Эзоҳ
b ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре аз айёми кӯдакиаш пайваста ба Яҳува дуо мегӯяд. Дар хурдсолӣ волидонаш ба ӯ чӣ хел дуо гуфтанро ёд дода буданд. Дар ҷавонӣ ӯ хизмати пешравиро сар кард ва тез-тез ба Яҳува дуо мегуфт, ки хизмати ӯро баракат диҳад. Баъди солҳои зиёд, вақте шавҳараш бемор мешавад, ӯ дар дуо аз Яҳува зориву илтиҷо мекунад, ки барои ба ин мушкилӣ тоб овардан ба ӯ қуввати лозима диҳад. Имрӯз, ки ӯ бевазану пиронсол аст, ҳоло ҳам бо ҷидду ҷаҳд дуо мегӯяд. Ӯ боварӣ дорад, ки Яҳува мисли пештара ба дуоҳояш ҳатман ҷавоб медиҳад.