5 Мӯсо
19 Худоят Яҳува халқҳоеро, ки заминашонро ба ту медиҳад, нобуд месозад. Вақте Худоят Яҳува замини онҳоро ба ту диҳад ва ту шаҳрҳои онҳо ва хонаҳояшонро аз худ кунӣ,+ 2 дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, се шаҳрро ҷудо кун.+ 3 Заминеро, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, ба се қисм тақсим кун ва дар ҳар қисми он замин бояд яке аз ин шаҳрҳо бошад. Роҳҳоро тайёр кун, то касе, ки одам куштааст, тавонад ба яке аз ин шаҳрҳо гурезад.
4 Дар чунин ҳолат одамкуш метавонад гурезад ва зинда монад: вақте ӯ каси дигареро нохост бизанад, дар ҳоле ки пеш бо вай душманӣ надошт.+ 5 Масалан, ӯ ҳамроҳи шахси дигаре ба ҷангал дарахтбурӣ меравад ва ӯ табарро бардошта, дарахтро буриданӣ мешавад, вале оҳани табар аз дастааш парида, ба сари он шахси дигар мезанад ва вай мемирад. Дар чунин ҳолат одамкуш бояд ба яке аз он шаҳрҳо гурезад, то зинда бимонад.+ 6 Аммо, агар он шаҳр аз вай хеле дур бошад, хунхоҳ+ метавонад дар сари қаҳр аз ақибаш сур карда, ӯро дарёб кунаду кушад, ҳарчанд одамкуш сазовори марг набуд, чунки бо шахсе, ки нохост кушта буд, душманӣ надошт.+ 7 Ана барои ҳамин ман ба шумо мегӯям: “Аз миёни шаҳрҳо се шаҳрро ҷудо кунед”.
8 Худоят Яҳува ба ваъдааш вафо карда, чуноне ки ба бобоёнат қасам хӯрда буд,+ сарҳадатро васеъ мегардонад ва тамоми заминеро, ки ба бобоёнат ваъда дода буд, ба ту медиҳад,+ 9 (ӯ инро танҳо ба шарте мекунад, ки ту аз таҳти дил ҳама амрҳояшро, ки имрӯз ба ту медиҳам, риоя кунӣ ва Худоят Яҳуваро дӯст дошта, ҳамеша бо роҳҳояш равона шавӣ).+ Вақте Худоят чунин кунад, ту бояд ғайр аз се шаҳри аввал се шаҳри дигарро низ ҷудо кунӣ.+ 10 Агар ин тавр кунӣ, дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, хуни ноҳақ намерезад+ ва хуни касе бар гардани ту намешавад.+
11 Аммо, агар шахс бо каси дигаре душманӣ дошта бошад+ ва камин гирифта, ба ӯ ҳамла намояд ва ӯро зада кушаду худаш ба яке аз ин шаҳрҳо гурезад, 12 пирони шаҳраш бояд кас фиристода, ӯро аз шаҳре, ки вай ба он гурехтааст, биёранд. Сипас онҳо бояд ӯро ба дасти хунхоҳ супоранд ва ӯ кушта шавад.+ 13 Бигзор дилат ба вай насӯзад*. Гуноҳи хуни ноҳақрехтаро аз Исроил дур кун,+ то зиндагият нағз гузарад.
14 Вақте ба мулке биёӣ, ки Яҳува ба ту медиҳад ва мероси худро бигирӣ, марзаи* ҳамсояатро, ки аҷдодонат гузоштаанд, тағйир надеҳ.+
15 Танҳо бо гувоҳии як кас каси дигарро наметавон ба ягон ҷиноят ё гуноҳ айбдор намуд.+ Ин корҳоро бо гувоҳии ду ё се шоҳид бояд ҳал кард.+ 16 Агар шоҳиди дурӯғгӯ бар зидди касе гувоҳӣ диҳад ва ягон айберо ба гардани вай бор кардан хоҳад,+ 17 бигзор он ду нафар, ки ба якдигар даъво доранд, ба ҳузури Яҳува биистанд, яъне назди коҳинон ва довароне, ки дар он вақт хизмат мекунанд, бираванд.+ 18 Доварон ин масъаларо нағзакак тафтиш мекунанд+ ва, агар маълум шавад, ки шахсе, ки гувоҳӣ додааст, дурӯғгӯ аст ва дар ҳаққи бародараш туҳмат кардааст, 19 бо вай ҳамон тавре бикун, ки ӯ бо бародари худ карданӣ буд.+ Бадиро аз миёни худ дур кун,+ 20 то дигарон инро шунида, битарсанд ва дар замини ту дигар чунин кори бад рӯй надиҳад.+ 21 Бигзор дилат ба он шахс насӯзад*:+ ҷон дар ивази ҷон, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, по дар ивази по.+