ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ijwfq мақолаи 28
  • Оё Шоҳидони Яҳува даҳяк месупоранд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё Шоҳидони Яҳува даҳяк месупоранд?
  • Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
ijwfq мақолаи 28

Оё Шоҳидони Яҳува даҳяк месупоранд?

Не, Шоҳидони Яҳува даҳякa намесупоранд. Фаъолияти мо аз ҳисоби хайрия дастгирӣ карда мешавад. Худи даҳяк чӣ аст ва чаро Шоҳидони Яҳува онро намесупоранд?

Мувофиқи Шариати Мусо-пайғамбар супоридани даҳяк барои халқи қадими Исроил фарз буд. Лекин дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта шудааст, ки Шариати Мусо, аз он ҷумла қонуни супоридани даҳяк ба масеҳиён дахл надорад (Ибриён 7:5, 18; Қӯлассиён 2:13, 14).

Шоҳидони Яҳува аз ягон кас даҳяк намеситонанд ва қурбониҳо ҳам талаб намекунанд. Фаъолияти мо ба монанди масеҳиёни асри як бо ду роҳ дастгирӣ мешавад: якум, ҳеҷ кас барои дар бораи Худо бо одамон сӯҳбат кардан аз ташкилот пул намегирад; дуюм, фаъолияти мо аз ҳисоби маблағҳои хайрия дастгирӣ мешавад.

Ҳамин тавр, мо аз рӯи ояти Китоби Муқаддас, ки ба масеҳиён равона карда шудааст, амал мекунем: «Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯринтиён 9:7).

a Маънои даҳяк ин даҳ фоизи даромад мебошад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан