МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 38
СУРУДИ 154 Меҳри пойдор
Боэҳтиром бошед
«Қадру қимат беҳ аз нуқраву тилло» (ПНМ. 22:1).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чаро дигаронро бояд эҳтиром кунем ва чӣ тавр дар вазъияти мушкил ин корро анҷом диҳем.
1. Чаро одамон мехоҳанд онҳоро эҳтиром кунанд? (Панднома 22:1).
АГАР одамон шуморо эҳтиром кунанд, хурсанд мешавед? Албатта. Ҳар як инсон ба эҳтиром ниёз дорад. Вақте моро эҳтиром мекунанд, гул-гул мешукуфем. Беҳуда дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки «қадру қимат беҳ аз нуқраву тилло» аст. (Панднома 22:1-ро хонед.)
2, 3. Дар кадом мавридҳо боэҳтиром бошем?
2 Ҳама вақт дигаронро эҳтиром кардан осон нест. Як сабабаш ин аст, ки айбу нокомилии дигарон доимо ба чашми мо метобанд. Ҳамчунин дар дунёе, ки мо зиндагӣ дорем, тухми ҳурмату эҳтиром камчин шудааст. Лекин мо бояд аз дигар одамон фарқ кунем. Барои чӣ? Чунки Яҳува мехоҳад, ки мо «ҳама гуна одамонро» ҳурмату иззат кунем (1 Пет. 2:17).
3 Мо аз ин мақола мефаҳмем, ки дигаронро эҳтиром кардан чӣ маъно дорад ва чӣ тавр 1) аъзои оила, 2) ҳамдинон ва 3) одамони берунро эҳтиром кунем. Ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр дар вазъиятҳои душвор боэҳтиром бошем.
ДИГАРОНРО ЭҲТИРОМ КАРДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
4. Эҳтиром кардани дигарон чӣ маъно дорад?
4 Шумо калимаи эҳтиромро чӣ хел мефаҳмед? Дар бисёр забонҳо калимаи «эҳтиром» ва «иззат» ба якдигар наздик аст. Агар шахсро «эҳтиром» кунӣ, маълум мешавад, ки ту ба ӯ чӣ назар дорӣ. Мо дигаронро барои он эҳтиром мекунем, зеро онҳоро сазовори диққату ҳурматамон медонем. Шояд, онҳоро барои хислатҳо, комёбӣ ё ҷою мақомашон эҳтиром мекунем. Агар одамро «иззат» кунӣ, муносибати ту ба ӯ маълум мешавад. Вақте мо иззати дигаронро ба ҷо меорем, онҳо худро даркорӣ, соҳибқадр ё арзишманд ҳис мекунанд. Иззати ҳақиқӣ бояд аз дил барояд (Мат. 15:8).
5. Аз кадом сабаб мо дигаронро эҳтиром мекунем?
5 Яҳува мехоҳад, ки мо дигаронро эҳтиром кунем. Барои мисол, ӯ талаб дорад, ки мо «ҳокимиятҳои боло»-ро эҳтиром кунем (Рум. 13:1, 7). Шояд, ягон кас гӯяд, ки, «агар одам арзандаи ҳурмат бошад, ман бо ҷону дил ӯро эҳтиром мекунам». Лекин оё ин дуруст аст? Хоҳ рафтори одамон ба мо маъқул бошад, хоҳ не, мо онҳоро ҳурмат мекунем, чунки Яҳуваро дӯст медорему ризои ӯро ба даст овардан мехоҳем. Сабаби асосии дигаронро эҳтиром кардани мо ҳамин мебошад (Юшаъ 4:14; 1 Пет. 3:15).
