5 Мӯсо
33 Мӯсо, хизматгори Худо, пеш аз маргаш исроилиёнро дуои нек кард.+ 2 Ӯ гуфт:
«Яҳува аз кӯҳи Сино омад+
Ва аз Сеир бар онҳо дурахшид.
Ӯ бо ҷалоли худ аз кӯҳистони Форон ҷило дод.+
3 Ӯ қавмашро дӯст медошт.+
Ҳама покони халқ дар дасти туянд, эй Худо,+
Онҳо назди қадамгоҳат менишастанд+
Ва ба суханонат гӯш меандохтанд+
4 (Мӯсо ба мо фармон ва қонун дод.+
Он дороии ҷамоати Яъқуб аст).+
7 Ӯ ҳамчунин Яҳудоро дуои нек карда гуфт:+
«Эй Яҳува, овози Яҳудоро бишнав+
Ва ӯро назди халқаш баргардон.
8 Дар бораи Левӣ ӯ чунин гуфт:+
Ту бо ӯ назди обҳои Мерибо мубориза бурдӣ,+
9 Ӯ ҳамонест, ки дар ҳаққи падару модараш гуфт: “Ман онҳоро писанд накардам”.
Ӯ ҳатто ба бародаронаш эътибор надод+
Ва аз писаронаш рӯ тофт,
Зеро онҳо ба гапат гӯш доданд
Ва аҳди туро риоя намуданд.+
11 Эй Яҳува, қуввати ӯро баракат деҳ
Ва бигзор амали дастонаш ризои туро соҳиб шаванд.
Пойи душманонашро бишкан,
То бадхоҳонаш дигар барнахезанд».
12 Дар бораи Бинёмин ӯ чунин гуфт:+
«Бигзор дӯстдоштаи Яҳува дар паноҳи ӯ зиндагӣ кунад
Ва Худо ӯро рӯзи дароз пуштибонӣ намояд.
Ӯ дар миёни китфҳояш хоҳад зист».
13 Дар бораи Юсуф ӯ чунин гуфт:+
«Бигзор замини ӯро Яҳува баракат диҳад.+
Бигзор Худо ба вай неъмати осмонро ато кунад,
Бо шабнам ва обҳои зери замин ӯро баракат диҳад.+
14 Бигзор Худо ӯро бо маҳсулоти офтоб
Ва неъмати набототи ҳармоҳа баракат диҳад,+
15 Бигзор Худо сарвати кӯҳҳои қадимро*+
Бо неъмати талу теппаҳои ҷовидон
16 Ва ганҷи замину ҳар чиро, ки дар он аст, ба ӯ ато кунад.+
Илоҳо ризои Онро, ки дар хорбутта намудор шуд, соҳиб шавад.+
Илоҳо ҳамаи ин баракатҳо бар сари Юсуф бирезанд,
Бар фарқи сари он кӣ аз миёни бародаронаш интихоб шудааст.+
17 Шукӯҳи ӯ мисли шукӯҳи буққаи нахустзода аст
Ва шохҳояш мисли шохҳои гови ёбоӣ.
Ӯ бо онҳо аз як канори замин то канори дигар
Халқҳоро хоҳад зад.
Ин шохҳо даҳҳо ҳазор ҷанговари Эфроиманд+
Ва ҳазорон ҷанговари Менашше».
18 Дар бораи Забулун ӯ чунин гуфт:+
19 Онҳо халқҳоро ба кӯҳ даъват хоҳанд намуд
Ва дар он ҷо қурбониҳои росткорӣ хоҳанд овард.
Онҳо аз сарвати фаровони баҳрҳо баҳра хоҳанд бурд
Ва аз ганҷҳои дар рег ниҳон истифода хоҳанд кард».
20 Дар бораи Ҷод ӯ чунин гуфт:+
«Баракат ёбад он кӣ сарҳади Ҷодро васеъ мегардонад.+
Ӯ мисли шер хобидааст,
Тайёр аст, ки дастро аз бозу канад ва сарро кафонад.
Сарварони халқ ҷамъ хоҳанд шуд.
Ӯ адолати Яҳуваро ба ҷо хоҳад овард
Ва бо Исроил ҳукмҳои Худоро иҷро хоҳад намуд».
22 Дар бораи Дон ӯ чунин гуфт:+
«Дон шербача аст.+
Ӯ аз Бошон ҳамла мекунад».+
23 Дар бораи Нафтолӣ ӯ чунин гуфт:+
«Нафтолӣ аз розигӣ
Ва баракати фаровони Яҳува сер шудааст.
Ғарб ва ҷанубро соҳиб шав».
24 Дар бораи Ошер ӯ чунин гуфт:+
«Ошер серфарзанд аст.
Бигзор ӯ писанди бародаронаш бошад
Ва пойҳояшро дар равған ғӯтонад.
25 Ғалақаи дарвозаҳоят аз оҳану мис аст+
Ва ту тамоми рӯзҳоят дар амонӣ зиндагӣ мекунӣ».
26 «Худои бемислу монанди+ Ешурун+
Осмонсавор ба ёрият мешитобад
Ва бо шукӯҳу бузургияш бар абрҳо меравад.+
28 Исроил дар амонӣ зиндагӣ хоҳад кард
Ва чашмаи Яъқуб алоҳида хоҳад буд,
Дар замини серғалла ва пур аз шароби нав,+
Ки осмонаш шабнам меборонад.+
29 Чӣ хушбахтӣ, эй Исроил!+
Кист мисли ту, ки Худо сипари нигаҳбон+
Ва шамшери пурҷалолаш бошад?!