Эзоҳ
a Агар шумораи пешравони нав кофӣ набошаду онҳо як синфро ташкил надиҳанд, шояд баъзе пешравоне, ки панҷ сол пеш дар ин мактаб таҳсил карда буданд, аз нав даъват шаванд.
[Тасвир дар саҳифаи 15]
Мактаб барои пирони ҷамъомад
[Тасвир дар саҳифаи 15]
Мақсад. Кӯмак ба пирон, то ки онҳо аз ӯҳдаи масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаашон бароянд ва хубтар бифаҳманд, ки аз онҳо, чун аз пирон, чӣ талаб карда мешавад.
Давомнокӣ. Панҷ рӯз.
Ҷой. Қарори филиал; одатан дар Толорҳои Салтанат ё Толори анҷуманҳо гузаронида мешавад.
Талабот. Шахс бояд пири ҷамъомад бошад.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Пироне, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, аз тарафи филиал даъват карда мешаванд.
Ба баъзе шарҳҳои шахсоне, ки дар синфи 92–юми ин мактаб (дар Иёлоти Муттаҳида) таҳсил карданд, таваҷҷӯҳ кунед:
«Таҳсил дар ин мактаб бароям хеле манфиатбахш буд. Он ба ман кӯмак кард, то ботинамро тафтиш кунам ва бифаҳмам, ки чӣ тавр нисбати гӯсфандони Яҳува ғамхорӣ карда метавонам».
«Аз фикрҳои асосии Навиштаҳо истифода бурда ман барои бештар рӯҳбаланд кардани дигарон тайёрам».
«Акнун ман ин дониши гирифтаамро тамоми умр ба кор хоҳам бурд».
Мактаб барои нозирони сайёр ва занони онҳо
Мақсад. Кӯмак расонидан ба нозирони ноҳиявӣ ва вилоятӣ, ки «дар ваъз ва таълим меҳнат» мекунанд, то онҳо дар ҷамъомадҳо самараноктар хизмат намоянд (1 Тим. 5:17; 1 Пет. 5:2, 3).
Давомнокӣ. Ду моҳ.
Ҷой. Қарори филиал.
Талабот. Шахс бояд нозири ноҳиявӣ ё вилоятӣ бошад.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Нозирони сайёре, ки ба талабот мувофиқат мекунанд ва ҳамсарони онҳо аз тарафи филиал даъват карда мешаванд.
«Фаҳмиши мо оиди он ки чӣ тавр Исо ташкилотро сарварӣ мекунад, боз ҳам чуқуртар гашт. Мо дарк намудем, ки ба рӯҳбаландкунии бародарону хоҳароне, ки мо ба онҳо хизмат мекунем ва ба мустаҳкам кардани ягонагии ҳар як ҷамъомад ниёз вуҷуд дорад. Ин мактаб ба таври хуб ба мо нишон дод, ки ҳангоми маслиҳатдиҳӣ ва баъзан дар вақти ислоҳкунӣ мақсади асосии нозири сайёр ин аст, ки ба бародарон кӯмак намояд, то онҳо бифаҳманд, ки Яҳува дӯсташон медорад» (Ҷоел, ки соли 1999 дар синфи якуми ин мактаб таҳсил кардааст).
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан
Мақсад. Барои иҷрои масъулиятҳои иловагӣ дар ташкилоти Яҳува тайёр кардани бародарони муҷарраде, ки чун пирон ва ходимони ёвар хизмат мекунанд. Аксарияти хатмкунандагон ба он ҷамъомадҳои мамлакаташон, ки он ҷо ба кӯмак ниёз ҳаст, таъин мешаванд. Баъзеҳо ба мамлакатҳои дигар таъин карда мешаванд, агар онҳо ба ин розӣ бошанд. Баъзе хатмкунандагони ин мактабро чун пешравони махсуси муваққатӣ таъин карда метавонанд, то дар маҳалҳои дурдаст кори мавъизаро оғоз ё васеъ кунанд.
Давомнокӣ. Ду моҳ.
Ҷой. Қарори филиал; одатан дар Толорҳои Салтанат ё Толори анҷуманҳо гузаронида мешавад.
Талабот. Бародарони муҷарради аз 23 то 62–сола бояд дорои саломатии хуб бошанд ва барои хизмат кардан дар ҷойҳое, ки ниёзи калон вуҷуд дорад, хоҳиш дошта бошанд (Марқ. 10:29, 30). Онҳо бояд ду сол пайваста чун пешрави доимӣ хизмат кунанд ва камаш ду сол паи ҳам пири ҷамъомад ё ходими ёвар бошанд.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Дар анҷумани ноҳиявӣ вохӯрӣ гузаронида мешавад ва хоҳишмандон дар он маълумот гирифта метавонанд.
«Таҳсил дар ин мактаб имконият дод, ки рӯҳи Яҳува дар ман дигаргуниҳои ҷиддӣ дарорад,— мегӯяд Рик, ки дар синфи 23–юми ин мактаб (дар Иёлоти Муттаҳида) таҳсил кардааст.— Вақте Яҳува ягон супориш медиҳад, Ӯ туро барои иҷро кардани он дастгирӣ менамояд. Ман фаҳмидам, ки агар диққатамро на ба худам, балки ба иҷрои иродаи Худо равона созам, Ӯ ба ман қувват мебахшад».
«Ман фаҳмидам, ки бояд ташкилоти Худоро чун мӯъҷизаи рӯзҳои мо қадр кунам,— мегӯяд Андреас, ки дар Олмон хизмат мекунад.— Ин мактаб ба ман кӯмак кард, ки ба корҳои дарпешистода омода бошам. Ҳамчунин ба воситаи намунаҳо аз Китоби Муқаддас ман ҳақиқати зеринро фаҳмидам: хизмат ба бародарон ва Яҳува хушбахтии ҳақиқӣ меорад».
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ
Мақсад. Ба ҷуфти ҳамсарон додани таълими махсус, то ки онҳо ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ бештар хизмат кунанд. Аксарияти хатмкунандагон ба он ҷамъомадҳои мамлакаташон, ки он ҷо ба кӯмак ниёз ҳаст, таъин мешаванд. Баъзеҳо барои дар мамлакатҳои дигар хизмат кардан таъин шуда метавонанд, агар ба ин намуди хизмат омода бошанд. Хатмкунандагон метавонанд чун пешрави махсуси муваққатӣ таъин шаванд, то дар ҷойҳои дурдаст кори мавъизаро оғоз ва васеъ кунанд.
Давомнокӣ. Ду моҳ
Ҷой. Ин мактаб дар Иёлоти Муттаҳида гузаронида мешавад ва аз моҳи сентябри соли 2012 сар карда ҳамчунин дар территорияи филиалҳои интихобшуда, одатан дар Толори анҷуманҳо ё Толорҳои Салтанат гузаронида мешавад.
Талабот. Ҷуфтони масеҳии аз 25 то 50 сола, бояд саломатии хуб дошта бошанд ва шароиташон гузорад, то дар ҳар куҷое, ки ниёз ҳаст, хизмат кунанд. Онҳо бояд чунин рӯҳия зоҳир кунанд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Ҳамчунин онҳо бояд камаш ду сол оиладор бошанд ва пайваста чун ходимони пурравақт хизмат карда истода бошанд. Шавҳар бояд камаш ду сол пайваста чун пири ҷамъомад ё ходими ёвар хизмат кунад.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Дар анҷумани вилоятӣ вохӯрӣ гузаронида мешавад, то ба хоҳишмандон оиди таълимгирӣ дар ин мактаб маълумот дода шавад. Агар дар мамлакати шумо чунин вохӯрӣ гузаронида нашавад, ҳамсароне, ки дар ин мактаб таҳсил кардан мехоҳанд, барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд, ба филиал нома нависанд.
«Дар ҳақиқат, ин ҳашт ҳафта ҳаётро дигаргун месозад ва ба ҷуфтони масеҳие, ки ба Яҳува бештар хизмат кардан мехоҳанд, имконияти олиҷаноб медиҳад! Мо қарор кардем, ки ҳаёти бомувозинат барем, то ба туфайли ин вақтамонро оқилона сарф кунем»,—мегӯянд Эрик ва Корэна (дар поён), ки соли 2011 дар синфи якуми ин мактаб таҳсил кардаанд.
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод
Мақсад. Тайёр кардани таҳсилкунандагон барои хизмати миссионерӣ дар маҳаллҳои сераҳолӣ. Ҳамчунин онҳо барои хизмат чун нозирони сайёр ва ходимони Байт–Ил тайёр карда мешаванд. Мақсади асосӣ, ин мустаҳкам кардан ва ба тартибу низом даровардани кори мавъиза ва фаъолияти филиалҳо мебошад.
Давомнокӣ. Панҷ моҳ.
Ҷой. Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню–Йорк, ИМА).
Талабот. Дар ин мактаб ҷуфтони масеҳие, ки аллакай дар ягон намуди хизмати махсуси пурравақт иштирок мекунанд, масалан миссионероне, ки дар ин мактаб таҳсил накарда буданд, пешравони махсус, нозирони сайёр ё ходимони Байт–Ил таҳсил карда метавонанд. Ҳардуи онҳо бояд дар чунин намуди хизмат камаш се сол пайваста иштирок карда бошанд. Ҳамчунин онҳо бояд озодона ба забони англисӣ гап зананд, хонанд ва нависанд.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Кумитаи филиал барои ҷуфтоне, ки дар мактаби мазкур таҳсил кардан мехоҳанд, пурсишнома дода метавонад.
Лада ва Монек, ки аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд, ҳоло дар Африка хизмат мекунанд. «Мактаби Ҷилъод моро омода кард, то ба кадом мамлакате, ки моро нафиристонанд, биравем, барои иҷрои ҳар гуна супориш остин барзанем ва бо ҳамимонони азизамон ҳамкорӣ кунем»,— мегӯяд бародар Лада.
Монек илова мекунад: «Вақте ки ман чизҳои аз Каломи Худо омӯхтаамро ба кор мебарам, ман аз хизмати худ хурсандии зиёд мегирам. Ман дарк мекунам, ки ин хурсандӣ боз як исботи муҳаббати Яҳува мебошад».
Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиал ва занони онҳо
Мақсад. Ба аъзоёни Кумитаи филиалҳо ёрӣ дода мешавад, то онҳо ба корҳои хонаи Байт–Ил ва дар бораи корҳои бо хизмат ва ҷамъомадҳо алоқаманд нағзтар ғамхорӣ кунанд ва ба ноҳияҳою вилоятҳои ба онҳо тааллуқдошта назорат кунанд. Ҳамчунин ба бародарон дар бораи кори тарҷумонӣ, чоп ва ба ҷамъомадҳо расонида шудани адабиёт маълумот дода мешавад.
Давомнокӣ. Ду моҳ.
Ҷой. Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню–Йорк, ИМА).
Талабот. Бародар бояд аъзои Кумитаи филиал ё Кумитаи мамлакат бошад ва ё ин масъулият баъди хатми мактаб ба ӯҳдаи ӯ гузошта шавад.
Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Бародарон ва занони онҳо аз тарафи Ҳайати роҳбарикунанда даъват карда мешаванд.
Лоэл ва Кара, ки хатмкунандагони синфи 25–уми ин мактаб мебошанд, дар Нигерия хизмат мекунанд. «Ба ман хотиррасон шуд, ки новобаста аз серкорӣ ё супоришҳои ба ӯҳда доштаам, шарти асосӣ барои ба Яҳува писанд омадан — ин дар ҳама кор ба Ӯ пайравӣ намудан аст,— мегӯяд Лоэл.— Дар давоми таҳсил махсусан қайд шуд, ки дар муносибат бо дигарон мо бояд ба муҳаббати Яҳува, ки нисбати ходимонаш нишон медиҳад, пайравӣ намоем».
Кара илова мекунад: «Ман дар бораи як шарҳе, ки дар ин мактаб садо дод, мулоҳиза мекардам. Маънои он чунин буд: агар ман ягон мавзӯъро ба таври содда фаҳмонда натавонам, ман бояд пеш аз таълим додани дигарон онро худам чуқуртар омӯзам».