6. Шахсеро, ки ба мо беҳурматӣ мекунад, эҳтиром кардан мумкин аст? Фаҳмонед. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Баъзеҳо, шояд, гӯянд: «Оё касеро, ки ба ту беҳурматӣ мекунад, эҳтиром кардан мумкин аст?» Ҳа. Якчанд мисол меорем. Масалан, шоҳ Шоул писараш Юнотонро дар пеши дигарон паст зад (1 Подш. 20:30–34). Лекин Юнотон падарашро эҳтиром карда, то рӯзи марги вай дар ҷангҳо ҳамроҳияш мекард (2 Мӯсо 20:12; 2 Подш. 1:23). Саркоҳин Элӣ бошад, Ҳанноро туҳмат кард, ки ӯ маст аст (1 Подш. 1:12–14). Лекин Ҳанно бо ҳурмату эҳтиром бо ӯ гап зад, ҳарчанд тамоми исроилиён медонистанд, ки ӯ падар ва саркоҳини он қадар хуб нест (1 Подш. 1:15–18; 2:22–24). Мардони Атино Павлуси расулро ҳақорат карда, «лаққӣ» номиданд (Кор. 17:18). Павлус бошад, бо онҳо эҳтиромона гап зад (Кор. 17:22). Аз ин мисолҳо як чиз равшан мешавад: мо одамонро набояд фақат вақте эҳтиром кунем, ки бароямон осон аст. Мо мехоҳем аз муҳаббат ба Яҳува ва худотарсӣ дар вақтҳои душвор низ ҳурмати дигаронро ба ҷо орем. Биёед бинем кӣ сазовори эҳтироми мост ва чаро.
Шоул писараш, Юнотонро, дар пеши ҳама паст зад, лекин Юнотон ҳокимияти падарашро дастгирӣ менамуду дар майдони ҷанг ӯро ҳимоя мекард (Ба сархати 6 нигаред.)
АЪЗОИ ОИЛААТОНРО ЭҲТИРОМ КУНЕД
7. Барои эҳтиром кардани аъзои оила чӣ ба мо халал расонда метавонад?
7 Мушкилӣ. Мо бо аҳли хонаводаамон вақти бисёр мегузаронем. Барои ҳамин мо ҳам аз беҳбудиву ҳам камбудии онҳо хабардорем. Баъзеи онҳо аз ташвиши зиёд азоб мекашанд ё, шояд, ба ягон беморӣ гирифторанду нигоҳубинашон бар дӯши мо афтодааст. Ё, эҳтимол, ягон аъзои оилаамон бо гапу корашон ба мо дард меоранд. Баъзеҳо ба ҷойи тинҷиву амониро нигоҳ доштан ба аъзои оила беэҳтиромӣ карда, ҷангу ҷанҷол мебардоранд. Оқибат, хона ба майдони ҷанг табдил меёбад. Чи хеле артрит (бемории буғумҳо) ба кори пайвандҳо халал мерасонад, беҳурматӣ низ ягонагии аъзои оиларо халалдор мекунад. Табобати буғум пурра дар дасти бемор нест, лекин мо беҳурматиро, ки пайвандҳои оилавӣ аз он зарар мебинанд, даво карда метавонем.
8. Чаро аҳли хонаводаро эҳтиром кардан муҳим аст? (1 Тимотиюс 5:4, 8).
8 Чаро боэҳтиром бошем? (1 Тимотиюс 5:4, 8-ро хонед.) Павлус дар номаи якумаш ба Тимотиюс фаҳмонд, ки чӣ тавр дар ҳаққи ниёзҳои аъзои оила бояд ғамхорӣ кунем. Ӯ гуфт, ки мо асосан ин корро на аз ҳисси уҳдадорӣ, балки аз «худотарсӣ» кунем. Эҳтиром кардани аъзои оила як нишонаи худотарсӣ, як роҳи парастидани Худост. Яҳува Бунёдгузори оила аст, барои ҳамин, вақте мо аъзои оилаамонро эҳтиром мекунем, дар асл, Яҳува, Асосгузори оиларо, иззату ҳурмат мекунем (Эфс. 3:14, 15). Барои иззат кардани аҳли оила ин далели қавӣ аст.
