ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 июл саҳ. 20-25
  • Оё шумо қаноатмандиро омӯхтед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо қаноатмандиро омӯхтед?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ШУКРГУЗОРИРО ИНКИШОФ ДИҲЕД
  • ХОКСОР МОНЕД ВА БА КОРИ ЯҲУВА ДИҚҚАТ КУНЕД
  • ДАР БОРАИ УМЕДАТОН МУЛОҲИЗА РОНЕД
  • «ТАРСГОРОНИ Ӯ КАМӢ НАХОҲАНД ДОШТ»
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Оё шумо ростиро аз дурӯғ фарқ мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 июл саҳ. 20-25

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

СУРУДИ 155 Яҳува шодии мост то абад

Қаноат карданро ёд гиред

«Дар ҳар вазъу шароит қаноат карданро ёд гирифтаам» (ФЛП. 4:11).

МАҚСАД

Мо мебинем, ки бо чанд роҳ қаноатмандиро инкишоф дода метавонем: миннатдориро инкишоф додан, ба чизҳои муҳим диққат додан, хоксор будан ва дар бораи умеди ояндаамон андеша рондан.

1. Одами қаноатманд чӣ гуна аст ва чӣ гуна нест?

ОЁ ШУМО одами қаноатпешаед? Чунин кас бо чизҳои доштааш шукр карда, дили шоду ором дорад. Ӯ бо аламу ғазаб дар бораи чизҳои надоштааш фикр намекунад. Бо вуҷуди ин ӯ одами бепарво нест. Масалан, ӯ барои бештар ба Яҳува хизмат кардан имкониятҳои нав меҷӯяд (Рум. 12:1; 1 Тим. 3:1). Вале, агар ӯ таъйинотҳои мехостаашро ба зудӣ соҳиб нашавад, зиқ намешавад.

2. Агар одам қаноатро пеша накунад, оқибаташ чӣ мешавад?

2 Қаноат накардан оқибати бад дорад. Одаме, ки бо дода қаноат намекунад, шабу рӯз аз пайи чизҳои нозарур медавад. Афсӯс ки баъзе масеҳиён ба ин дом афтода, пул ё чизҳои маъқулашонро дуздиданд. Шояд, онҳо дар дил худро ин тавр сафед карда мегуфтанд: «Ин чиз ҳаққи ҳалоли ман аст», «Ман хела сабр кардам» ё «Ман ин пулро баъдтар бармегардонам». Вале ҳар гуна дуздӣ дар чашми Яҳува нафратовар аст ва ба номи ӯ доғ меорад (Пнм. 30:9). Баъзеи дигар интизори ягон таъйинот буданд. Вақте он таъйинот ба зудӣ наомад, онҳо дилхунук шуда, хизмати Яҳуваро бас карданд (Ғал. 6:9). Сабабаш чист, ки парастандаи Яҳува ба ин ҳолат гирифтор мешавад? Баъзан сабабаш ин аст, ки шахс ниҳоли қаноаташро дигар об намедиҳад.

3. Филиппиён 4:11, 12-ро хонда, мо аз чӣ дилпур мешавем?

3 Ҳамаи мо метавонем қаноатмандиро ёд гирем. Павлуси расул навишта буд, ки ӯ «дар ҳар вазъу шароит қаноат карданро» омӯхта буд. (Филиппиён 4:11, 12-ро хонед.) Вақти навиштани ин суханон ӯ дар зиндон буд. Бо вуҷуди ин ӯ дар дил шодиро нигаҳ медошт ва рӯҳафтода намешуд. Агар барои мо дар баъзе вазъиятҳо қаноатманд будан душвор бошад, набояд зиқ шавем. Қаноатпешагӣ як чизе нест, ки худ ба худ пайдо шавад. Аз саргузашти Павлус ва суханони ӯ мефаҳмем, ки кас бояд ин одатро ёд гирад. Барои ин ба мо якчанд сифат даркор аст. Биёед онҳоро дида бароем.

ШУКРГУЗОРИРО ИНКИШОФ ДИҲЕД

4. Шукргузорӣ чӣ хубӣ дорад? (1 Таслӯникиён 5:18).

4 Агар шукргузор бошем, шоду қаноатманд будан бароямон осон аст. (1 Таслӯникиён 5:18-ро хонед.) Масалан, вақте барои ризқу рӯзиямон аз Худо шукргузорем, доим ҳаваси чизҳои надоштаамонро намехӯрем. Агар барои таъйинотҳои доштаамон доимо аз Яҳува миннатдор бошем, ҳушу ёдамон ба таъйинотҳои нав намешавад, балки аз дилу ҷон ба Яҳува дар таъйиноти ҳозираамон хизмат мекунем. Аз ин рӯ Навиштаҳо ба мо насиҳат медиҳанд, ки вақти ба Яҳува дуо гуфтан сипосгузориро фаромӯш накунем. Агар мо доимо шукргузор бошем, «осоиштагии Худо»-ро соҳиб мешавем, ки «аз ҳар фикр болотар аст» (Флп. 4:6, 7).

5. Исроилиён барои кадом баракатҳо бояд аз Яҳува сипосгузор мебуданд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

5 Биёед мисоли исроилиёнро дида бароем. Онҳо чандин бор ба Яҳува шикоят карданд, ки хӯрокеро, ки дар Миср мехӯрданд, ёд карданд (4 Мӯсо 11:4–6). Албатта, ҳаёт дар биёбон осон набуд. Вале чӣ тавр онҳо қаноатро пеша карда метавонистанд? Онҳо бояд дар бораи корҳое, ки Яҳува дар ҳаққашон кардааст, бо миннатдорӣ андеша меронданд. Дар Миср онҳо ғулом буданд ва бо онҳо бераҳмона муносибат мекарданд. Яҳува бошад, бар сари азобдеҳонашон даҳ балоро овард. Вақте исроилиён озод шуданд, «мисриёнро ғорат карда», аз онҳо нуқра, тилло ва пӯшок гирифтанд (2 Мӯсо 12:35, 36). Вақте лашкари фиръавн исроилиёнро то лаби баҳри Сурх сур кард, Яҳува муъҷиза карда, обро ду тақсим кард. Вақте исроилиён дар биёбон сафар мекарданд, Яҳува ҳар рӯз ба онҳо манн медод. Пас, мушкилии онҳо дар чӣ буд? Сабаби норозигияшон камхӯрокӣ неву ношукрӣ буд.

Баъзе исроилиён ба Мӯсо шикоят карда, мегӯянд, ки манн дар бадашон задааст. Дигарон бошанд, ҷамъ кардани маннро давом медиҳанду ба шикоятгарон нигоҳ доранд.

Чаро исроилиён аз ҳаёташон норозӣ буданд? (Ба сархати 5 нигаред.)


6. Бо кадом роҳҳо мо шукргузориямонро зиёд карда метавонем?

6 Чӣ кор кунед, ки шукргузориятон зиёд шавад? Якум, ҳар рӯз вақт ҷудо карда, дар бораи баракатҳое, ки дар зиндагиятон доред, андеша кунед. Шояд, ҳатто як ё ду чизеро навишта метавонед, ки барояш аз Худо миннатдоред (Нолаҳо 3:22, 23). Дуюм, сипосгузориятонро бо гапу кор баён кунед. Пешдастӣ карда, ба дигарон барои корҳои некашон дар ҳаққи шумо миннатдорӣ баён кунед. Аз ҳама муҳимаш ба Яҳува дуо гуфта, зуд-зуд ӯро шукр гӯед (Заб. 75:1). Сеюм, бо касоне дӯсти наздик шавед, ки дили сипосгузор доранд. Бо ношукр шинӣ, ношукр мешавӣ, бо шукргузор шинӣ — шукргузор (5 Мӯсо 1:26–28; 2 Тим. 3:1, 2, 5). Вақте диламон лабрези миннатдорист, ба носипосӣ ҷой намемонад.

7. Хоҳарамон Ачи кадом қадамҳоро гузошт ва ин чӣ натиҷа овард?

7 Мисоли хоҳарамон А́чиро аз Индонезия дида мебароем. Ӯ тан гирифта мегӯяд: «Вақти вабои COVID-19 ман вазъияти худро бо вазъияти дигар ҳамдинон муқоиса кардан гирифтам. Аз ин рӯ дар дилам норозигӣ пайдо шуд» (Ғал. 6:4). Ӯ чӣ тавр фикрронияшро дигар кард? Ачи мегӯяд: «Ман ҳар рӯз неъматҳоеро, ки аз Яҳува мегирифтам ва баракатҳоеро, ки дар ташкилоти ӯ соҳиб будам, номбар мекардам. Сипас, барои ҳамаи ин Яҳуваро шукр мегуфтам. Ҳамин тавр ман аз нав қаноатмандӣ ҳис кардам». Агар ношукриву норозигӣ ба дили шумо ҳам панҷа занад, аз рафтори хоҳарамон Ачи ибрат гирифта метавонед.

ХОКСОР МОНЕД ВА БА КОРИ ЯҲУВА ДИҚҚАТ КУНЕД

8. Борух ба кадом дом афтод?

8 Котиби пайғамбар Ирмиё, Борух, як замон ба доме афтод. Супориши Борух вазнин буд. Ӯ бояд бо Ирмиё ҳамкорӣ карда, ба халқи кӯрнамак паёми Яҳуваро мерасонд. Вале як муддате диққати Борух парешон шуд. Ормону орзуҳояш ҳуши ӯро аз иҷрои хости Яҳува дуздиданд. Аз ин рӯ Яҳува бо даҳони Ирмиё ба Борух чунин гуфт: «Ту бошӣ, чизҳои бузургро орзу дорӣ. Орзу накун» (Ирм. 45:3–5). Мақсади суханони Яҳува ин буд: «Бо он чӣ ҳозир дорӣ қаноат кун». Борух ба маслиҳат гӯш дод, ислоҳ шуд ва дили Яҳуваро шод кардан гирифт.

9. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 4:6, 7 чӣ тавр мо хоксориро пеша карда метавонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

9 Гоҳе ба сари масеҳӣ чунин фикр роҳ ёфта метавонад, ки ӯ сазовори ягон таъйинот аст. Шояд, ӯ боистеъдод, меҳнаткаш ё ки таҷрибадор бошад. Мумкин ӯ ҳар се ин сифатҳоро дорад, вале каси дигаре соҳиби таъйиноти мехостааш мешавад. Ӯ чӣ кор карда метавонад? Ӯ метавонад суханони Павлусро аз 1 Қӯринтиён 4:6, 7 хонда, дар бораашон мулоҳиза ронад. (Оятҳоро хонед.) Ҳар як таъйиноте, ки мегирем ва ҳар як истеъдоде, ки мо соҳибем, аз ҷониби Яҳува аст. Онҳо туҳфаи Худоянд, на музде барои заҳмату кӯшишҳоямон. Яҳува ин чизҳоро аз лутфу марҳаматаш ба мо ато кардааст (Рум. 12:3, 6; Эфс. 2:8, 9).

Силсиларасм: Бародару хоҳароне, ки ҳар хел супоришҳо доранд. 1. Бародар бо корҳои техникӣ дар бинои ташкилот машғул аст ва фишори қубурҳоро месанҷад. 2. Аз хоҳаре дар анҷумани ноҳиявӣ бо забони имову ишора мусоҳиба мегиранд. 3. Бародаре дар вохӯрӣ бо суханронӣ баромад мекунад.

Чӣ баракатҳое надошта бошем, ҳамааш аз луфту марҳамати Яҳува аст (Ба сархати 9 нигаред.)b


10. Чӣ кор кунем, ки хоксортар шавем?

10 Хоксории Исо барои мо ибратомӯз аст. Биёед шаберо ба ёд орем, ки Исо пойҳои шогирдонашро шуст. Юҳаннои расул менависад: «Исо медонист, ки [1] Падар ҳама чизро ба дасташ супурдааст ва [2] ӯ аз пеши Худо омадаасту [3] боз назди Худо меравад. Ӯ аз сари дастархон хесту. . . ба шустани пойҳои шогирдонаш сар кард» (Юҳ. 13:3–5). Исо чунин фикр карда метавонист: «Ман Устодам, шогирдонам бояд пойҳои маро шӯянд». Лекин вақти дар замин буданаш ӯ аз пайи роҳати худ набуд. Ӯ чунин фикр намекард: «Ман сазовори ҳаёти беҳтарам» (Луқ. 9:58). Исо хоксору қаноатпеша буд. Ӯ бароямон беҳтарин намунаи ибрат аст. Биёед дар бораи рафтори ӯ мулоҳиза ронем (Юҳ. 13:15).

11. Чӣ тавр Деннис бо хоксорӣ қаноатро пеша кард?

