4 Мӯсо
33 Ин буд марҳилаҳои сафари мардуми Исроил, вақте онҳо зери сардории Мӯсо ва Ҳорун+ даста-даста шуда,+ аз замини Миср берун омаданд.+ 2 Онҳо ба фармони Яҳува аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯч мекарданд ва Мӯсо номи ҳамаи ин ҷойҳоро менавишт.+ 3 Исроилиён дар моҳи якум, дар рӯзи 15-уми моҳ,+ аз Раамсис+ кӯч карданд. Онҳо фардои Иди Раҳоӣ+ дар пеши назари тамоми мисриён бо сари* баланд баромаданд. 4 Дар он вақт мисриён ҳамаи писарони калонии* худро, ки Яҳува зарба зада буд,+ мегӯронданд, зеро Яҳува бар худоёни онҳо доварӣ карда буд.+
5 Исроилиён аз Раамсис кӯч карда, дар Суккӯт+ хайма заданд. 6 Баъд аз ин аз Суккӯт кӯч карданд ва дар Этом,+ ки дар канори биёбон аст, хайма заданд. 7 Сипас онҳо аз Этом кӯч карданд ва қафо гашта, сӯйи Фӣ-Ҳаҳирӯт, ки назди Баал-Сафӯн+ аст, равона шуданд ва дар Миҷдӯл+ хайма заданд. 8 Баъд онҳо аз Фӣ-Ҳаҳирӯт кӯч карданд ва аз миёни баҳр+ гузашта, ба биёбон+ омаданд. Онҳо дар биёбони Этом+ роҳи серӯзаро тай карда, дар Мора+ хайма заданд.
9 Онҳо аз Мора кӯч намуда, ба Элим омаданд. Дар Элим 12 чашмаи об ва 70 дарахти нахл буд ва онҳо дар он ҷо хайма заданд.+ 10 Баъд аз Элим кӯч карда, назди баҳри Сурх хайма заданд. 11 Сипас онҳо аз баҳри Сурх кӯч карда, дар биёбони Син+ хайма заданд. 12 Баъдтар онҳо аз биёбони Син кӯч карданд ва дар Дофқо хайма заданд. 13 Баъд аз Дофқо кӯч карданд ва дар Олуш хайма заданд. 14 Сипас онҳо аз Олуш кӯч намуданду дар Рафидим+ хайма заданд, ки дар он ҷо барои мардум об набуд. 15 Баъд аз ин онҳо аз Рафидим кӯч карданд ва дар биёбони Сино+ хайма заданд.
16 Онҳо аз биёбони Сино кӯч карданд ва дар Қибрӯт-Ҳатааво+ хайма заданд. 17 Сипас аз Қибрӯт-Ҳатааво кӯч карданд ва дар Ҳасирӯт+ хайма заданд. 18 Аз Ҳасирӯт онҳо кӯч карда, ба Ритмо омаданду дар он ҷо хайма заданд. 19 Онҳо аз Ритмо кӯч карда, дар Риммӯн-Форас хайма заданд. 20 Баъд аз Риммӯн-Форас кӯч намуданду дар Либно хайма заданд. 21 Сипас аз Либно кӯч карданд ва дар Риссо хайма заданд. 22 Онҳо аз Риссо кӯч карда, дар Қаҳелото хайма заданд. 23 Баъд аз ин аз Қаҳелото кӯч карданд ва дар кӯҳи Шофар хайма заданд.
24 Баъд онҳо аз кӯҳи Шофар кӯч карда, дар Ҳародо хайма заданд. 25 Аз Ҳародо кӯч карда, дар Мақҳелӯт хайма заданд. 26 Сипас онҳо аз Мақҳелӯт кӯч карда,+ ба Таҳат расиданд ва дар он ҷо хайма заданд. 27 Пас аз ин аз Таҳат кӯч карда, дар Тораҳ хайма заданд. 28 Баъд онҳо аз Тораҳ кӯч карда, дар Митқо хайма заданд. 29 Сипас аз Митқо кӯч карда, дар Ҳашмӯно хайма заданд. 30 Онҳо аз Ҳашмӯно кӯч карда, дар Мӯсера хайма заданд. 31 Баъд аз Мӯсера кӯч карда, дар Банӣ-Яъқон+ хайма заданд. 32 Аз Банӣ-Яъқон онҳо кӯч карда, дар Ҳӯр-Ҳаҷидҷод хайма заданд. 33 Сипас онҳо аз Ҳӯр-Ҳаҷидҷод кӯч карда, дар Ётвото+ хайма заданд. 34 Баъд аз ин аз Ётвото кӯч карда, дар Абрӯно хайма заданд. 35 Аз Абрӯно кӯч карда, дар Эсюн-Ҷобар+ хайма заданд. 36 Пас аз ин онҳо аз Эсюн-Ҷобар кӯч карданд ва дар биёбони Син,+ яъне Қодеш, хайма заданд.
37 Баъдтар онҳо аз Қодеш кӯч карда, дар кӯҳи Ҳӯр+ хайма заданд, ки он дар канори замини Адӯм ҷойгир аст. 38 Ҳоруни коҳин ба амри Яҳува гӯш дода, ба кӯҳи Ҳӯр баромад ва дар он ҷо мурд. Ин дар соли 40-уми аз Миср баромадани исроилиён, дар моҳи панҷум, дар рӯзи якуми моҳ, рӯй дод.+ 39 Ҳорун дар синни 123-солагӣ дар кӯҳи Ҳӯр аз олам чашм пӯшид.
40 Подшоҳи Арод,+ ки канъонӣ буду дар Негеби замини Канъон зиндагӣ мекард, дар бораи омадани исроилиён шунид.
41 Чанде пас онҳо аз кӯҳи Ҳӯр+ кӯч карда, дар Салмӯна хайма заданд. 42 Баъд аз ин онҳо аз Салмӯна кӯч карда, дар Фунӯн хайма заданд. 43 Сипас онҳо аз Фунӯн кӯч карда, дар Ӯбӯт+ хайма заданд. 44 Баъд аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе-Аборим, ки дар сарҳади Мӯоб+ ҷойгир аст, хайма заданд. 45 Сипас онҳо аз Ийим* кӯч карда, дар Дибӯн-Ҷод+ хайма заданд. 46 Баъд аз ин аз Дибӯн-Ҷод кӯч карда, дар Алмӯн-Диблотаим хайма заданд. 47 Аз Алмӯн-Диблотаим кӯч карда, онҳо дар кӯҳсори Аборим,+ пеши Набӯ+ хайма заданд. 48 Оқибат аз кӯҳсори Аборим кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, назди Ериҳӯ, хайма заданд.+ 49 Онҳо қад-қади Урдун, аз Байт-Яшимут то Обил-Шиттим,+ дар даштҳои Мӯоб хайма мезаданд.
50 Яҳува бо Мӯсо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ, сухан ронда гуфт: 51 «Ба исроилиён бигӯ: “Шумо аз дарёи Урдун гузашта, ба замини Канъон медароед.+ 52 Шумо бояд ҳама сокинони ин заминро пеш кунед ва ҳама бутҳои сангину ҳайкалҳои рехтаи+ онҳоро нест кунед+ ва ҳама баландиҳои муқаддасашонро вайрон созед.+ 53 Шумо ин заминро соҳиб мешавед ва дар он зиндагӣ мекунед, зеро ман ҳатман онро ба шумо медиҳам.+ 54 Заминро аз рӯйи қуръа+ миёни хонаводаҳои худ тақсим кунед. Ба онҳое, ки сершуморанд, мулку меросашонро зиёд гардонед ва ба онҳое, ки камшуморанд, мулку меросашонро кам кунед.+ Маконе, ки мувофиқи қуръа ба касе барояд, аз они вай мешавад. Ҳар кас мувофиқи қабилаи падараш замин мерос мегирад.+
55 Аммо, агар шумо сокинони ин заминро аз ин ҷо наронед,+ онҳо мисли хас дар чашматон ва мисли хор дар паҳлуятон мешаванд ва шуморо дар замине, ки сокин мешавед, озор медиҳанд.+ 56 Он гоҳ ман он чӣ бо онҳо карданӣ будам, бо шумо мекунам”».+