9. Бо кадом роҳҳо зану шавҳар якдигарро эҳтиром карда метавонанд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
9 Чӣ тавр эҳтиром кунем? Шавҳаре, ки занашро эҳтиром мекунад, ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар пеши дигарон ӯро қадрдонӣ мекунад (Пнм. 31:28; 1 Пет. 3:7). Ӯ ҳеҷ гоҳ ба занаш даст намебардорад, ӯро паст намезанад, коре намекунад, ки занаш худро мисли хоки замин ҳис кунад. Ариелa аз Аргентина чунин мегӯяд: «Занам аз сабаби беморияш баъзан ба ман гапҳои сахт мегӯяд. Дар ин вақтҳо ман ба худ ёдрас мекунам, ки ин суханон аз таги дил неву нохост аз даҳонаш баромаданд. Дар лаҳзаҳои душвор ман 1 Қӯринтиён 13:5-ро ба хотир меорам. Он ба ман ёдрас мекунад, ки ҳамсарамро паст назанаму эҳтиромро фаромӯш накунам» (Пнм. 19:11). Зане, ки шавҳарашро эҳтиром мекунад, дар бораи ӯ ба дигарон суханони хуб мегӯяд (Эфс. 5:33). Ӯ гапҳои нешдор намегӯяд, шавҳарашро масхара карда, таъна намезанад. Ӯ медонад, ки занги беҳурматӣ пайвандҳои муҳаббатро мехӯрад (Пнм. 14:1). Хоҳаре аз Итолиё, ки шавҳараш аз бемории ташвишзадагӣ азоб мекашад, чунин мегӯяд: «Баъзан ба назарам метобад, ки шавҳарам аз ҳад зиёд хавотир мешавад. Пештар дар гапу қиёфаам беэҳтиромӣ дида мешуд. Ҳозир ман пай бурдам, ки, агар бисёртар бо одамоне суҳбат кунам, ки дар суханашон эҳтиром дида мешавад, хоҳиши ҳурмат кардани шавҳарам зиёдтар мешавад».
Наздиконамонро эҳтиром карда мо Яҳуваро иззат мекунем (Ба сархати 9 нигаред.)
10. Чӣ тавр ҷавонон волидонашонро эҳтиром карда метавонанд?
10 Ҷавонони азиз, ба қоидаҳои волидонатон итоаткор бошед (Эфс. 6:1–3). Бо волидонатон бо эҳтиром гап занед (2 Мӯсо 21:17). Вақте онҳо пиронсол мешаванд, шояд, ба ёрдами шумо муҳтоҷ шаванд. Аз таҳти дил дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунед. Мисоли хоҳарамон Марияро мегирем, ки падараш Шоҳиди Яҳува нест. Вақте падари ӯ ба беморие гирифтор шуд, нигоҳубинаш ба гардани Мария афтод. Падараш гапҳои сахт гуфта иҷрои ин корро барои хоҳарамон душвортар мекард. Ӯ мегӯяд: «Ман дуо гуфтам, ки падарамро на танҳо дар дил, балки бо рафторам эҳтиром кунам. Ман фикр кардам, агар Яҳува аз ман талаб кунад, ки волидонамро иззат кунам, пас, қувват ҳам медиҳад, ки аз уҳдаи ин кор бароям. Бо гузашти вақт ман як чизро дарк кардам: шарт нест падарам дигар шаваду танҳо баъд ман ҳурматашро ба ҷо орам». Агар мо аъзои оилаамонро бо вуҷуди камбудиҳояшон ҳурмат кунем, талаби Яҳуваро дар бораи эҳтиром ба ҷо меорем.
ҲАМДИНОНРО ЭҲТИРОМ КУНЕД
11. Чаро баъзан ҳамдинонамонро эҳтиром кардан осон нест?
11 Мушкилӣ. Ҳамдинонамон аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, лекин гоҳе баъзеҳо бо мо номеҳрубонанд, моро ноҳақ айбдор мекунанд ё асабӣ мекунанд. Агар аз ягон ҳамимонамон барои «шикоят кардан сабаб дошта» бошем, ӯро эҳтиром кардан осон нест (Қӯл. 3:13). Дар ин ҳолатҳо чӣ ба мо ёрдам мекунад?
12. Чаро ҳамимононро эҳтиром кардан муҳим аст? (2 Петрус 2:9–12).
12 Чаро эҳтиром кунем? (2 Петрус 2:9–12-ро хонед.) Петрус дар номаи дуюмаш дар бораи баъзе масеҳиёни асри як гуфт, ки дар ҳаққи «ҷалолёфтагон», яъне пирон, суханони беэҳтиромона мегуфтанд. Фариштагони вафодор ба ин чӣ хел назар карданд? Ин фариштагон «аз эҳтиром ба Яҳува» дар ҳаққи он мардон ягон сухани таҳқиромез нагуфтанд. Як тасаввур кунед: фариштаҳои комилу бегуноҳ ин мардони ҳавобаландро ягон майда бадгӯйӣ накарданд, балки довариро ба ихтиёри Яҳува гузоштанд. (Рум. 14:10–12; бо Яҳудо 9 муқоиса кунед.) Мо аз фариштагон дарс гирифта метавонем. Агар ба озордеҳонамон беҳурматӣ кардан мумкин набошад, пас, ҳурмати мо ба ҳамдинонамон бояд чӣ қадар зиёд бошад. Дар иззат кардани онҳо мо бояд «пешдастӣ» кунем (Рум. 12:10). Ҳамдинонро ҳурмат кунӣ, Худоро ҳурмат мекунӣ.
13, 14. Мо чӣ тавр аҳли ҷамоатро иззат карда метавонем? Мисолҳо оред. (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
13 Чӣ тавр эҳтиром кунем? Пирон, дигаронро аз рӯйи муҳаббат насиҳат кунед (Филем. 8, 9). Баъзан ба касе маслиҳат додан зарур мешавад. Ин корро дар сари қаҳр накунед — бо оромиву меҳрубонӣ маслиҳат диҳед. Хоҳарони азиз, шумо дар сулҳофариву сулҳпарварӣ дар ҷамоат саҳми арзанда гузошта метавонед. Чӣ тавр? Агар ба ғайбату туҳмат забон тар накунед (Тит. 2:3–5). Ҳурмати ҳар яки мо ба пирон дар итоаткориямон дида мешавад. Пирони пуркорамон ҷамъомадҳо, вохӯриҳо барои мавъизаро мегузаронанд ва касонеро, ки «қадами нодуруст» мондаанд, дастгирӣ мекунанд. Барои ин заҳматҳояшон миннатдорӣ кардан як нишонаи эҳтироми мост (Ғал. 6:1; 1 Тим. 5:17).
14 Ба як хоҳарамон бо номи Росио пири ҷамоате маслиҳат дода буд. Барои ӯ ҳурмат кардани ин бародар мушкил шуд. Ӯ мегӯяд: «Ба назарам метофт, ки ӯ маро чап гирифтааст. Дар хона ман ӯро сиёҳ мекардам. Ба бародар нишон намедодаму лекин ба ниятҳои ӯ шубҳа карда, маслиҳаташро қабул намекардам». Чӣ ба Росио ёрдам дод? Ӯ мегӯяд: «Дар вақти хониши Китоби Муқаддас ман боре суханони 1 Таслӯникиён 5:12, 13-ро хондам. Вақте дарк кардам, ки ман ба ин бародар эҳтиром намегузорам, виҷдонам азоб додан гирифт. Ман ба Яҳува дуо гуфтам ва барои ислоҳ кардани рӯҳияам аз адабиётамон маълумот кофтам. Охиру оқибат, ман фаҳмидам, ки гап сари он бародар неву ғурури худам будааст. Акнун ман мефаҳмам, ки байни эҳтиром кардани дигарону хоксорӣ алоқае ҳаст. Ман то ҳол бояд ислоҳ шавам, лекин дигаронро иззат карда, виҷдонам тинҷ аст».
Агар мо бо пирон ҳамкорӣ намуда, барои заҳматашон миннатдорӣ кунем, эҳтиромашонро ба ҷо меорем (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)
ОНҲОЕРО, КИ БЕРУН АЗ ҶАМОАТАНД, ЭҲТИРОМ КУНЕД
15. Чаро одамони берун аз ҷамоатро эҳтиром кардан осон нест?