11 Бародаре бо номи Деннис аз Нидерланд доим мекӯшад аз хоксории Исо ибрат гирад, вале ин баъзан барояш душвор аст. Ӯ мегӯяд: «Баъзан ман мебинам, ки раги ғурур ё норозигиям меҷунбад, масалан, вақте ки касе ягон таъйинот мегирад. Дар чунин ҳолатҳо ман аз адабиётамон дар бораи хоксорӣ таҳқиқ мекунам. Дар барномаи JW Library® ман якчанд оятро дар бораи хоксорӣ гурӯҳбандӣ кардам, то онҳоро тез ёфта, такрор ба такрор хонда тавонам. Ман ҳамчунин дар бораи хоксорӣ ба телефонам баъзе суханрониҳоро боргирӣ карда, зуд-зуд онҳоро гӯш мекунамa. Ман фаҳмидам, ки тамоми заҳмату кӯшишҳои мо бояд барои ҷалол додани Яҳува бошанд, на ҷалол додани худамон. Ҳар яки мо дар хизмати Худоямон як саҳми хурде мегузорем, вале пешрафти мо аз баракати Яҳува аст». Агар шумо ҳам аз вазъиятатон норозӣ шавед, сӯйи хоксорӣ қадамҳои мустаҳкам гузоред. Ҳамин тавр дӯстиятон бо Яҳува қавӣ мешавад ва шумо аз нав қаноатмандӣ ҳис мекунед (Яъқ. 4:6, 8).

ДАР БОРАИ УМЕДАТОН МУЛОҲИЗА РОНЕД

12. Чӣ хел умедамон ба мо қаноатмандӣ мебахшад? (Ишаъё 65:21–25).

12 Вақте мо дар бораи умеди зебоямон андеша меронем, қаноатмандии бештар ҳис мекунем. Аз суханони худи Яҳува дар китоби Ишаъё мефаҳмем, ки зиндагӣ имрӯз касро хаста мекунад. Аммо Яҳува ваъда медиҳад, ки ин мушкилиҳои моро ҳал мекунад. (Ишаъё 65:21–25-ро хонед.) Ба наздикӣ ҳар яки мо дар хонаи бехавфу бароҳат зиндагӣ мекунем. Мо соҳиби кори қаноатбахш мешавем ва хӯроки фоиданоку бомаза мехӯрем. Диламон ором ва хотирамон ҷамъ мешавад, чунки ҳам мо ва ҳам фарзандонамон аз хавфу хатари дунё дар амон мешавем (Иш. 32:17, 18; Ҳиз. 34:25). Моро зеботарин оянда дар пеш аст. Он ҳатман ба амал меояд.

13. Дар кадом мавридҳо бештар дар бораи умедамон андеша кунем?

13 Мо имрӯз аз дирӯз бештар бояд дар бораи умедамон мулоҳиза ронем. Барои чӣ? Чунки мо «дар рӯзҳои охир», «дар замонҳои сахт», зиндагӣ дорем (2 Тим. 3:1). Яҳува ҳар рӯз ба мо дасти ёрӣ дароз карда, роҳнамоиву қувват медиҳад (Заб. 145:14). Дар замонҳои сахти ҳаётамон бошад, умедамон ба мо ҷон мебахшад. Шояд, оилаи шумо танқисӣ мекашаду барои таъмин кардани он шумо бисёр заҳмат мекашед. Оё вазъияти шумо беилоҷ аст? Албатта, не. Яҳува ваъда додааст, ки имрӯз ризқатонро ато мекунад. Дар дунёи нав бошад, баракатҳои беҳисобро ба саратон мерезад (Заб. 9:18; 72:12–14). Шояд, шуморо ягон дарди куҳна пайваста азоб диҳад ё гирифтори афсурдаҳолӣ (депрессия) ё ягон нотобии дигар бошед. Дар ёд доред, ки касаливу нотавониҳо ҳамроҳи доимиятон намешаванд. Дар дунёи нав аз беморӣ ва марг паю нишоне намемонад (Ошкор. 21:3, 4). Ин умед имрӯз ба мо оромиву қаноатмандӣ мебахшад ва аламу ғазабро аз диламон мебарорад. Ҳатто вақти дучори беадолатӣ шудан, аз даст додани ягон наздикамон ё бемории тӯлонӣ ва ё дигар озмоиши сахт мо қаноатмандиро нигоҳ дошта метавонем. Чаро? Чунки дар сахттарин мушкилиҳо мо дар ёд дорем, ки азоби имрӯз як лаҳза аст, вале лаззатҳои дунёи нав абадиянд (2 Қӯр. 4:17, 18).

14. Чӣ кор кунем, то умедамонро қавӣ созем?

