ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Русия ба Украина ҳамла мекунад
Санаи 24-уми феврали соли 2022, саҳари барвақт, нигоҳ накарда ба он ки пешвоёни мамлакатҳои зиёд кӯшиш мекарданд, ки пеши ҷангро гиранд, лашкари Русия ба Украина даромад. Чӣ тавр ин низои ҳарбӣ ба вазъияти ҷаҳон таъсир мерасонад? Якчанд рӯз пеш котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Антониу Гутерриш, чунин гуфт: «Таъсири ин низоъ хеле калон аст. Он ба сари одамон ранҷу азоб ва харобиҳои бисёр меорад, инчунин ба бехатарии Аврупову тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад».
Мувофиқи Китоби Муқаддас ин рӯйдодҳо чиро нишон медиҳанд?
Исои Масеҳ дар бораи замоне пешгӯйӣ кард, ки «як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад» (Матто 24:7). Мақолаи «Аломати охирзамон чист?»-ро хонда фаҳмед, ки чӣ тавр ин пешгӯйии Исо имрӯз иҷро шуда истодааст.
Дар китоби Ошкорсозии Китоби Муқаддас ҷанг чун савораи аспи сурх тасвир шудааст. Ба ин савора амр дода шуд, ки «сулҳу осоиштагиро аз замин» гирад (Ошкорсозӣ 6:4). Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр ин пешгӯйӣ дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст, мақолаи «Чор савора кистанд?»-ро хонед.
Дар китоби Дониёл дар бораи душмании байни «подшоҳи шимол» ва «подшоҳи ҷануб» пешгӯйӣ шуда буд (Дониёл 11:25–45). Видеонавори «Пешгӯйие, ки иҷро шуд — Дониёл боби 11»-ро тамошо кунед. Дар он фаҳмонда шудааст, ки барои чӣ Русия ва ҳамаҳдонашро подшоҳи шимол ҳисобидан мумкин астa.
Дар китоби Ошкорсозӣ ҳамчунин дар бораи «ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно сар мезанад», пешгӯйӣ шудааст (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Лекин ин ҷо гап дар бораи ҷангҳое намеравад, ки мо имрӯз шоҳиди он ҳастем. Мақолаи «Ҷанги Ҳармаҷиддӯн чист?»-ро хонед ва дар бораи ин рӯйдоди муҳим маълумоти бештар гиред.
Чаро ба ояндаи нек умед бастан мумкин аст?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо «ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9). Мақолаи «Умед ба ояндаи дурахшон»-ро хонед ва дар бораи нияти Худо нисбат ба оянда бештар фаҳмед.
Исо ба пайравонаш дар бораи омадани Подшоҳии Худо дуо гуфтанро ёд медод (Матто 6:9, 10). Ин Подшоҳӣ ҳукумати осмониест, ки хости Худоро дар замин иҷро мекунад, аз ҷумла дар тамоми дунё сулҳу осоиштагиро барқарор мекунад. Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр Подшоҳии Худо ба ҳаёти шумо манфиат оварда метавонад, видеонавори «Подшоҳии Худо чист?»-ро тамошо кунед.
Дар Украина беш аз 129 000 Шоҳиди Яҳува зиндагӣ мекунад. Мисли дигар Шоҳидон аз саросари ҷаҳон онҳо ба Исо пайравӣ карда дар корҳои сиёсӣ бетарафиро нигоҳ медоранд ва дар ҷангҳо иштирок намекунанд (Юҳанно 18:36). Шоҳидони Яҳува дар тамоми дунё «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро, ки ҳама душвориҳои одамизод, аз ҷумла ҷангҳоро нест мекунад, эълон мекунанд (Матто 24:14). Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи хабарҳои умедбахши Китоби Муқаддас бо мо тамос гиред.
a Ин пешгӯйӣ дар мақолаҳои «“Подшоҳи Шимол” дар айёми охир» ва «Кӣ имрӯз “подшоҳи Шимол” аст?» батафсил дида баромада шудааст.