МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17
СУРУДИ 63 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!
Мо ҳеҷ вақт танҳо нестем
«Ба ту ёрӣ медиҳам» (ИШ. 41:10).
МАҚСАД
Мо чор роҳи дастгирии Яҳуваро дида мебароем.
1, 2. а) Чаро дилпурем, ки вақти душворӣ танҳо нестем? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?
ВАҚТЕ озмоишҳои калон ба сарамон меоянд, ба назарамон метобад, ки мо дар қаиқчаи хурде дар баҳри пурмавҷ шино мекунем. Вале мо дар сахтиҳоямон тоқаву танҳо нестем. Яҳуваи меҳрубон дар азобҳои мо тамошобини беамал нест, балки ваъда медиҳад, ки дасти мададашро ба хизматгорони содиқаш дароз мекунад. Ӯ гуфтааст: «Ба ту ёрӣ медиҳам» (Иш. 41:10).
2 Дар ин мақола мо кумаки Яҳуваро дар чор ҷониб мебинем: 1) чӣ хел моро раҳнамоӣ мекунад, 2) чӣ хел моро таъмин мекунад, 3) чӣ хел моро ҳимоя мекунад ва 4) чӣ хел моро тасаллӣ мебахшад. Яҳува моро дилпур месозад, ки дар ҳаёт ба чӣ мушкилиҳое дучор наоем, ӯ ҳаргиз моро танҳо намемонад. Мо ягон вақт танҳо нестем.
ЯҲУВА МОРО РАҲНАМОӢ МЕКУНАД
3, 4. Чӣ тавр Яҳува моро роҳнамоӣ мекунад? (Забур 48:14).
3 Забур 48:14-ро хонед. Яҳува аз мо намехоҳад, ки раҳнамои худамон бошем. Ӯ чӣ тавр хизматгорони вафодорашро имрӯз раҳбарӣ мекунад? Як роҳаш бо ёрии Китоби Муқаддас аст (Заб. 119:105). Бо ёрии маслиҳатҳои Каломаш Яҳува ба мо ёрӣ мерасонад, ки қарорҳои дуруст кунемa ва сифатҳои хуберо инкишоф диҳем, ки имрӯз моро хушбахт мегардонанд ва дар оянда ҳаёти абадӣ мебахшанд. Масалан, Яҳува мегӯяд, ки аламро аз диламон барорем, дар ҳар ҷониб ростгӯву ростқавл бошем ва якдигарро аз таҳти дил дӯст дорем (Заб. 37:8; Ибр. 13:18; 1 Пет. 1:22). Вақте мо сифатҳои ба Худо маъқулро машқ медиҳем, падар, модар, ҳамсар ва дӯсти беҳтар мешавем.
4 Ғайр аз ин, Яҳува дар Каломаш саргузашти одамони воқеиро ҷой додааст, ки озмоишу хавотириҳои ба мо монанд доштанд (1 Қӯр. 10:13; Яъқ. 5:17). Вақте мо чунин саргузаштҳоро хонда, дарс мегирем ва дар зиндагиямон ба кор мебарем, мо аз ду ҷиҳат фоида мегирем. Мо мебинем, ки танҳо нестем, дигарон ҳам чунин озмоишҳо доштанд ва ба онҳо тоб оварданд (1 Пет. 5:9). Дуюмаш, мо мефаҳмем, ки ба ин озмоишҳо чӣ тавр тоб орем (Рум. 15:4).
5. Яҳува ба воситаи киҳо моро раҳнамоӣ мекунад?
5 Яҳува ҳамчунин моро ба воситаи ҳамимонон раҳнамоӣ мекунадb. Масалан, нозирони ноҳиявӣ ҷамоатҳоро зуд-зуд хабар мегиранд. Онҳо бо суханрониҳояшон имони моро қавӣ карда, пайванди пурқимати ягонагиро мустаҳкам месозанд (Кор. 15:40–16:5). Пирони ҷамоат ба ҳар як воиз ғамхорӣ мекунанд (1 Пет. 5:2, 3). Волидон фарзандонро дар роҳи Яҳува тарбия карда, ба онҳо ёрӣ мерасонанд, ки оқил шаванду одатҳои хуб пайдо кунанд (Пнм. 22:6). Хоҳарони баркамол ба хоҳарони ҷавон намунаи хуб гузошта, маслиҳатҳои ҳаётӣ медиҳанд ва онҳоро дилбардорӣ мекунанд (Тит. 2:3–5).
6. Барои аз раҳнамоии Худо манфиат гирифтан мо бояд чӣ кор кунем?
6 Чӣ тавр мо барои раҳнамоие, ки Яҳува ба мо ато кардааст, миннатдорӣ баён карда метавонем? Панднома 3:5, 6 мегӯяд: «Ба Яҳува бо тамоми дилат таваккал намо ва ба ақли худ такя накун». Агар чунин кунем, ӯ роҳҳои моро «ҳамвор хоҳад кард», мо худро аз душвориҳои зиёд нигаҳ медорем ва ҳаётамон хушбахттар мешавад. Дили мо лабрези шодию миннатдорист, ки Яҳува ба ҳар яки мо маслиҳати пурмуҳаббат медиҳад (Заб. 32:8).
ЯҲУВА МОРО ТАЪМИН МЕКУНАД
7. Яҳува чӣ тавр дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекунад? (Филиппиён 4:19).
7 Филиппиён 4:19-ро хонед. Яҳува на фақат аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба мо мадад мерасонад. Вақте мо барои ризқу рӯзӣ, пӯшоку сарпаноҳ ёфтан заҳмат мекашем, ӯ кӯшишҳоямонро баракат медиҳад (Мат. 6:33; 2 Тас. 3:12). Дар бораи чӣ хӯрдану чӣ пӯшидан фикр кардан табиист, вале Яҳува намехоҳад, ки мо дар бораи ин чизҳо аз ҳад зиёд ташвиш кашем (Мат. 6:25). Барои чӣ? Чунки Падари мо хизматгорони бовафояшро дар дами муҳтоҷӣ намепартояд (Мат. 6:8; Ибр. 13:5). Мо ба ин ваъдаи Худои Ризқдеҳамон бовар мекунем.
8. Яҳува дар ҳаққи Довуд чӣ тавр ғамхорӣ кард?
8 Ба ёд биёред, ки Яҳува чӣ тавр ба Довуд ёрдам кард. Дар айёми пуразоби гурезагияш Яҳува Довуд ва ҳамроҳонашро бе ризқу рӯзӣ намемонд. Ғамхории Яҳуваро тӯли ин қадар солҳо ба ёд оварда, Довуд мегӯяд: «Ҷавон будаму ҳоло пир шудам, вале росткореро надидам, ки партофта шуда бошад ва ё фарзандонаш нон металбида бошанд» (Заб. 37:25). Шумо ҳам, бешак, дар ҳаётатон дидаед, ки чӣ хел Яҳува ходимони бовафояшро таъмин мекунад.
9. Чӣ тавр Яҳува ҳангоми офатҳо дар ҳаққи халқаш ғамхорӣ мекунад? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
9 Яҳува ҳамчунин халқашро вақти офатҳо таъмин мекунад. Барои мисол, вақте дар асри як гушнагӣ сар зад, масеҳиёни ҳар ҷо ба бародарону хоҳарони муҳтоҷашон озуқа фиристоданд (Кор. 11:27–30; Рум. 15:25, 26). Имрӯз ҳам дар байни халқи Худо чунин дасткушодӣ дида мешавад. Вақте дар ягон ҷой ягон офати табиӣ сар мезанад, Яҳува Худои меҳрубонамон ба воситаи халқаш ба осебдидагон ёрӣ мерасонад. Ба онҳо хӯрок, пӯшок, об ва доруворӣ расонида мешавад. Гурӯҳҳои сохтмонӣ хонаҳо ва Ибодатгоҳҳои зарардидаро навсозӣ ва таъмир мекунанд. Агар касе шахси наздик ё хонаашро аз даст дода бошад, хизматгорони Яҳува ба ёрияшон шитофта, онҳоро дилбардорӣ мекунанд ва қуввати рӯҳонӣ мебахшандc.
Яҳува дар вақти офатҳо моро чӣ тавр тасаллӣ медиҳад? (Ба сархати 9 нигаред.)e
10, 11. Аз саргузашти Борис чӣ омӯхтед?
10 Яҳува ҳатто ба касоне саховатманд аст, ки ҳоло парастандаи ӯ нестанд. Мо ҳам фурсат меҷӯем ба касоне, ки ҳамдини мо нестанд, меҳрубонӣ кунем (Ғал. 6:10). Чунин некӣ дарро барои шаҳодатдиҳӣ мекушояд. Мисоли Борис ном мудири мактаберо дар Украина дида мебароем. Ҳарчанд Борис Шоҳиди Яҳува набуд, дар муносибаташ бо он талабагоне, ки Шоҳид буданд, ҳамеша меҳрубонӣ ва эҳтиром дида мешуд. Вақте Борис аз ҷойи зисташ, аз минтақаи ҷангзада, ба ҷойи бехавфи мамлакат гурехтанӣ шуд, бародарон ба ӯ ёрдам карданд. Баъдтар Борис ба Шоми ёдбуд рафт. Борис мегӯяд: «Шоҳидони Яҳува ба ман диққату таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мекарданд. Ман аз онҳо миннатдорам».
11 Хоҳ одамон ҳамдинони мо бошанд, хоҳ не, мо дар муҳтоҷияшон кумак карда, ба Падари дилсӯзамон Яҳува пайравӣ мекунем (Луқ. 6:31, 36). Мо умедворем, ки меҳру муҳаббати мо онҳоро ба роҳи рост меорад (1 Пет. 2:12). Вале натиҷааш чизе нашавад, мо некӣ карда, аз додан хушбахтии бештар мегирем (Кор 20:35).
ЯҲУВА МОРО ҲИМОЯ МЕКУНАД
12. Яҳува ба халқаш чӣ хел ҳимояро ваъда медиҳад? (Забур 91:1, 2, 14).
12 Забур 91:1, 2, 14-ро хонед. Имрӯз Яҳува ваъда медиҳад, ки ба халқаш паноҳгоҳи рӯҳонӣ медиҳад. Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки Шайтон парастиши покро олуда созад (Юҳ. 17:15). Вақте «азоби азим» сар занад, мо сад дар сад дилпурем, ки Яҳува ба ваъдааш вафо карда, моро на фақат аз зарари рӯҳонӣ, балки ҷисмонӣ ҳам ҳимоя мекунад (Ошкор. 7:9, 14).
13. Чӣ тавр Яҳува ҳар яки моро ҳимоя мекунад?
13 Яҳува чӣ тавр ҳар яки моро ҳимоя мекунад? Вақте Навиштаҳоро мехонем, Яҳува чашми моро мекушояд, то некро аз бад фарқ карда тавонем (Ибр. 5:14). Вақте аз рӯйи Каломи Худо зиндагӣ мекунем, худро аз зарари рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ нигаҳ медорем (Заб. 91:4). Яҳува моро боз ба воситаи ҷамоат ҳимоя мекунад (Иш. 32:1, 2). Бо дӯстдорону итоаткорони Яҳува рафтуомад карда, мо хурсандӣ мегирем ва ба таъсири ин ҷаҳон тобовар мешавем (Пнм. 13:20).
14. а) Чаро Яҳува моро аз ҳамаи озмоишҳо ҳимоя намекунад? б) Суханони Забур 9:10 моро ба чӣ дилпур мекунад? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
14 Дар гузашта Яҳува баъзан хизматгоронашро аз зарари ҷисмонӣ ҳимоя мекард, вале ӯ на ҳама вақт ин тавр мекунад. «Воқеаҳои ногаҳонӣ» бар сари ҳар яки мо омада метавонанд (Пандгӯ 9:11). Мо медонем, ки аз замонҳои қадим Яҳува баъзан ба озор ва ҳатто марги хизматгоронаш роҳ медод, то исбот шавад, ки Шайтон дурӯғгӯст (Айюб 2:4–6; Мат. 23:34). Имрӯз ҳам ҳамин тавр аст. Яҳува роҳи моро аз озмоишҳо тоза намекунад, вале ӯ дар ин роҳи мушкил дӯстдоронашро танҳо намемонадd (Заб. 9:10).
ЯҲУВА МОРО ТАСАЛЛӢ МЕБАХШАД
15. Чӣ тавр Яҳува моро ба воситаи дуо, Китоби Муқаддас ва ҳамимонон тасаллӣ медиҳад? (2 Қӯринтиён 1:3, 4).
15 2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед. Баъзан ғаму андуҳ ё хавотирӣ дили моро зер мекунад. Шояд, шумо айни ҳол бо мушкилии ғамоваре дучор шуда, фикр мекунед, ки танҳоед. Оё касе ғаму дарди шуморо мефаҳмад? Бале, Яҳува мефаҳмад. Ӯ на фақат аз дарди мо огоҳ аст, балки «моро дар ҳама азобу уқубатамон тасаллӣ медиҳад». Чӣ тавр? Вақте мо ба Яҳува зорӣ зада, дуо мегӯем, ӯ ба мо осоиштагии худро медиҳад, ки «аз ҳар фикр болотар аст» (Флп. 4:6, 7). Ҳамчунин аз Каломи Худо суханони пур аз муҳаббат, хирад ва умеди Яҳуваро хонда, ғами диламон мебарояд. Дар вохӯриҳо бошад, фикрҳои қувватбахши рӯҳонӣ ва суҳбати бародару хоҳарон ба мо тасалливу оромӣ медиҳанд.
16. Шумо аз саргузашти Нейтан ва Прискило чӣ омӯхтед?
16 Биёед бо саргузашти Нейтан ва Прискило аз Иёлоти Муттаҳида шинос шуда, бинем, ки чӣ хел Яҳува аз Каломаш тасалливу қувват мебахшад. Чанд сол пеш ин ду нафар ба ҷойи воизталаб кӯчиданӣ шуданд. Нейтан мегӯяд: «Мо бовар доштем, ки Яҳува кӯшишҳоямонро баракат медиҳад». Вале баъд аз он ки ба ҷойи нави хизматашон омаданд, ба душвориҳои пулӣ дучор шуданд ва саломатияшон бад шуд. Онҳо маҷбур шуданд ба хонаашон баргарданд, вале мушкилиҳои пулияшон ҳал нашуд. Нейтан ба ёд меорад: «Ман ҳайрон шудам, ки чаро Яҳува моро баракат надод, ҳатто дилам дур рафт, ки ягон хато кардам-чӣ». Аммо бо гузашти вақт Нейтан ва Прискило дарк карданд, ки Яҳува дар муҳтоҷияшон онҳоро тарк накардааст. «Дар ин вақтҳои мушкил Китоби Муқаддас мисли дӯсти хирадманде буд, ки моро тасаллӣ мебахшиду раҳнамоӣ мекард. Мо чашмамонро ба худи озмоиш неву ба кумаки Яҳува медӯхтем. Ин тарзи фикр имонамонро барои озмоишҳои оянда қавитар гардонд».
17. Чӣ тавр Яҳува Ҳелгаро тасаллӣ бахшид? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Яҳува ҳамчунин ба воситаи бародару хоҳарон моро тасаллӣ мебахшад. Чӣ тавр? Биёед мисоли хоҳарамон Ҳелгаро аз Венгрия дида бароем. Тӯли даҳсолаҳо аз сари ӯ як қатор мушкилиҳо гузашта буд. Ин озмоишҳо бо худ ҳисси ночорӣ ва беқадрӣ меоварданд. Вале гузаштаро ба ёд оварда, ӯ мебинад, ки Яҳува ба воситаи аҳли ҷамоат ӯро чӣ тавр тасаллӣ медод. Хоҳарамон менависад: «Яҳува медид, ки ман як сару сад хаёл доштам. Ман бояд кор мекардам, фарзанди беморамро нигоҳубин мекардам ва озмоишҳои дигар доштам. Ӯ дар ин ҳолатҳои камқувватӣ мададгори ман буд. Дар ин 30 соли охир як рӯз набуд, ки ӯ ваъдаашро фаромӯш карда, маро дилбардорӣ накунад. Бисёр вақт Яҳува бо даҳони бародару хоҳарон ба ман суханони пурмеҳр, боандеша ва пур аз миннатдорӣ мегӯяд. Зуд-зуд чунин мешуд, ки дар заруртарин вақт паёмак ё нома мегирифтам ё ягон сухани нек мешунидам».
Чӣ тавр Яҳува ба воситаи шумо дигаронро тасаллӣ бахшида метавонад? (Ба сархати 17 нигаред.)
18. Чӣ тавр мо дигаронро тасаллӣ бахшида метавонем?
18 Мо шарафмандем, чунки метавонем мисли Худоямон рафтор карда, дигаронро тасаллӣ бахшем. Инро чӣ тавр кунем? Мо метавонем босаброна ба онҳо гӯш диҳем, суханони тасаллибахш гӯем ва ё ягон корашонро буд кунем (Пнм. 3:27). Биёед мақсад монем, ки ҳама азияткашонро тасаллӣ бахшем, ҳатто касонеро, ки ҳоло ба Худо хизмат намекунанд. Вақте аз сари ягон ҳамсояамон ғаму ташвиш ё беморӣ мегузарад, мо онҳоро хабар мегирем, ба дардашон гӯш медиҳем ва оятҳои рӯҳбахшро аз Каломи Худо мехонем. Вақте мо аз Яҳува, «Худои ҳар тасалло», ибрат мегирем, на фақат ба ҳамдинонамон дар озмоишҳо қувват мебахшем, балки дигаронро сӯйи парастиши пок ҷалб мекунем (Мат. 5:16).
ЯҲУВА ҲАМА ВАҚТ ДАР БАРИ МОСТ
19. Яҳува барои мо чӣ кор мекунад ва мо чӣ тавр ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
19 Яҳува ҳар дақиқа дар ғами дӯстдоронаш аст. Ӯ дар талошу муборизаҳоямон моро танҳо намемонад. Яҳува мисли волиди меҳрубонест, ки ҳар дам ба фарзандонаш ғамхорӣ мекунад. Ӯ доимо парастандагони бовафояшро раҳнамоӣ, таъмин ва ҳимоя карда, тасаллӣ мебахшад. Вақте мо ба дигарон дар озмоишҳояшон дасти ёрию тасаллӣ дароз мекунем, ба Падари пурмеҳри осмониямон пайравӣ менамоем. Чи сахтиҳо ва сӯзу дарде бар сарамон наояд, диламон пур аст, ки Яҳува дар бари мост. Охир, ӯ ваъда додааст: «Натарс, зеро ман бо ту ҳастам» (Иш. 41:10). Ин ваъда диламонро ором мекунад, мо як лаҳза ҳам танҳо нестем.
СУРУДИ 107 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст
a Ба мақолаи «Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд» аз «Бурҷи дидбонӣ» 15 апрели соли 2011 нигаред.
b Ба мақолаи «Аз рӯйи раҳнамоии Яҳува амал намоед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи феврали соли 2024, сарх. 11–14 нигаред.
c Барои ёфтани хабарҳои охирин дар саҳифаи асосии сомонаи jw.org ибораи «Кумак ба осебдидагон»-ро нависед.
d Ба «Саволҳои хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи феврали соли 2017 нигаред.
e ШАРҲИ РАСМ: Бародарони Малави, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, ёрии моддию рӯҳонӣ гирифта истодаанд.