14 Агар барои қаноатманд мондан умедамон муҳим бошад, пас, чӣ кор кунем, ки онро қавӣ созем? Баъзан одам барои дуриро равшантар дидан бояд айнак пӯшад. Ба ҳамин монанд, барои биҳишти ояндаро равшантар дидан мо бояд тасаввуроти худ, андешарониямонро, мисли айнак ба кор андозем. Вақте мо аз ягон ҷиҳат танқисӣ мекашем, пардаи хавотирӣ пеши чашмамонро гирифта метавонад. Дар чунин ҳолат тасаввур карда метавонем, ки чӣ тавр дар дунёи нав қарзҳо, пул ва нобаробарӣ дар ҷомеа гум мешаванд. Агар мо аз нагирифтани ягон таъйиноте ғамгин бошем, замонеро тасаввур карда метавонем, ки комил шудаему ҳазорҳо сол ба Яҳува хизмат мекунем. Дар пеши чунин баракатҳо ин хавотириҳои мо ночиз метобанд (1 Тим. 6:19). Дар аввал, шояд, мо бештар дар бораи ташвишҳои имрӯзамон андеша ронем, на баракатҳои оянда. Вале бо гузашти вақт ба ояндаи зебоямон назар дӯхтан бароямон як кори табиию осон мешавад.

15. Шумо аз суханони Криста чӣ меомӯзед?

15 Бародарамон Деннис, ки дар боло дар борааш гуфтем, Криста ном зан дорад. Биёед бо мисоли ӯ шинос шавем. Криста мегӯяд: «Ман беморие дорам, ки мушакҳоямро суст мегардонад. Аз ин рӯ маҷбурам бо аробачаи маъюбӣ роҳ равам ва бисёр вақт бистариям. Баданам ҳар рӯз дард мекунад. Чанде пеш духтурам гуфт, ки ҳолатам беҳтар намешавад. Ман дарҳол дар дилам гуфтам: “Назари мо ба оянда фарқ мекунад”. Ман бо чашми умед ба оянда менигарам. Барои ҳамин хотири ҷамъ дорам. Имрӯз дар ин дунё азоб кашам ҳам, дар дунёи нав аз тамоми хушиҳои зиндагӣ лаззат мебарам».

«ТАРСГОРОНИ Ӯ КАМӢ НАХОҲАНД ДОШТ»

16. Чаро Довуд гуфт, ки тарсгорони Яҳува «камӣ нахоҳанд дошт»?

16 Хизматгори қаноатпешаи Яҳува ҳам бо душвориҳо дучор мешавад. Масалан, подшоҳ Довуд камаш се фарзандашро аз даст дода буд. Боз ӯро ноҳақ туҳмат карданд, ба ӯ хиёнат карданд ва ӯ солҳои дароз аз дасти подшоҳи золим гуреза буд. Бо вуҷуди ин ӯ дар як озмоиши сахте дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Тарсгорони ӯ камӣ нахоҳанд дошт» (Заб. 34:9, 10). Барои чӣ Довуд чунин гуфт? Охир, ӯ чун ҳар як хизматгори Яҳува дарк мекард, ки ҳаёташ беғам ҳам набошад, Яҳува ба ниёзҳояш бепарвоӣ намекунад. Ӯ ҳар як камияшро пур мекунад (Заб. 145:16). Мо ҳам дар озмоишҳо ба дастгирии Яҳува умед мебандем. Мо қаноатманд буда метавонем.

17. Чаро шумо мехоҳед қаноатпешагиро аз худ кунед?

17 Яҳува мехоҳад, ки шумо шоду қаноатманд бошед (Заб. 131:1, 2). Аз ин рӯ кӯшиши бисёр кунед, ки қаноатпешагиро аз худ кунед. Агар шумо барои зиёд кардани сипосгузориятон заҳмат кашед, диққатро ба хизмати Яҳува кунед, хоксор монед ва умедатонро қавӣ гардонед, чунин гуфта метавонед: «Дар ҳар вазъу шароит қаноат карданро ёд гирифтаам» (Флп. 4:11).

ЧӢ ТАВР БО РОҲҲОИ ЗЕРИН ҚАНОАТМАНДИЯМОНРО ЗИЁД КУНЕМ:

  • инкишоф додани миннатдорӣ?

  • ба хизмати Яҳува диққат кардан ва хоксор мондан?

  • дар бораи умедамон андеша кардан?

СУРУДИ 119 Мо бояд имон дошта бошем

a Масалан, аз сомонаи jw.org ба видеонавори «Яҳува дар ҳаққи хоксорон ғамхорӣ мекунад» ва «”Ҳавобаландӣ ба шикаст меорад”» (рус.) нигаред.

b ШАРҲИ РАСМ: Бародар бо корҳои техникӣ дар бинои ташкилот машғул аст, аз хоҳаре, ки забони имову ишораро ёд гирифтааст, дар анҷумани ноҳиявӣ мусоҳиба мегиранд ва бародар бо суханронӣ баромад мекунад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан