2 Мӯсо
34 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Барои худ ду лавҳаи сангин мисли лавҳаҳои пештара битарош+ ва ман ҳамон суханони лавҳаҳои аввал, лавҳаҳои шикастаатро,+ бар онҳо менависам.+ 2 Барои саҳар тайёриатро бин ва саҳари барвақт ба кӯҳи Сино баро ва назди ман бар қуллаи кӯҳ биист.+ 3 Лекин ҳеҷ кас набояд бо ту биёяд ва бар кӯҳ набояд касе бошад. Ҳатто гову мол набояд дар наздикии кӯҳ чаро кунад».+
4 Мӯсо ду лавҳаи сангин мисли лавҳаҳои аввала тарошид ва, чи тавре ки Яҳува ба вай фармуда буд, саҳари барвақт хеста, бо ду лавҳаи сангин ба кӯҳи Сино рафт. 5 Он гоҳ Яҳува дар абре поён омад+ ва дар назди Мӯсо қарор гирифт ва номи Яҳуваро эълон намуд.+ 6 Яҳува аз пеши вай гузашта, эълон намуд: «Яҳува, Яҳува, Худои меҳрубону дилсӯз,+ пурсабр+ ва пур аз меҳру вафову+ ростӣ,+ 7 ки ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунад+ ва хатову айбу гуноҳро мебахшад,+ аммо ҳаргиз гунаҳкорро бе ҷазо намемонад,+ балки барои гуноҳи падарон писарону наберагонро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад».+
8 Мӯсо шитобон то ба замин хам шуда, саҷда намуд. 9 Сипас ӯ гуфт: «Агар ҳоло, эй Яҳува, ризогиятро ба даст оварда бошам, илтимос мекунам, эй Яҳува, дар миёни мо равона шав,+ ҳарчанд мо халқи якрав*+ ҳастем. Илтимос, хатову гуноҳи моро бибахш+ ва моро моликияти худ соз». 10 Худо ба ӯ гуфт: «Инак, ман аҳде мебандам: дар пеши назари тамоми халқ ман корҳои аҷоибе мекунам, корҳое мекунам, ки то ин дам дар тамоми рӯйи замин, дар миёни тамоми халқҳо, касе накардааст.+ Он гоҳ тамоми халқҳое, ки дар байнашон зиндагӣ мекунед, корҳои Яҳуваро хоҳанд дид, зеро он чӣ ман бо шумо карда истодаам, як чизи олиҷанобест.+
11 Он чиро, ки ман имрӯз ба ту мефармоям, риоя кун.+ Инак, ман аз пеши ту амӯриён, канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро меронам.+ 12 Эҳтиёт шав, ки бо одамони замине, ки ба он ҷо меравӣ, аҳд набандӣ,+ то ин бароят доме нашавад.+ 13 Аммо қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон кунед, сутунҳоеро, ки парастиш мекунанд, шиканед ва Ашераҳои* онҳоро бурида партоед.+ 14 Ба худои дигаре саҷда накун,+ чунки Яҳува Худоест, ки вафодории бекаму костро металабад*. Бале, ӯ Худоест, ки вафодории бекаму костро металабад.+ 15 Эҳтиёт шав, ки бо мардуми он замин аҳд набандӣ. Охир, мумкин аст, ки ин мардуми хиёнаткори бутпараст, вақте бутҳои худро парастиш кунанду* ба онҳо қурбонӣ оранд,+ туро низ даъват намоянд ва ту аз қурбонии онҳо бихӯрӣ.+ 16 Он гоҳ ту, бешак, аз духтарони онҳо барои писаронат зан мегирӣ+ ва духтарони онҳо хиёнаткорона ба бутпарастӣ даст зада, писарони туро низ ба ин кор тела медиҳанд.+
17 Бутҳои рехта насоз.+
18 Иди Фатирро ҷашн бигир.+ Чи тавре ки ба ту фармудам, дар ин рӯзҳо фатир* бихӯр. Дар муддати ҳафт рӯз, дар вақти муқарраршуда, дар моҳи абиб*,+ фатир бихӯр, зеро ту дар моҳи абиб аз замини Миср берун омадӣ.
19 Ҳар наринаи нахустзода аз они ман аст:+ ҳар нахустзодаи чорвоят, хоҳ аз гов бошад, хоҳ аз гӯсфанд.+ 20 Нахустзодаи харатро бо гӯсфанде бозхарид кун. Агар онро бозхарид накунӣ, гарданашро шикан. Ҳар писари нахустзодаатро бозхарид кун.+ Ҳеҷ кас набояд пеши ман дасти холӣ биёяд.
21 Шаш рӯз кор кун, аммо рӯзи ҳафтум дам гир*.+ Ҳатто дар мавсими ҷуфт ва дарав дам гир.
22 Иди Ҳафтаҳоро дар мавсими дарави навбари гандум ҷашн бигир. Иди Ҷамъовариро* бошад, дар поёни сол ҷашн бигир.+
23 Дар як сол се бор тамоми мардонат назди Худованд Яҳува, Худои Исроил, ҳозир шаванд.+ 24 Охир, ман аз пеши ту халқҳоро меронам+ ва макони туро васеъ мекунам ва, вақте ту соле се маротиба барои дидани рӯйи Худоят Яҳува биравӣ, ҳеҷ кас замини туро ҳавас намекунад.
25 Вақте бароям хуни қурбониро меорӣ, онро бо чизе наор, ки хамиртуруш дошта бошад.+ Қурбонии Иди Раҳоӣ набояд то саҳар боқӣ монад.+
26 Навбари беҳтарини заминатро ба хонаи Худоят Яҳува биёр.+
Бузғоларо дар шири модараш напаз».+
27 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: «Ин суханонро бинавис,+ зеро мувофиқи ин суханон ман бо ту ва Исроил аҳд мебандам».+ 28 Мӯсо 40 шабу 40 рӯз бо Яҳува монд ва на нон хӯрду на об нӯшид.+ Он вақт Худо бар лавҳаҳо суханони аҳд, яъне Даҳ амрро*, навишт.+
29 Пас аз ин Мӯсо аз кӯҳи Сино фаромад ва дар дасташ ду лавҳаи шаҳодат буд.+ Вақте ӯ аз кӯҳ фаромад, намедонист, ки рӯяш медурахшад. Рӯйи Мӯсо медурахшид, зеро ӯ бо Худо гап зада буд. 30 Вақте Ҳорун ва тамоми исроилиён Мӯсоро диданд, аҳамият доданд, ки рӯяш медурахшад ва аз наздик шудан ба ӯ тарсиданд.+
31 Аммо Мӯсо онҳоро хонд ва Ҳорун бо сардорони мардум назди ӯ омад ва Мӯсо бо онҳо сухан гуфт. 32 Баъд аз ин тамоми исроилиён назди ӯ омаданд ва ӯ ба онҳо тамоми амрҳоеро, ки Яҳува ба ӯ дар кӯҳи Сино дода буд,+ гуфт. 33 Вақте Мӯсо бо онҳо гап заданро тамом мекард, бар рӯяш парда мепӯшид.+ 34 Аммо, вақте Мӯсо назди Яҳува медаромад, то бо ӯ гап занад, пардаро то баромаданаш аз рӯйи худ мегирифт.+ Баъд ӯ баромада, назди исроилиён мерафт ва амрҳоеро, ки аз Худо гирифта буд, ба онҳо мерасонд.+ 35 Он вақт исроилиён медиданд, ки рӯйи Мӯсо медурахшад. Баъд аз ин Мӯсо то вақти бо Худо гап заданаш боз рӯяшро бо парда мепӯшонд.+