Anton Petrus/Moment via Getty Images
ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Оё ҷанги нави ҷаҳонӣ сар мезанад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Дар давоми 30 соли охир ба назари бисёриҳо дунё каму беш ором метофт, баъзеҳо ҳатто фикр мекарданд, ки он беҳтар шуда истодааст. Лекин рӯйдодҳои охир нишон медиҳанд, ки ин фикрҳо нодурустанд.
«Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” дар сарҳади Лубнон тирпарронӣ доранд. Одамон хавотиранд, ки ҷанги Ғазза ба минтақаҳои дигар бетаъсир намемонад» (Рейтер, 6 январи 2024).
«Гурӯҳҳое, ки зери назорати Эронанд ба минтақаҳои гуногун зарба мезананд. Эрон ногаҳон аз нав ба омода сохтани яроқи ядроӣ сар кард. Инчунин акнун Эрон тарафдороне ба мисли Русия ва Хитой дорад. Ҳамаи ин барои давлатҳои ғарб хатари ҷиддие ба миён меорад» («Ню-Йорк таймс», 7 январи 2024).
«Ҳамлаҳои Русия то ҳол ба Украина зарар расонида истодааст» (Хабарҳои СММ, 11 январи 2024).
«Афзоиши иқтисодиёту қувваи ҳарбии Хитой, боло гирифтани ғурури миллӣ дар байни шаҳрвандони Тайван ва муносибатҳои тезутунди Пекину Вашингтон сабаби ба осонӣ сар задани задухӯрдҳо гашта метавонад» («Джапан таймс», 9 январи 2024).
Оё дар Китоби Муқаддас дар бораи вазъияти ноустувори ҷаҳон, чизе гуфта шудааст? Оё ҳамаи ин сабаби ҷанги нави ҷаҳонӣ мешавад?
Рӯйдодҳои ҳозира аз нигоҳи Китоби Муқаддас
Дар Китоби Муқаддас дар бораи ягон ҷанги аниқ, ки имрӯз мебинем, пешгӯйӣ нашудааст. Лекин он огоҳ кардааст, ки дар рӯзҳои мо бисёр низоъҳои ҳарбие мешаванд, ки «сулҳу осоиштагиро аз замин» мегиранд (Ошкорсозӣ 6:4).
Дар китоби пайғамбар Дониёл пешгӯйӣ шуда буд, ки «дар замонҳои охир» давлатҳои пурқудрат ва рақиб барои ба даст овардани ҳокимият «шохзанӣ» мекунанд. Онҳо қувваҳои ҳарбии худро намоиш дода, барои муҳориба «ганҷҳо»-и зиёд, яъне маблағи бисёрро сарф мекунанд (Дониёл 11:40, 42, 43).
Ҷанге, ки ҳама чизро тағйир медиҳад
Мувофиқи Китоби Муқаддас, вазъияти ҷаҳон бадтар шудан мегирад ва баъд беҳтар мешавад. Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд, ки «он вақт азоби азиме сар мезанад, ки аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд» (Матто 24:21). Ин «азоби азим» бо Ҳармаҷиддӯн, «ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно сар мезанад», анҷом меёбад (Ошкорсозӣ 16:14, 16).
Аммо Ҳармаҷиддӯн одамонро нобуд намесозад, баръакс наҷот медиҳад. Худо дар ин ҷанг ҳокимиятҳои инсониро, ки сабаби бисёр ҷангҳои хунин шуданд, нест мекунад. Баъди Ҳармаҷиддӯн дар замин сулҳу амонӣ пойдор мегардад. Шумо метавонед, дар ин бора аз мақолаҳои зерин бештар фаҳмед: