5 Мӯсо
18 Ба коҳинони левизода ва тамоми қабилаи Левӣ дар Исроил ҳиссае ва мулки меросие дода намешавад. Бигзор онҳо аз қурбоние, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонида мешавад ва ҳиссаи ӯст, бихӯранд.+ 2 Онҳо дар байни бародаронашон меросе нахоҳанд дошт. Мероси онҳо Яҳува аст, ҳамон тавре ки ӯ ба онҳо гуфта буд.
3 Ҳар касе, ки қурбонӣ орад, хоҳ гов орад, хоҳ гӯсфанд, бояд ҳаққи коҳинонро ба онҳо диҳад. Ин аст ҳаққи коҳинон: шона, ҷоғ ва ишкамба. 4 Навбари ғалла, ҳосили аввали шаробу равған ва пашми аввали гӯсфанди худро ба ӯ бидеҳ.+ 5 Худоят Яҳува ӯву писаронашро аз байни қабилаҳои дигар интихоб кардааст, то доимо аз номи Яҳува хизмат кунанд.+
6 Агар левизодае, ки дар яке аз шаҳрҳои ту, дар Исроил, зиндагӣ мекунад,+ аз он ҷо ба ҷое, ки Яҳува хуш кунад*,+ рафтан хоҳад, 7 ӯ метавонад аз номи Худояш Яҳува мисли ҳама бародарони левизодааш дар ҳузури Яҳува истода, хизмат кунад.+ 8 Бигзор ғайри он чизе, ки вай аз фурӯхтани мулки меросӣ ба даст овардааст, бо онҳо ҳиссаи баробар хӯрад.+
9 Вақте ба замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, дароӣ, корҳои ҳароми он халқҳоро ёд нагир.+ 10 Бигзор дар миёни ту чунин шахсон ёфт нашаванд: касе, ки писар ё духтарашро дар оташ қурбон мекунад*,+ ғайбгӯ,+ ҷодугар,+ фолбин,+ афсунгар,+ 11 шахсе, ки куфу суф мекунад, касе, ки ба азоимхон+ ё толеъбин+ муроҷиат мекунад, ё пурсандаи арвоҳе,+ 12 зеро одамоне, ки ба ин корҳо даст мезананд, дар назари Яҳува нафратоваранд ва барои ҳамин корҳои ҳаромашон Худоят Яҳува онҳоро аз пеши ту меронад. 13 Дар назари Худоят Яҳува беайб бош.+
14 Халқҳое, ки ту онҳоро пеш мекунӣ, ба ҷодугарон+ ва ғайбгӯён+ гӯш мекунанд, аммо Худоят Яҳува ба ту кардани чунин корҳоро манъ кардааст. 15 Худоят Яҳува аз байни бародаронат пайғамбаре мисли ман ба миён меорад. Ба овози ӯ гӯш деҳ.+ 16 Ин ҷавоб ба хоҳиши туст, ки дар Ҳӯриб, дар рӯзи ҷамъомад,+ аз Худоят Яҳува пурсида, гуфтӣ: “Овози Худоям Яҳуваро дигар нашунавам ва ин оташи бузургро набинам, то намирам.”+ 17 Сипас Яҳува ба ман гуфт: “Он чӣ онҳо гуфтанд, ба ман маъқул афтод. 18 Ман аз байни бародаронашон пайғамбаре мисли ту+ ба миён меорам ва суханони худро ба даҳонаш мемонам+ ва ӯ ба онҳо ҳар он чиро бифармоям, мегӯяд.+ 19 Касе, ки ба суханонам, ки ӯ аз номи ман мегӯяд, гӯш накунад, барои ин кораш дар пеши ман ҷавоб медиҳад.+
20 Агар пайғамбаре аз пеши худ аз номи ман сухане гӯяд, ки ман гуфтанашро нафармуда будам ё аз номи худоёни дигар гап занад, он пайғамбар бояд кушта шавад.+ 21 Аммо, шояд, ту дар дили худ бигӯӣ: “Аз куҷо фаҳмем, ки Яҳува ба воситаи ӯ гап назадааст?” 22 Агар сухане, ки он пайғамбар аз номи Яҳува мегӯяд, рост набарояду иҷро нашавад, пас, Яҳува ба воситаи ӯ гап назадааст. Он пайғамбар ин суханро аз пеши худ гуфтааст. Аз ӯ натарс”.