Эзоҳ
a Баъзан духтурон мегӯянд, ки саломатии модар ё кӯдак гӯё зери хатар аст, барои ҳамин аборт кардан лозим аст. Лекин ин барои аборт сабаб буда наметавонад. Агар дар вақти таваллуд қарор қабул кардан даркор шавад, ки ҳаёти модар ё кӯдакро интихоб кунанд, ин қарорро худи ҳамсарон қабул мекунанд. Дар бисёр мамлакатҳои тараққиёфта бошад, ба туфайли пешравиҳо дар соҳаи тиб чунин вазъият хеле кам ба назар мерасад.