САРГУЗАШТ
«Ин ҷанги Яҳува аст»
ЯК РӮЗИ хунуки зимистон, 28-уми январи соли 2010, ман дар шаҳри Страсбурги зебоманзари Фаронса қарор доштам. Вале мақсади ман сайругашт набуд. Ман бо гурӯҳи ҳуқуқие барои намояндагӣ кардани Шоҳидони Яҳува дар пеши «Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар (САҲБ)» омада будам. Гап сари он мерафт, ки ҳукумати Фаронса аз созмони мо андози хеле калонро талаб мекард — қариб 64 миллион евро (89 000 000 доллари амрикоӣ). Аммо гап фақат сари пул набуд. Ин ҷо масъалаи номи Яҳува, обрӯйи халқи ӯ ва ҳуқуқи Худоро парастиданашон, ҳал мешуд. Чизе ки дар он мурофиа он рӯз рӯй дод, исбот кард, ки «ин ҷанги Яҳува аст» (1 Подш. 17:47). Биёед каме фаҳмонам.
Ин ҳамааш соли 1999-ум сар шуд, вақте ҳукумати Фаронса ба хайрияҳое, ки ба филиали Фаронса аз солҳои 1993 то 1996 омаданд, андози ғайриқонунӣ баст. Барои барқарор кардани адолат мо ба додгоҳҳои Фаронса муроҷиат кардем, вале ин натиҷае наовард. Баъд аз он ки мо дар суди апеллятсионӣ бой додем, ҳукумат аз суратҳисоби бонкии ташкилот беш аз чору ним миллион евроро (6 300 000 доллари амирикоӣ) кашида гирифт. Умеди охиринамон «Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар» буд. Вале пеш аз он ки «САҲБ» қарорашро барорад, аз мо талаб кард, ки бо гурӯҳи ҳуқуқшиносони ҳукумат барои ба як маслиҳат омадан вохӯрем. Дар он вохӯрӣ намояндаи «САҲБ» низ ҳузур дошт.
Мо фикр мекардем, ки намоянда ба мо фишор меорад, ки бо ҳукумати Фаронса ба як қарор биёем ва як қисми пули талабшударо супорем. Вале мо медонистем, ки ҳатто агар як евро супорем, принсипҳои Каломро вайрон мекунем. Охир, бародару хоҳарон барои дастгирӣ кардани кори Подшоҳӣ хайрия кардаанд ва ин пул ба ҳукумат тааллуқ надорад (Мат. 22:21). Вале талаби судро ҳурмат карда, мо ба он вохӯрӣ омадем.
Мо бо гурӯҳи бародарон дар назди бинои «САҲБ», соли 2010
Мо дар яке аз нишастгоҳҳои бодабдабаи суд вохӯрдем. Аввали мурофиа ба дили мо нашуд. Аз суханони аввали намоянда маълум гашт, ки ӯ мехоҳад Шоҳидони Яҳува як қисми андози талабкардаро ба ҳукумати Фаронса супоранд. Ногоҳ ба сари мо як фикр омад ва мо аз ӯ пурсидем: «Оё шумо медонед, ки ҳукумат аллакай аз суратҳисоби ташкилотамон беш аз чору ним миллион евроро кашида гирифтааст?»
Аз шунидани ин ҳуш аз сари намоянда парид. Вақте гурӯҳи ҳуқуқшиносони ҳукумат гапи моро тасдиқ карданд, муносибати намоянда ба ин масъала тамоман дигар шуд. Ӯ ҳуқуқшиносонро сарзаниш карда, мурофиаро бармаҳал хотима бахшид. Ман ҳамон замон дарк кардам, ки Яҳува ба таври ғайричашмдошт амал карда, вазъиятро ба дасти худ гирифт. Мо аз ин тавр ранг гирифтани воқеа ҳайрон будем ва аз он вохӯрӣ бо рӯҳи болида баромадем.
30-юми июни соли 2011 «САҲБ» ба фоидаи мо қарори якдилона баровард. Он андозеро, ки ҳукумат баста буд, бекор кард ва фармон дод, ки тамоми пулеро, ки он аз ташкилотамон ситондааст, бо фоидааш баргардонад. Ин қарори таърихӣ то имрӯз парастиши покро дар Фаронса ҳимоя мекунад. Як саволаки хурд мисли санге, ки ба пешонии Ҷолёт омада зад, майдони муҳорибаро ранги дигар бахшид. Ин саволе, ки ногаҳон ба сари мо омад, аз ҷониби Яҳува буд. Довуд дуруст гуфта буд: «Ин ҷанги Яҳува аст» (1 Подш. 17:45–47).
Ин ғалабаи мо ҳам аз ҷониби Яҳува буд. То имрӯз бо вуҷуди муқобилати қудратҳои сиёсӣ ва динӣ судҳои олии 70 мамлакат ва якчанд додгоҳи байналмилалӣ ба фоидаи Шоҳидони Яҳува 1225 қарор баровардаанд. Ин ғалабаҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои бунёдии моро ҳимоя мекунанд. Ба монанди мавқеи қонунӣ доштани дини мо, ҳуқуқи мавъиза кардан, ҳуқуқи иштирок накардан дар чорабиниҳои сиёсию ватанпарастӣ ва ҳуқуқи даст кашидан аз табобати хунӣ.
Чӣ хел шуд, ки ман дар идораи марказии Шоҳидони Яҳува, дар Ню-Йорки Амрико, хизмат карда, барои мурофиаи судие ба Аврупо омадам?
ТАРБИЯИ МИССИОНЕРОНИ БОҒАЙРАТ
Падарам Ҷорҷ ва модарам Люсил синфи 12-уми Мактаби Ҷилъодро хатм карда, дар Эфиопия хизмат кардан гирифтанд. Ман дар он ҷо, соли 1956, ба дунё омадам. Онҳо маро ба хотири воизи боғайрати асри як Филип ном монданд (Кор. 21:8). Соли дигараш ҳукумат фаъолияти Шоҳидонро манъ кард. Ҳарчанд ман бисёр хурдсол будам, то ҳол дар ёд дорам, ки чӣ тавр падару модарам пинҳонӣ Яҳуваро парастиш мекарданд. Ин дар чашми мани хурдакак бисёр ҳаяҷонбахш метофт. Вале афсӯс, соли 1960 ҳукуматдорон моро аз мамлакат пеш карданд.
Нейтан Норр (аз кунҷи тарафи чап) дар меҳмонии оилаи мо дар Аддис-Абеба (Эфиопия), соли 1959
Вақте волидонам ба шаҳри Уичитои штати Канзаси ИМА кӯчиданд, онҳо бо худ як чизи махсусе оварданд. Ғайрати нотакрори миссионерияшонро. Онҳо аз рӯйи гуфтаҳои Худо зиндагӣ мекарданд ва меҳри Яҳуваро дар дили ҳар се фарзандашон ҷо карданд. Апаам Ҷуди ва додарам Лесли низ дар Эфиопия таваллуд шуда буданд. Ман дар синни 13-солагӣ таъмид гирифтам. Се сол пас бошад, оилаамон ба ҷойи воизталаб, ба шаҳри Арекипаи Перу, кӯчид.
Соли 1974, вақте ман 18-сола будам, филиали Перу ману чор бародари дигарро пешрави махсус таъйин кард. Мо бояд дар ҷойи бевоиз, дар кӯҳистони Анди Марказӣ, хизмат мекардем. Мо ба одамони зиёд, аз ҷумла ба мардуми таҳҷоии кечуазабону аймаразабон ҳамсуҳбат мешудем. Мо дар хоначаи чархдор сафар мекардем ва онро бо як меҳр «киштии Нӯҳ» меномидем, чунки афташ қуттишакл буд. Ман аз он замони хизматам хотираҳои ширин дорам. Дар ёд дорам, ки чӣ тавр ба одамони таҳҷоӣ мефаҳмондем, ки Яҳува ба наздикӣ камбағалӣ, беморӣ ва маргро яктарафа мекунад (Ошкор. 21:3, 4). Дар он ҷо бисёри одамон хабари Подшоҳиро қабул карданд.
«Киштии Нӯҳ», соли 1974
БА ИДОРАИ МАРКАЗӢ МЕРАВАМ
Соли 1977 бародар Алберт Шрёдер, узви Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува, ба Перу ташриф овард. Ҳангоми ташрифаш ӯ маро ташвиқ кард, ки варақаи хизмат дар Байт-Илро пур кунам, то дар идораи марказӣ хизмат карда тавонам. Ман ҳамин тавр кардам ва дере нагузашта, 17-уми июни соли 1977, ман хизматамро дар Байт-Или Бруклин сар кардам. Тӯли чор сол ман дар шуъбаи тозагӣ ва шуъбаи таъмир хизмат кардам.
Рӯзи тӯямон, соли 1979
Июни соли 1978 дар анҷумани байналмилалии шаҳри Орлеани Нав (штати Луизиана) ман хоҳареро бо номи Элизабет Аваллон вохӯрдам. Падару модари ӯ ҳам мисли волидони ман як ба як аз рӯйи ростии Калом зиндагӣ мекарданд ва ӯро дар роҳи ростӣ калон карда буданд. Он вақт Элизабет чор сол шуда буд, ки пешрави доимӣ хизмат мекард ва хизмати пурравақтро мақсади якумрии худ гардонида буд. Мо дар тамос мондем ва дере нагузашта ба якдигар ошиқ шудем. Мо 20-уми октябри соли 1979 оиладор шудем ва дукаса дар Байт-Ил хизмат кардан гирифтем.
Аввалин ҷамоате, ки мо дукаса дар он хизмат кардем, ҷамоати испонизабони Бруклин буд. Бародару хоҳарони он ҷо дари дилашонро барои мо боз карданд. Тӯли якчанд соли навбатӣ се ҷамоати дигар моро гарм пазироӣ намуду хизмати моро дар Байт-Ил дастгирӣ кард. Мо дастгирии онҳоро бисёр қадр мекунем. Мо ҳамчунин аз дӯстону аҳли оилаамон сипосгузорем, ки падару модарамонро дар сари пирияшон нигоҳубин мекарданд.
Ходимони Байт-Ил, ки дар ҷамоати испонии Бруклин хизмат мекарданд, соли 1986
ҶАНГИ ЯҲУВА ДАР МАЙДОНИ ҲУҚУҚӢ
Январи соли 1982 маро ба шуъбаи ҳуқуқии Байт-Ил таъйин карданд. Ман аз ин ҳайрон шудам. Се сол пас бародарон аз ман хоҳиш карданд, ки дар мактаби ҳуқуқӣ таҳсил карда, соҳиби гувоҳномаи адвокатӣ шавам. Дар он ҷо ман бисёр чизҳои аҷоибро фаҳмидам. Масалан, ман фаҳмидам, ки дар озодиҳои ҳуқуқие, ки одамони Иёлоти Муттаҳида ва дигар мамлакатҳо соҳибанд, Шоҳидони Яҳува бо ғалабаҳои ҳуқуқии худ саҳми калон гузоштанд. Мо ин мурофиаҳои Шоҳидонро дар синфхонаамон як ба як дида мебаромадем.
Соли 1986, дар 30-солагиям, маро нозири шуъбаи ҳуқуқӣ таъйин карданд. Азбаски ман ҷавон будам, ҷиддияти ин таъйинот дар ақли ман намеғунҷид. Вале ман ҳис мекардам, ки ҳам шарафёб гаштаам, ҳам масъулияти калоне бар гарданам гузошта шудааст.
Соли 1988 ман гувоҳномаи адвокатиямро гирифтам, вале аз баъзе хатарҳо бехабар будам. Ман аз ин дастовардам мағрур шудаму дӯстиям бо Яҳува сусттар гашт. Маълумоти олӣ метавонад шахсро мансабталошу ҳавобаланд созад. Шахс ба чунин фикр омада метавонад, ки, агар дар ягон соҳа дониш дошта бошад, аз дигарон як сару гардан боло аст. Хушбахтона, Элизабет ба мадади ман расид. Бо ёрии ӯ ман реҷаи рӯҳониеро, ки пеш аз мактаби ҳуқуқӣ доштам, барқарор намудам. Барои ин чанд вақт даркор шуд, аммо ман оҳиста-оҳиста ба по хестам. Ман аз таҷрибаи худам медонам, ки дар ягон соҳа кордону коршинос будан дар зиндагӣ чизи асосӣ нест. Арзиши зиндагӣ дар он аст, ки дӯстдори Яҳува ва халқаш бошем.
АЗ ПАЁМИ РОСТӢ ПУШТИБОНӢ МЕКУНЕМ
Баъд аз хатми мактаби ҳуқуқӣ ман аз пайи корҳои ҳуқуқии ташкилот шудам. Мо барои кумаки ҳуқуқӣ расондан ба бародару хоҳарон, амнияти ҳуқуқии ташкилотамонро таъмин кардан ва ҳуқуқи мавъизаамонро пуштибонӣ кардан чораҳо андешидем. Масалан, дар аввали солҳои 1990-ум аз шуъбаи ҳуқуқӣ хоҳиш карданд, ки дар даровардани як дигаргунӣ кумак расонанд. Мо пеш вақти тақсим кардани адабиёт хайрия мепурсидем, вале баъдтар ин кор бас карда шуд. Ин қарор то имрӯз моро аз андозҳои зиёдатӣ ҳимоя мекунад ва корро дар Байт-Ил ва мавъиза осон мекунад. Баъзеҳо гумон карданд, ки аз пушти ин қарор мо зарари калони моддӣ мебинем ва ин хизматамонро бозмедорад, вале баръакс шуд. Аз соли 1990 сар карда шумораи хизматгорони Яҳува дучанд шуд ва одамон хӯроки наҷотбахши рӯҳониро бепул дастрас карда метавонанд. Ман бо чашмони худ дидам, ки танҳо бо қуввати Яҳува ва раҳнамоии ғуломи боваринок чунин дигаргуниҳо дароварда мешуданд (2 Мӯсо 15:2; Мат. 24:45).
Ғалабаҳои судӣ фақат бо заҳмати ҳуқуқшиносон ба даст намеоянд. Бисёр вақт дар ин рафтори неки бародару хоҳарон ҳам саҳм мегузорад. Масалан, боре соли 1998 се узви Ҳайати роҳбарикунанда бо ҳамсаронашон ба анҷуманҳои махсуси Куба ташриф оварданд. Мо бо ҳукуматдорон чандин бор вохӯрда, дар масъалаи бетарафии сиёсиямон гап зада будем. Вале одобу рафтори се узви Ҳайати роҳбарикунанда ва ҳамсаронашон ба ҳукуматдорон аз суханони мо таъсири бештар кард.
Вале, вақте бо маслиҳат масъалаҳои ҳуқуқиро ҳал карда намешавад, мо дар судҳо аз хушхабар пуштибонӣ мекунем. Мекушем ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст орем (Флп. 1:7). Масалан, тӯли даҳсолаҳо ҳукуматдорон дар Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ҳуқуқи аз хизмати ҳарбӣ даст кашидани Шоҳидонро эътироф намекарданд. Дар натиҷа, бисёр бародарони мо ба сабаби даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ ба зиндон андохта шуданд. Дар Аврупо шумораи ҷамъулҷамъи онҳо 18 000 нафарро ташкил медиҳад ва дар Кореяи Ҷанубӣ 19 000 нафар.
Ниҳоят 7-уми июли соли 2011 «САҲБ» қарори таърихӣ баровард. Дар мурофиаи «Баятян зидди Армения» суд қарор баровард, ки дар саросари Аврупо имкони хизмати алтернативӣ фароҳам оварда шавад. Баъдтар бошад, 28-уми июни соли 2018 «Суди Конститутсионии Кореяи Ҷанубӣ» қарори ба ин монандро баровард. Вале, агар як қисми бародарон зидди эътиқоди худ амал карда, ба хизмати ҳарбӣ розӣ мешуданд, мо ба ин ғалабаҳо ноил намешудем.
Шуъбаи ҳуқуқии идораи марказӣ ва филиалҳои гуногун арақи ҷабин мерезанд, то аз кори Подшоҳӣ пуштибонӣ кунанд. Барои мо намояндагӣ кардани бародару хоҳароне, ки барои имонашон аз тарафи давлат муқобилат мебинанд, як шараф аст. Дар чунин мурофиаҳо хоҳ мо ғалаба ба даст орем, хоҳ не, кӯшишҳои мо барои ҳокимону подшоҳони тамоми халқҳо шаҳодат мешавад (Мат. 10:18). Доварон, намояндагони ҳукумат, коргарони расонаҳо ва дигар одамон оятҳоеро, ки мо дар ҳуҷҷатҳою баромадҳоямон меорем, мебинанду мешунаванд. Одамони дилсоф мефаҳманд, ки Шоҳидони Яҳува кистанд ва онҳо ба чӣ бовар мекунанд. Баъзе аз ин одамон ҳамимони мо гаштанд.
ЯҲУВАРО ШУКР!
Тӯли 40 соли охир ман шарафманд будам, ки бо филиалҳои гуногуни ташкилот ҳамкорӣ кунам. Ман дар судҳои олии бисёр мамлакатҳо ва дар пеши бисёр мансабдорон ҳузур доштам. Ман ҳамкоронамро дар шуъбаи ҳуқуқии идораи марказӣ ва шуъбаҳои ҳуқуқии филиалҳои тамоми дунё хеле дӯст медорам ва онҳоро қадр мекунам. Ҳаёти ман пур аз баракату маъно аст.
Занам Элизабет гирифтори бемориест, ки саломатияшро суст ва қувваташро кам мегардонад. Бо вуҷуди ин тӯли 45 соли охир ҳамсари меҳрубону ғамхорам маро дастгирӣ карда, дар шириниву талхиҳои зиндагӣ дар барам буд. Барои ин кораш ман аз ӯ аз замин то осмон миннатдорам.
Мо бо чашмони худ дидем, ки қуввату ғалабаҳое, ки соҳиб гаштем, аз қобилиятҳоямон набуданд. Чуноне ки Довуд гуфт: «Яҳува қуввати халқи худ аст» (Заб. 28:8). Дар ҳақиқат, «ин ҷанги Яҳува аст».