маҳкам доштаӣ. Бо маслиҳати худ маро роҳнамоӣ мекунӣ ва охиру оқибат маро ба ҷалол мерасонӣ» (Заб. 73:23, 24). Биёед мо ҳам, вақте нотавону дилшикастаем, аз Кӯҳпораю Такягоҳамон, Яҳува, ёрӣ ҷӯем (Заб. 73:26; 94:18). Ҳатто агар муддате аз Яҳува як қадам дур монем, биёед ҳар чӣ зудтар сӯйи ӯ баргардем, чунки Худоямон бахшанда аст (Заб. 86:5). Биёед, хусусан, дар сахтиҳову тангиҳои ҳаёт ба Худоямон наздик шуданро бас накунем (Заб. 103:13, 14).

Силсиларасм: 1. Бародари рӯҳафтодае дар кати хобаш нишастааст. 2. Баъдтар, вақте ҷуфте дар ҷамъомад ӯро пешвоз мегиранд, ӯ табассум мекунад.

Агар ҳис кунем, ки рӯҳан суст шуда истодаем, бояд ба Яҳува бичаспему ба ӯ бисёртар хизмат кунем (Ба сархати 17 нигаред.)


БА ХУДО ТО АБАД НАЗДИК МЕШАВЕМ

18. Чаро гуфта метавон, ки ба Яҳува наздик шудан кори беохир аст?

18 Мо метавонем то абад ба Яҳува наздиктару наздиктар шавем ва ӯро беҳтару беҳтар шиносем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки хиради ӯ, дониши ӯ ва роҳҳои ӯ «бепоён аст» (Рум. 11:33). Мо то абад дар бораи Яҳува дониш гирифтан мегирем.

19. Китоби Забур моро аз чӣ дилпур месозад?

19 Дар Забур 79:13 навишта шудааст: «Мо, халқат ва рамаи чарогоҳат, туро абадан шукрона хоҳем гуфт. Мо туро аз насл ба насл ситоиш хоҳем кард». Шумо ҳам рӯз ба рӯз ба Яҳува наздиктар шуда, то абад баракатҳоро соҳиб шудан мегиред. Шумо ҳам мисли таронасаро бо дили пур чунин гуфта метавонед: «Худо қуввати дилам ва насибаам аст, то абад» (Заб. 73:26).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Барои чӣ мо бояд дар бораи фоидаҳои «ба Худо наздик шудан» мулоҳиза ронем?

  • Аз кадом ҷиҳатҳо «ба Худо наздик шудан» барои мо хуб аст?

  • Чӣ тавр мо «ба Худо наздик шудан»-ро давом дода метавонем?

СУРУДИ 32 Дар тарафи Яҳува бош!

a Ба касоне, ки муддати зиёд аз дилафсурдагӣ, хавотирӣ ва ғамгинӣ азоб мекашанд, шояд, кумаки тиббӣ даркор бошад. Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» № 1 аз соли 2023 нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан