Китоби Муқаддас дар бораи ҷанги ядроӣ чӣ мегӯяд?
Дар дунё то ҳол хатари ҷанги ядроӣ вуҷуд дорад, зеро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон яроқи ядроии худро ба ҷойи нест кардан зиёд карда истодаанд. Одамон аз зиёдшавии яроқи ядроӣ хавотиранд, чунки он хатари сар задани ҷанги ядроиро бештар мегардонад. Ҳатто истифодаи як яроқи хурди ядроӣ метавонад ба ҷанги бузурги ядроӣ оварда расонад ва тамоми дунёро хароб кунад. Дар «Пажӯҳишномаи атомшиносон» чунин қайд шудааст: «Ҳар лаҳза мумкин аст, ки ҷанги ядроӣ сар занад».
Оё ҷанги ядроӣ сар мезанад? Агар ҳа, оё сайёраи мо нест мешавад? Чӣ тавр бар тарсу ваҳми ҷанги ядроӣ ғолиб оем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Дар ин мақола:
Оё Китоби Муқаддас дар бораи ҷанги ядроӣ пешгӯйӣ кардааст?
Китоби Муқаддас дар бораи ҷанги ядроӣ чизе намегӯяд. Лекин рӯйдодҳое, ки дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудаанд, сабаби сар задани ҷанги ядроӣ шуда метавонанд.
Оятҳои зеринро бо рӯйдодҳои ҷаҳон муқоиса кунед:
Ояти Китоби Муқаддас. Шогирдони Исо аз ӯ пурсиданд: «Аломати ҳузури ту ва охирзамон чӣ мешавад?» Исо ҷавоб дод: «Он вақт як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад» (Матто 24:3, 7).
Рӯйдодҳои ҷаҳон. Ба муноқишаҳои мусаллаҳона бештар давлатҳои яроқи ядродор ё ядросоз даст зада истодаанд.
«Солҳои охир дар ҷаҳон бераҳмиву бадкорӣ ва муноқишаҳо афзуда истодаанд» (Маҷмӯаи маълумот оид ба ҷой ва рӯйдодҳои ҷанги мусаллаҳона).
Ояти Китоби Муқаддас. «Дар замони охир подшоҳи ҷануб бо ӯ [подшоҳи шимол] шохзанӣ мекунад» (Дониёл 11:40).
Рӯйдодҳои ҷаҳон. Чи хеле ки дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, давлатҳои мухолиф ва ҳамаҳдонашон қувваозмоӣ мекунанд. Давлатҳои пурқудрате, ки яроқи ядроӣ доранд, ба якдигар рӯйирост ҳамла накунанд ҳам, яроқҳои худро пурзӯртару қавитар карда истодаанд.
«Тӯли даҳ соли охир муноқишаҳои байни давлатҳо зиёд шуда истодаанд, аз ҷумла байни давлатҳои абарқудрате, ки дар ҷанг яке аз ҷонибҳои мухолифро тарафдорӣ мекунанд» (Барномаи иттилоотӣ дар бораи ихтилофоти Упсала).
Ояти Китоби Муқаддас. «Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон... номуросо, туҳматзан, бепарҳез, ваҳшӣ... мешаванд» (2 Тимотиюс 3:1–3).
Рӯйдодҳои ҷаҳон. Имрӯз на танҳо одамони одӣ, балки сарварони давлатҳои абарқудрат низ бо якдигар муросо намекунанд. Онҳо нофаҳмиҳоро ба хубӣ неву бо фишору зӯрӣ ҳал карданиянд. Чунин рафтори онҳо хатари рух додани ҷанги ядроиро зиёд мекунад.
«То муросокориро ёд нагирем, муноқишаҳои харобиовар зиёд шудан мегиранд» (С. Сара ва Ҷ. Ҳарман, «Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ»).
Оё Худо ба ҷанги ядроӣ роҳ медиҳад?
Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Он ҷо гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои мо «ҳодисаҳои пурдаҳшат» рӯй медиҳанд (Луқо 21:11). Яке аз ин ҳодисаҳои пурдаҳшат партофта шудани бомбаҳои ядроӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аст. Дар Китоби Муқаддас фаҳмонида шудааст, ки чаро Худо ба ҷангҳо роҳ медиҳад. Видеонавори «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?»-ро тамошо карда, дар ин бора маълумоти бештар гиред.
Оё сайёраи мо нест мешавад?
Не. Одамон дар ҷанг бори дигар яроқи ядроиро истифода баранд ҳам, Худо ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки замину мавҷудоти зинда пурра нобуд гардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки сайёраи мо нест намешавад, дар он одамон то абад зиндагӣ хоҳанд кард.
Ба ақидаи баъзеҳо дар оянда, баъди ҷанги ядроӣ, замин заҳролуду беҳосил мешавад ва дар он шумораи ками одамон бо азоб зиндагӣ мекунанд. Аммо дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки Худо ҳар зарареро, ки ҷанг бо худ меорад, бартараф месозад.
Худо мехоҳад, ки мо дар дунёи зебову пур аз шодӣ зиндагӣ кунем
Худо сайёраи моро бо хусусияти барқарор шудан офаридааст. Ба қарибӣ ӯ бо бозуи пурзӯраш заминро пурра обод мекунад ва он то абад хонаи зебои одамизод мегардад (Забур 37:11, 29; Ошкорсозӣ 21:5).
Чӣ тавр бар тарсу ваҳми ҷанги ядроӣ ғолиб оем?
Баъзеҳо аз дарду азобе, ки ҷанги ядроӣ бо худ оварда метавонад, сахт ба ташвиш афтодаанд. Лекин Китоби Муқаддас ба чунин касон кумак мекунад, ки бар тарсашон ғолиб оянд. Чӣ тавр?
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки замин ва сокинони онро ояндаи дурахшон интизор аст. Ин умед мисли лангар моро мустаҳкаму устувор гардонда, намегузорад, ки ташвишу хавотириҳо моро аз по афтонанд (Ибриён 6:19). Агар фақат фикри имрӯзро кунему ғами фардоро нахӯрем, тарсу ваҳмамон камтар мешавад. Чи хеле ки ҳазрати Исо гуфта буд, «ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст» (Матто 6:34).
Ба ҳамаи мо зарур аст, ки дар бораи саломатии равонӣ ва рӯҳонии худ ғамхорӣ кунем. Барои ин бояд аз маълумоте, ки диламонро сиёҳ мекунанд, дурӣ ҷӯем, масалан, аз баҳсу мунозираҳо, ҳар гуна гумонпардозии олимон ва фикру ақидаҳои одамон дар мавзуи истифодаи яроқҳои ядроӣ. Албатта, мо худро ба карию кӯрӣ зада, ба воқеаҳои ҷаҳон бепарвоӣ карданӣ нестем. Мо танҳо худро аз ҳар хел маълумоте, ки сарамонро гиҷ мекунанд, ҳимоя карданием. Охир, мо ба рӯйдодҳои ҷаҳон таъсир расонида наметавонем. Инчунин баъзе чизҳое, ки мо дар бораашон аз ҳад зиёд ғам мехӯрем, шояд, ҳеҷ гоҳ рӯй надиҳанд.
Диққататонро аз хабарҳои бад ба чизҳои хуби ҳаётатон равона созед.
Китоби Муқаддас ба ояндаи нек умед мебахшад
Дар бораи ваъдаҳои Худо бештар фаҳмида, шумо дар дил умеду шодӣ ва оромӣ пайдо мекунед.
Оё Китоби Муқаддас Ҳармаҷиддӯнро ҷанги ядроӣ меномад?
Ба ақидаи баъзеҳо, Ҳармаҷиддӯн ҷанги ҷаҳонии ядроӣ мебошад. Аз ин рӯ онҳо фикр мекунанд, ки ин ҷанг ҳам мисли дигар ҷангҳои ядроӣ харобиҳои зиёде меорад.
Вале Китоби Муқаддас ҷанги Худоро бо «подшоҳони тамоми замин» Ҳармаҷиддӯнa меномад (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Ҷанги ядроӣ аз ҷанги Ҳармаҷиддӯн фарқ мекунад. Дар ҷанги ядроӣ одамони неку бад якҷоя нобуд мешаванд ва он бо худ харобиҳои зиёд меорад. Дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн бошад, Худо фақат бадкоронро нест мекунад ва дар рӯйи замин сулҳу осоиштагиро пойдор месозад (Забур 37:9, 10; Ишаъё 32:17, 18; Матто 6:10).
Мувофиқи Китоби Муқаддас чӣ ба ҷангҳо хотима мебахшад?
Ба наздикӣ Худои пурқудрат, Яҳуваb, ба воситаи Подшоҳии осмонияш ба муноқишаҳои давлатҳои мухолиф хотима бахшида, яроқу аслиҳаи онҳоро несту нобуд месозад. Ин Подшоҳӣ бар тамоми замин ҳукмрон хоҳад шуд (Дониёл 2:44).
Одамон зери Подшоҳии Худо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ёд мегиранд. Азбаски дар тамоми замин танҳо як подшоҳ ҳукмронӣ мекунад, байни давлатҳо дигар ҷангу муноқиша намешавад. Ҷанг нашудан як сӯ истад, одамон ҳатто ҷангро таълим намегиранд (Мико 4:1–3). Ин чӣ натиҷа меорад? Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад ва касе онҳоро наметарсонад» (Мико 4:4).
a Мақолаи «Ҳармаҷиддӯн чӣ гуна ҷанг аст?»-ро хонед.
b Яҳува ин номи Худо мебошад (Забур 83:18). Мақолаи «Яҳува кист?»-ро хонед.