4 Мӯсо
27 Пас аз ин духтарони Салафҳод+ наздик омаданд (Салафҳод писари Ҳефар, писари Ҷилъод, писари Мокир, писари Менашше, аз хонаводаҳои Менашше, писари Юсуф буд). Номи духтарони Салафҳод Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо буд. 2 Онҳо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ дар пеши Мӯсо, Элъозори коҳин, сардорон+ ва тамоми халқ ҷамъ омада, гуфтанд: 3 «Падари мо дар биёбон мурд, аммо ӯ аз гурӯҳе, ки якҷоя шуда ба Яҳува зид баромаданд, дар миёни тарафдорони Қӯраҳ,+ набуд. Ӯ аз сабаби гуноҳи худ мурд ва писаре надошт. 4 Пас, чаро номи падари мо, танҳо аз сабаби он ки писаре надошт, аз миёни хонадони ӯ нест шавад? Ба мо дар миёни бародарони падарамон меросе диҳед». 5 Мӯсо оид ба ин масъала аз Яҳува пурсон шуд.+
6 Яҳува ба Мӯсо гуфт: 7 «Духтарони Салафҳод рост мегӯянд. Ҳатман ба онҳо дар миёни бародарони падарашон мулки меросие бидеҳ ва мероси падарашонро ба онҳо бисупор.+ 8 Ба исроилиён бигӯ: “Агар касе бимирад ва писаре надошта бошад, мероси ӯро ба духтараш диҳед. 9 Агар духтар надошта бошад, меросашро ба бародаронаш диҳед. 10 Агар бародар надошта бошад, меросашро ба амакҳояш диҳед. 11 Агар падараш бародар надошта бошад, меросашро ба касе диҳед, ки дар хонаводааш хеши наздиктаринаш бошад, ва ӯ соҳиби он мегардад. Ин қарор барои исроилиён қонун мешавад, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармудааст”».
12 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Бархоста, ба ин кӯҳи Аборим+ баро ва заминеро, ки ман ба исроилиён медиҳам, бубин.+ 13 Вақте онро бубинӣ, ту низ мисли бародарат Ҳорун+ ба гузаштагони худ мепайвандӣ,+ 14 зеро, ҳангоме ки халқ дар биёбони Син бо ман ҷанҷол карданд, шумо бар зидди амри ман баромадед ва, вақте ман ба халқ об додам, дар назари онҳо поку муқаддас будани маро нишон надодед.+ Ин обҳои Мерибо+ буд, ки дар Қодеш,+ назди биёбони Син,+ ҷойгиранд».
15 Мӯсо ба Яҳува гуфт: 16 «Бигзор Яҳува, Худое, ки ба ҳама ҳаёт мебахшад, бар халқ касеро таъйин кунад, ки 17 дар назди онҳо даробаро кунад ва онҳоро дар корҳояшон роҳнамоӣ кунад, то халқи Яҳува мисли гӯсфандони бечӯпон нашаванд». 18 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Юшаи писари Нунро, ки шахси қобилиятнок аст*, гирифта, бар ӯ даст гузор.+ 19 Ӯро назди Элъозори коҳин ва тамоми халқ оварда, дар пеши назари онҳо таъйин намо.+ 20 Як қисми ҳокимиятатро* ба ӯ бидеҳ,+ то тамоми халқи Исроил ба ӯ гӯш диҳанд.+ 21 Ӯ дар назди Элъозори коҳин меистад ва вай ба воситаи урим+ аз Яҳува барояш роҳнамоӣ мепурсад. Бо амри ӯ онҳо берун меоянд ва бо амри ӯ медароянд, ҳам ӯ, ҳам исроилиён ва ҳам тамоми мардум».
22 Мӯсо ҳамон тавре кард, ки Яҳува ба ӯ фармуд. Ӯ Юшаъро пеши Элъозори коҳин ва пеши тамоми халқ овард 23 ва, ҳамон тавре ки Яҳува ба воситаи Мӯсо гуфт, бар ӯ даст гузошта, ӯро таъйин кард.+