5 Мӯсо
11 Худоят Яҳуваро дӯст дор+ ва ҳамеша вазифаатро дар пеши ӯ иҷро кун ва фармудаву ҳукмҳо ва амрҳояшро ба ҷо ор. 2 Шумо медонед, ки имрӯз ман бо худатон сухан меронам, на бо писаронатон, ки танбеҳи Худоятон Яҳува,+ бузургӣ,+ дасти пурзӯр+ ва бозуи пурқуввати ӯро надидаанду намедонанд. 3 Онҳо аломатҳоеро, ки ӯ ба амал овард, он чиро, ки дар Миср бо фиръавн, подшоҳи Миср, ва тамоми замини ӯ кард, надиданд.+ 4 Онҳо шоҳиди он набуданд, ки Яҳува бо лашкари Миср, аспони фиръавн ва аробаҳои ҷангии ӯ, ки аз пасатон сур мекарданд, чӣ кор кард, яъне чӣ тавр онҳоро дар баҳри Сурх зери об намуд ва несту нобуд кард.+ 5 Онҳо надиданд, ки Худо барои шумо дар биёбон, то вақти ба ин ҷо омаданатон чӣ кор кард, 6 ва чӣ тавр бо Дотону Абиром, писарони Элиоби писари Реубен, амал намуд, яъне чӣ тавр замин даҳони худро кушода, онҳоро бо тамоми аҳли хонаводаашон, хаймаҳояшон ва ҳар ҷони зиндае, ки бо онҳо буд, фурӯ бурд. Ин воқеа дар пеши чашми ҳамаи исроилиён рӯй дод.+ 7 Шумо ҳамаи ин корҳои бузурги Яҳуваро бо чашмони саратон дидед.
8 Ҳама амрҳоеро, ки имрӯз ба шумо медиҳам, ба ҷо оред, то қавӣ гардед ва дарёро гузашта, он заминро соҳиб шавед. 9 Ин фармудаҳоро иҷро кунед, то дар замине, ки Яҳува ба бобоёнатон ва насли онҳо+ қасам хӯрда, ваъда додааст, замине, ки ширу асал дар он ҷорист,+ умри дароз бинед.+
10 Замине, ки шумо онро соҳиб мешавед, ба замини Миср, ки аз он берун омадед, монанд нест. Дар Миср шумо мисли полиз тухмиро корида, заминро бо пойи худ об медодед*. 11 Аммо замине, ки шумо гузашта, ба он медароед ва онро соҳиб мешавед, замини кӯҳсор ва водиҳост.+ Он аз борони осмон об менӯшад.+ 12 Он заминест, ки Худоятон Яҳува онро нигоҳубин мекунад. Чашмони Худоятон Яҳува доимо бар он аст, аз аввал то охири сол.
13 Агар бо тамоми ғайрат амрҳои маро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо орӣ ва Худоят Яҳуваро дӯст дориву ба ӯ бо тамоми дилу ҷон+ хизмат кунӣ, 14 ман дар вақташ ба заминат борон, борони тирамоҳию баҳорӣ, мефиристам ва ту ҳосили ғаллаат, шароби нават ва равғанатро мегирӣ.+ 15 Ман дар саҳроҳоят барои чорвоят алаф месабзонам ва ту хӯрда, сер мешавӣ.+ 16 Эҳтиёт шав, мабодо дилат фирефта шуда, туро гумроҳ созад ва ту худоёни дигарро парастиш кунӣ ва ба онҳо саҷда барӣ.+ 17 Вагарна хашми Яҳува бар ту аланга мезанад ва ӯ дарвозаҳои осмонро ба рӯйи ту мебандад ва борон дигар намеборад.+ Он гоҳ замин дигар ҳосилашро намедиҳад ва ту дарҳол аз замини хубе, ки Яҳува ба ту медиҳад, нест мешавӣ.+
18 Ин суханони маро дар дилу дар ҷонатон ҷо диҳед, онҳоро барои ёдоварӣ дар дастатон бибандед ва бигзор чун пешонабанде бар саратон бошанд.+ 19 Онҳоро ба фарзандонатон таълим диҳед ва вақти дар хона шиштан, вақти роҳ рафтан, вақти хобидан ва хестанатон ин суханонро ба онҳо бигӯед.+ 20 Онҳоро дар паҳлудариҳои хонаатон ва бар дарвозаҳоятон бинависед, 21 то шумову писаронатон дар замине, ки Яҳува ба бобоёнатон қасам хӯрда, ваъда додааст,+ умри дароз бинед+ ва, то вақте осмон бар болои замин боқист, дар ин замин бимонед.
22 Агар амреро, ки имрӯз ба шумо медиҳам, нуқта ба нуқта иҷро карда, онро ба ҷо оред, Худоятон Яҳуваро дӯст доред,+ бо ҳамаи роҳҳояш биравед ва ба ӯ бичаспед,+ 23 Яҳува ҳамаи ин халқҳоро аз пеши шумо меронад+ ва шумо халқҳои аз худ бузургу сершумортарро шикаст медиҳед.+ 24 Ҳар ҷое ки по монед, аз они шумо мешавад.+ Сарҳади шумо аз биёбон то Лубнон ва аз дарёи бузург, дарёи Фурот, то баҳри ғарбӣ* мешавад.+ 25 Зӯри ҳеҷ кас ба шумо нахоҳад расид.+ Худоятон Яҳува тарс ва воҳимаи шуморо бар тамоми замине, ки шумо бар он роҳ меравед, паҳн месозад,+ ҳамон тавре ки ӯ ваъда дода буд.
26 Инак, ман ба шумо имрӯз баракат ва лаънатро пешниҳод мекунам:+ 27 баракатро, агар амрҳои Худоятон Яҳуваро, ки имрӯз ба шумо мефармоям, риоя кунед,+ 28 лаънатро, агар амрҳои Худоятон Яҳуваро риоя накунед+ ва аз роҳе, ки бо он рафтанро имрӯз ба шумо мефармоям, дур шавед ва худоёни бегонаро пайравӣ кунед.
29 Вақте Худоят Яҳува туро ба замине биёрад, ки онро бояд соҳиб шавӣ, ту бояд бар кӯҳи Ҷаризим дуои нек кунӣ* ва бар кӯҳи Эбол дуои бад*.+ 30 Ин кӯҳҳо дар тарафи дигари Урдун, дар ғарб, дар замини канъониён, ки дар Аробо зиндагӣ мекунанд, ҷойгиранд. Онҳо дар рӯ ба рӯйи Ҷилҷол, назди дарахтони калони Мӯре,+ ҷойгиранд. 31 Шумо аз Урдун гузашта, заминеро соҳиб мешавед, ки Худоятон Яҳува ба шумо медиҳад.+ Вақте онро соҳиб шавед ва дар он зиндагӣ кунед, 32 бодиққат бошед, ки ҳамаи дастурҳо ва ҳукмҳоеро, ки имрӯз ба шумо медиҳам, риоя намоед.+