1 Мӯсо
44 Сипас ӯ ба нозири хонаи худ гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, бо ғалла пур кун ва пули ҳар кадомашро ба халтааш андоз.+ 2 Ҷоми нуқрагинамро бошад, бо пули ғаллааш ба халтаи хурдӣ бимон». Ӯ мувофиқи суханони Юсуф амал кард.
3 Саҳарӣ, вақте субҳ дамид, он мардонро ҳамроҳи харонашон равона карданд. 4 Онҳо аз шаҳр чандон дур нарафта, Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархеста, аз ақиби он мардон шитоб кун ва, вақте ба онҳо даррасӣ, чунин бигӯй: “Барои чӣ дар ивази некӣ бадӣ кардед? 5 Чаро ҷоми хӯҷаини маро, ки вай аз он менӯшад ва бо он фол мекушояд, дуздидед? Ин коратон хеле бад буд”».
6 Нозири хона онҳоро дарёб карда, ин суханонро ба онҳо гуфт. 7 Аммо онҳо ба вай гуфтанд: «Барои чӣ хоҷаамон ин тавр мегӯяд? Наход ғуломонат ба чунин кор даст зананд?! 8 Пуле, ки мо дар даҳани халтаҳоямон ёфтем, аз худи Канъон гирифта, овардем.+ Пас, чӣ тавр мо аз хонаи хӯҷаинат метавонистем нуқра ё тилло дуздем? 9 Агар ҷомро дар дасти яке аз ғуломонат ёбӣ, бигзор ӯ кушта шавад ва боқимондаамон бигзор ғуломи хоҷаамон гардем». 10 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бигзор гуфти шумо шавад. Дар дасти касе, ки ҷомро ёбам, ӯ ғуломи ман мешавад, аммо боқимондаатон айбдор ҳисобида намешавед». 11 Ҳар яки онҳо дарҳол халтаҳои худро ба замин гузошта, кушоданд. 12 Он мард аз халтаи калонӣ сар карда то хурдӣ ҳамаро кофтуков кард ва ҷомро дар халтаи Бинёмин ёфт.+
13 Он гоҳ онҳо либосҳои худро чок заданд ва борҳои худро бар харонашон гузошта, ба шаҳр баргаштанд. 14 Вақте Яҳудо+ ва бародаронаш ба хонаи Юсуф даромаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд. Онҳо пеши пойи ӯ афтоданд+ 15 ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки шумо кардед? Магар намедонистед, ки шахсе мисли ман моҳирона фол мекушояд?»+ 16 Яҳудо дар ҷавоб гуфт: «Ба хоҷаи худ чӣ гӯем? Чӣ гуна худро сафед кунем? Инак, Худо гуноҳи ғуломонатро ёфтааст.+ Мо ғуломони туем, эй хоҷаам, ҳам мо ва ҳам касе, ки дар дасташ ҷоматро ёфтанд!» 17 Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ҳаргиз чунин намекунам! Он марде, ки дар дасташ ҷоми маро ёфтанд, ғуломи ман мешавад,+ аммо боқимондаатон метавонед назди падари худ баргардед».
18 Яҳудо ба ӯ наздик шуда гуфт: «Эй хоҷаам, илтимос, ба ғуломи худ иҷозат бидеҳ, ки сухане бигӯяд. Охир, ту худ мисли фиръавн ҳастӣ. Хоҳиш мекунам, сухани ғуломатро бишнав ва ба қаҳр наой.+ 19 Хоҷаам аз ғуломонаш пурсида буд: “Оё шумо падар ё бародаре доред?” 20 Мо ба хоҷаамон гуфтем: “Мо падари солхӯрдае дорем ва ӯ бачае дорад, ки дар сари пириаш ба дунё омадааст ва фарзанди хурдист.+ Бародари он бача мурдаасту+ ӯ ягона фарзандест, ки аз модараш мондааст,+ ва падараш ӯро дӯст медорад”. 21 Баъд аз ин ту ба ғуломони худ гуфтӣ: “Он бачаро пеши ман биёред, то ман ӯро бубинам”.+ 22 Вале мо гуфтем: “Бача наметавонад аз падари худ дур шавад. Агар ӯ аз падараш ҷудо шавад, падараш ғуссамарг мешавад”.+ 23 Он гоҳ ту ба ғуломони худ гуфтӣ: “То бародари хурдиатонро наоред, дар назарам натобед!”+
24 Мо назди ғуломи ту, падарамон, рафтем ва суханони хоҷаамро ба ӯ гуфтем. 25 Баъдтар падари мо гуфт: “Ба он ҷо баргардед ва бароямон каме ғалла харед”.+ 26 Аммо мо ба ӯ гуфтем: “Мо рафта наметавонем. Агар бародари хурдиамон бо мо биравад, меравем, агар наравад, назди он мард рафта наметавонем”.+ 27 Он гоҳ ғуломи ту, падарамон, ба мо гуфт: “Шумо медонед, ки зани ман бароям танҳо ду писар таваллуд карда буд.+ 28 Аммо якеашро аз даст додаму гуфтам: “Писарамро ҳайвони даррандае пора-пора кардааст!”+ Аз он вақт инҷониб писарамро надидам. 29 Агар шумо инашро ҳам бигиред ва дар роҳ бар сари ӯ фалокате биёяду ӯ бимирад, шумо мани мӯйсафедро бо ғаму андуҳ+ зинда ба зинда ба гӯр+ медароред”.
30 Чӣ тавр ман метавонам назди ғуломи ту, падарам, бе ин писар баргардам, охир, ҷони падарам ба ҷони вай пайваста аст*?! 31 Ҳамин ки падарам бубинад, ки бача бо мо нест, ғуссамарг мешавад ва аз дасти мо мӯйсафеди ғамзада зиндабагӯр мешавад. 32 Ғуломат ба падарам кафолат дода гуфтам: “Агар ӯро сиҳату саломат ба ту барнагардонам, дар назди ту як умр гунаҳгор бошам”.+ 33 Пас, эй хоҷаам, илтимос мекунам, бигзор бандаат ба ҷойи ин бача ғуломи ту шавад, то ӯ бо бародаронаш баргардад. 34 Ман бо кадом рӯ бе вай баргардам? Ман тоқати дидани онро надорам, ки бар сари падарам балое биёяд!»