4 Мӯсо
15 Баъд Яҳува ба Мӯсо гуфт: 2 «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Вақте ба замине оед, ки ман ба шумо барои зиндагиатон медиҳам,+ 3 ва аз байни говон ва ё бузу гӯсфандон ба Яҳува қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, пешкаш кунед,— хоҳ қурбонии сӯхтанӣ+ бошад, хоҳ қурбоние, ки ҳангоми назри* махсус оварда мешавад, хоҳ ҳадияи ихтиёрӣ+ ё ҳадия дар идҳои ҳарсолаи+ шумо,— то барои Яҳува қурбонии хушбӯе*+ бошад, 4 бигзор касе, ки ҳадия меорад, ҳамчунин аз даҳяк эфа* орди маҳини+ бо чоряк ҳин* равған омехта ба Яҳува ҳадияи ғалла пешкаш кунад. 5 Ту бояд ҳамчунин бо қурбонии сӯхтанӣ+ ё ҳар барраи наре, ки қурбонӣ карда мешавад, чоряк ҳин шаробро чун ҳадияи рехтанӣ биёрӣ. 6 Ё, агар қӯчқоре қурбонӣ кунӣ, бо он ду даҳяк эфа орди маҳини бо сеяк ҳин равған омехта ҳадияи ғалла пешкаш кун. 7 Ҳамчунин сеяк ҳин шаробро чун ҳадияи рехтанӣ биёр, то барои Яҳува ҳадияи хушбӯе* бошад.
8 Лекин, агар барои қурбонии сӯхтанӣ,+ қурбоние, ки ҳангоми назри махсус+ оварда мешавад, ё қурбониҳои осоиштагӣ буққаеро барои Яҳува пешкаш кунӣ,+ 9 бо он буққа се даҳяк эфа орди маҳинро, ки бо ним ҳин равған омехта шудааст, чун ҳадияи ғалла+ биёр. 10 Ҳамчунин ту бояд ним ҳин шароб чун ҳадияи рехтанӣ,+ чун қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, пешкаш кунӣ, то барои Яҳува ҳадияи хушбӯе* бошад. 11 Барои ҳар буққа, қӯчқор, барраи нар ё буз бояд ҳамин тавр карда шавад. 12 Чанд сар чорпоеро, ки пешкаш кунӣ, барои ҳар яке мувофиқи шуморааш ҳамин тавр кун. 13 Вақте ҳар сокини таҳҷоӣ қурбониеро дар оташ сӯзонида, қурбонии хушбӯе* ба Яҳува пешкаш мекунад, бояд ҳамин тавр кунад.
14 Агар ғарибе, ки дар миёни шумост, ё ҳар касе, ки солҳои зиёд дар байнатон зиндагӣ мекунад, қурбониеро дар оташ сӯзонида, чун қурбонии хушбӯе* ба Яҳува пешкаш кардан хоҳад, бояд айнан мисли шумо кунад.+ 15 Барои шумо — аҳли ҷамоат, ва барои ғарибе, ки дар миёни шумо сокин мебошад, як амр аст. Ин барои шумо аз насл ба насл амри бардавом аст. Ғариб низ дар назари Яҳува мисли шумост.+ 16 Барои шумо ва барои ғарибе, ки дар миёни шумост, як қонун ва як қоида аст”».
17 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 18 «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Вақте ба замине, ки ман шуморо ба он мебарам, биёед, 19 ва аз нони он замин бихӯред,+ он гоҳ барои Яҳува хайрия кунед. 20 Шумо бояд аз навбари+ ғаллаи нимкӯфта ҳалқакулчаҳо пазед ва онҳоро хайрия кунед. Онро, ҳамон тавре ки чизеро аз хирмангоҳ хайрия мекунед, пешкаш намоед. 21 Аз насл ба насл каме аз навбари ғаллаи нимкӯфтаатонро ба Яҳува хайрия кунед.
22 Агар хато карда, тамоми ин амрҳоеро, ки Яҳува ба Мӯсо гуфтааст, ба ҷо наоред, 23 яъне тамоми он чиро, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо фармудааст, аз рӯзе ки Яҳува ба шумо ва минбаъд ба ҳамаи наслҳои шумо фармудааст, иҷро накунед 24 ва, агар ин корро нохост кунеду мардум аз ин бехабар бошанд, он гоҳ, вақте ин гуноҳ маълум мешавад, бигзор тамоми мардум барои ба Яҳува пешкаш кардани қурбонии хушбӯе* мувофиқи дастур як барзагови ҷавонро чун қурбонии сӯхтанӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтанӣ ва ҳамчунин як нарбузеро барои қурбонии гуноҳ+ биёрад.+ 25 Коҳин барои тамоми мардуми Исроил товон медиҳад ва онҳо бахшида мешаванд,+ чунки ин хато буд ва онҳо ба Яҳува қурбониеро, ки дар оташ сӯзонида мешавад, пешкаш карданд ва барои хатояшон ба Яҳува қурбонии гуноҳ оварданд. 26 Тамоми мардуми Исроил ва ғарибоне, ки дар миёни онҳо сокинанд, бахшида мешаванд, зеро ин хатои тамоми мардум буд.
27 Агар касе надониста гуноҳ кунад, бигзор як модабузи яксола ва ё хурдтарро чун қурбонии гуноҳ орад.+ 28 Коҳин барои шахсе, ки нохост дар пеши Яҳува гуноҳ кардааст, товон медиҳад, то гуноҳашро рӯпӯш кунад, ва ӯ бахшида мешавад.+ 29 Барои касе, ки нохост гуноҳ мекунад, хоҳ сокини таҳҷоӣ бошад, хоҳ ғарибе, ки дар миёни онҳо зиндагӣ мекунад, бояд як қонун бошад.+
30 Лекин, агар шахс, хоҳ сокини таҳҷоӣ бошад, хоҳ ғариб, дидаву дониста+ гуноҳ кунад, ин куфр дар ҳаққи Яҳува аст ва ӯ бояд аз миёни халқаш решакан шавад. 31 Ӯ сухани Яҳуваро хор доштааст ва амрҳои ӯро поймол кардааст, барои ҳамин бояд ҳатман аз миёни халқаш решакан шавад.+ Гуноҳи ӯ бар гардани худаш аст”».+
32 Вақте исроилиён дар биёбон буданд, онҳо шахсеро диданд, ки дар рӯзи шанбе+ ҳезум ҷамъ мекард. 33 Касоне, ки ҳезумчинии ӯро диданд, ӯро назди Мӯсою Ҳорун ва тамоми мардум оварданд. 34 Онҳо ӯро ҳабс карданд,+ зеро аниқ гуфта нашуда буд, ки бо чунин шахс чӣ кор кунанд.
35 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ин шахс бояд ҳатман кушта шавад+ ва тамоми мардум берун аз хаймагоҳ ӯро сангсор кунад».+ 36 Мардум, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, ӯро аз хаймагоҳ берун баровард ва то мурданаш сангсор кард.
37 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 38 «Ба исроилиён бигӯ, ки аз насл ба насл бар домани либоси худ шилшила+ дӯзанд ва бар болои шилшила риштаи кабуд часпонанд. 39 Ба онҳо бигӯ: “Бар домани худ шилшила дӯзед, то онро дида, тамоми амрҳои Яҳуваро ба хотир оред ва онҳоро риоя кунед.+ Аз пайи дилу чашмони худ наравед, то оқибат ба ман хиёнат накунед*.+ 40 Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки тамоми амрҳои маро ба хотир оварда, онҳоро риоя намоед ва дар пеши Худои худ поку муқаддас бошед.+ 41 Ман Яҳува, Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардам, то Худои шумо бошам.+ Ман Яҳува, Худои шумо ҳастам”».+