15 Мушкилӣ. Мо бисёр вақт дар хизмат бо одамоне рӯ ба рӯ мешавем, ки ростии Каломро дӯст намедоранд (Эфс. 4:18). Баъзеҳо аз сабаби тарбияву маданияташон хушхабарро қабул намекунанд. Эҳтимол, баъзе роҳбарону муаллимонамон инҷиқу серноз ва ҳамкорону ҳамсинфонамон номуросо мебошанд. Агар эҳтиёт нашавем, ҳурматамон ба чунин шахсон торафт кам мешавад ва мумкин мо ба онҳо дағалӣ карда, амри Исоро фаромӯш кунем: бо дигарон тавре рафтор кунед, ки мехоҳед онҳо бо шумо кунанд.
16. Чаро касонеро, ки ҳоло Шоҳиди Яҳува нестанд, эҳтиром кардан муҳим аст? (1 Петрус 2:12; 3:15).
16 Чаро эҳтиром кунем? Дар ёд доред, ки Яҳува ба муомилаи мо ба касоне, ки ҳамимони мо нестанд, диққат медиҳад. Петруси расул низ ба масеҳиён ёдрас карда буд, ки рафтори хуби онҳоро дида, баъзеҳо Худоро ҷалол медиҳанд. Аз ин сабаб ӯ ба масеҳиён маслиҳат дод, ки боварҳояшонро ба дигарон «бо мулоимӣ ва эҳтироми зиёд» фаҳмонанд. (1 Петрус 2:12; 3:15-ро хонед.) Он масеҳиён хоҳ вақти ҳимояи имонашон дар додгоҳ, хоҳ вақти фаҳмондани боварашон ба дигарон бояд боэҳтиром мебуданд, гӯё дар пеши тахти Яҳува истодаанд. Яҳува ҳам ба суханонамон ва ҳам ба тарзи гуфторамон диққат медиҳад. Барои иззат кардани касоне, ки ҳамимони мо нестанд, ин далели қавӣ аст.
17. Чӣ тавр касонеро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, иззат кунем?
17 Чӣ тавр эҳтиром кунем? Дар хизмат ҳам мо ҳурматро аз ёд намебарорем. Мо ба касоне, ки Китоби Муқаддасро кам медонанд ё тамоман намедонанд, бо назари паст наменигарем. Баръакс, мо мехоҳем онҳоро аз худ боло гузорему ганҷи Яҳува ҳисобем (Ҳаҷ. 2:7; Флп. 2:3). Агар касе эътиқоди моро паст занад, ҳаракат накунем, ки бо ҳозирҷавобию суханони тагдор онҳоро дар ҷояшон шинонем (1 Пет. 2:23). Агар аз гапи гуфтаатон пушаймон шавед, дарҳол бахшиш пурсед. Дар ҷойи кор чӣ тавр боэҳтиром будан мумкин? Коргари поквиҷдон бошед ва кӯшиш кунед бо ҳамкорон ва роҳбаратон муносибати хуб дошта бошед (Тит. 2:9, 10). Албатта, сад накунӣ, дили одамонро ҳама вақт ёфта намешавад. Лекин, агар ҳалолкор, меҳнатдӯст ва поквиҷдон бошем, дили Яҳуваро шод мегардонем (Қӯл. 3:22, 23).
18. Аз кадом сабабҳо мо дигаронро эҳтиром мекунем?
18 Чӣ сабабҳои хуб барои инкишоф додани эҳтиром ва иззат кардани дигарон! Мо фаҳмидем, ки, агар аъзои оилаамонро эҳтиром кунем, мо Асосгузори оила, Яҳуваро, иззат мекунем. Агар бародару хоҳаронро эҳтиром кунем, Падари осмониямонро иззат мекунем. Вақте касоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, аз мо эҳтиром мебинанд, эҳтимол, Худои бузургамонро ҷалол медиҳанд. Ҳатто агар дар ҷавоби ҳурмат ҳурмат набинем ҳам, мо аз иззат кардани дигарон ва омӯхтани эҳтиром даст намекашем. Барои чӣ? Чунки Яҳува моро баракат медиҳад. Ӯ ваъда медиҳад: «Онҳоеро, ки маро эҳтиром мекунанд, эҳтиром хоҳам кард» (1 Подш. 2:30).
СУРУДИ 129 Мо истодагӣ хоҳем кард
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.