2 Мӯсо
37 Сипас Басалъил+ аз чӯби дарахти ақоқиё сандуқи шаҳодатро сохт,+ ки дарозияш дую ним газ*, бараш яку ним газ ва баландияш яку ним газ буд.+ 2 Ӯ даруну беруни онро бо тиллои тоза пӯшонд ва гирдогирди он ҳошияе аз тилло сохт.+ 3 Баъд аз ин ӯ барои сандуқ чор ҳалқаи тилло рехт ва онҳоро бар болои чор пояи он часпонд: ду ҳалқаро дар як тарафи сандуқ, ду ҳалқаи дигарро дар тарафи дигари он. 4 Баъд аз ин ӯ аз дарахти ақоқиё ходаҳо сохт ва онҳоро бо тилло пӯшонд.+ 5 Сипас ӯ он ходаҳоро ба ҳалқаҳои паҳлуҳои сандуқ даровард, то сандуқро бардошта, аз як ҷо ба ҷойи дигар бурда шавад.+
6 Ӯ барои сандуқ аз тиллои тоза сарпӯше сохт,+ ки дарозияш дую ним газ буду бараш яку ним газ.+ 7 Ва аз ду тарафи сарпӯш+ аз тиллои кӯфта ду фариштаи каррубӣ сохт:+ 8 як каррубиро аз як канори сарпӯш, дигарашро аз канори дигари он. Ӯ каррубиёнро аз ду канори сарпӯш сохт. 9 Болҳои каррубиён ба боло паҳн шуда буданд ва бо болҳояшон сарпӯшро мепӯшонданд.+ Каррубиён рӯ ба рӯйи якдигар ҷойгир буданд ва рӯйҳояшон бар сарпӯш хам шуда буд.+
10 Сипас ӯ мизе аз дарахти ақоқиё сохт,+ ки дарозияш ду газ, бараш як газ ва баландияш яку ним газ буд.+ 11 Ӯ онро бо тиллои тоза пӯшонд ва гирдогирдаш ҳошияе аз тилло сохт. 12 Баъд ӯ гирдогирди он чорчӯбае аз тилло сохт, ки паҳнияш як кафи даст* буд, ва гирдогирди он чорчӯба ҳошияе аз тилло сохт. 13 Ва ӯ барои он чор ҳалқаи тилло рехт ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи миз, дар ҷое ки чор пояи он часпонда шудааст, ҷойгир намуд. 14 Ҳалқаҳо наздики чорчӯба ҷойгир буданд, то аз онҳо ходаҳоро гузаронда, мизро бардошта шавад. 15 Ва ӯ барои бардоштани миз аз дарахти ақоқиё ходаҳо сохт ва онҳоро бо тилло пӯшонд. 16 Пас аз ин ӯ аз тиллои тоза ашёеро сохт, ки бояд дар болои миз мебуданд: табақ, пиёла, коса ва кӯзаҳое, ки аз онҳо ҳадияҳои рехтанӣ оварда мешавад.+
17 Баъд ӯ чароғпояе аз тиллои тоза сохт.+ Ӯ онро аз як пораи тиллои яклухт бо болға кӯфта, сохт. Пояи он, танаи он, гулҷояҳо, муғҷаҳо ва ғунчаҳои он аз пораи яклухти тилло сохта шуда буданд.+ 18 Аз танаи чароғпоя шаш шоха мебаромад: се шоха аз як тараф, се шоха аз дигар тараф. 19 Дар ҳар шоха се гулҷояе ба монанди гули бодом буд. Дар ҳар шоха дум ба дум гулҷояҳо, муғҷаҳо ва ғунчаҳо буданд: ҳам дар шохаҳои ин тараф ва ҳам дар шохаҳои он тарафи чароғпоя. Ҳамаи инҳо бар шаш шохаи чароғпоя буданд. 20 Бар танаи чароғпоя чор гулҷояе ба монанди гули бодом буд. Бар танаи он гулҷояву муғҷаю ғунчаҳо дум ба дум меомад. 21 Зери ду шохаи аввале, ки аз тана мебаромаданд, муғҷа меомад ва зери ду шохаи навбатӣ муғҷа меомад ва зери ду шохаи охирон низ муғҷа меомад: ҳамин тавр зери шаш шохае, ки аз танаи чароғпоя мебаромад, муғҷаҳо меомаданд. 22 Муғҷаҳо, шохаҳо ва тамоми чароғпоя аз як пораи яклухти тиллои тоза бо болға кӯфта, тайёр шуда буд. 23 Сипас ӯ ҳафт чароғи он+ ва анбурҳову бухурдонҳои онро аз тиллои тоза сохт. 24 Ӯ чароғпояро ҳамроҳи тамоми ин чизҳо аз як киккар* тиллои тоза сохт.
25 Ӯ қурбонгоҳи бухурсӯзиро+ аз чӯби дарахти ақоқиё сохт. Он чоркунҷашакл буду дарозияш як газ, бараш як газ ва баландияш ду газ буд. Қурбонгоҳу шохҳояш яклухт сохта шуда буданд*+ 26 ва ӯ болояш, паҳлуҳояш ва шохҳояшро бо тиллои тоза пӯшонда, гирдогирди он ҳошияе аз тилло сохт. 27 Аз ду паҳлуи қурбонгоҳ бошад, аз ҳошия поёнтар, ду ҳалқае аз тилло сохт, то ходаҳоро бар онҳо дароварда, қурбонгоҳро бардошта шавад. 28 Ӯ аз дарахти ақоқиё ходаҳо сохта, онҳоро бо тилло пӯшонд 29 ва равғани муқаддаси тадҳину* бухури хушбӯйи тоза+ тайёр кард.+ Ӯ инҳоро ба таври бояду шояд тайёр намуд.