МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ
Дилатонро тайёр кунед
Вақти омӯхтани Китоби Муқаддас мо мехоҳем, ки фикрҳои Яҳува ба дили мо кора кунанд. Дар ин маврид Эзро намунаи беҳтарин аст, зеро ӯ «дилашро тайёр кард, ки Шариати Яҳуваро омӯзад» (Эзро 7:10). Чӣ тавр мо диламонро тайёр карда метавонем?
Дуо гӯед. Ҳар як омӯзишро бо дуо сар кунед. Аз Яҳува кумак пурсед, то ба чизҳои хондаатон сарфаҳм раведу онҳоро ба кор баред (Заб. 119:18, 34).
Хоксор бошед. Яҳува ҳақиқаташро ба касони мағрур намекушояд, ба касоне, ки ба хиради худашон такя мекунанд (Луқ. 10:21). Барои қоил кардани дигарон таҳқиқ накунед. Агар фикррониятон бо фикрҳои Яҳува мувофиқ наояд, хоксорона онро дигар кунед.
Сурудҳоямонро гӯш кунед. Мусиқӣ қувваи бузург дорад ва метавонад ба дилатон роҳ кушояд. Барои ҳамин, агар пеш аз омӯзиш ягон сурудамонро гӯш кунед, дари дилатон барои таълими Яҳува боз мешавад.