2 Мӯсо
9 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Назди фиръавн рафта, ба вай бигӯ: “Яҳува, Худои ибриён, чунин мегӯяд: “Халқи маро ҷавоб деҳ, то рафта, маро парастиш кунанд.+ 2 Лекин, агар онҳоро боздорӣ ва ҷавоб додан нахоҳӣ, 3 дасти Яҳува+ чорвои туро, ки дар саҳрост, зарба мезанад ва ӯ ба аспон, харон, шутурон, говон ва гӯсфандон касалии марговаре мефиристад.+ 4 Яҳува миёни чорвои Исроил ва чорвои Миср фарқе мегузорад ва аз байни гову моли исроилиён чизе намемирад”».+ 5 Яҳува муҳлате муайян карда гуфт: «Пагоҳ Яҳува дар ин замин инро ба амал меорад».
6 Фардои он рӯз Яҳува гуфтаи худро иҷро кард ва аз мисриён ҳар гуна чорво мурдан гирифт,+ аз исроилиён бошад, ҳеҷ як чорво намурд. 7 Вақте фиръавн ин масъаларо тафтиш кард, маълум гашт, ки аз чорвои исроилиён ҳеҷ яке намурдааст. Аммо дили фиръавн ҳанӯз сахт буд ва ӯ халқро ҷавоб надод.+
8 Яҳува ба Мӯсову Ҳорун гуфт: «Ҳар ду дасти худро аз сиёҳии хумдон пур кунед ва бигзор Мӯсо онро дар пеши фиръавн ба ҳаво партояд. 9 Он дар тамоми замини Миср ба ғубор табдил меёбад ва бадани ҳар одам ва ҳайвони замини Миср пур аз пучак* мешавад».
10 Онҳо аз хумдон сиёҳӣ гирифта, дар пеши фиръавн ҳозир шуданд ва Мӯсо онро ба ҳаво партофт ва дар бадани одамон ва ҳайвонот пучакҳо пайдо шуд. 11 Коҳинони ҷодугар аз сабаби пучакҳо пеши Мӯсо омада натавонистанд, зеро бадани онҳо ва бадани тамоми мисриён пур аз пучак шуда буд.+ 12 Лекин Яҳува гузошт, ки дили фиръавн сахт шавад ва ӯ, чи тавре ки Яҳува ба Мӯсо гуфта буд, ба гапи онҳо гӯш надод.+
13 Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Саҳарии барвақт хеста, дар пеши фиръавн биист ва ба ӯ чунин бигӯ: “Яҳува, Худои исроилиён, мегӯяд: “Халқи маро ҷавоб деҳ, то маро парастиш кунанд. 14 Агар ҷавоб надиҳӣ, ман ҳамаи зарбаҳоямро бар зидди ту*, хизматгоронат ва халқат равона мекунам, то бидонӣ, ки дар тамоми рӯйи замин касе мисли ман нест.+ 15 Ман метавонистам барвақт дастамро дароз карда, ту ва халқатро бо касалии марговаре зарба занам ва он гоҳ ту аз рӯйи замин несту нобуд мешудӣ. 16 Лекин, барои он ки қуввати худро ба ту нишон диҳам ва номам дар тамоми замин ҷалол ёбад, ман туро зинда нигоҳ доштам.+ 17 Оё ту ҳоло ҳам ҳавобаландӣ карда халқи маро раҳо кардан намехоҳӣ?! 18 Пагоҳ дар ҳамин вақт ман чунон жолаи сахте меборонам, ки аз ин пеш, аз рӯзи барпо шудани Миср то ба имрӯз наборида буд. 19 Пас, фармон деҳ, ки тамоми чорво, одамон ва чизу чораатро, ки дар саҳро аст, ба дарун дароранд. Ҳар инсон ва чорвое, ки дар саҳро асту ба хона оварда нашудааст, аз жола мемирад”».
20 Он хизматгорони фиръавн, ки аз суханони Яҳува тарсиданд, зуд хизматгорон ва чорвои худро гирифта, ба хона оварданд, 21 лекин касоне, ки ба гапи Яҳува бепарвоӣ карданд, хизматгорон ва чорвои худро дар саҳро монданд.
22 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дастатро сӯйи осмон дароз кун, то бар тамоми замини Миср, бар одамизод, ҳайвонот ва наботот жола биборад».+ 23 Мӯсо асои худро сӯйи осмон дароз кард ва Яҳува ба замин раъду жола ва оташ* фиристод. Яҳува бар замини Миср жола боронид. 24 Жола меборид ва дар байни он шуълаҳои оташ медурахшид. Дар он сарзамин, аз бозе ки халқи Миср ба вуҷуд омад, чунин жолаи сахте наборида буд.+ 25 Жола дар саросари Миср ҳар он чиро, ки дар саҳро буд, аз одамон то ҳайвонот ва тамоми набототро, зад ва ҳамаи дарахтони саҳроро шикаст.+ 26 Фақат дар замини Ҷӯшан, ки исроилиён он ҷо зиндагӣ мекарданд, жола набуд.+
27 Фиръавн назди Мӯсову Ҳорун кас фиристода, гуфт: «Ин дафъа ман гуноҳ кардам. Яҳува росткор аст, ману халқам бошем, хато кардем. 28 Аз Яҳува илтимос кунед, ки раъду жола бас шавад. Он гоҳ ман шуморо ҷавоб медиҳам ва шумо меравед». 29 Мӯсо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ҳамин ки аз шаҳр бароям, дастамро сӯйи Яҳува дароз карда дуо мегӯям. Он гоҳ раъд бас мешавад ва жола аз боридан мемонад, то ту бидонӣ, ки замин аз они Яҳува аст.+ 30 Аммо медонам, ки ҳатто он вақт ту ва хизматгоронат аз Яҳува Худо нахоҳед тарсид».
31 Зағир ва ҷав аз жола зарар дид, зеро ҷав аллакай хӯша баста буд ва зағир ғунча карда буд. 32 Аммо гандум ва гандуми ғилофӣ зарар надид, зеро мавсимашон фаро нарасида буд. 33 Мӯсо аз шаҳр, аз пеши фиръавн, баромад ва дастони худро сӯйи Яҳува бардошта дуо гуфт ва раъду жола бас шуд ва борон аз боридан монд.+ 34 Вақте фиръавн дид, ки борон, жола ва раъд бас карданд, ӯ боз гуноҳ карда дили худро сахт намуд. Ҳам ӯ ва ҳам хизматгоронаш дили худро сахт карданд.+ 35 Дили фиръавн аз якравиаш намонд ва ӯ, чи тавре ки Яҳува ба воситаи Мӯсо гуфта буд,+ исроилиёнро раҳо накард.