МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ОМӮЗИШ
Ганҷҳои ёфтаатонро бо ҳам бинед
Аз таҳқиқ кардани Китоби Муқаддас мо қуввату хурсандӣ мегирем. Лекин, агар хоҳем, ки хурсандиямон давом ёбад, ганҷҳои ёфтаамонро бо дигарон бинем. Дар Панднома 11:25 гуфта мешавад: «Ҳар кӣ дигаронро ба серӣ об диҳад, худаш низ аз об сер мешавад».
Вақте мо ягон маълумотро ба дигарон нақл мекунем, онро хубтар мефаҳмем ва он дар хотирамон нақш мебандад. Вале аз ин на фақат худамон, балки дигарон ҳам фоида мегиранд. Барои ҳамин, вақте он маълумотро ба дигарон мерасонем, хурсанд мешавем (Кор. 20:35).
Инро санҷида бинед: Ин ҳафта кӯшиш кунед, ки маълумоти ёфтаатонро ба касе нақл кунед, масалан, ба наздикон, бародару хоҳарон, ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоя ё ба касе, ки дар хизмат вомехӯред. Одиву фаҳмо гап занед.
Дар ёд доред: Мақсади шумо дигаронро рӯҳбаланд кардан аст, на қоил кардани онҳо (1 Қӯр. 8:1).