1 Мӯсо
47 Юсуф рафта, ба фиръавн хабар дод:+ «Падар ва бародарони ман бо молу гов ва тамоми чизу чораи худ аз замини Канъон омадаанд ва онҳо ҳоло дар замини Ҷӯшан+ мебошанд». 2 Ӯ панҷ бародари худро гирифта, назди фиръавн овард.+
3 Фиръавн аз бародарони вай пурсид: «Касбу коратон чист?» Онҳо ба фиръавн ҷавоб доданд: «Ғуломонат чӯпон мебошанд, касби мо ва бобоёнамон ҳамин аст».+ 4 Он гоҳ онҳо ба фиръавн гуфтанд: «Мо ба ин сарзамин барои он муҳоҷират кардаем,+ ки дар замини Канъон қаҳтии сахт аст ва барои чорвои ғуломонат чарогоҳе нест.+ Ба ғуломонат иҷозат бидеҳ, ки дар замини Ҷӯшан зиндагӣ кунанд».+ 5 Фиръавн ба Юсуф гуфт: «Инак, падарат ва бародаронат назди ту омадаанд. 6 Замини Миср дар ихтиёри туст. Ба падар ва бародаронат дар беҳтарин макони ин замин ҷойи зист бидеҳ.+ Бигзор онҳо дар замини Ҷӯшан зиндагӣ кунанд, ва, агар ту аз байни онҳо одамони кордонеро бидонӣ, онҳоро бар чорвои ман таъйин кун».
7 Сипас Юсуф падараш Яъқубро назди фиръавн овард ва Яъқуб фиръавнро дуои нек кард. 8 Фиръавн аз Яъқуб пурсид: «Ту чандсолаӣ?» 9 Яъқуб ба фиръавн ҷавоб дод: «Солҳои мусофирати ман 130 сол мебошанд. Рӯзҳои умри ман кам ва пур аз ғам буданд.+ Бобоёни ман, ки ҳаёти онҳо низ дар мусофират гузаштааст, аз ман бештар умр дидаанд».+ 10 Баъд аз ин Яъқуб фиръавнро дуои нек кард ва аз пеши вай берун рафт.
11 Юсуф падари худ ва бародаронашро дар замини Миср ҷо дод ва ба онҳо макони беҳтарини он заминро дод. Ӯ ба онҳо, чи хеле ки фиръавн фармуда буд, замини Раамсисро+ дод. 12 Юсуф падар, бародарон ва тамоми аҳли хонаводаи падарашро бо хӯрок* таъмин мекард. Ӯ ҳар хонаводаро мувофиқи шумораи фарзандонашон таъмин мекард.
13 Дар тамоми замин нон набуд, зеро қаҳтӣ хеле сахт буд, ва аз сабаби хушксолӣ ҳоли замини Мисру замини Канъон хароб гардида буд.+ 14 Юсуф тамоми пулеро, ки дар замини Миср ва замини Канъон ёфт мешуд, ҷамъ оварда, дар хазинаи фиръавн захира мекард, пулеро, ки мардум барои харидани ғалла меоварданд.+ 15 Бо гузашти вақт пули мардуми Миср ва мардуми Канъон тамом шуд, ва ҳамаи мисриён назди Юсуф омада, мегуфтанд: «Ба мо хӯрок бидеҳ! Наход аз сабаби пул надоштанамон бимирем?» 16 Юсуф ба онҳо гуфт: «Агар пулатон тамом шуда бошад, чорвои худро биёред ва ман ба шумо дар ивази он хӯрок медиҳам». 17 Онҳо назди Юсуф чорвои худро овардан гирифтанд ва Юсуф дар ивази он ба онҳо хӯрок медод. Онҳо ба вай аспон, бузу гӯсфандон, говону харони худро меоварданд ва ӯ дар ивазашон ба онҳо дар давоми он сол хӯрок медод.
18 Вақте сол ба охир расид, онҳо соли дигар боз назди ӯ омаданд ва гуфтанд: «Бигзор хоҷаамон бидонад, ки тамоми пул ва чорвоямонро аллакай ба дасти хоҷаамон додаем. Акнун ғайр аз баданамон ва заминамон чизи дигаре надорем, ки ба хоҷаамон диҳем. 19 Барои чӣ мо ва заминамон нобуд шавем? Мову заминамонро бихар ва дар ивазаш хӯрок бидеҳ ва мову заминамон аз они фиръавн мешавем. Ба мо тухмӣ бидеҳ, то аз гуруснагӣ намирем ва заминамон харобазор нашавад». 20 Юсуф тамоми замини мисриёнро барои фиръавн харид, чунки ҳамаи мисриён аз сабаби қаҳтии сахт заминҳои худро фурӯхтанд ва замин аз они фиръавн шуд.
21 Ӯ мардумро аз як канор то канори дигари Миср ба шаҳрҳо кӯчонд.+ 22 Ӯ танҳо замини коҳинонро нахарид,+ чунки онҳо аз хонаи фиръавн хӯрок мегирифтанд ва аз ҳамин ҳисоб рӯз мегузарониданд. Аз ин рӯ онҳо заминҳои худро нафурӯхтанд. 23 Юсуф ба халқ гуфт: «Ман имрӯз шумо ва замини шуморо барои фиръавн харидам. Ана тухмӣ, онро гиред ва заминро кишт кунед. 24 Вақте ҳосил меғундоред, панҷякашро ба фиръавн диҳед,+ чор ҳиссааш бошад, аз они худи шумост, то шумо киштукор кунед ва аҳли хонавода ва кӯдаконатонро сер кунед». 25 Онҳо гуфтанд: «Ту ба мо ҳаёт бахшидӣ.+ Агар ин дар назари хоҷаамон писанд ояд, мо ғуломони фиръавн мешавем».+ 26 Он гоҳ Юсуф фармоне баровард, ки то имрӯз дар сарзамини Миср амал мекунад: панҷяки ҳосил аз они фиръавн аст. Фақат замини коҳинон аз они фиръавн нагашт.+
27 Исроил дар Миср, дар замини Ҷӯшан, мезист.+ Писарони ӯ дар он ҷо соҳиби молу мулк шуданд ва фарзанд ба дунё оварда, хеле сершумор гаштанд.+ 28 Яъқуб дар замини Миср 17 сол зиндагӣ кард ва ӯ ҳамагӣ 147 сол умр дид.+
29 Вақти мурдани Исроил наздик мешуд+ ва ӯ писараш Юсуфро назди худ хонда, ба вай гуфт: «Агар дар назарат писанд афтода бошам, хоҳиш мекунам, дастатро зери ронам гузор ва қасам бихӯр, ки меҳру вафоятро аз ман дареғ намедорӣ. Илтимос, маро дар замини Миср гӯр накун.+ 30 Вақте бимирам*, маро аз Миср берун бибар ва дар қабри бобоёнам гӯр кун».+ Юсуф ҷавоб дод: «Хуб шудааст». 31 Яъқуб гуфт: «Қасам бихӯр», ва Юсуф қасам хӯрд.+ Он гоҳ Исроил дар сари болинаш ба Худо саҷда кард.+