Эзоҳ
a Вақте Исо дар бораи аломати охирзамон гуфт, вай ба шогирдонаш якчанд масал овард. Аввал вай ба «ғуломи мӯътамад ва доно» гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншудае, ки дар байни халқи Худо роҳбариро ба ӯҳда гирифтанд, ишора кард (Мат. 24:45–47). Сипас Исо масале овард, ки пеш аз ҳама ба ҳамаи тадҳиншудагон тааллуқ дорад (Мат. 25:1–30). Дар охир бошад, Исо дар бораи онҳое ки умеди заминӣ доранду бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд, гап зад (Мат. 25:31–46). Ба ин монанд вақте пешгӯии Ҳизқиёл дар рӯзҳои мо ба иҷрошавӣ сар кард, он аввал нисбати онҳое ки умеди осмонӣ доранд, иҷро шуд. Ҳарчанд салтанати даҳсибтаи Исроил на ҳамеша онҳоеро ки умеди заминӣ доранд, тасвир кунад ҳам, ягонагие ки дар ин пешгӯӣ фаҳмонида шудааст, ба мо ягонагии байни касоне ки умеди осмонӣ ва заминӣ доранд, ёдрас мекунад.