Эзоҳ
a Чоруми апрели соли 2023, рӯзи сешанбе, миллионҳо одамон аз сар то сари ҷаҳон Шоми ёдбуди Масеҳро ҷашн мегиранд. Бисёр одамон бори аввал ба ин маросим меоянд. Он рӯз бо мо инчунин ғайрифаъолоне мешаванд, ки баъди солҳои зиёд аввалин бор ин маросимро қайд мекунанд. Баъзеҳо новобаста ба мушкилиҳои сахт Шоми ёдбудро ҷашн мегиранд. Вазъиятатон чӣ гунае набошад, агар кӯшиш карда ҳамроҳи мо ин маросимро қайд кунед, Яҳува инро бениҳоят қадр мекунад.