2 Мӯсо
31 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 2 «Инак, ман Басалъил,+ писари Урӣ, писари Ҳурро, ки аз қабилаи Яҳудо аст, интихоб кардам*.+ 3 Ман ӯро аз рӯҳи Худо пур месозам ва ба ӯ хирад ва фаҳму дониши ҳар гуна ҳунарро медиҳам, 4 то нақшаҳо кашад, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад, 5 сангҳоро тарошида, ҷобаҷо гузорад+ ва ҳар навъ корҳои дуредгариро ба ҷо орад.+ 6 Ман Оҳолиоб,+ писари Аҳисомакро, ки аз қабилаи Дон аст, дастёри ӯ таъйин мекунам ва ба ҳамаи ҳунармандон* хирад мебахшам, то ҳар кореро, ки ба ту фармудаам, иҷро карда тавонанд. Онҳо бояд ин чизҳоро тайёр кунанд:+ 7 хаймаи ҷомеъ,+ сандуқи шаҳодат+ бо сарпӯшаш,+ тамоми ашёи хайма, 8 миз+ бо ашёи он, чароғпоя аз тиллои тоза бо тамоми ашёи он,+ қурбонгоҳи бухурсӯзӣ,+ 9 қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ+ бо тамоми ашёи он, тос бо пояаш,+ 10 либосҳои хушбофт, либосҳои муқаддас барои Ҳоруни коҳин ва либосҳои писарони коҳинаш,+ 11 равғани тадҳин* ва бухури хушбӯй барои қурбонгоҳ.+ Бигзор онҳо ҳар он чиро, ки ба ту фармудам, ба амал биёранд».
12 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 13 «Ба писарони Исроил чунин бигӯй: “Ҳатман шанбеҳои маро риоя кунед,+ зеро ин байни ману шумо ва наслҳоятон аломате хоҳад буд, то бидонанд, ки ман, Яҳува, шуморо барои худ ҷудо кардаам. 14 Шумо бояд шанберо риоя кунед, зеро он барои шумо муқаддас аст.+ Ҳар кӣ шанберо вайрон кунад, бигзор кушта шавад. Агар касе дар рӯзи шанбе кор кунад, бояд аз миёни халқ решакан шавад.+ 15 Шаш рӯз кор кунед, лекин рӯзи ҳафтум, рӯзи шанбе, барои шумо рӯзи махсус бошад, ки шумо дар он ором мегиред.+ Ин рӯз барои Яҳува муқаддас аст. Ҳар кӣ дар рӯзи шанбе кор кунад, бояд кушта шавад. 16 Исроилиён бояд аз насл ба насл шанберо риоя кунанд ва ба ҷо оранд. Ин аҳди бардавом аст. 17 Он дар миёни ман ва писарони Исроил аломати бардавом аст,+ зеро Яҳува шаш рӯз осмон ва заминро сохт ва дар рӯзи ҳафтум дам гирифту фароғат кард”».+
18 Вақте ки Худо дар кӯҳи Сино суханонашро тамом кард, ӯ ба Мӯсо ду лавҳаи сангин, ду лавҳаи шаҳодатро, дод,+ ки дар онҳо бо ангушти Худо навишта шуда буд.+