2 Мӯсо
2 Дар он замон марде аз хонадони Левӣ духтареро аз хонадони Левӣ ба занӣ гирифт.+ 2 Он зан ҳомила шуд ва писаре таваллуд кард. Вақте дид, ки чӣ қадар писараш хушрӯ аст, ӯро ба муддати се моҳ пинҳон дошт.+ 3 Вақте дигар натавонист кӯдакро пинҳон кунад,+ сабади* қамишие* гирифта, ба он қиру* зифт* молид. Ӯ кӯдакро ба даруни сабад монда, онро дар қамишзори соҳили дарёи Нил гузошт. 4 Апаи+ кӯдак бошад, каме дуртар истод, то бубинад, ки бо вай чӣ мешавад.
5 Дар ин ҳангом духтари фиръавн барои шустушӯ назди дарёи Нил омада буд ва хизматгоронаш лаб-лаби дарё мегаштанд. Ногаҳон ӯ дар байни қамишҳо сабадро дид ва дарҳол канизи худро фиристод, то онро гирифта, орад.+ 6 Ӯ сабадро кушода, дар он кӯдакеро дид. Ӯ дид, ки писарча гиря мекунад ва дилаш ба вай сӯхт, аммо гуфт: «Ин кӯдаки ибриён аст». 7 Он гоҳ апаи кӯдак ба духтари фиръавн гуфт: «Оё рафта, аз байни ибриён зани ширдеҳеро гирифта биёрам, то барои ту бачаро шир диҳад?» 8 Духтари фиръавн ба вай гуфт: «Бирав!» Он гоҳ духтар даррав рафта, модари кӯдакро+ овард. 9 Духтари фиръавн ба зан гуфт: «Кӯдакро гирифта, ӯро барои ман нигоҳубин кун ва ман муздатро медиҳам». Он зан кӯдакро гирифт ва ӯро нигоҳубин кард. 10 Вақте кӯдак калонтар шуд, ӯро ба духтари фиръавн баргардонд ва кӯдак писари вай шуд.+ Духтари фиръавн писарро Мӯсо* номид ва гуфт: «Охир, ман ӯро аз даруни об баровардам».+
11 Рӯзе, вақте Мӯсо калон шуд, барои дидани меҳнати сахти бародаронаш рафт+ ва марди мисриеро дид, ки яке аз бародарони ибрии ӯро мезад. 12 Мӯсо ба ин сӯву он сӯ нигоҳ кард ва чун касеро надид, он мисриро кушт ва таги рег пинҳон кард.+
13 Фардои он рӯз ӯ берун рафт ва дид, ки ду марди ибрӣ бо ҳамдигар занозанӣ мекунанд. Он гоҳ ӯ ба марде, ки айбдор буд, гуфт: «Барои чӣ рафиқи худро мезанӣ?»+ 14 Он мард дар ҷавоб гуфт: «Кӣ туро бар сари мо сарвар ва довар мондааст? Оё мехоҳӣ маро ҳам мисли он мисрӣ бикушӣ?»+ Аз ин Мӯсо ба тарс омаду гуфт: «Бешак, ин воқеа ба ҳама маълум шудааст!»
15 Вақте фиръавн аз ин хабардор гашт, Мӯсоро куштанӣ шуд, лекин Мӯсо аз фиръавн гурехта, ба замини Мидён+ омад, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. Ӯ ба он ҷо расида, назди чоҳе нишаст. 16 Коҳини Мидён+ ҳафт духтар дошт ва онҳо назди чоҳ омаданд, то барои чорвои падари худ об кашанд. 17 Лекин чун ҳарвақта чӯпонон омада, онҳоро пеш карданд. Он гоҳ Мӯсо бархеста ба занон ёрдам кард* ва ба чорвои онҳо об дод. 18 Вақте онҳо ба хона, назди падарашон Реуил*,+ баргаштанд, вай гуфт: «Чӣ шуд, ки имрӯз ин қадар барвақт омадед?» 19 Онҳо ҷавоб доданд: «Як марди мисрӣ+ моро аз дасти чӯпонон халос кард ва ҳатто бароямон об кашид ва ба чорво об дод». 20 Ӯ ба духтаронаш гуфт: «Пас, ӯ куҷост? Барои чӣ он мардро гирифта наовардед? Рафта, ӯро ҷеғ занед, то омада, ҳамроҳамон хӯрок хӯрад». 21 Пас аз ин Мӯсо розӣ шуд, ки дар хонаи он мард истад ва ӯ духтараш Сифӯраро+ ба Мӯсо ба занӣ дод. 22 Чанде пас Мӯсо соҳиби писаре шуд ва номи ӯро Ҷершӯн*+ монд ва гуфт: «Ман дар замини бегона мусофир шудам».+
23 Пас аз муддати зиёде подшоҳи Миср мурд,+ аммо исроилиён то ҳол аз дасти ғуломӣ оҳу фиғон мекарданд ва фарёди онҳо сӯйи Худо мебаромад.+ 24 Оқибат, Худо нолаи онҳоро шунид+ ва аҳдеро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба хотир овард.+ 25 Ӯ ба исроилиён назар кард ва азоби онҳоро дид.