ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ijwbq мақолаи 171
  • Намуди зоҳирии Шайтон чӣ гуна аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Намуди зоҳирии Шайтон чӣ гуна аст?
  • Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ҷавоби Китоби Муқаддас
  • Китоби Муқаддас Шайтонро чӣ тавр тасвир мекунад?
  • Мисли Исо ба Иблис муқобилат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2008
Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
ijwbq мақолаи 171

Намуди зоҳирии Шайтон чӣ гуна аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Шайтон офаридаи рӯҳӣ аст, бинобар ин вай ноаён аст (Эфсӯсиён 6:11, 12).

Расми Шайтон, ки дар даст сешоха дорад. Намуди зоҳирии Шайтон ба бузи шохдор монанд буда, дум дорад

Одатан Шайтонро тавре тасвир мекунанд, ки гӯё намуди зоҳирии ӯ ба бузи шохдор монанд буда, дум дораду дар дасташ сешоха аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки аввалин бор рассомони асрҳои миёна зери таъсири фолклор ва мифологияи қадим Шайтонро чунин тасвир кардаанд.

  • Китоби Муқаддас Шайтонро чӣ тавр тасвир мекунад?

  • Оятҳои Китоби Муқаддас дар бораи Шайтон

Китоби Муқаддас Шайтонро чӣ тавр тасвир мекунад?

Дар Китоби Муқаддас Шайтон ҳар хел тасвир шудааст. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи намуди зоҳирии Шайтон неву оиди шахсияти ӯ фаҳмем. Дар Каломи Худо Шайтон бо чизҳои зерин муқоиса карда шудааст:

  • Фариштаи нур. Шайтон вонамуд мекунад, ки ба одамизод хубӣ карданӣ аст, ҳол он ки вай мехоҳад мо ба Худо неву ба таълимоти ӯ пайравӣ кунем (2 Қӯринтиён 11:14).

  • Шери ғуррон. Ӯ бераҳмона ба хизматгорони Худо ҳамла мекунад (1 Петрус 5:8).

  • Аждаҳои бузург. Ӯ бадвоҳима ва пурқудрат буда, зараровар аст (Ваҳй 12:9).

Оятҳои Китоби Муқаддас дар бораи Шайтон

  • 2 Қӯринтиён 11:14: «Мо аз ин ҳайрон намешавем, зеро Шайтон низ худро фариштаи нур вонамуд мекунад».

    Маънои оят: Шайтон худро некхоҳ тарошида, мехоҳад одамонро фиреб диҳад, то онҳо Худоро неву таълимоти ӯро қабул кунанд.

  • Эфсӯсиён 6:11: «Либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед, то ба макру ҳилаи Иблис муқобилат карда тавонед».

    Маънои оят: Шайтон ҳилаву найрангро ба кор бурда, мехоҳад одамон ба Худо беитоатӣ кунанд.

  • Яъқуб 4:7: «Аз ин рӯ ба Худо итоат намоед, вале ба Иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт».

    Маънои оят: Агар инсон Шайтонро неву Худоро гӯш кунад, ба ҳамлаҳои Иблис муқобилат карда метавонад.

  • 1 Петрус 5:8: «Ҳушёр ва бедор бошед! Душмани шумо Иблис мисли шери ғуррон гаштугузор карда, дар пайи он аст, ки касеро фурӯ барад».

    Маънои оят: Шайтон аз онҳое, ки Худоро гӯш мекунанд, нафрат дорад ва мехоҳад дӯстиашонро бо Ӯ вайрон созад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан