2 Мӯсо
7 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Инак, ман туро барои фиръавн мисли Худо мегардонам ва бародарат Ҳорун пайғомбари ту мешавад.+ 2 Ҳар он чиро, ки ба ту мефармоям, ба вай бигӯ, то ӯ онро ба фиръавн бигӯяд, ва фиръавн исроилиёнро аз сарзамини худ раҳо мекунад. 3 Ман бошам, мегузорам, ки дили фиръавн якрав шавад+ ва дар сарзамини Миср аломату муъҷизаҳои бисёре ба амал меорам.+ 4 Аммо фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод ва ман бо дасти худ Мисрро зарба мезанам ва онро сахт ҷазо медиҳам ва халқи сершумори худ, Исроилро, аз замини Миср берун меорам.+ 5 Вақте дастамро дароз карда Мисрро зарба мезанаму исроилиёнро аз он гирифта мебарорам, мисриён мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».+ 6 Мӯсо ва Ҳорун, он чиро, ки Яҳува ба онҳо фармуд, иҷро карданд. Онҳо айнан ҳамон тавр амал намуданд. 7 Вақте ки онҳо бо фиръавн гап заданд, Мӯсо 80-сола буду Ҳорун 83-сола.+
8 Яҳува ба Мӯсо ва Ҳорун чунин гуфт: 9 «Агар фиръавн ба шумо бигӯяд: “Муъҷизае нишон диҳед”, ба Ҳорун бигӯй: “Асои худро гирифта, онро пеши фиръавн парто”. Ҳамин ки онро ба замин партояд, асо ба мори калоне табдил меёбад».+ 10 Пас аз ин Мӯсову Ҳорун назди фиръавн даромаданду айнан ҳамон тавре ки Яҳува гуфта буд, амал карданд. Ҳорун асои худро дар пеши фиръавн ва хизматгорони ӯ ба замин партофт ва асояш мори калоне гардид. 11 Аммо фиръавн хирадмандону афсунгарони Мисрро даъват намуд ва ин коҳинони ҷодугар+ низ бо ҷодуи худ ҳамин муъҷизаро ба амал оварданд.+ 12 Ҳар кадоми онҳо асоҳои худро ба замин партофтанд ва онҳо ба морҳои калон табдил ёфтанд, аммо асои Ҳорун асоҳои онҳоро фурӯ бурд. 13 Вале дили фиръавн якрав гашт+ ва ӯ, чи тавре ки Яҳува гуфта буд, ба сухани Мӯсову Ҳорун гӯш надод.
14 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дили фиръавн сахт гаштааст.+ Ӯ намехоҳад мардумро раҳо кунад. 15 Пас, саҳарӣ пеши фиръавн бирав. Ӯ ба назди об меравад, ту бошӣ, назди соҳили дарёи Нил биист ва ба дастат асоеро, ки мор гашта буд,+ бигир 16 ва ба фиръавн бигӯ: “Яҳува, Худои ибриён, маро назди ту фиристодааст+ ва ӯ чунин мегӯяд: “Халқи маро раҳо кун, то дар биёбон маро парастиш кунанд”. Аммо ту то ҳол ба гапи ӯ гӯш надодӣ. 17 Аз ин рӯ Яҳува мегӯяд: “Аз ин ту хоҳӣ донист, ки ман Яҳува ҳастам:+ ман дарёи Нилро бо асое, ки дар дастам ҳаст, зарба мезанам ва он ба хун табдил меёбад. 18 Моҳиёни дарёи Нил мемуранд ва дарёи Нил бадбӯ мешавад ва мисриён дигар аз он нӯшида наметавонанд”».
19 Баъд аз ин Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: “Асоятро ба дастат гир ва дасти худро бар обҳои Миср,+ бар дарёҳои он, бар шохоби он*, бар ботлоқҳои+ он ва бар ҳамаи обанборҳои он дароз кун ва ҳамаи онҳо ба хун табдил хоҳанд ёфт”. Дар саросари замини Миср об ба хун табдил меёбад, ҳатто обе, ки дар зарфҳои чӯбину сангин аст». 20 Мӯсову Ҳорун дарҳол, ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, амал карданд. Ҳорун асои худро бардошта, оби дарёи Нилро дар пеши чашми фиръавн ва хизматгоронаш зарба зад ва тамоми оби дарё ба хун табдил ёфт.+ 21 Ҳама моҳие, ки дар дарё буд, мурд+ ва дарё бадбӯ шуд ва мисриён дигар аз Нил об хӯрда наметавонистанд.+ Дар саросари замини Миср хун буд.
22 Аммо коҳинони ҷодугари Миср низ бо ҷодуи худ ҳамин тавр карданд+ ва дили фиръавн аз якравии худ намонд ва, чи тавре ки Яҳува гуфта буд, ӯ ба сухани Мӯсову Ҳорун гӯш надод.+ 23 Фиръавн ба хонаи худ баргашт ва ин дафъа ҳам дилаш мулоим нашуд. 24 Азбаски оби дарёи Нилро хӯрда намешуд, ҳамаи мисриён гирдогирди дарёи Нил чоҳ меканданд, то аз он об нӯшанд. 25 Аз вақте ки Яҳува дарёи Нилро зарба зад, ҳафт рӯзи пурра гузашт.